«Хоки мову меҳнат одамро месабзонад» таъкиди падар аст, ки ҳикматашро аз самари нахлу бори боғи бобоӣ рӯзмарра дидаем. Нахли дасти инсон ҳамеша зинатбахшу самаровар будаву ҳаст, агар реша дар санг бошад ҳам, ҷуръаи об ва боду зарраи хоки меҳан месабзонадаш.
Ҳар гаҳ аз бехи чормағзу сафедори гирду бунаи хона чашмаи тозае рӯ мезанад, падар мегӯяд: «Чашми офтоб баромад». Андешаест, ки моҳу офтоб рухи худро аввалан ба оби пок менамоянд. Аз сӯи дигар, ҳар ҷуръаи об барояшон чун нури офтоб азиз асту роҳу равиши корро дар сари обу чиму чашма аз ҳама хуб мефаҳманд ва вақте пайвандон пайравияшон мекунанд, мешунаванд: «Дасти пир гирифтаед – чӣ?». Нахли чормағз дар дили санги сари обшори хонаи амак, ки маркази Душанбешаҳрро макон аст, боз ҳам дарак медиҳад: ҳар куҷо об ҳаст, ободист.
Чанде қабл дар роҳ аз коргоҳ то макони зист ҳолатеро мушоҳида кардам, ки боиси эҷоди ин матлаб гашт. Аслан, дер боз ба мушоҳида гирифтаам, ки ҷойи сафедхоке, ки баъзан дар гулгаштҳо рехта, меҳнати зиёде сарф карда, сӯзанкаҳак мекоранду ду рӯз баъд аз неш задан зарду хушк шуда меравад, кормандони кордон чими шибарзамин оварда, ҷо ба ҷо карда истодаанд. Намедонам ин чимтолҳо аз дашту дамани Варзоб аст, Ҳисор, Вахш ё Файзобод. Вале, яқин медонам, ки сабзаи шибарӣ беҳ аз сӯзанкаҳаку тухми алафи русист. Оне, ки ин чимтолҳои замини сияҳхок аз обмонии саривақтии ходимони роҳкор набз пайдо кардаву рӯ ба сабзишанд, мардум шоҳид. Аммо, ҳоло он мушоҳидаро, ки барои бисёриҳо аҷибу як кори ғайримуқаррарӣ намудаву барои ман амали хайр, баён карданиам. Боз ҳам ҳамон мушоҳидаи роҳи коргоҳ. Дар бинои шафати роҳи коргоҳамон дар Гулистон ҳамеша айвоне ғарқи гул менамуд. Омадани зимистон ҳам дар диёри ҳамешабаҳори мо чандон асар надорад, ки борону нури офтобро дида, ҳанӯз гулҳои паси шишаҳои мардум гулпӯшанд, аз ҷумла ин айвон. Ростӣ, молики ин гулҳову парваришгар кист, намедонам. Вале ба бонувони обу ғизорасони ин гулу гиёҳҳо назари хушбинона дорам. Он рӯз ба соҳиби ин манзилу макон бархе офарин мехонданду баъзеи дигар ҳайрони ин кори ғайримунтазира, ки «об аз балкон?». Гап сари он, ки касе Худоҷӯ аз айвони хона бо воситаи махсус болои чиму гулу гиёҳҳои лаби роҳро шодоб гардонида буд. Ҳар субҳ ин ҷо кормандони зиёди роҳрӯб тозакориву обёрӣ менамоянд. Оё ба онҳо мусоидат метавонад ҷойи ҳайрониву кори ғайримаъмулӣ намояд?
Дар деҳ одати ҳамешагист, ки ҳар субҳ аҳли ҳар хонадон ба қавле чашми рӯз набаромада дару бари ҳавливу роҳи канори хонаашонро об задаву рӯбучин мекунанд. Барои ин кор касе онҳоро маҷбур намесозад. Чаро ин амал барои мардуми шаҳр одати ҳамешагӣ набошад? Озодагии ҳар як кӯчаву роҳу гузар аз мардуми дар он маҳал иқоматдошта сахт вобастагӣ дорад. Ин кор дар гузару ҳавлиҳои заминӣ як кори маъмулист ва мушоҳида мешавад. Аммо, бархе аз сокинони баландошёнаҳо ҳатто тозагиву озодагии атрофи хонаҳои хешро вазифаи ходимони роҳ медонанд. Ҳол он ки, роҳрӯбон муваззаф нестанд, ки то даромадгоҳи ҳар як хона рӯбучин намоянд. Вазифаи онҳо тозагиву озодагии роҳҳои марказист, ки бо имони комил метавон гуфт, холаҳои тозакор ин амали некро аз сидқ анҷом медиҳанд. Шояд аз ҳамин дидгоҳ, ки ободкории атрофу акнофро комилан ба онҳо вогузор кардаем, ин амали «об аз балкон» ҳатто барои бархе роҳгузарон хандахариш менамуд. Субҳ вақте мегузаштам, холаи бо духтараш гулкору марди миёнсоли обчикор хушҳолӣ доштанд, ки корашонро кадом рамузфаҳме хеле сабук гардонидаасту чимтолҳо сабзу дар замин тахт.
Ҳанӯз аз оғози баҳор хуррамгардонии гулгашту боғоти шаҳр дар авҷ буду кормандони роҳҳои пойтахт, хоса гулкорону роҳрӯбон на соатҳои башумор, аз сари субҳ то шом машғули кор буданд. Гулгаштҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гувоҳанду барои ман хосатан дигар гузаштан аз бари боғи сарсабзу зебо рӯ ба рӯи фурӯшгоҳи китоби «Килк» ва Маркази омӯзишии «Саманд», ки ҷойи гашти сокинон, хоса волидону наврасон гаштааст, хеле хушоянд аст. Дар ҳоле, ки аз дидаву шунидаҳо, зиёд кишварҳо ба таври сунъӣ бо обёрӣ ба мавзеъҳои марказии шаҳрашон мехоҳанд варзобҷое бисозанд, воқеан ҳам табиати табиии мо ҳазор бор болотар аз ҳамаи ин аст.
Ҳамакнун бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, сокинону меҳмонон ва бахусус ҷавонон дар пойтахт, ҳамчунин бахшида ба Соли ҷавонон Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» таъсис дода шуд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29-уми декабри соли 2017 ба тасвиб расид. Бино ба маълумотҳо аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, боғи мазкур дар рӯ ба рӯи шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар масоҳати 13 гектару 74 садяк доман паҳн намуда, дар дохили он 21 суҳбатгоҳ, 2 қаҳвахона, 1 майдони варзишӣ ва 1 картодром бунёд мешавад. Ин тасмим боз ҳам омиле мегардад, то баҳри шукуфоии бештари Душанбешаҳр заминаҳои хубтаре пайдо шавад.
Чун ин боғи фарҳангӣ наздик ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар – ДМТ аст, барои донишҷӯён метавонад маркази на танҳо истироҳативу фарҳангӣ, балки маънавӣ бошад. Ёдам ҳаст, ки чун давраи имтиҳонот пеш меомад, баробари рӯ овардан ба китобхонаҳо бо ҳамкурсон даври «Кӯли ҷавонон» гашта, бо ҳам мавзуҳои дарсиро суолу ҷавоб менамудем, то дар хотира хубтар нақш бандад. Аз он рӯзҳо на танҳо маълумот дар хотиротамон ёддошт шуд, балки чун бо дӯстони ҳамкурс Наимаву Мавзуна пешорӯ меоям, ба сони наззораи маҷрои об ёдвораи хуш рӯ мезанад. Ҳар замон, ки бо бародарону пайвандон ин ҷо меоем, хотири давр гаштан атрофи обшору сояи чанор аст. Чанд сол қабл хотири наззораи вазъи боғҳои фарҳангии кишвар ба ин маркази фарҳангӣ ворид шудаму суҳбатам худохоста бо муаллимае ҳамоҳ бо фарзандонаш ва духтаракону ҷавонони донишҷӯи бахши тиббиву технологӣ иттифоқ афтод. Ҳамагӣ аз вазъу ҳолати боғ сухан гуфта, таъкидан як чизро зикр мекарданд: тозаву озода нигоҳ доштани боғ, хоса оби кӯли он. Зеро буданд ҳолатҳое, ки атрофи кӯл зарфи холӣ ё халтаву дигар боқимондаҳои ғизо мушоҳида мешуд. Айни замон, ки ба арзиши об ва покизагии он зиёд арҷ гузошта мешавад, яқинан чунин ҳолат ба назар нахоҳад расид. Табиист, ки боғи «Ҷавонон» маркази фарҳангии ҳама донишомӯзон хоҳад буд. Воқеан, ҳанӯз мушаххас нест, ки ин 21 суҳбатгоҳ чӣ гуна имконоту хизматрасонӣ хоҳанд дошт. Вале, бовармандам хости дили зиёд донишомӯзон мебуд, агар дар ин суҳбатгоҳҳо маҳфилҳои саволу ҷавоб, ҳозирҷавобӣ барои такмили дониш аз ҷониби устодону толибилмони тамоми донишгоҳҳои кишвар роҳандозӣ мегашт. Саволу ҷавобе, ки баробари дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ тарғибгари таърих, фарҳанг ва тамаддуни мо бошад. Дигар, дар ободиву озодагии ин макон ба холаҳои гулкорамон итминон дорем. Ахиран, дар зиёд боғоти кишвар бо истифода аз фурсати зимистонӣ, гарчи ҳавои кунунӣ баҳорро мемонад, тармиму таҷдид ва навсозӣ ҷараён дорад. Барои ман хосатан таваҷҷуҳбарангез аст, ки боғи кӯдакону наврасон бо чӣ тарҳи наве нумӯ меёбад. Зеро хушҳолии кӯдакон нишоти дунёст. Тибқи эълонномаҳо, мебояд боғи мазкур дар наздиктарин фурсат бо ободкориҳо боз шаваду аминем, Наврӯзу баҳор он макони дилхушии кӯдакон хоҳад буд. Айни замон дар дилхоҳ боғоти кишвар барои кӯдакону наврасон имконоти сайру фароғат дар назар дошта шудааст.
Воқеан, вақте боғи хушманзари пойтахт – «Ирам» ба истифода дода шуд, шоҳид будам, ки аз навоҳӣ ба ин ҷо тамошогарон меомаданд. Вале на ҳамеша барояшон хостаҳо амалӣ мегашт. Зеро, маъмулан шанбеву якшанбе рӯзи истироҳат дар назар дошта меомаданду гоҳе дари боғ баста. Бо хонаводае аз Регар дар дари ин боғ суҳбат низ доштам, ки дар чунин ҳолат афтода буданд ва дархосташон ин буд, то оид ба фаъолияти боғоти фарҳангӣ тариқи расонаҳо иттилоъ пахш шавад. Чун соли равон аз аввали соли ҷорӣ то моҳи ноябр дар тамоми боғҳои кишвар рӯзҳои шанбе ва якшанбе барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда шуд, яқинан, хостаҳои дили мардум як андоза амалӣ гашт. Итминон аст, ки соли равон боғҳои фарҳангиву фароғатии кишвар руҳбахши мардум ва болобарандаи фарҳангу маънавиёти насли наврасу маърифатомӯз хоҳанд буд.
Ногуфта намонад, ки дар саҳифаи интернет бахши иттилоотие бо нишонии https://mgis.tj/tj пайдо гашт, ки дар хусуси қароргоҳи марказҳои маъмуриву маданӣ ва фарҳангии кишварамону сохтору соати фаъолияташон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот медиҳад. Аминем, ки расонаҳои кишвар ва ин гуна сомонаҳо мусоидатгари дастрасии омма ба марказҳои фарҳангие бо имоконоту шароити хеле хуб хоҳанд буд.
Зулолаи НУР