Дар вилояти Хатлон давоми 2 моҳи соли 2020-ум 542 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбат ба 2 моҳи соли гузашта 13 ҳолат зиёд аст. Дар натиҷаи ҷудо шудани ин оилаҳо 533 кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум шудаанд.
75 фоизи оилаҳо бо қарори суд ҷудо шудаанд
Зинатгул Сафарзода – сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон қайд кард, ки аз 542 оилаи дар ду моҳи соли равон аз ҳам ҷудошуда 411 адад бо ҳалномаи суд, 130 ҳолати дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва як ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон мебошад.
– Аксари олиаҳое, ки дар ин давра ҷудо шудаанд, ҷавонони то синни 35-сола мебошанд. Теъдоди ҷудошавии онҳо дар ду моҳ ба 380 ҳолат баробар аст,- илова кард ӯ.
– Зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Бохтар, Норак, Левакант, Кӯлоб, Восеъ ва Темурмалик ба назар мерасад,- афзуд Сафарзода.
Лутфия Соҳибназарова – мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Левакант тасдиқ кард, ки ҷудошавии оилаҳо дар ду моҳи соли 2020 зиёд шудааст. «Дар ин давра дар шаҳр 16 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш ҳолат бештар аст»,- илова кард ӯ.
Омилҳои ҷудошавии оилаҳоро ин масъул аз ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, дахолати шахсони сеюм ва дигар сабабҳо гуфт.
Дар 10 ноҳия пошхӯрӣ кам шудааст
Дар ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Фархор, Муъминобод, Данғара, Ховалинг ва Балҷувон шумораи пошхӯрии оилаҳо аз 1 то 16-ҳолатӣ кам ба қайд гирифта шудааст.
Шарифа Қурбонзода – мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омили кам шудани пошхӯрии оилаҳоро дар ноҳия бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбутаи ноҳия арзёбӣ кард. Ҳамчунин, ӯ илова намуд, ки дар ин давра се ҷуфт оилае, ки мехостан ҷудо шаванд, бо маслиҳати кормандони идораи онҳо аз ҷудошавӣ даст кашидаанд.
Маҳрумияти зиёда аз се ҳазор кӯдак…
Зинатгул Сафарзода иттилоъ дод, ки соли 2019 ва ду моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 3 ҳазору 182 оила ақди никоҳи худро бекор карда, дар натиҷа зиёда аз 3 ҳазору 93 кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум гаштаанд.
– Фаромӯш набояд кард, ки вайроншавии як оила пайомади ногуворе барои тамоми ҷомеа метавонад дошта бошад. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки худро канор нагирифта, барои мустаҳкамию пойдории оилаҳо саҳмгузор бошад,- илова кард номбурда.
Падару модар гунаҳгор, ё келин?
Мусоҳибони мо бар ин фикранд, ки дар ҷудошавии оилаҳои ҷавон бештар падару модар, хусуру хушдоман ва дигар аъзои оила гунаҳгоранд. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки хушдоманҳо ба ҳар як кору ҳаракати келинашон эрод гирифтаву айб меҷӯянд. Ин гуна хушдоманҳо наметавонанд келинро ҳамчун фарзанд қабул кардаву ба ӯ кӯмак намоянд. Ва чунин муносибат сабаби вайроншавии оилаи ҷавон мегардад. Келини ҷавонро, ки ҳоло роҳу равиши зиндагии оилавиро намедонад, набояд таънаю маломат зад, балки ба ӯ бояд нозукиҳои зиндагиро омӯзонд. Дар ин баробар, келинро низ зарур аст, ки ба қадри наздикон, аз ҷумла волидони шавҳари худ расидаву эҳтироми онҳоро ба ҷо орад.
Келин бояд омода бошад
Аммо зимни суҳбат чанде аз занони солдида ба мо гуфтанд, ки бояд падару модари духтар пеш аз хонадор намудани фарзанди худ ба ӯ нозукиҳои зиндагиро дар хонаи шавҳар аз таҷрибаи худ, ки онҳо низ келин буданд, омӯзонанд. Ба мисли иззату эҳтиром нисбати хусуру хушдонман, шавҳар, омода кардани таом, дарзмол намудани либос ва дигар корҳои рӯзгордориро бояд омӯзонанд. Ё духтарони худро соҳиби маълумоти олӣ намоянд ва баъд ба шавҳар диҳанд, вагарна пошхӯрии оилаҳо зиёд мешавад. Зеро духтарҳои ҳозира хело нозук ҳастанд ва бо каме мушкилӣ дар хонаи шавҳар, тариқи телефони мобилӣ бо волидони худ тамос гирифта, аъзои оилаи шавҳарро бад менамоянд. Дар зиндагӣ мушкилӣ зиёд аст, аммо бояд онҳо пурсабр бошанд ва фикри ояндаи худро намоянд.