Кӯшониён: Ҳашари дарахтшинонӣ бо иштироки раиси вилоят

23.02.2023, аз «Фараж»

Вокуниш: Кори хуб мекунед ҳамон дарахтҳоро мешинонед, лекин, кӣ онҳоро нигоҳубин мекунад? Мисли ҳамон дарахтҳо, ки ҳамасола мешинонед, хушк шуда мераванд.

***

Нафароне, ки ба талбандагӣ машғуланд, рӯз аз рӯз роҳу усулҳои навро ҷуставу мавриди истифода қарор медиҳанд. Яке аз усулҳои талбандаҳо барои ба даст овардани маблағ, ки хеле ташвишовар аст, бо чунин суханҳо сар мешавад: “Ака 2 сомонӣ те, то хонара брам, очам касалай, ягон сомонӣ ёрдам кнен”.

16.02.2023,  «Ҷавонони Тоҷикистон»

Савол: Мегӯянд, ку: «Кӯр чӣ мехоҳад: -Ду дидаи бино». Аммо ин биноҳои ҳозира чӣ мехоста бошанд?

***

Чаро афзоиши субъектони соҳибкорӣ 2 ҳазор кам шуд?

15.02.2023 аз «Ҷумҳурият»  («Фейсбук»)

 Эътироз: Як замон ҳама аз пеши худ соҳибкор буд ку!!! Нокардакор, туро ба ин кор чӣ даркор?

***

Паёми Дустум ба толибҳо: Зулм бақо надорад

27.02.2023, «sputnik.tj

Шикоят: Гапи беҳуда чӣ лозим! Беҳтараш амал кардан аст. Муштро дар торикӣ мезананд!!!

***

Варзиши тирандозиро аксаран дар Тоҷикистон “мардона” медонанд, вале занони тирандоз мегӯянд, талош доранд, ин қолабро шикананд.

27. 02. 2023 «Радиои Озодӣ»

Вокуниш: Зан- вазири мард!!!!!

***

Чӣ тавр як байти Гулназар васияти амир Олимхон шуд?

Амири бе Ватан хору ҳақир аст,

Гадо гар дар Ватан мирад, амир аст!

Одил Нозир   25.02.2023 аз «Фейсбук»

Ҳамовозӣ: Дастам намерасад ба гиребони орзу,

Зоғон хӯранд меваю шохи баландро.

***

Бо табари кунд кунда кафонда намешавад…

Ё чӣ бояд кард, ки ҷавонон андеша карданро ёд гиранд…

Ҳафиз РАҲМОН, 26.02.2023. аз «Фейсбук»

Маслиҳат: Бояд калонсолон роҳ нишон диҳанд. Чуноне мегӯянд: «Кундаи табардида, гурги борондида.”

***

11 сол пеш чунин хунукӣ карда будааст

Сардӣ, сардӣ, сардӣ,

Бо ҷисми гарми мо дар набардӣ,

Мезанӣ сӯзанвор, мезанӣ дар мардӣ,

Номардӣ, номардӣ, номардӣ.

06.02.2023 Саъдӣ Маҳдӣ аз «Фейсбук»

Ҳамдардӣ: Ин ҷисми шумо то даме, ки гарм аст бо сардӣ дар набард аст!!!

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова, хабарнигори мактаби Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь