(Барномаи комили қаблазинтихоботии президентшавандаи ИМА)
Хоб дидам. Хоби пурмағал. Хоби парешонӣ. Хобе, ки ҳама чиз баръакс ва баръало мешавад. Паси парда будаҳо пеши парда омадаву ҳақиқатҳои дар таги дил пинҳон пеши лаб омаданд. Ин танҳо хоб аст.
Надонам, вакили халқам ё соҳибмансабе… аниқтараш номзадии худ ва ё барномаи худро (ё тавбае!) ба таври озод ба номзадии Президентии Амрико гузоштаам, на тарафдори Трампу на ҷонибдори ҳизби Камила Харрис, не-не, намояндаи озодам…
Имрӯзам ё дар замони пешин дар Вашингтонам ё Ню-Йорк. Ва чун дидам, ки тақрибан иддае аз номзадҳо барномаҳои худро ба таври кӯтоҳ вале… хеле ноқис пешниҳод кардаю яке ҷангро ба ин сӯй, дигаре ба он он сӯй мекашанд.
Ин барномаҳо мақбулам нашуд. Ман барномаи ислоҳотии хешро комилу равшантар пешниҳод дорам.
Ба ростӣ, то охирин лаҳзаҳо боварӣ доштам, ки ягон иқтисодшинос, ё гурӯҳи коршиносони худӣ наҳангвор ва ё дар такя ба тақвими шарқӣ аждаҳорвор дар бораи роҳҳо, ҳади ақал оид ба нақшаҳои конкретӣ дар бартараф кардани буҳрону муноқишаҳои сабилмондаи ҷаҳонӣ, ақидаҳои худро баён медорад ё дар арафаи интихоботи нав довталабе сари ин масоил ҳарфе мегӯяд. Вале ҳайҳот!!!
“Бе ин ҳам камбудии пулӣ аз як сӯ, кисаи сӯрохшудаи моро нархи рӯзафзун абгор карданаш кам буд, ки Буҳрон-мӣ, Бурҳон ва ё Кризиси алайҳилаъна аллакай соли… намедонам, ки аз кай, аммо «меҳмон»-и хонаҳо шудаю гӯё кошонаи худро дар ин ҷо ёфтааст! Охир мавҷи дуюму сеюми ин касалии шифонаёбандаи иқтисодӣ боз ҷаҳонро фаро мегирад-ку?!
Ин диёр магар сирру асроре дорад, ки ҳамаи корҳои душвор, пеш аз ҳама, ба гардани Шумо меафтад?! Як масъаларо ҳал накарда, ки дигараш «хунмакӣ» меояд. Офарини Шумо! Ба Худо, бе муҳобот, аз тамоми насли одамӣ ва миллатҳои муосир, Шумо пурзӯру тавоно ва пурбардоштаред. Гӯё, аллакай, аз тамоми интихобҳои табиию одамӣ гузашта, барои идомаи насли инсонӣ аз ҷониби Офаридгор интихоб шуда бошед.
Барои ҳамин аз нахустинҳо шуда, барномаи худро пешниҳод карда, боварӣ дорам, ки он дар нобуд кардани кризис ва ё ҳеҷ не дар паст кардани шиддати он нақше мебозад, аққалан дар сафи ваъдаҳои довталабон ҷойеро ишғол мекунад!”
Барномаи корӣ номи рамзии «Акунаматата»-ро касб намудаасту он хислати бумерангро доранд. Бумеранг бошад аз зумраи яроқ ё олоти ибтидоӣ буда, дар ҳолати ба нишон нарасидан, боз давр зада, давр зада ба дасти фиристодааш мерасаду такрори амалро тақозо мекунад. Бахт баландӣ кунаду яке агар ба ҳадаф расад, сайд тайёр! Бартариаш ин аст, ки дар ҳолати номукамалии амал имкони такмилу пурра намудан мавҷуд аст, яъне он домони фарохро соҳиб мебошад. Хуб, сар мекунем Акунамататаро, аниқтараш шарҳи барномаро.
“Аввалан, дар барномаи корӣ масъалаи барқ меистад, зеро хоҳ-нохоҳ мо низ ҳамқадамони замон, актуалӣ будани онро камтарак бошад ҳам, дарк мекунем. Сарфакорӣ дар ин самт то ҷое фаҳмост, ҳамчунин боз ҳам сарфакор будан муҳим аст. Шояд нафароне бипурсанд, ки боз чӣ кор кардан мумкин аст, зеро лимит оҳиста-оҳиста аз байн рафта, чароғакҳои каммасрафи хитоӣ фаъол шудаю кисаи соҳибкорони «худӣ» боз ҳам фарбеҳ шуда истодааст!
Аммо дар ин самт корҳои зиёд ҳал нашуда мондаанд. Масалан, аз таҷрибаи рӯзмарра, истифодаи самараноки манбаъҳои дигари барқхӯр (аниқ, ки онҳо пулхӯр ҳам ҳастанд!) аз қабили дарзмол! Аз нигоҳи аввал дарзмол ё ба забони шумо «утюг» он қадар хароҷот надорад, вале онро боз ҳам кам истифода кардан мумкин аст, хосса дар айёми сармо! Бо дарзмол намудани остинҳо, гиребони куртаю як ваҷаби гарданбанд қаноат карда аз пайи эҳтиёт шудан лозим аст! Зеро касе моро намесанҷад, ки оё пушти курта ва ё тамоми онро дарзмол кардаем ё не?
Дар баробари ҷорӣ кардани фурӯзонакҳои каммасраф метавон аз таҷрибаи кишварҳои дигар, яъне, умуман, истифода накардани барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон фаровон истифода намуд, аммо тарафи дигари масъала-зиёд шудани аҳолиро дар ин даврон бояд ба назар гирифт! (Мардум аз бекорӣ ба бисёр намудани насли одамӣ даст задаанд…).
Дар хонаҳои истиқоматии шаҳрнишинон ба як бухорӣ, чанд курпа ва ё дигар манбаъҳои гармидиҳӣ қаноат намуда, дар болои он зарфҳои пуробро мондан даркор, ки оби гарм дастрас бошаду аз кормандону масъулон нолидан бас шавад. Бе ин ҳам, кори онҳо зиёд аст…
Оби гарм, ё оббозиро то охири баҳору аввали тобистон вогузоштан лозим. Ана, дар ҳамин фаслҳо марҳамат дар рӯду дарё ва кӯлу баҳрҳои худамон оббозӣ карда, чирку чакана ва қусури хунукиҳоро бароред.
Камина бо назардошти соҳаҳои алоҳидаи кишвар боз чанд пешниҳоди дигар дорам…
Масалан, Девони мактабу мадорисро мебояд то чанд даҳсолаи оянда сохтану харидории биноҳои таълимӣ ва технологияи муосирро қатъ кунаду Девони хазинадор ё молия маблағгузориро ба ин соҳа манъ намояд. Таҷҳизоти офтобӣ (батарея ва аккумуляторҳо) мавриди истифода қарор гирад. Зеро баъзан аз набудани барқ, компютерҳо бекор монда, навъҳои ҷадиди он пайдо мешаваду боз навашро харидорӣ кардан пеш меояд, яъне боз хароҷоти иловагӣ! Биноҳои нави калонро низ гарм кардан душвориҳои зиёд дорад. Пас бигзор талабагонро бо усули кӯҳнаи меросӣ дарс диҳанду…майлаш пулгирии рӯйирости омӯзгорон қонунӣ шавад!
Девони Тансиҳатӣ мебояд ба табибон супориш диҳад, ки амалиёти ҷарроҳиро дар фаслҳои сармои тирамоҳ, зимистон ва ибтидои баҳор дар утоқҳои сарди худ бидуни наркоз ва маводи мадҳушкунанда анҷом диҳанд. Бе ин ҳам бо дидану шунидани «ҳаққ-ул-заҳмат»-и онҳо ҳама кас беҳуш мешавад!
Девони экономро мебояд бештар дар бораи… ғанӣ гаштани моликияти хусусии кормандони худ фикр карда, чораҳои мушаххас андешад. Бе ин ҳам дар бораи мардум фикру майна обкарда, ба ҷое нарасиданд. Аммо ин мардумро бало ҳам намезадааст, худашон ризқу рӯзиашонро меёбанд.
Девони вобаста ба барқ, ё энергетикаро мебояд тезтар нерӯгоҳҳои навсохтаро шахсӣ кунанд, ки бегона нашаваду ҷанҷол ва пардохти ҳаққи барқ, газ, оби гарм бояд дар шакли доллар сурат гирад. Дар лифтҳо пулгиракҳо ба кор қабул карда шаванд. Онҳо кайфу сафоро бояд фаромӯш накунанд ва майлаш барои ҳаққи хизматашон квитансия диҳанд…
Девони тиҷоратро баробари авҷи савдо, инчунин лозим аст, ки фурӯши имону виҷдон ва нангу номусро ба роҳ монда, ченаки вазифахарӣ ва вазифафӯришиҳоро аниқ ҳисобу китоб карда, аз дигар корхонаю муассисаҳо нархҳоро фаҳмида, онҳоро дар бозору ярмаркаҳои ҷойҳои корҳои холӣ оммавӣ намоянд. Нархҳои молу маҳсулотро бошад кордор нашаванд, онҳо роҳу равиши хешро ёфтаанду боварӣ ҳаст, ки моро ё зери замин ё ба дигар сайёраҳо мебаранд!
Идораи кори занонаро лозим аст, ки қудрати занонро бештар созад, агар ҳолат чунин бошад (раванди мардакгурезӣ бо сабабу баҳонаҳои корёбию коркунӣ ба хориҷи кишвар) занҳо ҷилави корро дар ҷомеа ба даст мегиранд. Тӯҳфа кардани гул ё суханони меҳролуди ҳақиқиро барояшон фаромӯш набояд кард, эй мардҳои боқимонда!!!
Девони кишоварзӣ… онро метавон ба хориҷиҳо, аниқтараш ба хитоиҳо дода, маҳсулоти дар бозорҳо ҷойдоштаро худӣ гуфта эътироф кунем ва бо ин мушкилоти зиёд ҳал мешавад, аз ҷумла, бо дили пур баён доштан мумкин: картошка, себ, пиёз ва…
Ба як қатор ташкилот бошад дастурҳои мушаххас дода шавад, аз ҷумла чопхонаҳо бояд миқдори калони китобу рӯзномаҳои худро ба аҳолӣ барои… э, не, барои хондан не, барои дар фасли сармо сӯзондану хонаҳои худро гарм кардан, диҳанду онҳо истифода намоянд. Ба як қатор шоирону нависандагони маддоҳ фармоиш дода шавад то барои ҳамсарону фарзандон, ҷиянҳо ва моликияту сарватҳои сармоядорон достонҳои каппа-калон, мадҳияҳо иншо кунанду ҳофизон онҳоро «зинда», аммо мурда-мурда хонанд.
Ана ҳамин тавр бумеранг тоб хӯрда, тоб хӯрда пешамон меояд агар хонанда розист, пас амал намоед, агар не, иловаю таҳрир (таҳқир не!) зарар надорад!
Ҳамин тавр аз байни одамон калушке ба сарам заду баробари задан аз хоб хестам. Ё Худо ин чӣ буд, ки ман дидам. Шукр, ки хоб дидам…Чӣ хобе…Ё тавбае!
Сабзаалӣ АСОЗОДА