Тайи чанд рӯзи ахир сокинони шаҳру навоҳии кишвар аз қатъ гардидани қувваи барқ дар минтақаашон шикоят мекунанд. Баъди сарусадоҳои зиёди мардум ШСХК «Барқи Тоҷик» низ билохира ба забон омада, дар саҳифаи фейсбукии худ шарҳ дод, ки хабарҳои дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди қатъи интиқоли барқ ва ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ  ягон асос надоранд.

– Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад, — гуфта мешавад дар шарҳи маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» дар иртибот ба ин мавзуъ.

Ин баёнияи “Барқи тоҷик”-ро журналист Раҷаб Мирзо дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бознашр кард, ки вокунишҳои гуногуни корбарони шабакаро ба вуҷуд овард. Мо чанде аз шарҳҳои корбаронро бо нияти ҳалли саривақтии мушкили пешомада пешкаши хонандагони «Фараж» менамоем.

Мавҷуда Соҳибназарова:

Аҷаб дурӯғи шохдоре. “Штабҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон”, ки моҳе ду бор ва баъзан ҳар ҳафта дар ҳузури сарвазир мегузаронед, барои чӣ ё кӣ ҳастанд? Ё маблағи барои ин кор ҷудо шударо обу лой мекунеду боз бо чанд соат надодани барқ ба аҳолӣ пул кор мекунед? Мардум аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд, вагарна барои бе огоҳӣ қатъ намудани барқ, расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ онҳо бояд ” Барқи тоҷик”-ро ба суд диҳанд.

Сафаралӣ Сатторов:

Аҷаб дунё шудааст, рӯирост дурӯғ мегӯянд. Ягон мушаки баданашон намеҷунбаде…

Баргигул Сафарова:

Корҳои профилактикии “Барқи Тоҷик” аз соати 8 то 17, аз 23 то 5-и субҳ ва муддати давомнокиаш то охири моҳи апрел))) Гӯр  сӯзаду дег ҷӯшад(((

Маҳмудҷони Абдулаҳад:

Нисфи шаб корҳои профилактикӣ?! Ягон баҳонаи дигар мегуфтед, ки халқ бовар мекард.

Фирдавс Абдурраҳмон:

Гапҳои “Барқи Тоҷик” дигар ба филмҳои ҳиндӣ монанд аст..

Оймоҳ Ҳасанова:

“Дилам сӯхт”, наход  бечора кормандони шабакаҳои барқ шабона шохи дарахт зананд. Маҳдудият набошад, барқи аҳолиро қатъ накунед, бародарон. Он чизе ба худатон раво намебинед, ба дигарон ҳам нахоҳед, хоҳиш.

Исматулло Абдуллоев:

Ду суол ба ШСХК “Барқи Тоҷик”:

1) Шабона ҳам дарахт мебуред, ки барқ нест? Ё дар шаб кадом корҳои профилактикиро анҷом медиҳед?

2) То кай профилактика? Ягон санаи муайян дорад? Ин корро шумо “барои омодагӣ ба зимистон” гуфтед. Чаро ҳар сол зимистон мегузарад, вале корҳои профилактикии шумо тамом намешавад? ва як суоли иловагии дигар, дар марказҳои ноҳия ё баъзе корхонаҳои давлативу хусусӣ корҳои профилактикӣ намешавад-чӣ? Онҳо ҳамеша барқ доранд- ку…

Алимурод Шарипов:

Корҳои профилактикӣ бошад, чаро як бор корҳояшонро нишон намедиҳанд, ки халқ бинад, фаҳмад, то ки халқ ҳар гуна гапҳои бад нагӯяд?

Абдуғафор Амонов:

Барои ба эътидол овардани низоми энергетикӣ ва бартараф кардани монеаҳо шабона ҳам кор мекарда бошанд? Дурӯғи маҳз аст.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода:

Ин “узри бадтар аз гуноҳ”-и ширкати “Барқи тоҷик” бори дигар далолат аз он мекунад, ки моро бо ҳамин дурӯғи ба мисли чилдурӯғи Афандӣ бофтаву сохтаашон бовар мекунонанд.

Худатонро шарманда накунед, кӯшиш кунед ҳақиқатро ба мардум фаҳмонед …

Нодир Махмадов:

Дар Рашт 4 рӯз шуд аз соати 23.00 то 5.00 барқро хомӯш мекунанд. Рӯзона бошад, аз 8 то 17.00 хомӯш аст. Рӯз профилактика ҳаст, шаб чӣ? Маҳдудияти барқ ягон ҷои ваҳму воҳима нест, мо одат кардаем, шояд захираи об басандагӣ накунад дар давраи сармо ё дигар мушкилот бошад,  муҳим он ки “Барқи Тоҷик” ба мардум иттилоъи рост ва дурустро пешниҳод намояд, хубтар ва муфидтар аст ва мардум инро мефаҳманд. Соли гузашта иттилоъи дуруст дода буд, ягон вокуниш нашуд, мардум дуруст қабул карданд.

Umed Nazarov:

Каме шарм кунед, чанд рӯз аст, ки дар вилояти Хатлон, бахусус дар н. Кӯшониён реҷаи муайяни барқ медиҳанд. Банда чанд маротиба ба рақами шабакаи барқи ноҳияи Кӯшониён занг задам, гӯширо ҷавоб намедиҳанд. Дурӯғ ба ҳадде гуфтаанд…

Mirsaid Sattoriyon:

Ҳам қатъ нашудаасту ҳам катъ мешавад. Зидду нақиз.

Шариф Файзов:

Ҳамон баҳонаи “Оби Нораку Вахш кам шудааст”, аз ин дарахтбуриҳои нимашабӣ беҳтар буд, ки мардуми омӣ шояд бовар мекарданд. Вале дар ними шаб гузаронидани корҳои профилактикӣ ба ақли солим рост намеояд.

“Ключевые слова”-ро иваз кунед!!!

Kadridin Mahmadkulov:

Шабона дарахтҳоро мебуранд, то ки соҳиби дарахт хабар наёбад, дар акси ҳол соҳибмулк иҷозат намедиҳад))

Миршариф Мачидӣ:

Муҳтарам масъулини “Барки Тоҷик”, Шумо география хондаед? О, қариб 20 ноҳияи ҷумҳуриба лимити барқ ҷорист, 10 рӯз мешавад. Аз дурӯғгӯӣ монда нашудед? Ё назорат намбаред ва ё огоҳ нестед???

Таҳияи Муҳаммадназар НАҶБУДИНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь