Дар бораи таъсири медияи иҷтимоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори инсон тадқиқотҳои бисёре гузаронида шудаву натиҷаашон нашр шудаанд. Аммо имрӯз мо ба шумо бозёфтҳои ҷолибтареро дар ин самт пешниҳод мекунем, ки шояд шуморо ба озодӣ аз вобастагии шабакаҳои иҷтимоӣ як қадам наздиктар кунанд.

Навори охирини AsapSCIENCE (ютуб-канали илмӣ) дар ин самт шарҳи хеле ҷолиби илмӣ медиҳад ва дар бораи чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ мағзи сари моро тағйир медиҳанд нақл мекунад. Мо тарҷумаи онро ба шакли кӯтоҳ пешниҳоди шумо мекунем.

Вобастагии ба маводи мухаддир монанд

Аз 5 то 10% корбарон наметавонанд вақти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ назорат кунанд. Ин комилан вобастагии равонӣ нест, инчунин нишонаҳои вобастагӣ ба маводи мухаддир дорад. Таҳлили мағзи сари ин одамон бад шудани кори қисматҳои гуногуни мағзро нишон додаанд, ки аслан дар нашъамандон мушоҳида мешавад. Ин аз он сабаб аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ “ҷоиза” (лайк, шарҳ, бознашр) тақрибан фавран – пас аз интишори пост ё акс, сурат мегирад. Мағзи сари мо ба ин одат мекунаду мехоҳад бештару бештар чунин ҷоизаҳоро ба даст орад. Шумо аз он даст кашида наметавонед, ин мисли вобастагӣ аз маводи мухаддир аст. Ҳамчунин шумо метавонед вобастаи посту суратҳои дигарон шавед.

Мушкилот бо супориши бисёрҷабҳа

Мо гумон мекунем нафароне, ки доимо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд ё онҳое, ки пайваста дар вақти кор вебсайтҳои гуногунро варақ мезананд, дар муқоиса бо онҳое, ки ба иҷрои як кор дар як вақт одат кардаанд, беҳтаранд. Аммо, муқоисаи ин ду гурӯҳи шартии одамон ба нафъи аввалия нест. Гузариши доимӣ байни шабакаҳои иҷтимоӣ ва кор қобилияти филтр кардани ғалолғулаи иттилоотиро (информационный шум) коҳиш медиҳад ва инчунин коркарду дар хотир доштани иттилоотро мушкилтар гардонад.

“Занги шабаҳ”

 Шумо ларзиши (вибрация) телефони худро шунидед. Оҳ, ин шояд SMS ё паём дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бошад! Аааа не! Шояд ба назарам намуд? Оҳ, инак он бори дигар ларзид! Хуб, ҳоло чизе ҳатман омад! Боз чунин менамуд …

Ин ҳолатро синдроми ларзиши фантомӣ меноманд ва он падидаи равонӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни таҳқиқот маълум шуд, ки тақрибан 89% посухдиҳандагон ҳадди аққал дар ду ҳафта як маротиба ба чунин ҳиссиёт дучор меоянд. Технология ба азнавсозии системаи асаби мо тавре шурӯъ мекунад, ки хориши маъмултарини пой пас аз газидани хомӯшак чун ларзиши смартфон қабул карда шавад.

Мукофоти бадан барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишастан

Медияи иҷтимоӣ истеҳсолкунандаи допамин дар организм ҳастанд, ки муждадиҳандаи мукофоти дилхоҳ мебошад. Бо ёрии ташхиси магнито-резонансӣ (МРТ) олимон муайян карданд, ки марказҳои ҳавасмандгардонии мағзи сари одамон ҳангоми оғоз кардани сӯҳбат дар бораи нуқтаи назари худ ё изҳори ақидаи худ назар ба гӯш кардани фикри каси дигар фаъолтар мешаванд.

Асосан, чизи наве нест. Аммо маълум мешавад, ки ҳангоми сӯҳбати рӯ ба рӯ имконияти изҳори ақидаи худ тақрибан 30-40% – ро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ҳангоми сӯҳбатҳои виртуалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин имконият то 80% зиёд мешавад. Дар натиҷа, қисми мағзи сар, ки барои оргазнизм, муҳаббат ва ҳавасмандгардонӣ масъул аст, фаъол мегардад, ки маҳз ҳамин гуна сӯҳбатҳои виртуалӣ афзоиш меёбанд. Хусусан, агар шумо медонед, ки бисёр одамон шуморо мехонанд. Яъне бадани мо моро барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ будан мукофот медиҳад.

“Ҷуфтҳои интернетӣ қавитаранд”

Тадқиқоти дигар нишон додаст, ки ҷуфтҳо ва дӯстоне, ки аввал дар интернет шинос шуда, сипас дар ҳаёти воқеӣ мулоқот кардаанд, ба якдигар нисбат ба онҳое, ки дар зиндагии воқеӣ вохӯрдаанд, бештар маъқуланд. Шояд ин ба он вобаста бошад, ки шумо аллакай ҳадди аққал хостаҳо ва ҳадафҳои шахси дигарро медонед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь