Чанде қабл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сеюмин вохӯрии минтақавии сатҳи баланд «Муҳоҷират ва сил» баргузор гардид. Дар чорабинӣ масоили ҳалталаби назорати байнимарзии сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтар намудани дастрасии муҳоҷирон ба ташхис дар муддати кӯтоҳ ва муолиҷаи босифат баррасӣ шуд.
Барои иштирок дар вохӯрии сатҳи баланд аз кишварҳои гуногун коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, Эътилофи «Stop TB Partnership», Федератсияи байналхалқии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар, намояндагони мақомоти тандурустӣ, хадамоти муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО ҷамъ омаданд.
Мақсади баргузории Вохӯрии сеюми сатҳи баланд муҳокимаи роҳандозии Накшаи амалиёт, муайян намудани накшаи минбаъда оид ба ворид намудани стратегияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ «Аз байн бурдани сил» мебошад.
Вохурӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии Қазоқистон, Лоиҳаи HOPE, Фонди глобалӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва малярия, USAID дар доираи амалигардонии маҷмӯи нақшаҳо оид ба мубориза бо сил дар ҶҚ дар солҳои 2014-2020 ва барномаи «Чорабиниҳо оид ба назорати байнимарзии сил, шакли мутобиқгаштаи сил ва сил/ВИЧ байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶҚ» гузаронида шуд.
Директори шуъбаи ташкили ёрии тиббии Вазорати тандурустии Қазоқистон Лаура Ахметниязова дар нутқи ифтитоҳии худ дар чорабинӣ иброз дошт, ки маҷмуи нақшаҳо оид ба мубориза бо сил ин ташкили чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани хизматрасонии зиддисилӣ ба муҳоҷирон мебошад. «Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ дар ин масъала яке аз рукнҳои муҳими маҷмӯи нақшаҳо аст ва ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳо ва ҳавасмандии тарафайн ба роҳ монда мешавад. Ба имзо расонидани созишномаҳои дуҷониба барои ҳадафрас будани ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба назорати байнисарҳадӣ, ташхис ва муолиҷаи сил аҳамияти муҳим дорад».
«Сил сарҳад надорад, Муҳоҷирон гурӯҳи осебпазири аҳолӣ мебошанд. Барои ҳалли масъала ҳамкории байни кишварҳо ногузир аст» – иброз дошт Сафири ИМА дар Қазоқистон Ҷорҷ Крол.
Боиси зикр аст, ки солҳои охир баъди ба вуҷуд омадани мушкилот бо масъалаи буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Россия ва зиёд гаштани сафи аз марзи ин кишвар хориҷ (депортатсия) шудагон сафи муҳоҷирони тоҷик дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз лиҳози иқтисодиёт яке аз пешрафтатарин кишварҳои минтақа мебошад, меафзояд. Дар якчанд вилоятҳои пилотии Қазоқистон тӯли се соли охир аз ҷониби вазорати тандурустии ин кишвар, лоиҳаи НОРЕ ва Фонди глобалӣ барномаи назорати байнимарзӣ, ташхис ва муолиҷаи муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ мегардад. Тибқи барномаи мазкур дар Қазоқистон ҳам муҳоҷирони дохилӣ ва ҳам муҳоҷирони хориҷӣ бо ташхису муолиҷаи ройгон фаро гирифта мешаванд.
Роҳбари Маркази миллии илмии фтизиопулмонологии Қазоқистон Малик Аденов иброз дошт, ки Созишномаи дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар сатҳи вазорату мақомоти дахлдори кишвар баррасӣ гардида, тасдиқ ёфтааст ва дар ояндаи наздик бояд ба имзо рассад. Баъди имзои созишномаи мазкур кишвари мизбон дар ҳолати ошкор гардидани бемории сил дар муҳоҷири меҳнатӣ ба ӯ ташхис ва табобати ройгонро таъмин менамояд.
Коршиносони вохӯрӣ оид ба бастани ин гуна созишнома бо кишварҳои дигар, хусусан Россия, ки қисми зиёди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба он ҷо мераванд, гуфтанд, ки масъалаи мазкур дар мадди назар аст. Аммо барои амалигардонии он ҳаматарфа санҷида баромадани паҳлуҳои гуногуни масъала дар сари мизи музокирот зарур аст.
Коршинос аз Намояндагии ТУТ дар Аврупо Андрей Даду натиҷаҳои мубориза бо бемориии силро дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ кард. «Ҳарчанд дар давоми се соли охир дарТоҷикистон шумораи беморони сил ба сари ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ тағйир наёфтааст, аммо нишондиҳандаҳои 10 соли охир аз пастшавии сатҳи беморӣ дар Тоҷикистон далолат медиҳанд», иброз дошт Андрей Даду. Ба иттилои ӯ, сил дар Тоҷикистон дар шумораи бемориҳое, ки боиси марги аҳолӣ мегардад, дар ҷои шашум меистад.
Муовини сардори Маркази миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемори сил дар Ҷумҳурии тоҷикистон Бобоҷон Шарипов, ки иштирокчии чорабинӣ буд, дар мавзӯи таҷрибаи Тоҷикистон дар назорати сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки дар соли 2016 нишондони бемории сил ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 60,2 – ро ташкил медиҳад, ки аз он тақрибан 17%-ро муҳоҷирони ба ватанбаргашта ташкил медиҳанд. Номбурда зикр кард, ки дар Тоҷикистон барои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мақомоти гуногун мисли Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила низ ҷалб шудаанд. Дар шарҳи маърузаи Бобоҷон Шарипов намояндаи Лоиҳаи НОРЕ Александр Трусов иброз дошт, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо мебошад, ки барои мубориза бо сил усули дастаҷамъонаро истифода бурдааст. Инчунин таҷрибаи Тоҷикистон оид ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо бемории сил баҳои мусбатро сазовор гардид.
Дар ҷаласаҳои пленарии вохӯрӣ паҳлуҳои гуногуни мавзӯъ, нақшаи чорабиниҳо барои соли оянда баррасӣ гардиданд. Котиби иҷроияи «Stop TB Partnership» Лучика Дитиу даъват ба миён овард, ки барои аз байн бурдани бемории сил ҳар нафар бояд аз хатари таҳдиди беморӣ ба пайвандону наздикон ва аъзоёни оилааш фикр кунад. «Мақсади мо то соли 2030 аз байн бурдани сил дар ҷаҳон аст. Яъне агар 90 фисади беморон муолиҷа ёбанд, 90 фисади гурӯҳҳои осебпазир барои пешгирӣ фаро гирифта шаванд ва 90 фоизи муолиҷа самарабахш ва бонатиҷа бошад, он гоҳ ба ҳадафи мазкур расидан имконпазир мегардад», – иброз дошт Лучика Дитиу.
Инчунин қайд гардид, ки натиҷаи дилхоҳ дар мубориза бо бемории мазкурро ба воситаи фаъолияти муташаккилона ва якдилонаи сохторҳои гуногун, мақомотҳои тандурустӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва васоити ахбори умум ба даст метавон овард.
«Ба хона солим баргардед!»
Чунин ном дошт намоишгоҳи аккосие, ки дар доираи Сеюмин вохӯрии минтақавии сатҳи баланд «Муҳоҷират ва сил: назорати байнисарҳадии сил ва ёрии зиддисилӣ дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Аккос Динара Ибраимова қатъи назар аз ҷавонии худ маҳорати баланди касбӣ нишон додаст. Аксҳои ӯ тамошобинро водор мекунад, ки дар бораи солимии муҳоҷирони меҳнатӣ фикр кунад ва муҳим будани масъаларо дарк намояд. 17 аксе, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудааст, бо забони ҳол аз рӯзгори муҳоҷирон, шароити кор дар сотхмон, тарзи зист ва шароити зиндагии онҳо қисса мекунад. Дар аксҳои ӯ инчунин кормандони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиро, ки барои фаро гирифтани муҳоҷирон бо пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории сил, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо дар бораи ин беморӣ кумак мекунанд, дидан мумкин аст.
«Аксҳо дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон гирифта шудаанд», – гуфт Динара Ибраимова. «Мо бо муҳоҷироне, ки аз дигар кишварҳо омадаанд, вохӯрдем. Онҳо қиссаи худро дар бораи гирифтор шудан ба беморӣ, мушкилиҳои пешомада ва муолиҷаи худ нақл карданд. Ин хеле муассир буд. Ғайр аз ин мавзӯи мазкур махсусиятҳои худро дорад. Муҳоҷирон на ҳама вақт бо одамони ношинос суҳбат мекунанд, фикр мекунанд, ки мо аз мақомоти тафтишотӣ ҳастем. Ҳатто баъди он, ки худро шинос мекунем, хоҳиш мекунанд, ки рӯяшонро дар акс нишон надиҳем ва бо ниқом пӯшонем».
Боиси зикр аст, ки баргузории намоишгоҳи мазкур бори аввал нест. Мақсади асосии баргузории он ҷалби эътибори ҷомеа ба гурӯҳҳои осебпазири бемории сил ва саломатии онҳо мебошад. Нигористон аз ҷониби лоиҳаи «Чорабиниҳо баҳри назорат ва муолиҷаи байнимарзии сил, шакли мутобиқгаштаи сил ва сил ВИЧ байни муҳоҷирони меҳнатӣ», ки аз тарафи Лоиҳаи ҲОУП ва Фонди Глобалӣ амалӣ мегардад, ташкил шудааст.
«Мақсади барномаи мо бартараф намудани монеаҳое ҳастанд, ки дастрасии муҳоҷиронро ба ташхису муолиҷаи бемории сил маҳдуд мегардонанд. Инчунин ҳадафи мо муҳайё намудани имкониятҳо ба муҳоҷирон дар ин ҷода, бунёди механизмҳои самараноки назорат ва муолиҷаи байнисарҳадии сил мебошад», – қайд намуд намояндаи лоиҳаи ХОУП дар Қазоқистон Бахтиёр Бобомуродов.
Таҳмина Убайдуллоева,
рӯзноманигор