Тӯйи арӯсии ҳар як духтар саҳифаи наве дар зиндагиаш ба ҳисоб меравад. Падару модар барои ба ҳаёти нав гусел кардани фарзандашон кȳшиш мекунанд, ки тамоми шароитро фароҳам оранд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, барои тӯй аз тарафи домод қалин дода мешавад, ки бештар маврид ин як миқдор пулест барои рӯйпӯш кардани хароҷоти тӯй. Аммо далелҳо исботгари онанд, ки тарафи духтар ҳам маблағи начандон каме дар ин тӯй сарф мекунад.

Доир ба ин масъала аз якчанд нафар наварӯсон пурсидем, ки масрафоти тӯяшон чӣ қадар шудаву аз ин миқдор чӣ андозае аз ҷониби домод пардохт шудааст? Ҳарчанд дар аввал ҳама мегӯянд, ки “ҳар кас бояд почаашро ба қадри кӯрпааш дароз кунад”, аммо дар асл баргузории тӯй ба як мусобиқае табдил ёфтааст, ки харҷи он на дар ҳама маврид боиси хушбахтии оилаҳо мешавад.

Рӯйхати лавозимоти арӯсӣ:

– 6 куртаи ҳар кадоме на камтар аз 500 сомонӣ = 3000 сомонӣ;

– дӯхти куртаҳо, ҳар кадоме на камтар аз 100 сомонӣ = 600 сомонӣ;

– 6 пойафзол (барои ҳар фасли сол 2 намуд), ҳар яке на камтар аз 200 сомонӣ = 1200 сомонӣ;

– атру собун ва лавозимоти гигиенӣ = 500 сомонӣ;

– кӯрпаю кӯрпача ва болишт = 5000 сомонӣ;

– 2 сандуқ = 1000 сомонӣ;

– иҷораи куртаи арӯсӣ = 2000 сомонӣ;

– ороиши арӯс (қошу абрӯ, манюкюру педикюр, мӯй) = 800 сомонӣ:

– мебели рахти хоб = 5000 сомонӣ;

– телевизор = 1500 сомонӣ;

– 2 дона қолин = 2000 сомонӣ;

– парда = 1000 сомонӣ;

– ашё барои ошхона (табақу коса, чойнику пиёла ва амсоли ин) = 3000 сомонӣ;

– дугонатӯй, агар дар хона ҷашн гирифта шавад = 5000 сомонӣ, агар дар тарабхона бошад = 15000 сомонӣ.

Тавре пурсиш ва ҳисоботи мо нишон дод, дар маҷмуъ барои арӯсии як духтар аз 30 000 то 45 000 сомонӣ (= 3000 то 4500 $-и амрикоӣ) лозим аст.

Шумо дар тӯйи арӯсиатон чӣ қадар маблағ сарф кардаед? Агар имкон медоштед, оё аз ин ҳам зиёд сарф мекардед? Ё он маблағро ба ягон кори дигар масраф мекардед?

Интизори фикрҳои шумоем.

Нуқра МУНАВАРОВА, “Зира Медиа”, Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь