Пешдастӣ пеши бузургон хуб нест,

Устод Офтоб асту мо чароғи хираем.

Дар ин навиштаҷот мехостам дар мавриди як шахси маъруф, ки барои миллат, ватану ватандорӣ, истиқрор ва пойдории давлати соҳибистеқлоли Тоҷикистон нақши сазовор бозидааст – Худойқул Ҳамроқулов – фикри худро баён бисозам.

Оиди ин марди наҷиб аз сокинони ноҳияи Тоҷикобод, ки он ҷо Х. Ҳамроқулов муаллим шуда кор кардаанд, бисёр нақлҳои муфид шунидаам.

Х. Ҳамроқулов дар ҳақиқат, ба ман ҳаққи устодӣ доранд. Устодам генерал м майори мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоқикистон собиқаи кории беш аз 40 сол дошта, ба наздикӣ ба синни мубораки 75 қадам мемонад.

Бо қазои тақдир якчанд моҳ пеш аз ин шарики маънавӣ ва охирати у – Робиа Алоёровна дунёи фониро тарк намуданд. Рӯҳашон шод бод ва ба Х. Ҳамроқулов ва наздиконаш изҳори тассалият!

Ба ёд меорам ва ба ман басо гуворо буд, ки чандин сол пеш ҳангоми таҳсил дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аснои тамошои пайконаи “Политиздат” ман китоберо дастрас намудам, ки дар он дар қатори дигар шахсиятҳои ифтихории собиқ афсарҳои Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ номи устодам генерал Х. Ҳамроқуловро низ пайдо кардам. Барои ман хурсандиовараш ин буд, ки бо амри тақдир таҳти роҳбарии ин шахси шариф фаъолияти кории худро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар хадамоти амният шуруъ карда будам ва имрӯз ҳамчун подполковники эҳтиётии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар нафақа мебошам.

Пас аз мутолиаи он китоб фаъолияти хешро дар Вазорати амнияти Ҷумҳурии соҳибистеқлоламон пеши назар овардам, ки дар аксар мавридҳо маслиҳатгар, роҳнамо ва ғамхорамон генерал – майор Худойқул Ҳамроқулов, генерал – майор Мирзоватан Ҳасаналиев, генерал – майор Эркин Муҳиддинов ва вазири амнияти кишвар Саидамир Зуҳуров буданд…

Ва ёд овардам, ки соли 1984 бо супориши раиси КДБ Иттиҳоди Шӯравӣ Крючков ва Ҳукумати Тоҷикистон дар қатори 25 нафар афсарони соҳаи амният генерал Худойқул Ҳамроқулов, ки он замон масъулияти кор бо кадрҳо бар дӯши ӯ буд, маро низ барои адои хизмат ба шаҳри Тошканд равона сохтанд. Дар муддати 3 соли хизмат дар Ӯзбекистон ҳамкорон ва роҳбаронамон аз кадрҳои фиристодаи Х. Ҳамроқулов розӣ буданд ва ман ҳамаи инро бо мурури замон дарк намудам, ки асос ин ҷо кордонӣ ва таҷрибаи бойи устод дар интихоби дурусти кадрҳо буд, ки онро дигарон баҳо медоданд ва воқеан ин як мисолест барои масъулоне, ки имрӯз барои мақомоти амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон кадрҳоро барои рушд ва нашъунамои минбаъдаи Ватан интихоб, омӯзиш ва ҷо ба ҷо мекунанд.

Парвози хаёл маро боз ба солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ мебаранд… Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии генерал Ҳамроқулов дар якҷоягӣ бо Сафири ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озими деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт гардидем. Мақсади сафар гуфтушуниди сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо гурӯҳи мухолифини ӯзбек буд, ки беш аз 1800 нафар ашхоси саропо яроқнок таҳти роҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар он минтақа қарор доштанд ва ваъзиятро дар он ҷо, умуман дар ҷумҳурӣ мураккаб сохта буданд, ки ин ба муносибатҳои сиёсии Ӯзбекистону Тоҷикистон таъсири манфии худро расонда буд  ва метавонист боз бештар мутташшаниҷ гардад.

Роҳбари давлат – Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд, ҳарчи зудтар аз қаламрави Тоҷикистон бароварда шаванд.

Қобили қайд аст, ки роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷумҳурӣ барои ин кори пурмасъул маҳз генерал Худойқул Ҳамроқуловро интихоб намуданд. Ба назари ман, дар баробари дигар сифатҳои мусбати шахсияти генерал Худойқул Ҳамроқулов онҳо ин нуктаро низ ба назар гирифта буданд, ки устод дар солҳои ҳафтодум дар ноҳияҳои Рашту Тоқикобод (деҳаи Фатҳобод) ба сифати омӯзгори фанни физика кор карда буданд ва хурду калони ин ноҳияҳо то имӯз ӯро ҳамчун шаҳрванди ифтихории ин водӣ эҳтирому ҳурмат мекунанд ва аз таҷрибаи бойи омӯзгорӣ, поквиҷдониву ҳалимӣ ва хоксорияш ҳикоятҳо мекунанд…

Агарчӣ марҳилаи аввали гуфтушунид дар байни тарафайн басо муташшаниҷ гузашт ва ҳатто аз ҷониби тарафи дигар таҳдиду суханҳои қабеҳ шунида мешуд, донистани забони ӯзбекӣ, дипломатияи созишкорӣ ва оромии генерал Худойқул Ҳамроқулов имкон дод, ки оҳиста – оҳиста лаҷоми гуфтугӯро ба дасти худ гирад ва ашхоси саропо яроқнокро ором созад… Ин ҳама боиси он гардид, ки гуфтушунид бо натиҷаи мусбат анҷом пазирад ва супориши Роҳбари Давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон иҷро гардад…

Дар боби зиндагиномаи устод, марҳилаҳои ҳаёту фаъолияташ дар раёсатҳои бехатарии давлатӣ дар вилоятҳои Кӯлобу Хатлон ва Ҷумҳурии Афғонистон суханҳои зиёде гуфтан мумкин аст, ки бовар дорам, ҳамкорон ва ҳамаи онҳое, ки ҳурмати ин шахсияти нотакрор – абардмарди ҳақиқиро пос медоранд, иброз менамоянд…

Генерал Худойқул Ҳамроқуловро ман – ҳамчун шогирд ба муносибати ба синни мубораки 75 даромаданаш аз самими қалб табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро дар дар ҳалқаи пайвандону наздиконаш таманно дорам!

Маъруфҷон Мирзоев,

подполковники эҳтиётии КДАМ ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь