Баъзе расонаҳо қарзи Ғиёсиддини ҷавонмаргро 100 ҳазор сомонӣ ва зиёда аз он навиштаанд. Аммо як манбаи огаҳ аз қазия ин қарзро аз 500 ҳазор сомонӣ ва аз он зиёд низ гуфт. Вале наздикони марҳум аз шарҳи ҳол ва то куҷо дуруст будани ин суханҳо худдорӣ намуданд.

Аюбиддин Хуҷов – падари марҳум Ғиёсиддин нахост дар бораи қазияи худкушии фарзандаш суҳбат намояд. “Ба шумо маълумот дода наметавонам, чун ин кори печида аст. Луфтан, рӯзноманигорон, ҳар гуна овозаҳо паҳн накунед”,- гуфт Хуҷов дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж”.

Қазияи наве, ки манбаъ ба мо гуфта буд, низ тасдиқ ё рад нашуд, Аюбиддин дар бораи ин ҳолат нахост чизе гӯяд. Танҳо ҳаминро қайд намуд, ки пас аз гузашти вақт ва даст додани фурсат дар ин бора худ муфассал хоҳад навишт, то мардум ҳамагӣ аз воқеияти ин ҳодиса хабардор бошанд. Ба суоли он, ки оё ҳақиқат дорад, ки марҳум Ғиёсиддин аз Аллоҳёр ном соҳибкоре аз Дардар ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст, ки бо фоизаш 500 ҳазор сомониро ташкил медод, чунин гуфт: “Бо даст додани фурсат ман худам дар ин бора мақола менависам, то ҳама мардум огаҳ шаванд. Аммо ҳозир бо ғаму дарди худам андармонам”.

Бояд гуфт, ҷасади Ғиёсиддинро шаби 4-уми октябр дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳо хешовандонаш аз ҳуҷраи кориаш дарёфтаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, Ғиёсиддин субҳ аз хона ба хонаводааш “ба кор меравам” гӯён мебарояд. Аммо бо гузашти чанд вақт аз ӯ дарак намешавад ва аҳли оила хавотир шуда, аз пайи ҷустуҷӯ мешаванд. Дар натиҷа пас аз ҷустуҷуҳо Ғиёсиддинро дар ҳуҷраи кориаш меёбанд, ки ӯ онҷо худро овехта будааст.

Гуфта мешавад, ки Ғиёсиддин пеш аз даст ба худкушӣ задан дар ҳаҷми 6-7 саҳифа мактуб навиштааст. Онҷо сабаби даст ба ин кор заданашро зикр намудааст. Ба гуфтаи як манбаи муътамад, дар он мактуб асосан сухан дар бораи қарзаш аз Аллоҳёр меравад. Вале то куҷо ҳақиқат будани ин овозаҳо ба мо номаълум аст. Чун қазияи худкушии ҷавони 27-сола аз ҷониби додситонии ноҳия мавриди тафтишот қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи шиносҳояш, Ғиёсиддин як бачаи орому ҳалим буд. Ва ба ин кор даст задани ӯ шиносону наздиконро ба ҳайрат овардааст.

Ғиёсиддин ҳамагӣ 27 сол дошта, дар оила яккаписар буд ва аз ӯ се фарзанд – 1 писар ва 2 духтарча боқӣ мондааст. Падару модари марҳум дар мактаби рақами 10-и деҳаи Ревад ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд.

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь