Агар ба таҳқиқ ба ҷомеаи инсонӣ назар афканем, дар мароҳили гуногуни рӯзгори башар, дар баробари андешаҳои солиму созанда андешаҳои эҳсосӣ ва тахаюлӣ низ фарҳанги башариятро фаро гирифтааст.

Яъне ба тарзи дигар фарҳанги башар моломол аз андешаҳо амалкардҳо ва рафтоҳое аст, ки онҳо на аз роҳи хирад, балки аз роҳи эҳсос тахаюл ва бовар ба вуҷуд омада ҳазорсолаҳо инсонҳо ононро думболагирӣ намудаанд. Яъне дар фарҳанги башарӣ на ҳама аз он амалкардҳову рафторҳо, арзишҳо ва падидаҳои зеҳнӣ мутааллиқи хирадгароиянд ва аз роҳи таҷриба ва мантиқ ба даст омадаанд. Баръакс қисмати зиёди инсонҳо аксар аз ин дидгоҳҳо арзишҳо ва қолабҳои фикриро аз  падару бобоёни худ ба мерос мегиранд ва онро бидуни ин ки мавриди пурсишгарӣ ва интиқод қарор диҳанд, мисли як қолаб пазируфтаанд ва ин қолабҳо аз наслҳо ба наслҳои дигар идома пайдо мекунад.

Дар ин росто метавон донишҳои башарро ба ду даста тақсим намуд. Донишҳое, ки хусусияти илмӣ доранд ва аз таҷрибаву истидлол ва мантиқ баромадаанд ва донишҳое, ки аз эҳсос, тасвир тахаюл ва имону эътиқод берун омадаанд. Ин даста донишҳоро метавон донишҳои ғайриилмӣ ном бурд.

Мусаллам аст, ки ҳақиқатҳои ҷаҳон ва воқеъияти олами ҳастӣ барои як инсон наметавонад дар як  воҳид даст диҳад, балки дар тули торихи ҳазорсолаҳо воқеъияти падидаву ашёҳо зина ба зина метавонанд барои инсоният ошкор гарданд. Аммо зеҳни ҷустуҷугарии инсон мехоҳад аз роҳи эҳсосу тахаюл ба падидаҳои гирду атроф ҷавоб ҷӯяд. Ҳамин аст, ки тасаввуроти зеҳнии инсон, тахаюл, боварҳо бар сари воқеъият бор карда мешаванд.

Танҳо аз ҷамъи инсонҳо афроди муайяне дар ҳар давр кӯшиш ба харҷ медиҳанд то аз роҳи дурусти шинохт падидаҳову воқеаҳоро бишносанд ва ба онҳо баҳои воқеӣ ва арзиши илмӣ диҳанд. Ин нафарон донишмандон, мутафаккирон , хирадпешагон ва файласуфон мебошанд. Ин нафарон дар ҳар марҳилаи таърих ва фарҳанги башар зуҳур намудаанд ва аз роҳи донишу хирад афкор, ақида, арзиш ва мавҳумоти дар ҷомеа ва фарҳанги замони худ бударо пай бурдаанд ва онро шинохта пажӯҳиш намуда тарзи илмии онро муайян карда, ҷомеаи хешро аз таваҳумзадагию хурофагароӣ наҷот додаанд. Ин нафарон дар таърихи тамадуни башарӣ ва ҳавзаҳои фарҳангии минтақавию миллӣ ҳамчун равшангарон ё мунавварфикрон зикр гардидаанд. Онон бо роҳи хирадафрӯзӣ ва ҷасорати том дардҳои ҷомеаи хешро ошкор сохта, роҳи равшан ва дурусту илмиро барои мардумон ва дар маҷмуъ башарият ироа намудаанд.

Яке аз навъҳои дониши ғайриилмӣ аз таваҳҳум, хаёл ва бовармандӣ маншаъ мегирад, ки онҳо дар шакли муназзаму созмонёфта боварҳои гуногун ва эътиқодотро ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ҳама анвои донишҳои бовармандиро, ки фарогири қиссаҳо, ривоёт, асотир, хурофот ва амсоли инанд ҷавҳарашонро бовару эътиқод ташкил медиҳад. Ин навъи донишҳо аз лиҳози ин ки таҳқиқёфта, озмудашуда ё таҷрибашуда бошанд ҳеҷ мадорику далеле вуҷуд надорад. Донишҳои бовармандӣ таҷрибапазир нестанд. Онҳо ба айният сару кор надоранд, озмоишшаванда нестанд, балки бар асоси тасаввуроти зеҳнӣ, шабаҳҳо, афсонаҳо ва асотирҳои ғайри қобили исбот бунёд мешаванд. Мардумшиносон ва ҷомеашиносон муътақидан, ки ин навъи донишҳои тасвириву тахаюлӣ, ки баъдан омехта ба бовари аксари мардумони ҷомеа мегарданд, маҳсули таърихии ниёзҳои руҳиву равонии  инсонҳои аввалияанд. Онҳо аз танҳои ва дар таҳдид барои ёфтани нерӯҳои ёвари фаробашарӣ бо роҳи тахаюл ва руъёву бовармандӣ чун мусаккине ин навъи донишҳоро  ба миён овардаанд. Бовармандӣ ва ҷодугарӣ бар ҳамин навъи донишу бинишҳое устуворанд. Инсон дар бомдоди зиндагӣ бо роҳи тасаввуроту хаёлоти боварҳои зеҳнии ғайри қобили таҷрибаю озмоиши нисбати баъзе аз ҳаводис, аз ҷумла маргу зиндагӣ, мавҷудоти пиндорӣ, арвоҳи хабиса ё ёридиҳандае мисли бутҳо, ё офаридаҳоиҳои табиие, ки онҳоро дар шакли маъбад ё маъбуд сохта қабул намудаанд. Дар дарозои зиндагии иҷтимоӣ ин навъи донишу тасаввуроти зеҳнӣ дар чорчӯбаҳои ниёзҳои инсонӣ, тарс изтироб, оғоз гардида ва бо дуо, намоз, назр ниёз ва ҷодуву ҷанбал давом оварда ҷанбаи иҷтимоӣ ба худ гирифтаанд.

Дар ин раванд иддае аз нафароне пайдо шудаанд, ки бовару эътиқоди мардумонро ба воситаи рӯзгузаронӣ ва нуфузу ҳайсияти иҷтимоӣ табдил дода, табақоти муайянеро ҳамчун табақаи ҳимояткунандаи арзишҳои бовармандӣ ташкил намудаанд. Ин табақа дар дарозои таърих барои давому бақои хеш аз боварҳои мардумон сӯистифода намуда, кушидаанд то дар онон ҳамин гуна донишу бинишҳоро тарвиҷ бидиҳанд. Зеро ин табақа ҳамеша аз нодонии мардумон баҳракашӣ намуда, дӯкони тиҷорати хешро гардон намудаанд. Ҳамин аст, ки донишҳои бовармандиву тахаюлӣ ҳеҷ гоҳ бо ақлонияту мантиқи фалсафӣ обашон дар як кӯза дар намеояд. Онҳо ҳеҷ гоҳ бо ёфтаҳо ва додаҳои илмӣ мувофиқ нестанд.  Онҳо бо сиҳатии илмӣ ҳамеша дар мухолифат қарор мегиранд, қобили озмоишу таҷриба ва исбот будани иддаҳояшон ин аст, ки мароҷеи ин гуна донишҳо ба тарзи умумӣ метавонанд дар мақолаҳои асосии фалсафӣ мисли ҳастӣ, зиндагӣ, марг, пайдоишу хилқат, иддаҳои номумкинро пеш кашанд ва бе ҳеҷ як эҳсосу масъулият дар мавриди ҳамаи саволҳои фалсафӣ ва категорияҳои он аз ҷумла моҳияти ҳастӣ ва ибтидои хилқат ё пайдоиш посухҳои ғайримантиқӣ ва ғайриақлониро ироа медоранд.

Чунин вазъ аз он бармеояд, ки як инсони танҳо ва ваҳмзада дар ин олами нопайдоканор дар ҷустуҷӯи ёру ёвари тавонмандтар аз худ аст, чун ҳанӯз аз қобилиятҳои инсонии хеш огоҳии чандоне надорад, дунболаи афсонаҳои оромбахши тахаюлӣ мегардад. Ҳамчунин аз ҳимоятҳои ҳамешагии гурӯҳҳое, ки аз баҳракашии боварҳои динӣ истифода мебаранд, ин навъ иддаоҳо ва донишҳои ғайримантиқиву ғайриилмӣ ҷойгоҳи бештаре пайдо мекунанд ва тӯдаҳои ниёзманди мардумро ба самти худ ҷалб менамоянд. Ҳамин сабаб аст, ки дидгоҳҳои таваҳумзадаву хурофотӣ ҳарчанд ба таври ошкоро бо воқеъияти мавҷуд мухолифанд, ба назариёти илмӣ ҳамсон нестанд, аммо тӯдаҳои мардум аз онҳо ба тақлид пайравӣ мекунанд. Аз ҷониби дигар ин навъи донишу боварҳо хусусияти мутлақ доранд ва тағйирпазирии ҳамешагии ҷаҳонро ифода карда наметавонанд. Ҳамин аст, ки донишҳои аз бовар берун омада вақте ба низом медароянд ва дар чорчубаҳои муназзам ироа мешаванд, танзимкунандагони онҳо, ки манфиатбар аз ин навъи донишанд, иҷозат намедиҳанд, ҳеҷ як ҷузъи он дигар шавад ё ҳатто касе дар баробари ҷузъе аз онҳо камтарин шубҳаеро дошта бошад. Ин яке аз тафовутҳои асосии донишҳои ғайриилмӣ ё дидгоҳҳои таассубию хурофотист, ки ҷаҳони дар ҳоли дигаршавиро намепазиранд ва ба таври мушаххас иддаоҳои онҳо аз назарияҳои илмию фалсафӣ, ки ҳамеша омодаи тағйиранд, фарқ доранд. Ҳамин вижагӣ будааст, ки ҳазорон сол донишҳои бархоста аз эҳсос ва бовару тахаюлоти зеҳнӣ аз насл ба насл интиқол шудаанд.  Гурӯҳҳои баҳракаш аз ин навъи дониш ҳамеша кӯшиш ба харҷ додаанд, то аз роҳи тарвиҷ додани афкори хурофотӣ мардумонро дар бумбастҳои тахаюлотиву зеҳнӣ нигаҳ доранд. Аз тарафи дигар ин гуна донишҳо чун пур аз афсонаҳои печида ба омолу орзуи инсониянд, мардумони соддабовар онҳоро зуд пазируфта, бо ҳамон дунёи тахаюл дар тарсу таадӣ ва руъё ба сар бурдаанд. Ҳеҷ гоҳ кушише ба харҷ надодаанд то аз роҳи хирад ва шинохти воқеъӣ падидаҳои олами ҳастиро дарк намоянд.

Хоби хурофотӣ хоби ширини пур аз қиссаву афсонаҳост, ки нафари хурофазада он қадар ба он сахт вобастагие дорад, ки ҳеҷ гоҳ намохоҳад аз ин хоб бархезад,ҷаҳонро ба чашми воқеият бингард. Ҳамин аст, ки агар ба мардумони хурофазада аз воқеияти ҷаҳон ҳарф занӣ ва ба онҳо огоҳиеро пешниҳод намоӣ, онон ба шӯр меоянд. Ба воқеияти ҷаҳон дар мухолифатанд ва аз он даҳшат доранд. Ба ҳар қимате набошад дуруғу тахаюлотро мепазиранд ва аз воқеият фосила мегиранд. Зеро онҳо ҳолати кӯдакеро доранд, ки дар олами афсонаҳояш ба сар мебарад ва ҳар гоҳ кушиш онро ба ҷаҳони воқеӣ овардан намоӣ исён менамояд. Ин ҳолат аст, ки иддае аз инсонҳо агар чи аз назари истифодаи анвоъи гуногуни фановарӣ худро ба дунёи муосир мутобиқ намудаанд, вале аз назари маънавию зеҳнӣ ҳануз дар дунёи ширини хурофотӣ мегарданд. Маънибахшии рӯзгорашон хурофотӣ аст ва ҳадафи зиндагонияшон бар пояи хурофот шакл мегирад. Онҳо ҳамеша ҳавасманди онанд, ки баҳракашон ва дукондорони хурофот барояшон афсонаву қиссаи навтаре аз хурофот ва тахаюлу бовармандӣ бигӯянд. Ба назарашон чунин мардумон ба мисли “фариштаи наҷоти” ононанд. Мутаасифона чунин тарзи тафаккур ва ҷаҳоншиносӣ, вақте ба шеваи дастаҷамъӣ табдил меёбад, сабаби рушд накардан ва дар як ҷой по кӯфтани миллатҳо ва ҷомеаҳо мегардад. Ин мардумони зудбовар мавриди сӯистифодаи табақаҳои баҳракаши дохилӣ ва ақвоми гуногун қарор мегиранду дар баробари хатароти беруна муқовиматро аз даст медиҳад.Таваккулӣ, бебарномагӣ, беҳадафӣ, ҳараҷу мараҷи иҷтимоӣ ҳолати асоси онҳо аст.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь