Гӯё зиндагии мову шумо майдони пойга бошаду талаби асосии он “аз ҳамдигар ақиб намонда, бо қатъият тохтан” аст. Агар дар ягон манзараи дилфиреби Душанбе сурат нагирифта бошед, худатонро аз дигарон кам мепиндоред. Бегоҳӣ дар ҷойҳои фароғатӣ аксари шаҳрвандон ва якяк хориҷиёнро низ мебинед, ки саргарми тамошои пойтахт ҳастанд. Ана, дар ҳамин асно бозори суратгирони касбиву ғайрикасбӣ ҳам гарм мешавад. Хостем, ки онҳоро дар гармогармии корашон наззора кунем. Медонед, як иттифоқе, ки дар майдони Сомонӣ рух дода буд, сабаби таваҷҷуҳи мо ба кори эшон гардид.

Чароғак сабз шуд. Ду духтарк аз гузаргоҳ ба самти ҳайкали Сомонӣ якта-якта қадам мепартофтанд. Дар нимторикӣ ҳам ҳусну ҷамолашон ва либосҳои ба “қонуни мӯд” мувофиқашон чашмро бемайлон ҷонибашон мекашид. Мегӯед, ки онҳо аз чангаки суратгире, ки он тарафи майдон “сайд”-ашро интизор аст, ҳамту мераҳанд!? Не, хато мекунед, ин аккос онҳоро бепурсиш акс мебардошту тарафашон наздик шуда, мулоимхунукона гап мепартофт: “Ина, киҷон, зӯри бад ғалтидааст, намебинӣ, биё, ба телефонат ҳам мепартоям”. Дуи онҳо ба суратгир сахтакак нигаристанд, ки аз теғи нигоҳашон маънои “аз суратат ҳам безору аз худат ҳам!”-ро фаҳмидан мумкин буд. Ҷавон ҷиддияти духтаронро дида, дигар ба онҳо кордор нашуд.

Ё баръакси ҳамин манзара, дар гулгашти Боғи Парчам. Духтараке танҳо қадам зада омада истодааст. Дар хамгашти гузаргоҳ чанд тан аккосон истодаанд. Боз холаи хот-догфурӯш низ “хот-дог 2 сомонӣ шуд” гӯён, бачаҳоро пешаш мехонд. Мизоҷони хола хот-догро харидан замон порчаи нонашро канда ба кӯле, ки мурғобиҳо шино доштанд, мепартофтанд ва аз тамошои нонрезахӯрии парандаҳо завқ мебурданд. Он духтарак ба хамгашт қариб расид, ки сурагире пеши роҳашро гирифт: “Апа, суратҳо фасон-фасон баромад, як бор тамошо мекунӣ?”. Шояд духтарак ба суратҳо ҷазмманд шуд, ки ба экрани аппарат чашм давонду кайфаш парид: “Эй, удалит кун, телефони худам аз вай хушрӯйтар мегирад”.

“Чиба сурат мегирен?”, – дӯғ заду аз ҳамон гулгашт ба роҳаш рафт духтараки дигар, ки суратгир ӯро ҳам напурсида акс бардоштааст. “Бин як бор, зӯр баромад!”,- ба қавле мизоҷашро ба гап дароварданӣ шуд аккос. Аз афташ, духтарон аз он меҳаросанд, ки ин суратгирҳо ҳар хел нағмабозӣ мекунанду расмҳояшонро дар интернет мемонанд. Ростӣ, ба кӣ мефорад, агар расми ӯро беиҷозат гиранду ба намоиши ом монанд? Ҳамакнун, ин тарафаш ба виҷдони ҳамон сурагирҳои аз кӯчаи касбият нагузашта вобаста аст.

Ғалати маҳз аст, агар ҳамаи суратгирҳои шаҳри Душанберо ҳаваскор унвон диҳем. Барои мисол, боз майдони Сомонӣ меравем ва назарамон ба як марди калонсол меафтад, ки дар китфонаш дастаки ҷузвдони сиёҳ ва ресмони фотоаппарати майда овезон аст. Вай боз дар дасташ фотоаппарати калонтар дорад ва як гуруҳ меҳмононро аккосӣ карда истодааст. Ӯро пайгирӣ кардем ва баъд аз чанде холӣ дида, наздаш шитофтем. Дар ҷараёни суҳбат маълум шуд, ки рус будааст ва аз соли 1971 боз дар Душанбе суратгир шуда кор мекардааст. Ӯ фикрашро оид ба суратгирҳои ҳаваскор гуфт: “Ҳозир асри нав. Пештар барои сартарошон, аккосон, кафшергарон омӯзишгоҳҳо буд ва дар ин соҳаҳо кадр тайёр месохтанд, ҳозир ин тавр нест. Фотоппаратро аз куҷое меёбанд ва худашонро суратгир ҳисоб мекунанд, лекин дар корашон хато мекунанд, аксҳояшон қонеъкунанда намебарояд. Аз ин хотир, пеш аз фотограф шудан омӯхтанашон даркор!”. Номашро пурсем, “ладно, ладно” гӯён, аз муаррифӣ худдорӣ карду думболи кораш рафт.

То андозае гуфтаи суратгири рус рост баромад, вақте бо Акмал ном аккоси ҷавон дар боғи “Устод Рӯдакӣ”, ки пеши муҷассама меистад, шинос шудем. Ӯ гуфт, ки дар Маскав аз як одам касби аккосиро ёд гирифтааст. Акмал низ напурсида сурат гирифтани ҳампешагонашро накуҳиш намуда, ба ин назар аст, ки онҳо тасодуфан суратгир шудаанд ва ғайри ҳирси пул дигар чизе дар ин кор шавқмандашон намекунад, яъне аккосӣ кардан барояшон фақат воситаи даромад асту бас.

– Ман бо фотоаппарати Canon 6 D кор мекунам. Аввал аз одамон мепурсам, ки сурат мегиранд ё не,- равиши корашро шарҳ дод вай,- агар аз 10 кадр 5-тоаш нағз омада бошаду дигараш хира, ё офтоб ба кадр халал расонида, афтро зардча нишон диҳад, дар чунин ҳолат аз рӯйи интихоби мизоҷон кор мекунем.

– Бо хориҷиён бо забони русӣ гап мезанем, суратҳоямон ба онҳо маъқул, аз корамон шаҳрвандони худамон ҳам розиянд, ягон бор нашудааст, ки байнамон нофаҳмӣ шуда бошад,- мегӯяд аккоси худомӯз Акмал.

Шояд кам андар кам ҳолате шавад, ки як суратгир бо соҳиби сурат забони ҳамдигарро ёбанд. Лекин мо сари ин масъала майна об мекунем, ки напурсида сурат гирифтани аккосон шаҳрвандон, бахусус духтаронро, ки шояд аз пасаш паёомади нохуб биёварад, иҷозат бошад ё не!?

Масъалаи гузоштаи мо ба назар бемоҳият метобад, аммо нағз фикр кунем, ин чиз таваҷҷуҳро тақозо мекунад, чунки гап дар бораи эҳтироми шахсияти фард меравад.

Нигоҳи шуморо дар ин бобат фаҳмиданием!

Файзуллохон ОБИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь