Нақшаҳо барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия

Шуъбаи маориф барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чорабиниҳои гуногуни методӣ ва дастурдиҳиву назоратиро ба нақша гирифта, дар соли 2020 ба фаъолияти пурсамари иттиҳодияҳои методии фаннӣ, кабинетҳои фаннӣ, таҷрибаивазкунӣ, такмили ихтисос, вусъат додани чорабиниҳои назоратӣ ва таҳлилӣ аҳамияти зарурӣ медиҳад.

Беҳтар шудани сифати таълиму тарбия ва дараҷаи дониши хонандагон

Дар соли 2020-ум 9 маротиба шӯроҳои шуъбаи маориф баргузор гардиданд, ки дар онҳо 36 номгӯи масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Роҷеъ ба масъалаҳои дар шӯроҳои шуъбаи маориф муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардида, назорати иҷрои қарорҳо ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Моҳи феврали соли 2020 дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи вилоятӣ 43 нафар хонандаи ноҳия аз рӯи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ қувваозмоӣ намуданд.

Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф дар моҳи октябр даври аввали олимпиадаи мактабӣ ва моҳи ноябр даври дуюми олимпиада дар асоси Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо мақсади дарёфт намудани хонандагони болаёқат, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои фаннӣ, ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки дар он 1168 нафар хонанда ширкат варзиданд.

Дар асоси Низомнома ва фармоиши мудири шӯъбаи маориф аз 09 октябри соли 2020 №234 даври ноҳиявии озмун дар МТМУ №1 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ, забони ӯзбекӣ, таърих ва хуқуқ) барои хонандагони синфҳои 5, 6, 7, 8 санаи 03.11.2020 ва фанҳои табиӣ-риёзӣ (математика, физика, биология, химия, география ва техналогияи иттилооти) санаи 04.11.2020 сол гузаронида шуданд.

Аз рӯи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ хонандагони синфи 5-8-и 25 муассисаҳои таълимии ноҳия 326 нафар иштирок намуданд ва аз рӯи Низомнома ҷойҳо муайян карда шуданд: 30 нафар ҷои 1, 24 нафар ҷои 2, 30 нафар ҷои 3.

Аз рӯи фанҳои дақиқ дар озмун хонандагони синфҳои 5-8-ум 322 нафар иштирок намуданд ва аз рӯи Низомнома ҷойҳо муайян карда шуданд:

31 нафар ҷои 1, 34 нафар ҷои 2, 39 нафар ҷои 3.

5 ва 9-уми ноябр олимпиадаи фаннии хонандагони синфҳои 9-11 дар МТМУ №13 гузаронида шуд.

Рӯзи 05.11.2020 аз фанҳои гуманитарӣ (забони модарӣ, забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, ҳуқуқ, забони ӯзбекӣ) 253 нафар хонандаи синфҳои 9-11 иштирок намуданд ва ҷойҳои онҳо муайян карда шуданд: 28 нафар ҷойи 1, 27 нафар ҷойи 2, 31 нафар ҷойи 3.

09.11.2020 дар олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ аз рӯи 13 фан хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаи таълимӣ иштирок намуданд. Шумораи хонандагон 267 нафар мебошад. Натиҷаи озмун чунин  аст: 24 нафар ҷойи 1, 24 нафар ҷойи 2, 36 нафар ҷойи 3.

 Иштирок дар озмунҳо

2 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ аз МТМУ №1 Алимова Сабина аз фанни забон ва адабиёти рус ва хонандаи МТМУ №12 Аслонова Зарнигор аз фанни ҳуқуқи инсон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

1 нафар хонандаи синфи 6-и МТМУ №12 Қурбонқулзода Парвиз дар даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи ифтихори гардида дар даври ҷумҳуриявии озмӯни мазкур иштироки фаъолона дошт.

Хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ ширкат карданд ва сазовор гардидани Истодаи Мирзоалӣ хонандаи синфи 11-и МТМУ №12 ба ҷойи дуюм дар озмуни вилоятии «Маликаи наврӯзӣ» ва ишғоли ҷойи ифтихории дастаи хонандагони литсейи №1 дар озмуни вилоятии  «Хони наврӯзӣ» далели ин гуфтаҳоянд.

 Фаъолияти дастгоҳи шуъбаи маориф

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар   соли 2020 бо мақсади таъмини иҷрои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаҳои давлатӣ як қатор  корҳоро ба сомон расонида, тадбирҳои судманд меандешад. Бо ин мақсад ҳамасола тибқи фармони мудири шуъбаи маориф нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида дар бораи корҳои иҷрошуда мунтазам ба Ҳукумати ноҳия ва Раёсати маорифи вилоят ба таври хаттӣ маълумот ирсол мегардад. Аз ҷумл, соли 2020 кормандони шуъбаи маориф ҷиҳати назорати иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф таҳлили корҳои иҷрошуда, муайян намудани муаммоҳо ва камбудиҳо вазифадор карда шудаанд.

Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зерин ба анҷом расонида шуданд:

– муҳтавои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар  шуъбаи маориф ва таълимгоҳҳои ноҳия бо мароқи зиёд омӯхта мешаванд. Дар ҳамаи таълимгоҳҳо ҳамасола шунавонидани Паёмҳои Пешвои миллат тавассути телевизион дасҷамъона ташкил карда мешавад. Шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд таҳия намуда, ба муассисаҳои таълимии ноҳия бо тасдиқи мудири  шуъбаи  маориф мунтазам дастрас менамояд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълими мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шудааст. Дар  соатҳои тарбиявӣ нуқтаҳои асосии Паёмҳо ба хонандагон фаҳмонида дода шудааст.

Дар асоси банди 59-и Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни калонсолон ва хонандагон барои ҷалби мутолиаи китобҳои бадеӣ шуъбаи маорифи ноҳия нақшаи чорабиниҳо таҳия кардааст. Дар 25 муассисаи таълимӣ китобхонаҳо амал мекунанд, ки аз он хонандагону омӯзгорон истифода мебаранд. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат минбаъд ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” байни калонсолону наврасон дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ ҳисобида дар ин озмун иштироки фаъолона доранд.

 Таъмин бо китобҳои дарсӣ

Ҳолати бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидани хонандагон беҳтар мешавад. Таъминоти китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 94.2% ташкил медиҳад. Норасоии китобҳои дарсӣ аз фаннҳои забони англисӣ, ботаника, алифбои ниёгон, геометрия, химия, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик синфи 10, забони модарӣ ва математика дар синфҳои 4-ум, инчунин, дар синфҳое, ки таълимашон бо забони ӯзбекӣ мебошад, норасоии китоб ба чашм мерасад.

Ҳолатҳои аз теъдоди умумии хонандагон кам ё зиёд будани китобҳои дарсии иҷоравӣ ба назар мерасанд. Бо мақсади бартараф кардани қарздорӣ аз иҷораи китобҳои дарсӣ тибқи фармони дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор бурда мешавад. Бо назардошти нарасидани китобҳои дарсӣ дархост барои 10274 нусха ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Бояд қайд кард, ки қарзи шуъбаи маорифи ноҳия аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълим дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 124 222 сомониро ташкил медиҳад. Шуъбаи маориф баҳри пардохтани маблағи мазкур чораҷӯӣ мекунад.

 Иштироки фаъолона дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ

Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолияти худро баҳри иҷро ва иштирок намудан дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ бо қадри ҳол хуб нишон додаст. Аз ҷумла, дар асоси нақшаи Маркази таҳсилоти иловагӣ ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия озмунҳои ноҳиявии «Дастони моҳир», «Бозиҳои миллӣ», «Гулпарвар» ва «АХФ» гузаронида шуд, ки дар ин озмунҳо ғолибияти маҳфилчиёни «Бофандагӣ» роҳбараш Зевар Ибрагимова, «Суруди якка» роҳбараш Сайфулло Давлатов, «Дӯзандагӣ» роҳбараш Гулнора Одиловаро қайд кардан ба маврид аст.

Маркази таҳсилоти иловагӣ дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри самаранокии кори маҳфилҳо, беҳтар кардани ҳолати моддӣ-техникии марказ, самаранокии чорабиниҳои тарбиявӣ ва касбӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо шуъбаҳои кор бо ноболиғони ноҳия, ҷалби бештари хонандагони камбизоат ва бепарасторро ба маҳфилҳо, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ноҳиявию вилоятиро вусъат бахшида, ба муваффақиятҳо комёб гардад.

Бояд махсус зикр намоем, ки аввалин медали биринҷиро дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни Ҳуқуқи инсон Аслонова Зарнигор ба ноҳия овард. Ҳамзамон, Аслонова Зарнигор дар чандин озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои фахрӣ гардидааст, ки аз ҷумла:

Ғолиби олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни ҳуқуқ дар соли таҳсили 2017 – 2018.

Ғолиби олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни ҳуқуқ дар соли таҳсили 2018 – 2019.

Ғолиби олимпиадаи ноҳиявӣ аз фанни ҳуқуқ дар соли таҳсили 2019 – 2020.

Ғолиби олимпиадаи вилоятӣ аз фанни ҳуқуқ дар соли таҳсили 2018 – 2019.

Ғолиби олимпиадаи вилоятӣ аз фанни ҳуқуқ дар соли таҳсили 2019 – 2020.

Ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни ҳуқуқ дар соли таҳсили 2019 – 2020.

Дорандаи “Медали биринҷӣ”-и олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни ҳуқуқи инсон дар соли таҳсили 2019 – 2020 мебошад.

 Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь