Мо ҳафтаи гузашта ба яке аз хобгоҳҳои шаҳри Душанбе, ба дидорбинии як модари муҳтоҷу дастнигар ва дилмондаву дилшикаста рафтем.

Мутаассифона, дар ин шабу рӯз дар кишвар оилаҳои камбизоату муҳтоҷ ба дастгирӣ хеле зиёданд. Яке кор надорад, дигаре хона. Саввумӣ тани сиҳат надорад, чаҳорумӣ фарзанди дастёр. Панҷумӣ ба умеди хешу табор нишастааст, шашумӣ ҳама дарҳои умедро қулф кардааст. Аз ҳафтумию ҳаштумӣ гап кушодан шарт нест, зеро онҳо ҳам бо дарди худ, бо нодории худ, бо муҳтоҷии худ, бо ноумедиҳои худ ҳамеша даст ба гиребон ҳастанд.

Дар Душанбе хобгоҳҳои оилавӣ хеле зиёданд. Вале мутаассифона, бисёр шароити баду нохуб доранд. Аз як тараф агар мушкили тангии хонаҳо бошаду болои ҳам хоб карданӣ иҷоранишинҳо, ҳатман ки аз ҷониби дигар ҳолати баду корношоям доштани ҳоҷатхонаву ошхона ва ҳаммомҳояшон мебошад. Ва мо ҳафтаи қаблӣ ба яке аз чунин хобгоҳҳо рафтем.

Агарчи нисфирӯзи буд, вале роҳравҳои ошёнаҳо торик буданд, бисёр торик. Ман хира-хира дидам, ки аз он тарафи роҳрав нафаре деворро қапида-қапида ин тараф меояд. Чанд қадам партофтем ва маълум шуд, ки нафари ба сӯйи мо меомада зан аст, аниқтараш ҳамон модаре, ки моро даъват кардааст. Пас аз шинохтану салому алейк ва пурсупос ба хонааш даромадем.

– Бачам,- ногаҳон ин модар бо оби дида ба гуфтор омад,- ман модари 6 писар ҳастам, 6 писари муҳтоҷу дастнигар, 6 писари ноумед, 6 писари рӯз надида, 6 писари дардманду маъюб.

Дарду алам зиёд шуд, гӯё онҳо аз хоб хестанд. Модарро гиря гулӯгир кард. Дигар натавонист давом диҳад ва хуб медонам, ки ҷумлаҳои парокандаи болоияш танҳо сарсухан буданд, ки дар пештоқи дари хонааш ба ман гуфт.

Аз миён чанд дақиқа гузашт. Дар ин миён ман ба аҳли оила нигаристам. Чор мард, мардоне, ки рӯзгор то бас гуфтан онҳоро азоб додааст, бо сукути пур аз садо, пур аз навмедӣ, пур аз дард, пур аз хиҷолат, пур аз муҳтоҷиву дастнигарӣ нишастаанд. Аз поёнтари хона ду апа, ду келини хона, дар дасти яке кӯдаки тақрибан 3-3,5-сола аст ва бо ӯ чизеро маслиҳат дорад. Апаи дигарӣ дар назди гаҳвора нишаставу паст-паст дар ҷавоби гиряҳои кӯдаки дар дарунбуда “ало” мегӯяд. Бисёр паст, бисёр ором, бисёр дардманд ва бисёр хиҷолатолуд. Модар болотар аз писарҳову келинҳо ҷой гирифта, ҳоло ҳам гоҳе бесадо ва гоҳи дигар баланд мегиряд.

– Бачам,- модар тамоми қувваташро ҷамъ карда, боз ба сухан даромад,- аз 6 писари ман панҷтояш маъюби гуруҳҳои якуму дуюму сеюм ҳастанд. Писарони ман ба ҷуз якеашон дигар ҳамагӣ нобиноянд. Ҳоло дар ҳамин хобгоҳ ҳамроҳи шавҳарам ва ду писари безанам дар ҳамин як хона, ки худат дида истодаӣ чӣ қадар тангу беҳузур аст, зиндагӣ дорем. Ҳоламон бисёр бад аст.

Модар боз домони гиряро сар дод. Гиря кард, гиряи зиёд. Боз чанд дақиқаи дигар танаффус.

– Бачам,- боз модар ба гап даромад,- ягона писари солимам, ки ҳама умеди мо ӯ буд, моро хабар накарда, ба Русия рафт. Соли 2018 рафт, вале то ҳол ба мо дираме равон накардааст. Мувофиқи шунидаҳоям, аз Русия ӯро ихроҷ кардаанд ва ҳоло аниқ намедонам, ки дар куҷост. Шояд дар Қирғизистон ё Ӯзбекистон аст, бовар кун, намедонам. Чанде пеш писари калониамро ҳамроҳи фарзандонаш аз иҷора пеш кардаанд. Ӯ маҷбур шуд, ки ҳамсарашро назди хешу табораш ба Русия фиристад, то ки рӯзгорашонро бо муҳоҷирӣ пеш баранд ва шукр, ки ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамсараш рафт ва баъди чанде писари маро ҳам бурд. Ҳоло писари нобинои ман дар Федератсияи Русия роҳрӯб аст.

Боз гиря, боз танаффус.

– Бачам,- боз оғоз кард модар,- аз ин чор писарам, ки ҳоло мебинӣ, ягонтояшон кор намекунанд. Кор карда наметавонанд. Ҳоло дутояш дар маҳаллаи Гулбутта иҷора менишинанд ва ин ду безанаш ҳамроҳи худам. Умеди ягона нафарамон ва шавҳарам, ки мардикор аст.

Боз гиря, боз танаффуси гиряолуд.

– Бачам,- ин дафъа бо алами зиёд муроҷиат кард модар,- ба болои ин ҳама дар чашмам як тавхол шуд. Фикр кардам, ки чизи ҷиддӣ нест ва бо гузашти вақт соз мешавад, вале аз беаҳамиятиам оқибат аз як чашм мондам. Ҳоло як чашми худам ҳам нобино аст.

Модар аз дарди худу фарзандон гирист. Дигар мадори боз доштани гиря набуд. Ӯ ин карат бе калимаи “бачам” оғоз кард:

– Камбудии асосии мо бехонагӣ аст. Акнун умри мо гузашт ва барои худамон талабе надорем, балки танҳо барои писарони маъюбам як хона талаб дорам. Аз ҳама саховатмандон ва хайрхоҳону дастгирон хоҳиш дорам, ки ба мо кӯмаки худро дареғ надоранд.

Ин замон ба чароғи хона нигариста, гуфт:

– Бачам, тақдир ҳамин будааст, шукр бояд кард ва ба ҳамааш шукр. Ман яқин медонам, ки сухани ман ба Ҷаноби Олӣ ё раиси шаҳр намерасад, вагарна ба мо ҳатман хона медиҳанд. Ман медонам, ки онҳо ҳамеша мардуми дастнигару муҳтоҷро дастгирӣ мекунанд, вале чӣ илоҷ, гапи камбағалро танҳо ду-се нафаре гӯш мекунанду мефаҳманд, ки аз дасташон коре намеояд. Касе нест, ки сухани маро ба Президентамон расонад.

Ин оила аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҳастанд, ки 20 сол боз дар Душанбе дарбадару дастнигранд. Ба гуфтаи ин модар, писаронаш нобинои модарзод нестанд, балки танҳо давоми солҳои 2005-2009 маълум шуд, ки чашмони писаронаш оҳиста-оҳиста хира шуда, оқибат нобино гаштанд.

Ҳоло бо шарофат ва дастгирии директори яке аз хонаҳои пиронсолон Зарипова Муҳаббат ин оила аз декабри соли 2017 хӯрокашонро аз хонаи пиронсолон мехӯранд. Ва гуфтан бамаврид аст, ки ҳоло ба ҷуз Худо ягона муттако ва дастёрашон хонаи пиронсолон аст.

Ин модар аз хайрхоҳон ва саховатмандон илтиҷои кӯмак дорад. Ва ҳар нафаре, ки кӯмак кардан хоҳад, дар зер рақами тамоси ин оиларо мегузорем: 987-74-75-75, 937-14-37-00

М. ТОҲИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь