Одам боре таваллуд мешаваду рӯйи замине, ки саропо рангорангист, пой мениҳад ва дар ҳавои орзуҳо талош менамояд, то беҳтарин зиндагиро доро бошад. Аммо ба аҳдофи накӯи худ расидан ҳаргиз кори саҳл набуда, он заҳмати пайвастаро тақозо менамояду иродаву сабуриро. Зеро ҳаёт аз ибтидо бо бурду бохт, печу хам ва шебу фарозҳояш сохта шудаву онҳо ҳамеша инсонро думболагиранд ва бояд дар ҳар маврид соҳибирода буду дурандеш.

Бо дучор гардидан ба мушкилоти рӯзгор даст ба амали зишт – худкушӣ задан, ҳеҷ гоҳ роҳи раҳоӣ аз сахтиҳо набуда, балки он амалест, ки ба наздикон зарбаи сахти рӯҳӣ мезанему барояшон андӯҳи бузургро боқӣ мегузорем ва ҳаёти зебои худро, ки боре бароямон муяссар мегардад, барбод медиҳем.

Худкушӣ як ҳодисаи даҳшатовар мебошад. Даҳшат дар он аст, ки инсонҳо, мардҳо, занҳо, ҷавононписарону ҷавондухтарон, дар баъзе мавридҳо пиронсолон ва кӯдакони ноболиғ низ, худро ба домани ин гирдоби даҳшатбор меандозанд. Дар ҷомеаи шаҳрвандии мо ин ҳодисаи нангин ва падидаи манфӣ ҳар шахси солимфикрро ба андеша водор менамояд. Зиндагӣ ва ҳама он чизе, ки дар дохили он аст, баъзан инсонро бо мушкилоте рӯ ба рӯ мекунад, ки инсон қодир ба кушодани ин гиреҳ нест ва як навъ падидаи яъсу дилсардӣ ба ӯ ҳамла мекунад.

Аслан ҳамин падидаи ноумедӣ аз бузургтарин гуноҳон маҳсуб меёбад ва набояд аз зиндагӣ ноумеду дилшикаста гашт ва маъмулан он афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд аз ҷумлаи нафарони ноумедгашта аз ҳаётанд.

Биёед андеша намоем, модом касе ба хотири бардошт накардани дарди захми худ ба худкушӣ даст зада бошад, Худованд ӯро аз биҳишт маҳрум сохтааст, пас ҳоли касоне, ки ба хотири дар муомила шикаст хӯрдан, аз имтиҳон нагузаштан ё ба висоли маъшуқаи хеш нарасидан ё ба хотири камбизоатӣ даст ба худкушӣ мезананд, чӣ гуна бошад?

Дар ин маврид ба ҳадисҳои зерин таваҷчуҳ намоед: «Ҳар касе бо корд худкушӣ мекунад, рӯзи қиёмат бо ҳамон корд ба таври ҳамешагӣ ба оташи ҷаҳаннам партофта мешавад». «Ҳар касе худро қасдан аз кӯҳ партофта худкушӣ кунад, дар оташи дӯзах абадӣ мемонад». «Ҳар касе ба воситаи истеъмоли заҳр худкушӣ кунад, ҳамон заҳр дар дасташ дар дӯзах абадӣ мемонад». «Ҳар касе бо роҳи буғӣ кардан ё ресмон худкушӣ мекунад, бо ҳамон роҳ дар дӯзах азоб дода мешавад». «Ҳар касе бо кадом воситае, ки набошад худкушӣ кунад, бо ҳамон чиз дар охират азоб дода мешавад».

Мутаассифона, бештари онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, ҷавонон мебошанд. Онҳо ба сабабҳои ночизи зиндагӣ сабру тоқат наоварда, ба ин кори нолоиқ даст мезананд. Боварии комил дорем, ки ҳамаи ин натиҷаи бекорӣ ва бефарҳангию ҷоҳилӣ мебошад. Бахту саодати одам ба донишу ҷидду ҷаҳди худи ӯ вобаста аст. Форобӣ шарти асосии саодати инсонро иборат аз некӣ кардан медонад. Афлотуни ҳаким низ роҳи саодатро дар донишу ахлоқи ҳамида дидааст.

Ба ҷавонон оқибатҳои худкуширо бо ҳар роҳу восита бо истифода аз ҳар лаҳзаи муносиб бояд фаҳмонд, шояд аксари онҳо аз ҳаром будани худкушӣ бохабар набошанд. Илова бар ин ривоятҳои зиёде низ вуҷуд доранд, ки хондани ҷанозаи шахси ба худкушӣ дастзадаро иҷозат намедиҳанд.

Пайғамбари ислом (с) онҳоеро, ки даст ба худкушӣ задаанд, аз лутфу карами Худованди меҳрубон маҳрум дониста, аз зумраи ба ғазаби Худованд гирифторшавандагон медонад. Дар ҳадисе аз Ҷобир ибни Самура (раз.) ривоят шудааст, ки мардеро назди Пайғамбар (с) барои ҷаноза оварданд. Он мард худро ба қатл расонида буд. Паёмбари Худо (с) аз хондани ҷанозаи ӯ худдорӣ карданд (Ривояти Бухорӣ). Аз ин рӯ, Имом Абӯюсуф яке аз шогирдони машҳури Имоми Аъзам (раҳ.) бар асоси ҳадиси мазкур фатво додааст, ки хондани намози ҷанозаи шахси худкуш дуруст намебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани ин зуҳуроти иҷтимоӣ ҳанӯз 1-уми июли соли 2004 таҳти рақами 304-8 Қарор «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ»-ро қабул намуда буд. Барои иҷрои қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ таҳия гардидаанд, ки шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва мақомотҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳо тадбирҳо андешанд. Рӯ ба афзоиш ёфтани падидаҳои номатлуби мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои анҷомдодашуда дар самти мазкур то ба имрӯз ба тарзи дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Имрӯз дар ҷомеа ин падидаи номатлуб, яъне худкушӣ, бештар дар байни духтарон ва ноболиғон ба назар мерасад. Моро зарур аст корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро бештар намуда, ба ҷавонон қиммати зиндагӣ ва ба қадри неъматҳои Худованд расиданро талқин намоем, зеро ҳаёт беҳтарин неъмат буда, паёмадҳои нек, хушиву хурсандӣ ва лаҳзаҳои хушбахтӣ дорад, ки онро бояд қадр кард. Дар аксари ҳолат ҷомеа мекӯшад, ки дар раванди ҳалли муаммоҳо дастгири узви худ, яъне инсон бошад, вале мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо ҷомеа ба мушкилоти инсон эътино зоҳир намекунад ва инсон бо муаммои худ дар чорсӯи зиндагӣ танҳо мемонад ва дар ҳамин ҳолат метавонад ба кирдорҳои номатлуб даст занад.

Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки барои аз байн бурдани ин гуна ҷиноятҳои мудҳиш, ки хилофи шариати исломӣ ва сиришти инсонӣ мебошад, якҷо мубориза барем ва нагузорем ҷавонони зебою баркамоли мо бо ин кори бешарафона худро аз неъматҳои ҷовидонаи биҳишт маҳрум созанд.

Шамсиддин ХАЛИФАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь