Дина ба хотири дер накардан ба озмун (ҳарчанд рӯзи шанбе буду кӯчаҳо андаке аз мошинҳо сабуктар) ба таксӣ савор шудаму хоҳиш кардам, ки андаке суръати худравашро афзояд… Ронанда баъди сабаби шитобамро фаҳмидан гуфт, ки чандон ҳис намешавад, ки гӯё чунин озмуне бошад…
– Дина дар маҳаллаи мо маъракае буд, мардуми бисёре ҷамъ шуд, аммо касе нагуфт, ки чунин озмун ҳаст… Дар телевизор ҳам чизе надидам…
– Фарзандонатон чӣ?
– Эҳ-ҳе, онҳо кайҳо мактабро тамом кардаанд, дар ҳар тараф парешон…
…Ин суҳбати кутоҳ бо ронанда таваҷҷуҳи маро ба озмун дучандон кард: воқеан, шукӯҳу шаҳомат мисли порсола нест, порсол ҳамарӯза аз телевизионҳо меомаданд, даҳҳо суҳбатҳо сабт мешуд, қариб ҳар рӯз ба ягон канал ё радио интервю медодем…
Ба ҷуз аъзои комисиюн ва масъулини бевоситаи озмун касе хабар намегирад… Дар толору роҳравҳои китобхона низ мардум мисли порсола зиёд нест…
Аз комиссиюни ҷумҳуриявӣ ба номинаи мо устод Нуриддин Саид, раиси Кумитаи садову симо, масъул аст, ки муштоқи дидорашон шудем… Порсол дар ҳар хабаргириашон як гапи нав мешунидем, баҳсеро оғоз мекарданд, идеяҳои тоза мегуфтанд… Ростӣ, аз мулоқоташон доим шод мешудем…
Мегӯянд, ки он кас имрӯзҳо дар сафари хидматӣ қарор доранд, вале дар кумита чанд муовини дигар ҳаст-ку… Ғайр аз ин, ҳар донишгоҳ маркази матбуотӣ дорад, масалан, дар Донишгоҳи миллӣ студияи телевизион ҳаст, ки бояд донишу маърифатро таблиғу ташвиқ кунад, агар китобу китобхонӣ асос ё заминаи аслии ташаккули дониш бошад, пас чаро инҳо намеоянд, ки барномаҳои махсус таҳия кунанд?
Аз ҳар рӯзи озмун чандин барномаи тарғиби китоб кардан мумкин… Барои рекламаи мо, доварон, не (банда мехоҳам, ки андешаи дигар ба сарҳошон наояд), барои рекламаи озмуни китоб, ба хотири таъкиди он ки “бинед, хонандаҳои синфҳои 1-4 аз панҷоҳ то саду панҷоҳ китоб хондаанд, чаро шумоҳо (ба қавли устод Айнӣ) як китоб ҳам намехонед…”.
Ба оҷонсиҳои хабарӣ чӣ шуда бошад? Чаро аз газетаву маҷаллаҳо хабарнигоре намеояд, ки мақолаву репортажҳо нависад… Ғайр аз рӯзи аввал, аз вазорати фарҳанг низ касеро надидем (шояд омада бошанд, аммо ба толори мо касе наомадааст)…
Касе дар шарҳи мақолаи мо (мақолае, ки дина нашр шуд) навиштааст, ки аз ин озмун ва тарзи пурсупосу посухгӯйиҳои довталабон (махсусан хурдсолон, синфҳои яку чаҳор) кастингҳои телевизионӣ кардан мумкин… Ва чандин барномаҳои аҷибу ғариб…
Аз як картошкаву пиёзпарваре, ки барои худаш картошкаву пиёз истеҳсол мекунаду худаш мефурӯшаду пулашро барои худаш сарф мекунад, аз 5 то 8 дақиқа барнома мекунанд, аммо чаро як сужети ибратбахш аз ҳаёти як китобхони хурдсол намекунанд, то ки ба дигар кӯдакон намуна шавад?
Чаро ректорони донишгоҳҳо, роҳбарони коллеҷу литсейҳо гурӯҳ-гурӯҳ донишомӯзонро ба озмун намеоранд, то донишҷӯён бо чашми сар бубинанд, ки китоб чӣ гуна одамро сухангӯву сухандон мекунад?
Ва ниҳоят, чаро пажӯҳишгарони улуми иҷтимоӣ ба ин озмун майл надоранд, сабабу авомили каму беш шудани ширкаткунандаҳо ва тамоилоти завқии онҳоро ба китобҳои бадеӣ таҳқиқ намекунанд, то рисолаҳо нависанд ва дар умум маълум кунанд, ки ин озмун дар рушди тафаккури насли ҷавон ва умуман ҷомеа чӣ саҳме дорад…
Ғайр аз ин, баъзе ноҳияҳо ва ҳатто минтақаҳое ҳаст, ки солҳои сол намояндагонаш дар ин озмун ширкати фаъол надоранд, магар ин масъала сазовори гуфту навишт ва таҳқиқи алоҳида нест? Магар он ноҳияву минтақаҳо китоб барои хондан надоранд, ё китобхона надоранд, ё масъуле надоранд, ки бо мардум дар бораи китоб ва фавоиди он суҳбат кунанд…
Як суҳбати ронандаи таксӣ маро такон дод, ки аз ин мавзуъҳо низ фикр кунам… Ва, гумонам, андешаҳои пур аз суоли банда бидуни мантиқ нестанд, зеро ҳадафи ниҳоии ин озмун тағйир додани маънавият ва хулқу рафтору ҷаҳонбинии мардум аст ва ягона воситаи ин дигаргуниҳо бояд китоб бошад…
Хуб, бармегардам ба вазъи дирӯзаи озмун. Дина аз саҳар то шом 13 кас пурсида шуданд ва бо ҳамин қисмати аввали озмун, ки ба хурдсолон (хонандагони синфҳои 1-4) ихтисос дошт, анҷом ёфт.
Аз ҳамин қишр Зулфизар Дадоҷонова (аз Душанбе), Ситора Ғуфронова (аз Зафаробод), Адила Шоназарова (аз Хоруғ), Ҳумайро Ҷобирзода (аз Ваҳдат), Раъногул Гулиева (аз Хоруғ), баъди зуҳр – Шукрона Умарова (аз Хуҷанд), Асинат Муборакқадамова (аз Рӯшон), Маҳдия Мӯсоева (аз Хуҷанд), Мавлоназар Мавлоназаров (аз Роштқалъа), Сабина Неъматова (аз Данғара), Шукрона Ҳасанова (аз Кӯлоб), Ҳалима Умедзода (аз Ҳисор) ва Марям Шоназарова (аз Хоруғ) мавриди имтиҳони китобхонӣ қарор доштанд.
Вақте ки Марямбонуи хоруғиро мепурсидем, аллакай пардаи торикӣ ҳамаро фаро гирифта буд, донишҷӯёни Донишгоҳи исловӣ низ (ки ҳамчун тамошобин дар толор менишастанд) хаста шуда буданд… Илоҷи дигар ҳам набуд, барои ин қишри синнусолӣ се рӯз ҷудо шуда буд ва он муҳлат дина шомгоҳон ба охир расид…
Касе дар берун эътироз кард, ки инҳо нисбат ба дигар номинаҳо “бисёри бад” мепурсанд… Агар “бисёри бад”-ро ба забони меъёр баргардонем, яъне тоҷикӣ кунем, мешавад “аз ҳадд беш…”. Агар он кас танқид карда бошад, пас, барои мо ситоиш аст, зеро кам пурсидан маънои беэҳтиромӣ ба заҳмати кӯдаконро дорад.
Ин кори ҷодугарон аст, ки ба як дидан вуҷуди касро саропо мебинанд (дар мифу ривоёт, албатта, махсусан дар фасонаҳо)… Мо ин гуна “ҳунар” надорем, танҳо имкон дорем, ки тавассути пурсидани зиёд сатҳи воқеии дониши хонандаи китобро муайян кунем…
Ба таври умумӣ (мушаххасан ҳақ надорам) мегӯям, ки шахсан ба банда донишу фаҳмиш ва тарзи баёни ду довталаб дина бештар писанд шуд, ин хулосаи худам аст, албатта…
Аз норасоиҳо ҳам бигӯем: боз ҳамон ғалатҳои зиёд дар дафтарҳо (ки айби муаллимону масъулини маорифи маҳалҳост, на аз кӯдакон), дар дафтарҳо сабт кардани асарҳои зиёд, аммо огаҳ набудан аз онҳо, дуруст сарфаҳм нарафтан ба тақозои низомнома (ки ин ҷо адабиёти ҷаҳон аст, на номинаи дигар…).
Рӯйхати хеле “тунук”-и баъзе довталабон (ки агар дар озмунҳои ноҳияву шаҳр ва вилоят рафтори дуруст мекарданд, инҳо то ба даври ниҳоӣ сарсон намешуданд…).
Баъдан, дар номина 5 довар нишастаасту аксаран 3 дафтар пешниҳод мешавад… Мантиқ мегӯяд, ки модом 5 довар бошад, пас пешниҳод кардани 5 дафтар лозиму зарур аст, то ки ду довар бекор нашинанд, асарҳоро якояк бубинанду бишмаранд ва дар зеҳнҳояшон суолҳо омода кунанд…
Фарз кардем, масъулин аз аввал се дафтар гуфтанд, оё боз ду дафтари дигар нусхабардорӣ кардан кори мушкил аст? Зебу оро додани дафтар як кори беҳудаву зиёдатист. Ҳайронем, ки чӣ касе ин гуна тавсияи ғайримантиқӣ дода бошад…
Номи адиб ва асари қироатшуда бошад, кофист…
Фикр мекунам, ки натиҷаи ниҳоии ин гурӯҳ воқеӣ мешавад. Ҳар довар баҳои худро мегузорад ва касе ҳаққи касеро маҷбур кардан надорад.
Ба фарзи мисол, банда танҳо ҳаққи як баҳо гузоштанро дорам, ҳар яке аз чаҳор довари дигар низ…
Дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон” панҷ сол боз ҳамин принсип риоят мешуд ва бовар дорам, ки бо вуҷуди тағйир ёфтани ҳайати доварон дар соли ҷорӣ ин қоида тағйир нахоҳад ёфт.
Ҳафиз РАҲМОН