Бо қабул шудани қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” кадом мушкилоти “ояндагони мо” ҳалли худро ёфт?
Вақте дар Маҷлиси намояндагон тарҳи нави қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ мешуд, вакилон аз ҳама бештар сари номи қонун баҳс доштаанд. Ҳарчанд қонун аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаву иваз кардани номаш бисёр мантиқӣ ба назар мерасид, шоҳидони баҳси парлумонӣ мегӯянд, ки вакилон мегуфтанд номи пешинаи қонун набояд тағйир ёбад, чун дар гуфтор зебост.
Дар ниҳоят вакилонро мутақоид сохтаанд, ки иваз кардани номи қонун на танҳо барои он муҳим аст, ки пешниҳод аз ҷониби Президенти Тоҷикистон мебошад, балки қонунро хеле дигаргун кардан мехоҳанд. Гуфта мешавад як қисми вакилон баъдан пешниҳодҳое ироа кардаанд ва аксари онҳо пазируфта шудаанд.
Зимнан, ин баҳс солҳо боз идома дошт, ки истифодаи “фарзанд” дар ин қонун чандон баҷо нест, зеро ин мафҳум ҳатто нафареро ҳам фаро мегирад, ки 30, 40, 50, 70 ва аз ин беш ҳам синну сол дораду тибқи муқаррароти ин қонун дар “таълиму тарбияи” онҳо волидони барҳаёташон масъулият медоштанд. Тибқи меъёрҳои милливу байналмилалӣ бошад, кӯдак, ки ҳадафи қонун ӯст, нафареро меноманд, ки то 18 сол умр дорад.
Ҳамин тавр, қонун аз ин пас “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ном гирифту аллакай аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҳам дастгирӣ ёфт, Президент онро имзо кард ва акнун қувваи қонунӣ гирифтааст. Бо ҳамин баҳси наве пайдо шуд, ки оё мушкилоти вобаста ба кӯдак маҳз ҳамонҳоанд, ки дар шакли нави қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ифодаи худро ёфтаанд?
ҶАВОБГАРӢ САХТ ВА ҶАРИМА БЕШТАР ШУД. ЧӢ ТАҒЙИР МЕЁБАД?
Хотиррасон мешавем, ки қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2011 мавриди истифода қарор дорад. Мақомдорони тоҷик боифтихор мегӯянд, он пас аз қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (воқеан он ҳам акнун дар таҳрири нав қабул шуд, ки як ҷузъаш ба кӯдакон дахл мекунад) дуюмин қонуни миллии мост ва дар дунё назир надорад. Ҳуқуқшиносону таҳлилгарони мустақил ба ин назаранд, ки дар кишварҳои дигар воқеан чунин қонунҳо нест ва онҳо қабул карда ҳам наметавонанд, чун ин гуна қонунҳо ба ҳаёти шахсии инсон дахл мекунаду қонунгузориҳои миллӣ ва байналмилалӣ онро дахлнопазир меҳисобад.
Бо вуҷуди чунин радду бадалҳо тайи 13 соли мавҷудияти ин қонун ҳазорон падару модарро дар Тоҷикистон танбеҳ додаву аксари вақт аз рӯи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд. Акнун ин қонун, ки “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ном дорад, ҷавобгариро сахттар кардааст. Масалан, агар пештар нисбати падару модарон ҷазои ҷарима ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин мегардид, ҳоло танҳо волидон барои бемасъулиятӣ ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда (ҳоло баробар ба 720-864 сомонӣ) муҷозот мешаванд.
Як махсусияти қонуни нав ин аст, ки муҷозоти дигаронро ҳам муқаррар кардааст. Аз ҷумла, омӯзгорону дигар афроде, ки дар тарбия ва нигоҳубини кӯдакон саҳм доранд, метавонанд ҷавобгар шаванд. Ин ҷанбаи қонунро вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода зимни сӯҳбат бо хабарнигори “Озодӣ” чунин шарҳ додааст:
- Кормандони муассисаҳои таълимӣ ё тарбиявӣ, дар раванди таълиму тарбия, агар нисбат ба кӯдак зӯроварӣ истифода намоянд ё ҳангоми назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломати таркиби ҷиноят дар ҳамин ҳолат ҷазои ҷаримавӣ пешниҳод шудааст, ки он ба андозаи аз 20 то 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1440 то 1800 сомонӣ) мебошад.
Дар маҷмӯъ, масъулини ҳукумат бовар доранд, ки қонун бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, тарбия намудани кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна омилҳои номатлуб, оворагардӣ ва монанди инҳо қабул шуда, дар таълиму тарбияи кӯдакон нақши бориз хоҳад гузошт. Хоса, бо ин ки ба қонун акнун нақши мактабу ҷомеаро ҳамроҳ намуда, синну соли кӯдакро низ мушаххас кардаанд. Аммо таҳлилгарон дар робита ба қонуншиканиву ҷиноёти гӯшношуниди ноболиғон дар даҳсолаи ахир, ки ин қонун амал мекард, мегӯянд, бовар надоранд бо ин роҳ вазъият ба таври ҷиддӣ тағйир ёбад. Зеро сабабу омилҳои ин раванд ба масоили дигар бармехӯрад, ки дар ин қонун ишора ба онҳо нест.
Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи таҳлилгарони бо қонун ошно, он акнун нақши ҳукуматро дар таълиму тарбияи кӯдакон маҳдудтар ва хеле умумӣ баён намудаву масъулияти падару модар ва мактабу муаллимро аз ҳад зиёд муқаррар кардааст.
6 САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТ
Воқеан, салоҳиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дар моддаи 8 -и қонуни нав зикр шудаанд, ки ҳамагӣ аз шаш банди масъулиятҳои умумӣ иборатанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
2) тасдиқ ва назорати барномаҳои давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
3) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ;
4) тасдиқ намудани низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
5) ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилоти дигари дахлдор дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак;
6) амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Бар асоси моддаи 10-уми қонун, “мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” низ, ки мақомоти дигари иштирокчӣ дар робита ба амалисозии сиёсати давлатӣ ҳисоб мешаванд, ҳамин гуна таъиноти умумӣ доранд.
Аммо масъулияти падару модар хеле зиёд ва мушаххас аст. Аз ҷумла тибқи моддаи 15 ва 16-и қонуни нав падару модар дар таълими кӯдак 15 ӯҳдадорӣ ва ҳангоми тарбия 32 ӯҳдадориро соҳиб мебошанд.
Онҳо аз чӣ иборатанд?
Ин қонун волидонро водор менамояд, ки таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд; барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд; ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд; кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд; риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ чораандешӣ намоянд; ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд; донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд; дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд; талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд; дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд; ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд; гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд; таълими динии кӯдакро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд ва мисли ин.
Тавре ба назар мерасад, падару модар ҳатто барои мавҷудияти унсурҳои коррупсионӣ дар мактаб, ки дар ин бора аз ҳама зиёд маҳз онҳо шикоят мекунанд, муҷрим дониста мешаванд. Ба таври дигар, дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб аз ин пас усули “на ришваву пора деҳ ва на шикоят кун” истифода хоҳад шуд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, мутмаин нестанд, ки ба ин васила мушкилоти мавҷуда ҳалли худро пайдо мекунад, чун масъала ба мушкилоти дигар бармехӯрад…
32 ӮҲДАДОРИИ ВОЛИДОН
Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак бошад, ҳамон тавре ишора кардем, аз 32 банд иборатанд:
1) ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
2) пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
3) барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд;
4) кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд;
5) кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;
6) оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд;
7) кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд;
8) дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд;
9) шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд;
10) новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд;
11) дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд;
12) ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд;
13) гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;
14) аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд;
15) бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд;
16) кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;
17) ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд;
18) фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд;
19) ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд;
20) аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд;
21) ба кӯдак мутолиа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд;
22) иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;
23) ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд;
24) иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;
25) ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд;
26) ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд;
27) ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд;
28) кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;
29) ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд;
30) дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд;
31) истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд;
32) ӯҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
ВАҚТЕ ҲУКУМАТ МАСОИЛИ ҶУЗЪИРО ҲАМ АЗ РОҲИ ҚОНУН ТАНЗИМ КАРДАНИСТ…
Коршиносон мегӯянд, як қисме аз ин ӯҳдадориҳо хислати ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, то ин замон ҳам иҷрояшон аз ҷониби волидон таъмин мешуд ва онҳоро дар қонуни алоҳида ишора кардан зарурат надошт. Ба гуфтаи онҳо, беҳтар мебуд ӯҳдадориҳои давлат барои таъмини шароити моддиву маънавии кӯдакон мушаххастар мешуд. Зеро моддаи 34-и Конститутсияи Тоҷикистон дар ин робита ишораи махсус дорад: “модару кӯдак зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд”.
Яке аз вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар баррасиҳои қонун фаъолона доштааст, зимни сӯҳбат бо мо хеле бо боварӣ ишора намуд, ки “ин санад барои поку нек кардани ахлоқи ҷомеа бунёд мегузорад”.
Ба гуфтаи ӯ, дар бораи ӯҳдадориҳои кам доштани ҳукумат низ бардошт чандон дуруст нест. Зеро дар моддаи 8-и қонун омадааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдорро муайян менамояд ва онҳо дар асоси қонун ва дигар санадҳои зерқонунӣ дар ин самт фаъолияти худро ба пеш мебаранд. Мақоми ваколатдор вазоратҳо ва ё кумитаҳои ба ҳамин самт дахлдор муқаррар карда мешаванд, ки самти фаъолияти онҳоро Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ ва назорат мекунад.
Ин вакил аз ҷумла дар тафсири боби 5-и ин қонун, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдакро дар бар мегирад, мегӯяд:
– Инро ҳамчун масъулияти ҳукумат бояд фаҳмид, зеро Вазорати маориф ва илм яке аз сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Ба назари доктори илми ҳуқуқ Баҳодур Раззоқов бошад, аз тарҳи нави қонун чунин бармеояд, ки ҳукумат мехоҳад субъектҳои масъул дар тарбияи кӯдакро васеътар намояд:
– Қонунгузор танҳо самтро (модел) муқаррар мекунад, ҳаёт нишон медиҳад, ки то кадом андоза он ҷавобгӯ ба талаботу ниёзи ҷомеа аст. Аммо дар маҷмӯъ омилҳои муайянкунандаи таҳияи қонуни мазкур фаҳмонанд, яъне ҳукумат дар назардошт бо имконоту иқтидори худ иқдом карда истодааст.
Доктори дигари илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов, ки намояндагӣ аз блоки мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон мекунад, бо таассуф баҳсро ба он сӯ мебарад, ки ҳукумат вақтҳои охир ҷузъитарин масоилро тадриҷан мехоҳад ба воситаи қонунҳо танзим намояд ё бештари масъулиятро ба зиммаи дигарон гузорад:
– Вагарна тибқи қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои эътирофкардаи байналмилалӣ масоили усулӣ ҳалли худро пайдо кардаанд. Аз ҷумла вобаста ба тақсимбандии синнусолӣ ва муқаррар кардани кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ. Тибқи Кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурию гражданӣ ҳам бо дарназардошти чунин муносибат, ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунанда зимни моҳиятан баррасӣ шудани парвандаҳо пешбинӣ шудааст. Яъне аз назари методологӣ ҳама чиз маълум мебошад. Барои ҳамин, ба фикри ман, мувофиқи мақсад мебуд, агар ниҳодҳои давлатӣ дар доираи ваколату салоҳияташон тадбирҳои ҷиддитару хусусияти прагматикидоштаро меандешиданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи бештар намудан ба сифати таълим, беҳтар кардани кафолатҳои иҷтимоӣ, меҳнативу молиявии омӯзгорон, ташкил намудани кружокҳои фаннӣ, маҳфилҳои муосир ба хотири дар муҳити мусоид нигоҳ доштани хонандагон, ба таври имтиёзнок ба муассисаҳои варзишиву фарҳангӣ ҷалб намудани талабаҳо, то вақти худро аз рӯи реҷаи мушаххас сарф кунанд, на ба беҳудагардӣ, ки асоси ҷинояту қонуншиканиҳост, – мегӯяд муовини аввали раиси ҲСДТ ва меафзояд, – дар ин робита бидуни шак тайёр кардани омӯзгорони ташаббускору масъулиятшинос дар мактабҳо ва амалӣ намудани сиёсати дурусти кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф ҷузъи муҳимтарин буд.
Ҳукумат дар ҳоле мехоҳад хеле аз масъулиятҳоро, он тавре мухолифони ҳукумат ва коршиносони мустақил мегӯянд, ба зиммаи дигарон вогузорад, ки ба худи кӯдакон ҳам ҳуқуқҳои фаровон доданист. Барои мисол ибтидои соли равон, вақте тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” қабул гардиданд, ба кӯдаке, ки ақидаҳои худро мустақилона ифода карда метавонад, ҳуқуқ дода шуд, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ бевосита муроҷиат намояд. Ҳамчунин дар ин қонун таъкид шудааст, ки нисбат ба кӯдак истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ манъ аст. Гуфта мешавад, акнун ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак аз ҷониби падару модар ё ҳангоми сӯистифода аз ҳуқуқҳояшон, кӯдак метавонад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунад.
“Ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида вобаста ба синну сол маҳдуд карда намешавад. Ба кӯдак дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд имконият дода шавад, ки фикри худро дар шакле, ки ӯ мехоҳад, баён кунад”, – омада буд дар иттилоияи вобаста ба ин қонун.
ВАҚТЕ АЗ 3 ЯК ҲИССАИ МАРДУМРО КӮДАКОН ТАШКИЛ МЕДИҲАНД ВА ОНҲО МУШКИЛОТИ ФАРОВОН ДОРАНД
Додани чунин “дасти дароз” ба кӯдакон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ аз 10 миллион аҳолии кишвар 3,9 млн. ва ё 41,2 фоизашро кӯдакони то 18 сола ташкил медиҳанд. Аммо баҳсу баррасиҳо дар бораи мушкилоти “ояндаҳои ҷамъият” кам намешаванд. Дуруст аст, ки солҳои охир махсусан дар шаҳрҳо майдончаҳои варзишӣ ва кӯдакона сохта мешаванд ва барои атфол шароити то андозае муносиб таҳия мегардад. Аммо кӯдакони деҳот, ки аксарияти мардум он ҷо зиндагӣ мекунанд, аз ин гуна имконот маҳруманд. Агарчи бо душвориҳое фарогирии кӯдакон ба мактаб таъмин мешавад, аммо мавзуи ба кӯдакистонҳо фаро гирифтани кӯдакони деҳот як мушкили хос боқӣ мондааст. Тибқи маълумоти оморӣ беш аз 84 дарсади кӯдакони аз 3 то 6-сола (бештар аз 726 ҳазор нафар) ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта намешаванд. Дар робита ба ин, тибқи қарори ҳукумат аз 30-юми сентябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» таҳия шудааст, ки ҳадаф аз он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ маънидод мегардад. Гуфта мешавад бо амалисозии ин барнома то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад. Тасаввур намоед, ки сухан ҳамагӣ дар бораи 33 фоиз меравад ва он ҳам се сол пас…
Мушкилиҳои вобаста ба ҷои кору маоши беҳтар ба хотири зиндагии андаке сазовор падару модаронро водор менамояд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар раванд ва дар натиҷа хеле аз кӯдакон аз тарбияи комили падару модар дур мемонанд. Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳолат дар таълиму тарбияи кӯдакон таъсири манфии ҷиддӣ дорад.
Мизони баланди фавт ва камғизоӣ дар байни кӯдакон ҳам мушкили калидӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Чанд вақт пештар Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҳисоботи наваш навишт, ки дар Тоҷикистон беш аз 431 ҳазор кӯдаки то синни 5-сола, яъне ҳар кӯдаки сеюм дар шароити фақри шадиди ғизоӣ зиндагӣ мекунад. Хатари дар оянда ба азоби лоғарӣ, як ҳолати барои ҳаёт хатарноки камғизоӣ дучор шудани чунин кӯдакон ба гуфтаи масъулони ин созмон аз 50% бештар будааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқ ба ҳаёт, ғизои солим, таҳсилоти босифат ва озодӣ аз табъиз ҳуқуқҳои асосие мебошанд, ки кӯдакон аз замони таваллуд бояд соҳиб бошанд.
Як мушкили дигар хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон аст. Тибқи таҳқиқоти ЮНИСЕФ ҳамасола қариб 60 фоизи кӯдакони тоҷик ба муносибати хушунатомези атрофиён қарор мегиранд. Аҷиб аст, ки аз нисф зиёди волидони пурсидашуда дар ин таҳқиқот истифодаи зӯроварӣ ва таъсиррасонии ҷисмониро нисбати кӯдакон ҷоиз шуморидаанд ва 81 фоизи волидон мунтазам кӯдаконро бо суханони қабеҳ дашном медодаанд. Барои бархе волидон таъбири “Хирс мулло мешавад бо зарби чӯб” шиори муҳим буда, онҳо латукӯби кӯдаконро як усули тарбияи фарзанд мешуморанд.
Ҳамчунин истифода аз меҳнати ҷисмонии кӯдакон навъи дигари хушунату зӯроварӣ нисбати онҳост. Мутаассифона, аксари вақт на танҳо дар тобистон ва вақти таътил, ҳатто замони дарсҳо ҳам кӯдаконе кам нестанд, ки ба ҷои истироҳат ҷои кор мекобанд. Мошиншӯиву салафанфурӯшии онҳо гӯё дар Тоҷикистон як чизи меъёршуда аст, “пулчинак”-и аксари мусофиркашҳо ҳам маҳз кӯдаконанд. Дар деҳот бошад, меҳнати вазнинтарин, аз қабили нигоҳубин ва чарондани гову мол, кишту кори замин, алафдаравӣ ва амсоли инҳо вазифаи кӯдакон дониста мешавад. Бархе одамон инро раванди мусбат медонанд ва мегӯянд, ки ба ҷои ҷинояткориву корҳои беҳуда ин хуб аст, ки кӯдакон дар беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии оила саҳм мегузоранд ва ҳамин тавр дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ба воя мерасанд. Бо вуҷуди ин ҳама аз ҷумлаи мушкилотест, ки Ҳукумати Тоҷикистонро ҳамеша зери интиқоди созмонҳои байналмилалӣ қарор медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи боби 15-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон ҷалби кӯдакон ба корҳои вазнин ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок, корҳое, ки иҷрояшон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст. Вобаста ба ин аз тарафи ҳукумат “Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашонидан иҷозат дода мешавад” ва дигар санадҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Аммо дар бораи иҷроиши ин санад то имрӯз маълумотномаеро пайдо накардем.
Ин ҳама масъалаву мушкилот дар ҳолест, ки ба назари равоншиносон дар зиндагӣ аслан нафароне муваффақ мешаванд, ки дар муҳити озод ба воя расида, аз хурдӣ ба ҳуқуқҳои онҳо эҳтиром гузошта мешавад. Ҷузъи муҳим дар таълиму тарбияи кӯдак бояд ҳамин бошад, мегӯянд таҳлилгарон ва дар ҳалли ин мушкилот нақши ҳукуматро калидӣ меҳисобанд. Аз ҳамин ҷост, ки ба падару модар ва муаллим бештар такя кардан дар қонунҳо гумон аст вазъи умумиро ҳал намояд. Пас гуфтан душвор аст, ки дар Тоҷикистон ҳалли мушкилоти вобаста ба кӯдак акнун ҳалли худро ёфт. Ин мушкилу масоил кай ҳалли худро пайдо мекунанд ва барои ҳалли ҷиддии онҳо бояд чӣ кор кард? Ин аст саволи асосӣ, ки бояд сари он дар якҷоягӣ фикр кард. Аз ин хотир, ҷавоби ин саволҳоро боз мегузорем ва мутмаинем ҳар кас ба он посухи худро хоҳад дошт…
Раҷаб МИРЗО