Ё чаро гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби тоҷикистониён меафзояд?
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, танҳо дар соли 2020, зиёда 63 ҳазору 389 нафар тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Аз рӯи ҳисоботҳо ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 174 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудааст.
Дар соле, ки пандемияи COVID-19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи рекордии худро дар гирифтани шаҳрвандии Русия нишон дод ва Қазоқистонро гузашта, баъд аз Украина дар ҷойи дуюм қарор гирифт.
Тибқи омори Вазорати корҳои дохилии Русия аз соли 2016 то соли 2020 204 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Ба ин тартиб, ҳар сол ба ҳисоби миёна 40 ҳазор тоҷикистонӣ, шиносномаи Русияро гирифтааст. Дар 5 соли охир шумораи тоҷиконе, ки соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, 3 баробар афзудааст. Агар соли 2016 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд, дар соли 2020 беш аз 43 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон, зиёда аз 23 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон ва наздик ба 12 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрвандии Русияро цабулк ардаанд. Ин омори нашркардаи Вазорати корҳои дохилии Русия аз он шаҳодат медиҳад, ки аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи Русияро гирифтаанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар се даҳсолаи охир барои муҳоҷират ба Русия барои кор мераванд. Мақомоти Русия бештари гирандагони шиносномаи шаҳрвандии ин кишварро ба муҳоҷирони корӣ рабт медиҳанд. Бештари онҳое, ки талоши бо хонаводаҳояшон барои кору зиндагӣ дар Русияро мекунанд, мегӯянд, шаҳрвандии Русия ба онҳо имкон медиҳад, натанҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар он кишвар эмин, балки аз имтиёзҳое, ки ин кишвар ба шаҳрвандон пешниҳод менамояд, бархӯрдор бошанд.
Шаҳрвандии Русия дар худ чӣ паёмадҳо дорад?
Коршиносон мегӯянд, гирифтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби тоҷикон агар аз як ҷиҳат барои кам кардани шиддати демографӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад, вале аз ҷиҳати дигар, Тоҷикистон бештаре аз мутахассисони варзидаро аз даст медиҳад ва ин боиси барои даҳсолаҳо ақаб партофтани рушди интеллектуалии кишвар мегардад.
Абдумалик Қодиров коршиноси мустақил мегӯяд, гирфтани шаҳрвандии Русия аз ҷониби тоҷикон чанд омил дорад.
“Аввалан, қисми зиёди ин нафарон муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, ки ба хотири раҳо ёфтан аз ҷабру ситами пулиси Русия ва ҳамчунин пайдо кардани имкони баробар бо сокинони маҳаллӣ ҳангоми ба кор даромадан, ин корро мекунанд. Баъдан, касоне талабгори шаҳрвандии Русия шуда истодаанд, ки ба синни нафақа наздик мешаванд ва бо ин роҳ мехоҳанд аз нафақаи Русия бархурдор шаванд, ки нисбат ба нафақапулии Тоҷикистон хеле беҳтар аст”.
Ба гуфтаи ин коришинос ин тоифа, пас аз пайдо кардани шаҳрвандӣ боз ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар ҳамин ҷо зиндагиашонро идома медиҳанд. Вале муҳимтарин тоифае, ки тарки Тоҷикистон мекунанд, ин мутахассисони соҳаҳои гуногун ҳастанд, ки бинобар пайдо накардани ҷойгоҳи худ дар ватан тарки он мекунанд ва тариқи ҳар гуна барномаҳои ҳавасмандкунандаи Русия ба ин кишвар кӯч мебанданд.
Ҳадафи Русия чист?
Соли 2019 Русия қоидаҳои дарёфти шаҳрвандӣ дар ин кишварро барои мутхассисон соддаву осон кард. Ба ин гуна афрод имкон дода шуд, ки шаҳрвандии Русияро на дар давоми се сол, балки дар муддати як сол ба даст оваранд. Ҳамзамон эълони сабукиҳо дар гирифтани шаҳрвандии Русия ба бовари коршиносон мавҷи кӯчбандиро бештар ва роҳи сокинони зиёдеро ба дарёфти шиносномаи русӣ осонтар гардонд.
Абдумалик Қодиров мегӯяд, Русия, аз оне ки солҳои охир бо мушкили демографӣ ва фирори мағзҳо рӯ ба рӯ шудааст, мехоҳад бо ҳамин роҳ он мушкилиҳоро ҳал кунад ва дар ин ҷода муваффақ ҳам шуда истодааст. Ба гуфтаи ин коршинос, Русия барномаҳоеро барои ҷалби мутахассисон роҳандозӣ кардааст, ки зарари он ба Осиёи Марказӣ ва алалхусус ба Тоҷикистон беназир аст.
“Дар доираи ин барнома, солҳои охир, аксари мутахассисони беҳтарини тоҷик, ба хусус табибону муҳандисону олимони дар замони шуравӣ таҳсилкарда, тарки ватан кардаанду ба Русия кӯч бастаанд. Сабаби ин кӯчбандӣ, агар, аз як тараф, пешниҳоди шароити хуби молиявиву маишӣ аз ҷониби Русия бошад, аз ҷониби дигар қадр нашудан ва имкони кору маоши шоиста пайдо накардани ин қишри ҷомеа дар ватани худ мебошад”,-иброз дошт коршинос.
Тоҷикистон ва Русия миёни ҳам созишномаи дуҷонибаи шаҳрвандӣ доранд, ки шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, ҳамзамон шиносномаи ҳарду давлатро дошта бошанд. Қисме аз сокинони Тоҷикистон бо истифода аз барномаи кӯчбандии Русия ба ин кишвар муҳоҷират мекунанд, ки аксарияташон соҳиби ихтисосанд.
Бино ба иттилои оморҳои расмӣ, зиёда аз 10 ҳазор табиби ботаҷрибаи тоҷик дар Русия кору фаъолият мекунанд. Ба ҷуз ин, бино ба омори Вазорати тандурустӣ дар кишвар норасоии пизишкони оилавӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вазири пешини тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода ин шумора 79,7 дарсадро аз талаботи умумӣ ташкил медиҳад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли 2019 ба парлумон дар ин бора ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии кишвар супориш дода, гуфта буд, барои нигоҳ доштани табибон, махусан мутахассисони ҷавон, чора андешида, усулҳои ҳавасмандкуниро ба ҳукумат пешниҳод намояд. Аммо кӯч бастани табибон ба хориҷа, хусусан Русия, ба истиснои соли пандемия ҳамоно идома дорад.
Касбият шаҳрвандии Русияро талаб намекунад
Бо вуҷуди оне, ки гирифтани шаҳрвандии Русия афзалиятҳои зиёд дорад, вале мутахассион мегӯянд, бо вуҷуди хубиҳои зиёд доштанаш, кори муҳоҷиронро то дараҷае сабук намегардонад, чун дар ин ҳолат касбият нақши асосиро мебозад.
Муҳаммад Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, фикри ин ки гирифтани шаҳрвандии Русия ба куллӣ мушкилиҳои онҳоро бартараф мекунад, чандон дуруст нест. Ба гуфтаи ӯ, агар касби хуб дошта бошӣ, ба шаҳрвандии Русия ниёз пайдо намешавад.
– Барои соҳиби кори хуб шудан шаҳрвандӣ не, балки касби хуб лозим аст. Бинед, Русия барои ҷалби мутахассисони хуб аз Амрикову кишварҳои Аврупо даъват мекунад ва ба онҳо шаҳрвандиро ройгон медиҳад. Вале мардуми мо, ки аксарият касб надоранд, фикр мекунанд, ки роҳи ҳалли асосӣ дар гирифтани шаҳрвандӣ аст. Бештари шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба маркази ҳуқуқии мо муроҷиат мекунанд. Онҳо шикоят аз он мекунанд, ки бо вуҷуди шиносномаи сурх доштанамон ҷойи кор надорем,- гуфт Собиров.
Ба гуфтаи ӯ, дар бештари ҳолатҳо кормандони полис санҷиш мегузаронанд, пас аз гирифтани шаҳрвандӣ низ ҳамон гуна санҷиш сурат мегирад ва мушкилиҳо бартараф намешаванд.
– Бо ҳар баҳонае шиносномаҳоро лағв мекунанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Яъне гуфтаниам, ки кори хуб, вазифаи хуб ёфтану маоши хуб гирифтанро дар шаҳрвандӣ намебинам, чун агар одам касби хуб дошта бошад, ҳамавақт маоши хуб ба даст меорад,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Абдулло Давлатов коршиноси тоҷик, ки солҳост дар Русия кору фаъолият дорад, мегӯяд, бо бештаре аз ҳамватанон ҳамсуҳбат шудааст, ки аксарияти онҳо гуфтаанд, дар Русия касбият қадрдонӣ мешавад. Маош хуб аст, барои таҳсили кӯдакон низ имконоти хуб фароҳам буда, нафақа низ арзанда аст.
“Қисми дигар аз он мегӯянд, ки нисбати ояндаи Тоҷикистон хушбин нестанд ва барои насли худ зиндагии хубтаре ҷӯё ҳастанд.
Агар аз гуфтаҳои инҳоро ба инобат бигирем – хулосае аниқ пайдо намекунем”,-мегӯяд ин коршинос.
Вале, ба гуфтаи ин коршинос, таҷрибаи таърихии дигар кишварҳо ва миллатҳои дигар нишон медиҳад, ки агар ватани аҷдодӣ нисбати ҳаммиллатонаш хушбин бошад (ба мисоли Исроил ва ё Гурҷистон), ҳаммиллатони бурунмарзӣ пуштибони ватани таърихияшон мемонанд.
“Вале, агар нисбати ҳаммиллатон ҳуққабозӣ бошад, пас, ба мисли белорусҳо ё кубагиҳо ҳаммиллатонашон аз хориҷиён пуштибонӣ мекунанд, то зараре ба ҳокимони ватани таърихияшон расонанд.
Асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин чунин карда буд – бо олмониҳо сулҳ басту императори Русияро сарнагун сохт ва то имрӯз Русия ба худ намеояд”,-мегӯяд ӯ.
Мутахассисон мегӯянд, Тоҷикистон бинобар иқтисоди суст доштан, маоши паст барои омӯзгорон медиҳад, ки дар натиҷа садҳо нафар омӯзгори ҷавон, ки қисме аз ҳисоби буҷа ройгон таҳсил кардаанд, ба муҳоҷират мераванд. Ба гуфтаи коршиносон дарёфти шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик барои Тоҷикистон паёмадҳои хуберо дар пай надорад ва барои он, ки дар кишвар фирори мағзҳо сурат нагирад, бояд мутахассион дар кишвар пеш аз ҳама қадр ва ба ҷойи кори хубу маоши баланд таъмин гарданд.
Фарзонаи Умаралӣ
Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ “Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон“, ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.