Замоне шояд бо сабаби ҷавонию бетаҷрибагӣ ва боварӣ ба ҳар ваъдае, бо табъи хуштар зиндагӣ карда, аз оянда умеди бештар доштаму саргарми ҳавасҳо мезистам! Аммо бо гузашти чанд лаҳзае аз рӯзгор…
Барои ҳамагон тавассути ВАО-и кишвар ва хориҷӣ ибораи “нархҳои дастрас” ошно буда, таблиғи он, солҳои охир хеле зиёд шудааст. Ба ростӣ, ба ман ҳам, ҳамин мафҳум мақбулу гӯшнавоз менамояд, аниқтараш хуш менамуд. Аслан ҳамин ибораи айни ҳол хеле маъруфи «нархҳои дастрас» ба фикрам аз ҷониби ким-кадом забоншиноси хаёлии ҷунунпеша ё шоири ошиқсифате, дар радифи истилоҳи «қадрас» хеле зебо бофтаю мавриди ҳамагон қарор додаст. Шояд он инҷо натиҷаи боҳамоии калимаҳои “қад”-и арабӣ ва “рас”-и тоҷикӣ мафҳуми зебои хешу-таборшудаи – “қадрас” ба вуҷуд омадааст…
Як таблиғи ибораи “нархҳои дастрас” маро аз олами руъё ба ҳастӣ пайваст. “Нархҳои дастрас!!!” Чӣ ҳоло ҳам нафаҳмидед? Даҳҳо маротиба аз ҷое хондааму шунидаам, ки менависанду мегӯянд “Дастрас!!!”
Масалан ба наздикӣ ба бозори… даромадаму ба рангорангии маводи ғизоию нӯшокӣ ва либосу зару зевар шинос шуда, ба ростӣ худро дар дарбори императори Рум ҳисобидам, ҳама чиз ҳаст! Сипас эълонҳоро хондам: «дар бозори мо ҳама нархҳо дастрас мебошад, харед, гиред, баред!» хостам ба мевае даст расонам, ки фурӯшанда: нархаш… Воҳ! Ин аз куҷо омадагӣ? Ин нархи себу ноки худӣ, чинӣ ё барои гирифтор кардан ба ҷунунӣ?! Тавбае, ҳатто шоиртабъ шудаме! Дигар намедонам, ки чӣ гуфту чӣ кор кард, танҳо дар ёдам ҳаст, ки кадом раҳмдиле ба рӯям об пошид.
Ба бозори нақлиётҳои шахсӣ рафтам, сабабашро худам ҳам намедонам. Ҳа гуфтагӣ барин бародару хешу ақрабои аз мардикорӣ, аз хориҷаомада хоҳиш карданд. Ҳамин тавр ба бозор рафтам. Бозор… ё боз тавбае! Пур-пури нақлиёт, пури далел! Гӯё ки тамоми автомобилҳои дунё инҷо сарҷамъ шудаанд. Борон меборид… зани қоматхамидае бо ҳоли зору дили реш рӯйи санге нишастаю садақа металабид. Ҳеҷ аз хотирам намеравад. Борон бераҳмона ба сарӯ рӯяш мерехту маҷоли ҷунбидан надошт. Наздаш рӯйи рӯймоли ғиҷимшуда чанд пайсае буду диққати касеро ҷалб намекард. Назарногир буд. Дар паҳлӯяш автомошинаи рангсиёҳе меистоду ба чашми ҳамагон мисли саманди сиёҳранги Сиёвуши Фирдавсӣ зебою бовиқор менамуд! Ҷавонмарди ҳузарбе бо шаст дам ба дам онро аз қатраҳои борон пок мекарду автомашина ҷилои дигаре мегирифт! Аз зан гӯё дараке набуд. Ҳа гуфтагӣ барин ягон нарх дастрас набуд…
Ба хона бо табъи гирифта шалпару лакот омадам. Бемор шудам. Доруҳои шифобахши «дастрас» дуру дастнорас буданд.
Оинаи нилгунро монда хостам каме ором шавам, садои тарғибомезе баланд гашт: «Хонаҳои баландошёнаи замонавӣ, бо тамоми шароитҳо муҳайё ва барои зиндагии шоиста, аз ҳама муҳим нархҳои дастрас!!! Нишонии мо…».
Боз барои дарки мафҳуми «дастрас» ба берун баромада, нишонаи даркориро ёфта, бо масъулин дар тамос шудам, ба васфи хонаҳои якҳуҷраю дуҳуҷра ва ҳавзу боғистонҳои ирамгунаи ин биноҳо на он қадар диққат дода, ба нархаш таваҷҷӯҳ кардам! Ин бор сад маротиба тавба кардам! Гиребон гирифтам, об нӯшидаму дору, охир чаро ба ин ҳол гирифтор нашавам, ки нархи як хона ба маоши садсолаи кории ману нархи дуҳуҷрагӣ ба арзиши қасри Тоҷмаҳал баробар буд!!
Дастрас!! Оҳ каллае! Ана дар ҳамон ҷо ба фикрам андешаи то ҳол норавшан сари ин мафҳуми «дастрас», афтод! Охир ин нархҳо дастрасанд, дар ҳақиқат дастрас мебошанд, фақат фаҳмидан даркору халос!
Ҳо одамон донед, ки «дастрас» на ба маънои қудрати харидории ҳама ба он, балки қувваи даст расонидан будааст ва осону фаҳмиданӣ!!! Ҳама метавонад, ба ҳама дастрас! Даст расонеду халос!
Сабзаалӣ АСОЗОДА