Ба Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаҳои илмию оммавӣ», номинатсияи «Мақолаи илмию оммавӣ»
Беҳтарин панд ва заруртарин роҳнамост гуфтаҳои Одам-уш-шуаро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ!
Нафс чист? Нафс хоҳиши табии инсон ва ҳама гуна ҷондор ба чизҳои хӯрданӣ, лазиз ва зебову даркорӣ мебошад. Нафс табиати инсон аст, лек ҳар як чиз ҳад дорад. Агар хоҳиш аз ҳад гузарад, бад аст. Шахсеро, ки нафсашро нигоҳ дошта наметавонад, баднафс, нафспарвар, нафскалон мегӯянд ва баъзан мисраи «Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад» ҳам ба таъкид садо медиҳад. Ҳикояте машҳур аст: «Кӯдаке нони равғанин мехӯрд, нафари дигаре тавалло мекард, ки порае аз нонаш диҳад. Кӯдаки аввал гуфт, ки мисли саг аккос занаду ба монанди хар ҳангас кунад, баъд хоҳишашро иҷро хоҳад кард. Он кӯдак ҳам ав-ав ва ҳам ар-ар кард. Нафаре, ки ин манзараро назора мекард, сахт гирист ва ба худ гуфт: «Бинед, нафс инсонро чӣ қадар пасту залил мекардааст!».
Барои он ки аспи нафси саркашро ба худ ром кунем, ба он лаҷом бояд зад. Ирода ва виҷдонро бедор мебоист кард. Ба ҷойи нафси аммора нафси лаввомаро тарбия карданамон лозим аст. Нафси лаввома виҷдон аст. Пеши чашми нафспарастро дуди сип-сиёҳ пӯшондааст, вай мехоҳад, ки дар чанд ҷой хонаву ҷой ва мошинҳо дошта бошад. Ин дуди ғализро аз айнаки сиёҳи вай пок бояд кард. Чанд бор аз васоити ахбор мехонем, ки амалдоре ҳазорҳо сомониро ғайриқонунӣ аз худ кардааст ва додваре посбони сарҳадро задааст. Ба худ савол медиҳем:-Магар ин нафарон қонунро намедонанд, ки дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» қонуншиканӣ мекунанд? Медонанд, вале виҷдон дар хоби ғафлат аст ва пеши чашмро дуди ғализи кибру ғурури нафс пӯшондааст.
Касоне, ки дар замони Ҳукумати Шӯравӣ ҳаёт ба сар бурдаанд, ки дар он замон қасам ба виҷдони пионерӣ, савганд ба виҷдони комсомолӣ ва қасами партиявӣ вуҷуд дошт. Ин суханҳо шиори хушку холӣ набуданд, ҳадаф ва вазн доштанд. Вақте гурӯҳе аз бачагон ба боғи колхоз ворид шуданд, аз себҳои дурахшони пухтаи дарахтон ба ваҷд омаданд, ҳарчанд оби даҳон мешорид, вале касе ҷуръати ба себ даст дароз кардан надошт. Метарсид мегӯед? Не! Бачагони бебок аз касеву аз чизе бим надоштанд, виҷдонашон роҳ намедод, ки напурсида ба чизе дасти таарруз дароз кунанд. Шахси бовиҷдон хушаҳлоқ мешавад, ба ӯ перомуни қонунҳои гуногун гап занед, зуд қаноатманд мегардад. Аммо ба гӯши бевиҷдон ҳазор ҳарф гӯӣ, ба амри нафсаш гӯш медиҳаду халос.
Барои ҳамин ҳам ман таъкид мекунам, ки «илм дар хурдӣ нақш бар санг аст», виҷдони кӯдакро бояд бедор кунему ба ӯ фаҳмонем, ки неъматҳои моддӣ барои як ё ду кас нест, балки барои ҳама аст, бояд қонуни бародариву баробарӣ ҳукмрон бошад. Масалан, ту сер бошиву ҳамсояат гушна, ин гуна ҳолат ҳам ба қонуни одамгарӣ ва ҳам ба шариат дуруст намеояд. Ҳикояте машҳур аст: «Бародарон замини алоҳида доштанд, шолӣ киштанд, баъди парвариш даравиданду банд баста гирд оварданд. Шаб бародари калонӣ ба худ «Додарам ҳоло хонадор нашудааст, ӯ нисбат ба ман муҳтоҷтар аст» гӯён шабона даҳ банд шолияшро ба ғарами бародараш ҳамроҳ кард. Бародарӣ хурдӣ аз фикр гузаронд: «Акоям соҳиби аёлу фарзанд аст. Ба ӯ кумак карданам даркор, ҳамту пешкаш кунам, қабул нахоҳад кард, биё, шабона ба ғарамаш даҳ банд шолӣ ҳамроҳ намоям». Ҳамин тавр, шолии бародарон кам нашуд.
Дар ҷамъият зиста, худро аз мардум боло донистан бевиҷдонисту бас. Дар «Пирӯзинома»-и Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, аз ҷумла, омадааст: «Гуфтанд:-Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дӯстон гиромитар аст? Гуфт:-Нафс.». Бале, нафси бад балои ҷон аст. Пеши селоби нафси бадро гирифта натавонем, ҳамаи шаъну шуҳрат ва зебоиҳои ҳаётамонро шуста бурда, ба гирдоби фано мепартояд.
Хурду калон бояд дарк намоянд, ки паст задани шаъни инсон қонуншиканӣ аст. Барои амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия аввал маърифати ҳуқуқиямонро баланд бардоштанамон лозим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”.
Мо медонем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон арзиши олӣ дорад. Бояд ба қадри қонун бирасем ва онро эҳтиром кунем. Дар моддаи 42-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми қонун чунин дарҷ гардидааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.
Дар суҳбату ҷамъомадҳо мавзуъҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии тарбия ва ғайра интихоб карда мешаванд. Моро зарур аст, ки дар баробари хуб донистани талаботи санадҳои ҳуқуқӣ дар байни омӯзгорон ва аҳолӣ тарғибот гузаронем, муҳтавои қонунҳои миллӣ ва қонунҳои соҳавиро шарҳ диҳем. Мо медонем, ки вазифа танҳо фаҳмондани талаботи қонун нест, балки оқилона истифода бурдани қонунҳост. Дар Консепсияи милли тарбия, аз ҷумла омадааст: “Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарку ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.Таркиби он мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз асноди меъёрии ҳуқуқии кишвар чунин муайян гардидааст: ҳуқуқи зиндагӣ, ҳуқуқи таҳсил ва таълиму тарбия, ҳуқуқи пуштибонии ҷамъият, ҳуқуқи озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, ҳуқуқи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳуқуқи истироҳат, ҳуқуқи кафолати ҳимояи судӣ, ҳуқуқи манзил ва вазифаҳои муқарраршуда ва риояи онҳо мебошад…”.
Яъне шахс дар баробари ҳуқуқи худро донистан ҳуқуқи дигаронро низ эҳтиром бояд кунад. Касеро, ки азиз донистед, дигарон низ шуморо азиз хоҳанд дошт. Агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нохалафе бо суханҳои қабеҳ табъро хира кард, ин қонуншиканӣ аст, беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият аст. Ӯро аз бадгӯӣ мебоист боздорем, агар пеши селоби лойқаро нагирем, оқибаташ ногувор хоҳад шуд. Абулмаонӣ Бедил гуфтааст:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд. Дар моддаи 52-юми қонуни мазкур “Ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор” омадааст, ки омӯзгор азиз дониста шавад. Агар аз тарафи маъмурият ё нохалафе дар ҳузури хонандагон ё нафарони дигар ба омӯзгор гапҳои дағал гуфта шавад, магар ин паст задани шаъну шарафи инсон нест?! Агар шахс ба кор дер омад, ё нақша-мазмуни мухтасари дарсашро омода накардааст, умуман, қоидаро вайрон кардааст, ӯро дар алоҳидагӣ сарзаниш бояд кард, охир, “Изои муъмин ҳаром аст” гуфтаанд. Президенти кишвар дар Рӯзи дониш изҳор доштанд, ки қонун дар бораи “Мақоми омӯзгор” пешниҳод хоҳад шуд. дар ҳаққи муаллим гуфтани ҳар гуна гапҳои бад ҷавобгарӣ хоҳад дошт
Мардум ҳамеша муҳтоҷи тарбияанд. Баробари тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ғайра тарбияи ҳуқуқӣ дода мешавад. Агар мо шахсро китобхон гардонему бо ин роҳ завқи бадеияшро бедор созем, ӯ аҳлоқан дигар мешавад, ба ҳаёт бо чашми хирад менигарад, дар ниҳоди ӯ пиндори нек пайдо мешавад, гуфторашу кирдораш низ нек мешаванд. Одами хуб ҳаргиз қонунро поймол намекунад. Устод Садриддин Айнӣ баъди мутолиаи “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш иброз дошт, ки дар шуураш инқилобе пайдо шуд. Нависандаи бузурги рус Максим Горкий гуфт, ки “Ҳар он чизи неке, ки аз ман зоҳир мешавад, аз натиҷаи хондани китобҳост”. Нафареро пурсиданд, ки ба мағозаи бисёре ба дӯздӣ даромадӣ, ба дӯкони китоб, ки дараш баста набуд, чаро надаромадӣ? Гуфт: “Агар китобдӯст мешудам, дуздӣ намекардам”.
Аз ёд донистани ҳамаи қонунҳо бо бобу моддаҳояш аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, суҳбату маърузаҳо дар мавзуъҳои муайян бояд бо ҳикоятҳои ҷолибу таъсирбахш гузаронда шаванд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ҳам падару модар ва калонсолонро уҳдадор менамояд, ки “-кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд”.
Бадӣ кардан қонуншиканист, Шайх Саъдӣ таъкид мекунад, ки аз бадӣ мебоист дур бошем. “Луқмонро гуфтанд: “Адаб аз кӣ омӯхтӣ?” Гуфт: “Аз беадабон, ҳар чи аз эшон ба назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам”.
Дасти золимро боздоштан беҳтарин ҷавонмардист. “Вақте Амири Сомонӣ ба қатли ҳазор сарбози асирафтодаи душман фармон дод. Рӯдакии ҷавон пеш баромада ин мисраъҳоро хонд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Марди набувад фитодаро пой задан.
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Подшоҳ баъд аз шунидани ин суханони ҳикматнок чанде ба андеша рафту ҳамаи асиронро озод кард”.
Бинед, устод Рӯдакӣ ба амир тамаллуқу чоплусӣ накард, балки ӯро бо ҳикматҳои ҷолибу ҷаззоб аз ҷиноят кардан боздошт. Нотавонбинон ва разилон нуқсони ҷисмонии нафареро мавриди масхара қарор медиҳанд, то ки худситоӣ кунанд, ки гӯё бенуқсанд. Ҳамаи ҷиноятҳои бузург аз ҳамин таҳқири ба назар кучак оғоз меёбанд. Ҳуқуқи дигареро паст задан ҳам аз бемаърифатии он шахс дарак медиҳад, барои ин гуна ноодамони гумроҳ Устод Рӯдакӣ “Бар кӯру кар ар нуқта нагирӣ, мардӣ!” гуфтааст.
Дар гирду атрофамон афроде ҳастанд, ба кумаки моддию маънавии мо муҳтоҷанд. Барои дидани онҳо чашми ҳақиқатбин бояд дошт. Ёрии мо, ҳарчанд ночиз аст, онҳоро аз қонунвайронкунӣ бозмедорад. “Садақа-радди бало” гуфтаанд. Накукорӣ беҳтарин садақа аст:
Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накухоҳӣ ба кас роҳатрасонист.
Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош,
Накухоҳу ба кас роҳатрасон бош!
Инсони адолатпарвар ҳамеша азизи мардум аст. Китоб хондан қонуни қонунҳо-ВИҶДОНро бедор мекунад. Як нақли ибратбахши мо ҳам тарбияи ҳуқуқӣ медиҳад ва ҳам ахлоқию эстетикӣ. Ҳикояте аз китоб ба тариқи мухтасар оварда мешавад: “Додвар (судя) ба писарбачаи даҳсолае савол дод: “Чаро дуздӣ кардӣ?”, писарак гуфт: “Пул надоштам, ки нон бихарам”. Додвар боз савол дод: “Барои пул кор бояд кард, чаро кор намекунӣ?”, писар: “Баъд аз дарс кор мекардам, мошин мешустам. Вақте ки модарам бемор шуд, ҳамон рӯз ба кор нарафта, ӯро, ки ба ғайр аз ман касе надорад, нигоҳубин кардам, рӯзи дигар маро аз кор ронданд”
Раиси суд баъд аз чанд дақиқа андешидан ҳукми худро хонд: “Фурӯшандаи дӯкон ба ҳисоби писарак ҷарима карда шавад, аз ҳозирин барои писарак якдолларӣ рӯёнда шавад, то ки модарашро бо табобат фаро гирифта тавонад, соҳиби корхона низ вазифадор карда шавад, ҳар рӯз музди кори писаракро ба хонааш бирасонад”…Худи додвар якумин шуда пули ҷаримаро пардохт кард. Ҳар гуна амали нек хусусияти тарбиявӣ дорад.
Террор зулму ситам, ҷабру ҷафо ва зуровариву фишор аст. Гурӯҳеро, ки бо роҳи зӯрӣ ва куштор ҳукми худро гузарондан мехоҳанд, гурӯҳи террористӣ (ифротгаро) меноманд. Террористон бештар аз номи халқ ва дин амалҳои нангини худро ба иҷро мерасонанд. Экстремизм бошад, пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ аст. Зимни суҳбат бо ҷавонону калонсолону наврасон ин суханони Сарвари давлатро хотиррасон бояд кунем: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Таъкид бояд кунем, ки дини мубини ислом зӯроварӣ, одамкушӣ ва ифротгароиро маҳкум мекунад. Дар Қуръони карим ояти “Иллаллазина оману ва амилус солиҳоти” (имон биёр ва кори солеҳ бикун) аз ҳама бештар такрор шудааст. Ҳатто сухани бад гуфтан ҳам гуноҳ ба ҳисоб меравад (Изои муъмин ҳаром). Дар ҳамин ҷо чунин ҳикоятро мисол орем, маърузаамон таъсирбахш хоҳад шуд: “Ба назди подшоҳ яке омаду гуфт: “Бад макуну бад маяндеш, то бадат наоядат пеш”. Дигаре гуфт: “Некӣ куну нек биандеш, то нек оядат пеш”. Подшоҳ ба аввалӣ 1000 танга дод, ба дуввумин 2000 танга. Дарбориён сабаб пурсиданд, ки ҳар ду ба як маънӣ сухан гуфтанд, аммо подош фарқ дорад? Султон гуфт:-Донишманди аввал суханро аз бадӣ, вале дуюмӣ аз некӣ оғоз кард”.
Биёед, бо саъю кӯшиш виҷдонамонро аз хоби ғафлат бедор созему бо пиндор, гуфтор ва рафтори нек парчами адолатро партавафшон карда, давлати ҳуқуқбунёдамонро боз ҳам гул-гул шукуфонем.
Ҳакималӣ Назаралиев, омӯзгор