Рамазон барои тоҷирони мо моҳи макидани хуни харидорон аст…
Ҳамасола бо шурӯъи моҳи шарифи Рамазон дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал боло меравад, ки боиси ба мушкил дучор шудани мардум мегардад. Имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвари мо рӯзи дуюми апрел фаро расид, аммо тамоюли гаронии нархҳо бошад, тақрибан як моҳ қабл аз Рамазон дар остонаи болоравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ оғоз шуда буд. Аммо баъди он ки дар охири моҳи март қурби доллар поин рафт, қимати маводи ғизоии мавриди ниёз кам тағйир кард. Мо як рӯз қабл аз Рамазон ба бозорҳои шаҳри Душанбе рафтем, то бо нархҳои нави маводи хӯрокии ниёзи аввалия ошно шавем. Нисбат ба рӯзҳои қаблӣ он рӯз анбӯҳи зиёди мардум дар бозорҳо дида мешуд, ки ба хотири моҳи шарифи Рамазон молу маҳсулот харидорӣ мекарданд ва аксарият аз гарон будани нархи маҳсулот мушавваш буданд.
Баъди он ки дар оғози даҳаи дуюми моҳи март қурби 100 доллари амрикоӣ ба 1305 сомонӣ баробар шуд, қиммати орд, ки яке аз маҳсулоти асоситарин барои мардуми тоҷик ба шумор меравад, дар бозорҳои шаҳри Душанбе то 340 сомонӣ ва ҳатто бештар аз он низ боло рафт. Он вақт дар минтақаҳои гуногуни кишвар, ба монанди водии Рашт ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон арзиши як халтаи 5 -килоии орд то ба 350-360 сомонӣ расид.
Нархи равғану ордро кӣ гарон мекунад?
Рӯзе, ки мо барои дидани нархи наво рафтем, цимати орд дар растаҳои ордфурӯшии бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” 290 – 320 сомониро ташкил медод. Як фурӯшанда дар бозори “Саховат” ба мо гуфт: “Орд аз ҳамон замоне ки доллар боло осмонӣ шуд, нархашро тағйир надодааст, яъне на арзон шудааст ва на гарон”. Ин савдогар иброз дошт, ки “мегӯянд, ки нархҳо арзон мешаванд, вале кай ин кор мешавад, номаълум”. Орд, ки барои Тоҷикистон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад ва аз асоситарин маводи ниёзи мардум аст, гарон шуданаш ҳамаро ба ташвиш овардааст.
Дар бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” нархи маҳсулоти дигари ниёзи аввал ҳам начандон дигаргун шудаанд ва ҳамоно осмонианду ба киссаи мардум номувофиқ. Панҷ литр равған аз 110 то 130 сомонӣ нарх дорад. Қимати панҷ литр равғани навъи “Олейна” ба 130 сомонӣ ва равғани пахта 125 сомонӣ баробар буд. Савдогарон мегӯянд, ки нархи равғану ордро онҳо гарон намекунанд, балки аз фирма худашон гарон мехаранд. Дар бозори “Саховат” як фурӯшанда изҳор дошт, ки болои нархи равған ҳамагӣ 6 -7 сомонӣ зам мекунанд ва ба савдо мегузоранд.
Аммо дар ҳарду бозори мазкур арзон шудани гӯшт яке аз маҳсулотҳое, ки мардум дар Рамазон бештар онро харидорӣ мекунанд, нисбат ба аввали моҳ ба чашм мерасид. Як кило гӯшт, ки авоили моҳи март аз 65 то 78 сомонӣ нарх дошт, то ба 60 сомонӣ поён рафта буд. Савдогарон гуфтанд, ки ба онҳо фармон шудааст, ки барои моҳи Рамазон гӯштро арзон кунанд.
Дар бозорҳои мазкур картошка 3,80-4 сомонӣ (дар баъзан фурӯшгоҳҳои бозори “Деҳқон” картошкаро бо нархи 3,50 сомонӣ ҳам ёфтан мумкин буд), пиёз аз 3 то 5 сомонӣ, сабзӣ 3 – 3,50 сомонӣ, як дона тухм як сомонӣ (як қуттии он 28-30 сомонӣ арзиш дошт), шир 7 сомонӣ, шакар 14 сомонӣ, биринҷ 11 – 20 сомонӣ, макарон 12 -14 сомонӣ, гречка 20 сомонӣ, лӯбиё 21-25 сомонӣ, нахӯд 22 сомонӣ ва як халта намак 7 – 9 сомонӣ арзиш доштанд.
Сабзавот аз камтарин маҳсулоте аст, ки нархаш зиёд иваз нашудааст. Холаи Бибисоро, як фурӯшандаи маҳсулоти сабзавотӣ дар бозори “Деҳқон” ба мо гуфт: “Нархи сабзавот дар ҳамон сатҳе, ки як-ду моҳи охир буд, боқӣ мондааст ва ҳатто баъзе аз сабзавот арзон ҳам шуданд. Барои мисол нархи карам аз 10 сомонӣ ба 7 сомонӣ поён рафт”.
Ҳоло дар кишвар фаслҳое фаро расида истодаанд, ки дар онҳо талабот нисбат ба хӯришҳои сабзавотӣ бештар аст, тавҷҷуҳи сокинон ҳам ба қимати онҳо бештар ба назар мерасад. Қимати бодиринг дар растаҳои фурӯши сабзавот 13-16 сомонӣ, помидор 20-25 сомонӣ, гулкарам 6-7 сомонӣ, турб 3 сомонӣ, карам 7 сомонӣ, қулфинай ва булғорӣ 50 сомонӣ, шалғам 4 сомонӣ, лаблабу 6 сомонӣ ва 5 даста кабудӣ 2 сомонӣ буд.
Ярмаркаҳо пеши роҳи гарониро мегиранд?
Барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо аз тарафи шаҳрдорӣ дар назди бозорҳо ярмаркаҳо ташкил шудааст, аммо тибқи мушоҳидаҳо ин чораҳо чандон ҷилави болоравии нархҳоро нагирифтаанд. Инчунин, дар ярмаркаҳо маҳсулот кам аст ва сифату ҳаҷми маҳсулоти ярмаркаҳо ҳама харидоронро қонеъ намекунанд.
Дар назди бозори “Саховат” то ҳанӯз ба хотири моҳи Рамазон ярмарка ташкил нашуда буд, аммо дар ярмаркаи доимаамалкунандаи назди бозори мазкур дида мешуд, ки нархҳо нисбати бозор фарқ мекунанд, яъне каме ҳам бошад, ин ҷо маҳсулот арзонтаранд. Дар ин ярмарка орд бо нархи 290 сомонӣ, гӯшт 55 сомонӣ, равған 100-115 сомонӣ, як қуттӣ тухм 25-29 сомонӣ, макарон 8 сомонӣ, картошка 3 сомонӣ, пиёз 2,50 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ, гулкарам 5 сомонӣ ва карам 5 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Нусратулло, ки худро сардори шӯъбаи савдои захираи бозори “Саховат” муаррифӣ кард, ба мо иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик дар назди бозори “Саховат” барои моҳи шарифи Рамазон махсус ярмарка ташкил карда мешавад, ки дар он “Тоҷикматлубот”, Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон иштирок мекунанд.
Дар назди бозори “Деҳқон” аз тарафи шаҳрдорӣ ярмаркае ба роҳ монда нашуда буд, аммо дар чор дӯкони бозор ярмаркаи фурӯши гӯшт амал мекард. Тибқи гуфтаи савдогаронашон, ин ярмарка аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ташкил шудааст. Як кг гӯшт дар он ҷо 53-55 сомонӣ арзиш дошт.
Қурби доллар поён рафт, аммо арзонӣ нашуд…
Ба қавли як дӯстам, Рамазон моҳи пурфайзу баракат барои тоҷирони Тоҷикистон аст. Мардум ҳам дар бозорҳо мегӯянд, савдогарон иддао пеш меоварданд, ки нархҳо бо сабаби болоравии қурби доллар гарон кардаанд, вале ҳоло ки қурби доллар поён фаромадааст, пас чаро нархҳоро арзон намекунанд?! Аммо савдогарон дар посух ба ин савол мегӯянд, гарон ё арзон шудани молу маҳсулот аз онҳо вобаста нест, балки мақомотҳои дахлдор бояд ба ин савол ҷавоб гӯянд. Онҳо мегӯянд, мо маҳсулотро аз фирма дастрас мекунем ва вобаста ба он нархҳоро муайян менамоем.
Солҳои охир болоравии нархи маҳсулот дар кишвари мо ба шиддат идома дорад, аммо арзон шудани онҳо дида намешавад. Боз ҳар гоҳ, ки арзиши доллар боло равад, дар бозорҳо инро баҳона карда, қимати амволро баланд мебаранд, аммо баъди он ки қурби доллар паст мешавад, дигар нархҳоро арзон намекунанд. Мардум ҳам аз ин нигаронанд, ки болоравии қурби долларро дар кишвари мо ҳамчун як роҳи тиҷорат истифода мебаранд.
Дар гузашта масъулони бозорҳо ва шаҳрдорӣ барои дар як сатҳ нигоҳ доштани арзиши молу маҳсулот дар моҳи Рамазон борҳо талош карда буданд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон натиҷаи он назаррас набуд. Гарон будани нархи маҳсулоти авввалия дар кишвар дар ҳолест, ки фарқ миёни музди меҳнати мардум ва нархи бозор калон аст. Маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон дар айни ҳол 400 сомонӣ гуфта мешавад, аммо ҳанӯз соли 2017 сабади истеъмолӣ барои ҳар нафар дар як моҳ дар Тоҷикистон 435 сомонӣ ҳисоб шуда буд.
Муҳаммадназар Наҷмиддинов,
“Фараж”