Беҳрӯз бо медали тилло қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Сайидмӯъмин Раҳимовро баъди 42 сол такрор кард…

Воқеан, дар баробари абармардони саҳнаи сиёсат, илму техника ва адабиёту санъат, ки аз сайъу кӯшиши беандозаи эшон миллатро ҷаҳониён мешиносанд, варзишгарон низ муаррифгари миллатанд. Ин аст, ки солҳои охир сайъу талошҳои ҳукумату давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонон ба варзиш, сохтмон ва ифтитоҳи иншооти гуногуни варзишӣ бесобиқа аст. Натиҷаи чунин заҳматҳост, ки сафи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик дар ҳама намудҳои варзиш пай дар пай рӯ ба афзоиш аст.
Ҳарчанд 42 сол қабл, соли 1975 ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сайидмӯъмин Раҳимов дар намуди варзиши “самбо” қаҳрамони ҷаҳон гардида, аз миллати тоҷик муаррифӣ карда буд, вале он замон дар хориҷ аз ҳудуди Иттифоқи советӣ (СССР) ӯро ҳамчун паҳлавони шӯравӣ мешинохтанд, баъдан ҳамчун тоҷик. Сиёсати партия ва ҳукумати вақт чунин тақозо дошт. Шукри Истиқлолияти кишвар, ки миллати тоҷикро ҳамчун тоҷик ба ҷаҳониён шиносонд. Ин аст, ки паҳлавонони тоҷик дар риштаҳои гуногуни варзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд, парчами Тоҷикистонро парафшон мекунанд ва ба шарафашон суруди миллӣ танинандоз мегардад.
Инак, дар китоби варзиши Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи наве боз гардид. Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати 42-юми ҷаҳонӣ оид ба “самбо”, ки рӯзҳои 10-12-уми ноябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, ғолиби ин мусобиқаи бонуфуз гардид. Ӯ соҳиби унвони чемпиони чаҳон ва медали тиллои мусобиқа шуд.
Беҳрӯз Хоҷазодаи 22-сола дар вазни 74 кг дар финал бар ҳарифаш аз кишвари Белорус Степан Попов, ки ҳам дар синну сол ва ҳам дар вазн аз ӯ бузургтар буд, бо натиҷаи 4:2 ғолиб омад. Ба шарофати ин ғалабаи ӯ парчами Тоҷикистон барафрохта шуд ва суруди миллии кишвар танинандоз гардид.
Шаби 14-уми ноябр дар саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба қавле «ҷойи сӯзанзанӣ» набуд. Садои карнаю сурнай ба фалак мепечид. Мухлисон дар интизори паҳлавон Беҳрӯз Хоҷазода зери наво мерақсиданд. Воқеан, тӯй буд, тӯйи тоҷикона. Ҳарчанд ҳаво нисбатан сардтар буд, вале дидори ҷаҳонпаҳлавон дили ҳозиринро гарм мекард. Намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар, волидайн, ҳаводорон, ёру дӯстон ва наздикони Беҳрӯз бо гулу гулдастаҳо бесаброна фуруд омадани ҳавопаймои самти Маскав-Душанберо дақиқашуморӣ мекарданд. Соат 03:30 дақиқа. Ҳарчанд ҳавопаймо аз вақти муқарраргардида, ки соати 2-и шаб гуфта мешуд, дер карда бошад ҳам, вале ҳамоно ҳозирин интизор буданд.
Инак, лаҳзаҳои ҳассоси деринтизор. Беҳрӯз Хоҷазода бо ҷамъи паҳлавононе, ки дар вазнҳои гуногун дар чемпионати ҷаҳонӣ қувваозмоӣ намуданд, берун омаданд. Ҳар як мухлис мехост ҷаҳонпаҳлавонро ба оғӯш бигирад, бо ғолибияташ, ки аслан ғолибияти тамоми мардуми тоҷик аст, табрик бигӯяд.

Беҳрӯз зодаи деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб буда, 11-уми январи соли 1995 таваллуд ёфтааст. Ӯ таҳсилро дар синфи 1-ум дар мактаби рақами 3-и деҳаашон оғоз намуда, баъдан падар барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои ӯро ба мактаби миёнаи рақами 95-и маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе месупорад. Ӯ фарзанди чоруми оилаи Хоҷаевҳо мебошад. Бародар ва чор хоҳар дорад. Фирӯз Хоҷазода, бародари Беҳрӯз феълан дар Прокуратураи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба ҳайси муфаттиш фаъолият дорад. Модараш Мавҷигул Хоҷаева хонанишин ва ба тарбияи фарзандон машғул аст. Саъдулло Хоҷазода, падари Беҳрӯз дар мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд.

