Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати демократӣ ҳуқуқбунёд, ягонаву иҷтимоӣ ва низоми он дунявӣ мебошад. Мусаллам аст, ки дар низоми дунявият принсипи баробарии шаҳрвандон риоят гардида, ҳуқуқу озодиҳои онҳо кафолат дода мешавад. Қонунгузорӣ дар чунин низом бар мабнои заруратҳои иҷтимоӣ шакл гирифта, ҷиҳати ҳалли мушкилоти муайяни ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ онҳо ба тавсиб мерасанд. Қобили зикр аст, ки маҳз низоми дунявӣ ба фарҳанги миллӣ ба арзишҳои суннатии миллӣ такя намуда, ҷиҳати пешрафти миллият саҳми хешро мегузорад.

Тоҷикистон аз даврони ба Истиқлол расидан ҷиҳати эҳёи таъриху фарҳанг ва забону арзишҳои муҳими миллии хеш ҳамасола маҷмуи маъракаву чорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар тули солҳо Истиқлолияти давлатӣ ҷашнҳои бузурге аз қабили ҳазораи “Шоҳнома”- Абулқосим Фирдавсӣ, бузургдошти Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хисрав, Муҳаммади Ғаззолӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва даҳҳои дигарро ҳамчун шахсиятҳои саршиноси миллӣ таҷлил намуду осори онҳоро интишор дода, дастраси мардуми кишвар намуд.

Ҳамчунин дар ин дарозо даҳҳо ҷашнвораҳои аз қабили солҳои бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1310 солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмони ибни Соит, низ таҷлил карда шудаанд. Давлати дунявии Тоҷикистон дар дарозои мавҷудияти хеш ҷиҳати озодона анҷом додани расму оин ва эътиқодоти динии шаҳрвандон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Аз ҷумла, ба фарқ аз даврони шӯравӣ, ки он замон 34 маркази ибодатӣ амал мекард, ҳоло зиёда аз 4,5 ҳазор масҷид амал мекунад, ки нисбат ба омори аксар аз кишварҳои мусалмоннишини минтақа ва ҷаҳон нишондоди хеле баланде ба ҳисоб меравад. Зеро, ба ду дуввуним ҳазор нафар як масҷид рост меояд.

Дар ин замина, ҳамасола анҷом додани суннатҳои динӣ аз қабили таҷлили Иди Рамазону Иди Қурбон дар сатҳи давлатӣ ва қонунгузорӣ рӯзҳои истироҳат эълон гардидаанд. Ҳамасола ҷиҳати анҷом додани маносики ҳаҷ тибқи шартномаи тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тақрибан то 6 ҳазор нафар маросими ҳаҷро анҷом медиҳад, ки дар он ҳеҷ монеае вуҷуд надорад.

Дар даврони Истиқлоли кишвар ҷиҳати ҳимоят аз арзишҳои динӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар, китоби муқаддаси мусалмонон Қуръони карим “Тарҷумаи тафсири Табарӣ” бо забони ноби тоҷики тарҷумаву нашр гардида ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ ба таври маҷҷонӣ тақдим гардид. Инчунин асари “Ҳидоя”-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Саҳеҳ» -и имом Бухорӣ, «Муқаддима» и Ибни Халдун нашр гардиданд.

Ҳамин будааст, ки соли 2010 аз ҷониби ташкилоти ҷаҳонии ислом оид ба маориф илм ва фарҳанг, пойитахти кишвар – шаҳри Душанбе пойитахти фарҳанги исломӣ эълон гардид. Дар раддабандиҳои шахсиятҳо кишварҳои исломӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар байни 500 нафар шахсиятҳои муҳим ва таъсиргузори ҷаҳони ислом эътироф гардиданд.

Ҳукумати кишвар ҷиҳати ба низоми муайян роҳандозӣ намудани масоили марбут ба дин ниҳодҳои муайянеро аз қабили Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи имоми Аъзам таъсис дода даҳҳо санадҳои ҳуқуқиву меъёририро ҷиҳати ба танзим даровардани корҳои динӣ ба тавсиб расонид.

Қобили зикр аст, ки давлат ҳамеша ҷиҳати дар низоми муйаян нигоҳ доштани равандҳои иҷтимоӣ аз гузинаҳои зиёди таъсиррасонӣ истифода менамоянд. Дар баробари ин навъи амалкард, зикр кардан ҷоиз аст, ки дин аз давлат ҷудо буда, ба корҳои сиёсӣ дахолат кардани он тибқи Контитутсия маҳдуд карда шудааст. Аз ин лиҳоз, кишвари Тоҷикистон ҳамеша зидди сиёсигардонии дин мавзеъгирӣ мекунад.

Мусаллам аст, ки ҳанӯз дар бомдоди истиқлол кишвари Тоҷикистон ба бархурдҳои шадиди геополитикӣ дучор гардида, маҳз ифротгароӣ яке аз омилҳои асосии ин бесуботӣ буд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 роҳандозӣ гардида, дар Тоҷикистон маҳз аз сиёсикунонии ислом маншаъ мегирифт, ки давлатҳои муайяни минтақаву ҷаҳон ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои хеш гурӯҳҳои исломи сиёсиро маблағгузорӣ намуда, тарғибу ташвиқи таассубу хурофотро тавассути расонаҳои гурӯҳии бо маблағгузориашон созмон дода шуда, фазоро мағшуш намудаанд ва унсурҳои миллию дунявиро куфру бидъад эълон намуда, мардумро ба бархурди шаҳрвандӣ овардаанд, ки дар натиҷаи он 150 ҳазор кушта, 1 млн нафар фирорӣ ва тақрибан 20 млрд доллар зарари иқтисодӣ ба миён оварда пойгоҳои иҷтисодию иҷтимоии давлати Тоҷикистонро варшикаста гардонид ва кишвари Тоҷикистонро дар садади нобудӣ қарор дод.

Бо кушиши хирадмандонаи фарзандони фарзонаи миллат ин вазъ бартараф карда шуда, дубора кишвари Тоҷикистон ба ҳам оварда шуд ва пояҳои давлатдорӣ устувор гардида, аз як давлати дар ҳоли сукукту парокандагӣ ба як кишвари  дар ҳоли рушд, ки амнияту осудагӣ дар он ҳукмфармо аст, табдил ёфт.

Бо назардошти таҷрибаи қаблие, ки солҳои 90-ум аз сиёсигардонии ислом ва бархурди терроризм бар сари мардуми Тоҷикистон овард,  мақомоти кишвар ҳамеша аз унсурҳои сиёсисозии дину бовар пешгирӣ менамояд. Зеро мардуми Тоҷикистон хуб огоҳанд, ки бо сиёсисозии дину бовар дар давлатҳои минтақаву ҷаҳон чӣ вазъу ҳолу ҳавоеро барои мардумони ин кишварҳо геополитикаи ҷаҳонӣ ба миён овард ва иддае аз онҳо  то ҳол дар буҳрони амиқи инсонӣ ба сар мебаранд.

Кишвари Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳамеша ба арзишҳои миллии хеш такя мекунад ва ҳамагуна тақлиду бегонапарастиро, ки ба хусусиятҳо ва арзишҳои миллӣ муғоират доранд, қобили қабул нест. Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангии худ  дар ҷаҳони имрӯза, ки бархурдҳои шадиди фарҳангӣ миёни кишварҳо сурат гирифта, бо роҳи ҳувиятзудоӣ давлату миллатҳо аз байн бурда мешаванд, ҳамеша дар дифои арзишҳои миллиаш қарор мегирад.

Бо назардошти ин нукта ҳифзу ҳимояти либоси миллии бонувон, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дошта, аз назари зебоишиносию ахлоқӣ намунаи беҳтарини либоси миллӣ ба ҳисоб мераванд, вазифаи ҳамаи шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки либосҳои миллии тоҷикӣ ҳеҷ ихтилофе ба дину ойин надорад ва ҳазорсолаҳост бонувони тоҷик аз онҳо истифода менамоянд. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта Ҳукумати Тоҷикистон пайи ҳифзи ин арзишу осори фарҳангӣ тасмимҳои муайянеро рӯи даст гирифтааст.

Мутаассифона, ин тасмими кишвари Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба тарзҳои гуногун маънидод гардид. Махсусан гуруҳҳои ифротгаро ва фурсатталабе, ки ҳамеша мухолифи пешрафту ободкории Тоҷикстонанд, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ, ин тасмимро ба тавтеа табдил дода, онро мазмунану моҳиятан ба баръакси худ ҷилва медиҳанд.

Бахусус чанд нафари ҳувиятбохтаи аз тоҷику тоҷикият дур, аз ҳамсоякишвар, ки дар онҳо ҳеҷ гуна ифтихороти миллию инсонӣ вуҷуд надорад ва ин нафарон мусалламан  иҷрокунандаи амалисозии манфиатҳои геосиёсии терроризми байналмилалианд ин ҳадафҳои нопок роҳандозӣ шудаанд.

Бисёр хандаовар аст, ки чанд нафаре, ки вазъи асримиёнагиро дар Афғонистон ба миён овардаанд ва мардум дар тарсу ҳаррос ва вазъияти сахту сангин ба сар мебарад. Ҳоло ба домани Тоҷикистон часпида бо тавтеакорӣ алайҳи кишвари мо ҷиҳод эълон намудаанд. Ин ба он маънист, ки  терроризми ҷаҳонӣ мехоҳад вазъи асафбори кишварҳои дигарро ба Тоҷикистон интиқол намуда, бори дигар ҷанги ҳамвандию шаҳрвандиро дар кишвари мо ба вуҷуд оварад. Ин дастаи беҳувияти худбохта фаромуш кардаанд, ки ҳар фарди кишвари Тоҷикистон нек медонад, ки чунин таблиғотҳо чӣ паёмаде доранд ва онҳо то куҷо метавонанд бар манфиати миллати тоҷик бошад. Дигар ҳеҷ гоҳ фарзандони бонангу номус ва фарзонаи тоҷик намегузоранд, ки ин кишвар дубора мавриди бархурдҳои манофеи бегонагон қарор бигирад ва ин амнияту осоиштагӣ ва суботи иҷтимоии кишвар, ягонагии давлат мавриди суол қарор бигирад.

Ин мавлавиҳои худхонди беҳувият, пеш аз оне, ки ба корҳои давлатдории кишвари мо дахолат намоянду фатвоҳои гумроҳкунандаву зиддиинсонӣ содир намоянд, якбор бар ҳоли зори мардуми ҳамҷавор нигаранд ва агар заррае инсоф доранд, ба худ суол кунанд, ки ба сари ин мардуми бегуноҳ бо номи дин чӣ овардаанд?! Куҷост мусулмониашон?! Чаро ба нодониву ҷаҳолату зулмоти худашон ҷиҳод эълон намекунанд?!

И. Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь