Ҳамовозӣ ба “Дефитсити муаллим, ё чаро муаллимон тарки касбомӯзи мекунанд?
Замин шуд қиблаи имони деҳқон,
Муаллим қиблаи тифли дабистон.
Ба ин ду қибла ҳар кӣ рӯ наорад,
Наёбад қиблаи имону виҷдон.
Зиё Абдулло
Росташ, вокуниши собиқадори соҳаи маорифи ноҳияи Фархор устод Искандар Сафаралиевро Атрофи мақолаи «Дефитсити муаллим, ё чаро муаллим тарки касб мекунанд? –ро аз газетаи «Фараж» хонда, ба фикр рафтам.
Ҳамаи иллатҳое, ки дар мактаб, ҳатто дар донишгоҳҳои педагогии кишвар дар рафти таълиму тарбия «эҷод» шудаанд, дурустанд ва камина ҳам ба хотири он ки насли ман саводи кофӣ дошта бошанд, миллат, давлат, Ватан ва худро бишносанду ифтихори миллӣ дошта бошанд, бо устод Сафаралиев ҳамақидаам. Камина ҳам 50 сол боз муаллимам. Аз як тараф дарс гуфтан имрӯз ниҳоят мушкил шуда бошад, аз тарафи дигар, сафи омӯзгорони бесавод ва тасодуфӣ зиёд шудааст, ки онҳо сабабгори беэҳтиром гаштани илму дониш ва муаллим мешаванд.
Устод Сафаралиев Искандар дуруст дарк кардааст, ки имрӯз зан аз ӯҳдаи директорӣ намебарояд ва махсусан агар ин зан муаллимаи бешавҳар бошад.
Воқеан ҳам зани бешавҳар ва ё талоқ шуда дар байни падару модарони шогирдон иззату икром намеёбад. Чунин муаллимаҳо зани хубу донишманд мебуданд, худ хонавайрон намешуданд.
Бинобар он ҳам мактабҳо ҷойи ғайриқонунии аз шогирдон бо ҳар роҳ пул гирифтан шудаанд, ки устод Сафаралиев онҳоро сабаби муттаҳамшавии омӯзгорон нишон додаст, ки дуруст аст.
Дар чунин ҳолат ҳоли хондан, дониш гирифтани шогирдон ва эҳтироми муаллим дар сатҳи паст қарор мегирад. Дигар устод навиштаанд, “фурӯши китобҳои дарсӣ ва либоси ягонаи шогирдон нодуруст ба роҳ монда шудааст. Бояд дар назди ҳар як мактаб мағоза бошад. Чӣ қадар мактаб дошта бошем, ҳамон қадар ҷойи кор мешавад ва аз ҳар як мағозаи фурӯши китобу либоси шогирдон ба идораи андоз маблағ ворид мешавад, ки ҳам фоидаю ҳам ҷони муаллим аз истинтоқ кардани шогирдон халос мешавад”.
Ҳайронам, ки проблемаи «Дефитсит будани муаллим» ва «Чаро тарки касб кардани муаллим» -ро рӯзномаи «Фараж» ба баҳс гузаштаасту лекин касеро аз мақомоти марбута кораш нест.
Ҳақиқат аз баҳс бармехезад. Шояд баъзе андешаҳои омӯзгорон ба Вазорати маориф ва илми кишвар корагар шавад?
Муаллифони мақолаҳо дар ин мавзуъ навиштаанд, ки маоши омӯзгорон ҷавобгӯи зиндагии муаллим нест. Сабаби тарки касб кардани омӯзгорон камии маош аст. Камина ба ин фикр розиам, лекин начандон. Агар маоши муаллим сад ҳазор сомонӣ бошаду омӯзгор бесавод бошад, хонда ва дониши худро пайваста такмил надиҳад, аз чунин болобардории маош чӣ суд? Бояд аз болои сатҳи дониши муаллим, сатҳи дарс додани муаллим, то кадом андоза вай ғамхори донишазхудкунии шогирдон аст,.. бояд назорат ҷиддӣ бошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам маорифпарваранд. Маҳз бо ташаббус ва дасгирии он ҷаноб дар саросари кишвар мактабҳое сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар 72 соли замони Шӯравӣ чунин мактабҳо набуданд. Устодони мактабҳои кишвар оё гуфта метавонанд, ки чаро бача мизу курсӣ, дару тирезаи мактабро мешиканад? Чаро бача дар 11 соли мактабхониаш як китобчаи 20 варақаро нахонда, соҳиби номаи камол мегардад. Ин қадом камол аст?
Танҳо тайи солҳои 2019-2020 тибқи нишондоди омор анқариб 27 ҳазор оилаи ҷавон пош хӯрдааст, ки ин даҳшат аст. Агар насли мо хондагӣ, саводу маърифати хуб гирифтагӣ мебуд, аз ҳама пеш оилаи худашро ҳифз карда метавонад. Чаро гуфтаанд, ки “хондан – наҷот ёфтан аст”? Пас, ягона душман мо бесаводӣ аст ва бо ин бесаводӣ ба коррупсия майл карданро ба шогирдон ёд медиҳем.
Ҳамасола дар сафарбаркунӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар душвориҳо пеш меоянд. Охир бачаи хондагӣ ватандӯст мешавад ва ватандӯст тайёр аст, ки ҷонашро барои Ватан нисор кунад. Ва онҳое, ки тарки устодӣ кардаанд, шояд ба ин касби малакутӣ меҳр надоштаанд. Шояд аз зарурат муаллим шудаанд, ки дар ин роҳ устувор намондаанд. Муҳаммад Ҳиҷозӣ мегӯяд:
«Омӯзгорӣ ишқ аст, агар онро надоред, пас раҳояш кунед». Ва ин тоифаи тасодуфӣ раҳояш ҳам кардаанд, ки боке нест. Аз чунин устодони хасакӣ чӣ суд?
Нақле аз ҳаёти шоири бузург Саъдуддини Тафтазонӣ. Он кас дар замони худ дар илму дониш аз ҳама муқаддам буд ва дар ин мартаба аз ҳама боло. Рӯзе яке аз шогирдонаш аз ӯ илтимос мекунад: «Устод як дуо кунед, ки ман ҳам ҳеҷ набошад, ба ними дониши Шумо расам». Устод Тафтазонӣ мегӯяд:
«Эй беҳиммат! Камина сад баробар орзу доштам, базӯр ба ин мартаба расидам. Агар ту ними дониши маро гирӣ, шогирди ту ними дониши туро гирад, ҳоли илм чӣ мешавад? Агар ба дуо фаро гирифтаи илм муяссар мешуд, пас мактабу муаллим ва мадрасаҳо ба чӣ лозим буд?
Мардони содиқ аз ҳиммат, риёзат ва ҷустуҷӯи илму устод ба мақсадҳои олии фарзандони инсон аст».
Оё ин суҳбати шогирду устод Тафтазонӣ ба онҳое, ки аҳли маориф ҳастанд, асаре намекунад?!
Ба муаллиму омӯзгор мегӯям:
Воқеан ҳам омӯзгорӣ, пас бояд дар роҳи дар тинати шогирд барафрӯхтани илму дониш, агар лозим шавад, бимир! Фаромӯш накун, ки идомаи умри ту дар ояндаи шогирдат маълум мешавад. Боқӣ қазоват аз Шумо – хонандагони закитабъ аст!
А. Маҷидзода, омӯзгори собиқадор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ноҳияи Фархор