Ҳунар беҳтарин ганҷест, ки заволро намепазирад. Ин неъмат замоне ба дасти мо мерасад, ки талошҳои зиёде барои ба даст оварданаш варзида бошем. Аз ин хотир, бузургону олимону орифони рӯйи замин ҳунарро беҳтарин неъмати рӯйизаминӣ гуфтаанд. Мехоҳам, ки андешаҳоямро оид ба ин неъмати бузург баён кунам.
Ҳунар мисли чароғест, ки дар зулмоти шаб роҳи моро равшан месозад. Моро сарбаланду соҳибиззат мегардонад. Бузургиву манзалати ин неъмати бебаҳоро ҳамагон тасдиқ намудаанд. Мумкин аст, молу мулки андӯхтаамонро аз мо рабоянд, вале касе наметавонад, ҳунари дастонамонро ба яғмо барад. Аз ҳамин сабаб, ҳамаи моро зарур аст, ки ҳунар омӯзему андӯзем, на молу мулку сарват.
Шахси ҳунарманд дар ҳар замону дар ҳар макон аз уҳдаи кори худ баромада метавонаду муҳтоҷи касе нахоҳад шуд, зеро дар кафи дастонаш неъмате нуҳуфтааст, ки намегузорад, соҳибаш асири ниёзе гардад. Чунончи, Фирдавсӣ гуфтааст:
Куҷо боҳунар шуд асири ниёз?
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз.
Ба андешаи фозилону донишмандон, инсони беҳунар байни ҷомеа арзише надорад ва ҳамеша байни мардум хору залил боқӣ мемонад. Чунончи, Ҳофизи Шерозӣ мазмуни ин суханҳоро дар яке аз абёти пуробурангу ҷаззобаш бо истифода аз санъатҳои гуногуни бадеӣ ба тариқи зайл ҷой додааст:
Равандагони ҳақиқат ба ними ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Ба андешаи Сайидои Насафӣ, шахси ҳунарманд пеши касе гардан хам намекунад, яъне муҳтоҷ ва дастнигари касе намегардад. Чунончи:
Ба зери бори миннат кай ҳунарвар мениҳад гардан?
Наҷунбад Кӯҳкан, гар бар сари ӯ Бесутун афтад.
Баъзеҳо дар ҷомеа аз рӯйи мансаби падарони хеш меболанд. Фикр намекунанд, ки ин кори онҳо нодуруст аст, ин андеша хатои маҳз аст. Зеро ин молу мулк аст, ки завол мепазирад, на ҳунар. Чунончи:
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Ҳунар мисли калидест, ки тамоми дарҳои бастаи дунёро ба рӯйи мо боз месозад. Моро бо дунёи нав, ки холӣ аз таъна ва сарборӣ аст, ошно месозад, чашмҳои бастаи моро боз месозаду моро аз дунёи ғафлат дур месозад. Чунончи, бузургон фармудаанд:
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
Хулоса, ҳар яки моро зарур аст, ки камари ҳиммат бандему пайи андӯхтани илму ҳунар шавем. Зеро инсони ҳунарманд ҳамеша байни ҷомеа бо маҳорату заковат ва хираду дониши худ бартарӣ дорад ва ин бартариҳояш ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад.
Нуралиева Меҳрона, хонандаи синфи 11, узви маҳфили “Адибони наврас ва ҷавон”-и Маркази санъат ва эҷодии кӯдакони ба номи Парии Ҳисории шаҳри Ҳисор