Фирӯз Хоҷазода, бародари Беҳрӯз, ки барои пешвози додараш аз ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба Душанбе омада буд, қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо дар сӯҳбат бо мо аз муносибати хуби тарафайн бо бародараш ва хоксории Беҳрӯз ситоиш намуда, гуфт, замоне, ки ӯ дар синфи панҷуми мактаби миёнаи рақами 95 таҳсил дошт, дар мактаби варзишии устоди шинохтаи варзиш Садриддин Обидов ба машқу тамрини гӯштини “самбо” оғоз кард. Пас аз ду соли тамрину омӯзиши ин намуди варзиш падараш Саъдулло Хоҷазода додараш Беҳрӯзро низ, ки барои идомаи таҳсил аз деҳа ба шаҳр оварда буд, ба ин даргоҳ овард, то ҳар ду писарон аз нозукиҳои гӯштини “самбо” огоҳӣ пайдо намоянд. Ҳамин тавр, Беҳрӯз аз синфи 3-юм, замоне, ки ҳамагӣ 11 сол дошт, зери роҳбарии устоди варзиш Садриддин Обидов пурра ба омӯхтани нозукиҳои ин намуди зебои варзиш шурӯъ намуд.
Фирӯз мегӯяд, ӯ то замони дар курси 5-уми факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсил карданаш бо додараш Беҳрӯз зери роҳбарии Садриддин Обидов машқ мекард ва дар чорабиниҳои зиёди ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷоизаву ифтихорномаҳо гардидааст. Фирӯз лаҳзаи хотирмонеро ба ёд овард, ки ӯро зарурат пеш омад, то бо додараш даст ба гиребон шавад, яъне қувва озмояд. Ба гуфти Фирӯз Хоҷазода, соли 2013, ҳангоме ки дар курси 5-уми ДМТ таҳсил мекард, мусобиқаи гӯштини “самбо” барои ба даст овардани “Ҷоми ректори ДМТ” миёни донишҷӯёни ДМТ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон гузаронида шуд.
– Он замон Беҳрӯз дар курси якуми ДТҶТ (Кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ) таҳсил мекард. Ҳамин тавр, шуд, ки дар гурӯҳи “А” Беҳрӯз ва дар гурӯҳи “В” ман ба финал баромадем. Ва ман бе ягон дудидагӣ ғолибиятро ба Беҳрӯз додам. Ҳарчанд ки устодони ДМТ аз ман норозигӣ баён намуданд, вале нахостам бо бародарам қувваозмоӣ кунам ва “Ҷоми ректори ДМТ” насиби Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ гашт,- мегӯяд бо табассум Фирӯз.
Фирӯз пас аз чанд сонияи хомӯшӣ ин амалашро шарҳ дода, шӯхиомез гуфт, ки “ғолибиятро ба Беҳрӯз додани ман ба он хотир буд, ки аз як тараф медонистам ӯ маро “мезанад”, вале аз ҷониби дигар, аз гиребони додарам гирифтанро ба худам раво намедидам”. Дар идома Фирӯз гуфт, ки “Беҳрӯз низ намехост бо ман қувваозмоӣ кунад ва исрор мекард, то ғолибият ба ман дода шавад”.
Бо вуҷуди исрори Беҳрӯз барои ба бародараш додани ғолибият муаллимони ДТҶ дар як гап меистоданд: “Гӯштин гиранд ва ғолиб маълум гардад”. Аммо Фирӯз мегӯяд, ки ӯ рафта дасти додарашро ҳамчун ғолиб бардошт ва ба баҳс нуқта гузошт.
Фирӯз дар мавриди ашк рехтани Беҳрӯз гуфт, он ашки шодӣ буд, вале «сонияҳое, ки рақиб дасти Беҳрӯзро бо усули латдиҳӣ зер мекард, ман сахт гиристам, дод задам, зеро медонистам, ки дар чунин ҳолат доштани даст ба шикастани он оварда мерасонад”.
Фирӯз Хоҷазода гуфт, чунин ҳолат, яъне усули латдиҳӣ ҳамин сол низ як маротибаи дигар бо Беҳрӯз дар мусобиқаи ҷаҳонии “ҷудо” дар шаҳри Будапешти Венгрия рух дод. Дар ин мусобиқа Фирӯз бо ҳарифи дуюмаш Ғиёсҷон Бобоев аз Ӯзбекистон қувваозмоӣ намуд. Ҳарифаш Фирӯзро бо усули бӯғӣ кардан ва дар замин нигоҳ доштан, ки бо забони ҷопонӣ “асекоми” ном дорад, дар ҳолати ногувор қарор дода буд, вале бо хости Худо ӯ тавонист худро аз ин вазъият раҳо кунад.
Мураббии Беҳрӯз Садриддин Обидов бо ёдоварӣ аз усули латдиҳӣ, ки рақиби белорусаш барои таслим кардани Фирӯз ба кор бурд, мегӯяд, ба ин усул на ҳар кас тоб меорад.
– Дар сонияи 26-уми сабқат агарчӣ Беҳрӯз ба ҳолати латдиҳии даст гирифтор шуд, ҳолати вазнинтарин буд, вале ман боварии комил доштам, агар рақибаш дасти ӯро мешикаст ҳам, ӯ тан намедод,- гуфт бо қатъият Обидов бо назардошти хислати мардонаи Беҳрӯз.
Дар сабти видеоии рақобати Беҳрӯз Хоҷазода бо Степан Попов, ки рӯзи 11-уми ноябр сурат гирифт, дида мешавад, ки чӣ гуна Беҳрӯз баъд аз эълони пирӯзии ӯ аз тарафи довар, рақибашро оғӯш гирифт ва сипас бо садои баланд гиря кард. Беҳрӯз далел барои гиря дошт, зеро кореро, ки 42 сол боз ҳеҷ яке аз гӯштигирони “самбо” дар Тоҷикистон натавонистанд анҷом диҳанд, ӯ иҷро намуд. Ӯ баъд аз чаҳор даҳсола қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шуд, унвоне, ки то кунун Сайидмӯъмин Раҳимов, яке аз паҳлавонони тоҷик бо он фахр мекард.
Беҳрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар фурудгоҳ сабаби гиряашро кӯтоҳ шарҳ дода, гуфт: «Пас аз ғолиби мусобиқа гардиданам ҳисси миллиам боло гирифт ва гиря беихтиёр худаш омад ва ман дигар пеши роҳашро гирифта натавонистам».
Беҳрӯз инчунин гуфт, ки мусобиқоти зиёди дигаре дар пеш дорад ва умедвор аст, ки мухлисонаш дар Тоҷикистонро ноумед намекунад.
Беҳрӯз рӯзи шанбе бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони белорусӣ Степан Попов пирӯз омад ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба “самбо” гардид.
Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 11-уми ноябр ҳамчунин чаҳор паҳлавони тоҷик рақобат карданд. Ба ҷуз Беҳрӯз Хоҷазода, Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд. Инчунин, ду нафари дигар дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карданд. Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Вале Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд. Дар рӯзи дуюми чемпионат Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг медали нуқра ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Даври 42-юми чемпионати ҷаҳонии самбо ва самбои размӣ 10-12-уми ноябр дар Қасри варзишҳои яхии “Айсберг” дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷомӣ Ҳасан (вазни 52 кг, барандаи медали биринҷии чемпионати соли гузашта), Акмалиддин Каримов (57 кг, барандаи медали нуқраи ЧҶ дар солҳои 2013, 2015, медали биринҷӣ дар ЧҶ дар солҳои 2010, 2014), Нозим Охиров (62 кг, барандаи медали биринҷии ЧҶ 2012), Хушқадам Хусравов (68 кг, барандаи медали нуқраи ЧҶ 2014), Беҳрӯз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг, барандаи медали нуқраи ЧҶ 2010 оид ба самбои размӣ), Фирдавс Насимов (100 кг), Набимуҳаммад Хоркашев (аз 100 кг боло, барандаи медали нуқраи ЧҶ 2010 ва 2015) қувваозмоӣ карданд.
Ёддовар бояд шуд, самбочии маъруфи тоҷик шодравон Сайидмӯъмин Раҳимов дар даври 3-юми чемпионати ҷаҳонии самбо соли 1975 дар Минск соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шуда буд ва бо гузашти 42 сол то ҳол ба ягон варзишгари тоҷик муяссар нашуда буд, ки ин дастоварди тиллоии ӯро такрор кунад. Аммо варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода тавонист қаҳрамонии Саймумин Раҳимовро бори дигар такрор кунад.
Зафар муборак, Беҳрӯз!!!

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь