Нусхаи хаттии «Девон» – и Туғрал пайдо шуд!

Одил Нозир,  «Самак», № 8 (590), 02.03.2023

Тасалло: Зиқ нашавед, девони чопнашудаи Одили Нозир ҳам замоне пайдо мешавад.

***

Оча, шир фиристонед, «4 лес чакка 3 сомонӣ шудааст».

Фазлиддин Асозода,  «Тоҷикистон», 9 (520), 01.03.2023

Маслиҳат: 4 лесро фақат аз чакка нагиред! Лес-лесакҳои дигар зиёданд, ку!!

***

Бисёрнависӣ муд шудааст. Фалонӣ сад китоб дорад, дигарӣ 200. Инро Бозор Собир ҳай сермурчу қаланфур карда гуфта буд: Бурӣ Карим 10 кило китоб навиштааст.))) Аз ин тавсифи пуркиноя беҳтарашро надидаам.

Саъдӣ Маҳдӣ, (Директори Академияи ВАО), «СССР», № 8 (753), 02.03.2023

Ҳушдор:Устоди азиз! Эҳтиёт кунед, ки ин эроди шумо ба самъи ононе ки китобҳои нашркардаашон қариби 100 кг аст, нарасад.

***

Тамоми умр маро фиреб медоданд ё дунё ба маҳсулоти «Ҳалол» рӯ меорад.

«Дунё», № 9, (985), 02.03.2023

Нигаронӣ: Фақат эҳтиёт кунед, ки дар таркиби ҳасиб гушти сагу хар ё муш набошад. Дар ин ҳолат гӯшти хук лазизтар менамояд.

***

Файзобод: Вақте маблағҳои соҳаи маориф нимта мешаванд….

Саиди Ҳайдар, «Пайк», № 8 (454), 02.03.2023

Тааҷҷуб: Наход фақат дар соҳаи маориф? Мегӯянд, ки себи Файзободро ҳам нимта мекунанд, ку?

***

Қалин барои арӯс русуму қадимаи тӯёна мебошад, ки дар ҳама кишварҳои Осиёи Миёна анъана гардидааст. Дар куҷое ошкоро ҳарф задан аз қалин қабул нест, дар баъзе кишварҳои дигар, ҳақ барои арӯс замони хостгорӣ сурат мегирад.

Алия Ҳамидуллина, «Азия +», № 8 (1595), 02.03.2023

Тасалло: Аввал ба духтарон пеш аз арӯсӣ бояд корҳои хонаро ёд диҳанд. Чун мабодо раваду камтар бо қалини зиёд арӯс кунанд, хонаводаи домод мегӯянд, ки келини 60 ҳазора ё 70 ҳазораро бинед, ки чӣ тавр кор мекунад.

***

Чаро хушдоманҳои зӯровар беҷазо мемонанд?

 «Пайк», № 8 (454), 02.03.2023

Маслиҳат: Якбор аввал фаҳмед, ки ба ин масъала домодҳо чӣ назар доранд? Магар онҳо аз рӯи масали «Дил ёбу қанд хӯр» амал намекунанд? Гоҳ ҷониби модару гоҳ ҷониби арӯсашонро мегиранд.

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова хабарнигори мактаби Маркази тадқиқоти журналистииТоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь