Зиндагӣ мисли дарёст, пур аз мавҷу садо ва гирдобе. Боре ба худ гуфтам, агар зиндагӣ мисли дарё бошад, киштие месозаму аз ин тарафи соҳил гузашта меравам.

Хуморбӣ Шарифова «Фараж» №4 (842)

Савол: Ба он тарафи соҳил гузашта куҷо меравед? Эҳтиёт кунед, ки ба дарё наафтед!

***

Ид ё базм бе шӯхиву ҳазл, бе ширингуфториву зарофатгӯӣ, бе ханда ҳусни худро гум мекунад.

«Самак» №4 (586)

Давом: Дуруст гуфтед. Ханда занги дилро мебарад ва ширингуфторӣ ба он ҷилои тоза медиҳад.

***

Нархи 1 кило пиёз 10 сомонӣ. Нархи 1 кило пиёз имрӯз дар бозор агар 7,5 – 8 сомонӣ барои 1 кило бошад, дар гӯшаи деҳқони назди хонаи мо 10 сомонӣ аст!

Бахтовар Муродов, донишҷӯ, «СССР» №4 (749)

Маслиҳат: Пештар самбӯсаи серпиёз мегуфтанд, акнун самбӯсаи пургӯшт ё серхамир мегӯянд.

***

Зимистон дарахтҳо калон намешаванд.

«Дунё» №5 (981) 02.02.2023

Идома: Муҳим ки сербарф мешаванд.

***

Хаткашоне! Ба хонаат дигар, номаи меҳри ман нахоҳад бурд.

Хуршед Ховарӣ, «Фейсбук»

Маслиҳат: Ҳоло асри 21 асри техникаву технология аст. Агар хаткашон номаатонро набарад аз почтаи электронӣ истифода баред. Ҳам осон ва ҳам муфид!

***

Сафири Ҳиндустон вақте дар бораи робитаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон сухан мекард, нақши Абдурозиқ-сароянда ва блогери тоҷикро низ таъйид намуд.

Одили Нозир, «Фейсбук»

Як мақоли халқӣ аст мегӯянд, ку «Орд дар дохили халта корро буд кунад калта».

***

“Дар моҳҳои сентябр – октябр бинобар сабаби он ки куштани маҷбурии мурғҳои тухмдеҳ бисёр шуд, нархи тухми мурғ ҳам гарон шуд”…

Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон

***

Ҳайрат: Мурғҳо ихтиёрӣ ҳам кушта мешаванд?

Ҷайҳун: Мактабе, ки сохтмонаш 16 сол идома дорад, ба зудӣ ба истифода дода мешавад.

Farah.tj

Савол: «Ба зуди» – аш 16 – соли дигар?

***

Афзоиши бемории фарбеҳӣ миёни наврасону кӯдакон дар Суғд

Sputnik.tj

Маслиҳат: Айби хӯрокҳои тез – тайёри (Fast food) аврупоӣ, мисли Хот-догу гамбургер ё питсаҳое, ки саршор аз чарбанд! Ба «Ролтон» гузаред!

***

Ҷустуҷӯйи ҳудуди 400 нафар барои напардохтани пули алимент.

Pressa.tj

Эътироз: Вақти ошиқӣ бояд аз оқибаташ меандешидед!

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь