Мавзуъи мушкилиҳои нақлиёти мусофиркашонии пойтахт аллакай кӯҳна шудааст. Дар ин бора он қадар гуфтанду навиштанд, ки гӯши фалак ҳам кар шуд, аммо то ба ҳол аҳвол тағйир наёфтааст. Проблемаҳои автобусу микроавтобус ва троллейбусҳои мусофирбари мо 15-20 сол ва ҳатто бештар аз ин мешавад, ки мавҷуданд, вале бо сабаби хунукназарии масъулин пеши роҳи онҳо гирифта намешавад.
Ростӣ, намехостам дар ин бора нависам, аммо рӯз ба рӯз ба ҷойи кам шудани мушкилот баръакс, дар хатсайрҳои мусофирбари шаҳри Душанбе проблемаҳои нав ба вуҷуд меоянд. Баъди он ки моҳи ноябри соли гузашта нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии пойтахти кишвар боло бурда шуд, гумон кардем, ки қисме аз камбудиҳои вуҷуддошта бартараф мегарданд, вале болоравии нарх низ худ як мушкилӣ шуду сафи мушкилиҳоро боз ҳам афзуд.
Имрӯз мо аз ҷуволи коҳ барин мусофир гирифтани ронандаҳо намегӯем. Аз сарусадои кондукторҳо дар истгоҳҳову маҳаллли исти мошинҳо ва қад-қади роҳҳо низ гуфтанӣ нестем. Чунки дигар ба пулчинакҳо одат шудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо садои баланд мардумро фарёд кунанд, то ба нақлиёти онҳо нишинанд. Дар ҳоле ки инсони оқил худаш медонад, ки бо кадом маршрут ба куҷо равад ва ё надонад ҳам, суроғ карда меёбад. Ниёзе ба сарусадои гӯшхарошу нороҳаткунандаи кондукторҳо нест. Инчунин, ин бор мо аз гонкаи микроавтобусу автобусҳо ва ҳатто, троллейбусҳо, ки ҳамеша ба назар мерасанд, нахоҳем гуфт. Ин дафъа мо аз дамгир шудани мардум дар нақлиётҳои пуродам ва ба ҳолати ногувор мондани онҳо, бахусус дар вазъияти нохуб қарор гирифтани занону духтарон гуфтанӣ нестем. Ин маротиба аз рафтори дағалонаи ронандаҳову чиптачинон бо мардум ҳам ҳарф намезанем. Мо дигар намехоҳем аз он гӯем, ки чаро автобусу троллейбусҳо, ки танҳо бояд дар истгоҳҳо ист карда, мусофир гиранд, вале ронандаҳои онҳо сари ҳар панҷ қадам нақлиётро боздошта ва одам савор мекунанд. Ҳамчунин, ин маротиба мо аз мушкилиҳои кортҳои хизматрасонӣ дар автобусу троллейбусҳо нахоҳем гуфт. Ҳамаи ин масъалаҳои мураккабу пурпечутобе ҳастанд, ки даҳҳову садҳо бор дар бораашон навиштанду гуфтанд, вале ниҳодҳои дахлдор ва масъулин то ҳол натавонистаанд, ки пеши роҳи ин ҳамаро гиранд, балки ҳамеша баҳонаҳои худро оварда, аз худ мусичаи бегуноҳ ҳам метарошанд.
Ин дафъа мо мехоҳем ду мушкили дигарро, ки бештар аз пештар дар авҷанд, ба масъулин гӯшзаду хотиррасон намоем, то аққалан ҳамин мушкилотро рафъ намоянд.
Масъалаи якум ин вақти дар роҳ вайрон шудани як нақлиёт, нақлиёти дигари ҳамон хатсайр бояд кӯмак расонад ва аммо чӣ кӯмакҳо ва ё бо кадом роҳу воситаҳо ин барои мо мусофирон номушаххас боқӣ мемонад, вале дар ҳамин ҳолатҳо ба назар мерасад, ки ҳатто худи ронандаҳои нақлиёти мусофирбар намедонанд чӣ кор кунанд ва чӣ гуна байни ҳам забон ёбанд. Мисоли рӯшани ин вазъиятро аз воқеаи чанд рӯз пеш бо мо рухдода бароятон бозгӯ мекунам.
Ҳафтаи гузашта чун ҳарвақта баъди ба итмом расидани дарс ба як маршрути хатсайри 8 нишаста, сӯйи хона дар ҳаракат шудем. Дар мобайни роҳ маршруте, ки мо бо он равон будем, вайрон шуд. Он пур аз одам буд: ҳам нишаста ва ҳам рост истода. Аз сабаби вайрон шудани нақлиёт ҳамаи мусофирон аз он фаромаданд.
Чун ҳамаи одамон аз дохили нақлиёт берун баромаданд, ҷамъи онҳоро дида, ба ҳайрат омадам. Наход ҳамин қадар одам аз ҳамин маршрут берун баромада бошанд. Вақти шом буд ва маршрутҳо камчин. Он маршрутҳое ҳам, ки меомаданд, пур аз одам буданд. Як бор як маршрути хатсайри 8 манъ кард, ки дар он танҳо 4 нафар ғунҷиду тамом. Дигар чанд маршруте, ки мегузашт, ҷойи холӣ надоштанд. Билохира як микроавтобуси холитар омад ва мо онро боздоштем. Агарчи ҷойи нишастан ҳам надошт, лекин барои росто рафтан ҷой буд.
Кондуктор аз ҳама хоҳиш намуд, то ба ҳамин нақлиёт савор шаванд. Ҳама саросема дохили нақлиёт шуданд, дар ин миён одамони солхӯрда ва занҳои дар даст кӯдаки майдадошта ҳам буданд. Боз чор-панҷ нафари дигар ҷойи ғунҷоиш наёфтанд. Ронандаи маршрут бошад, як дам ҳам сабр накарда, аз кондуктори нақлиёте, ки қаблан мо дар он нишаста будем ва дар ними роҳ вайрон шуд, роҳкирои моро талаб кард. Кондуктор ба гапи ронандаи нақлиёт розӣ нашуд ва эътироз кард, ки мо ба чунин ҳолат чанд бор дучор шудани дигаронро дидаем.
Ронанда дид, ки намешавад ҷониби мусофирон рӯй оварда, бо садои баланд мегуфт: “ҳар кӣ роҳкироро намедиҳад, аз мошин ӯро мефарорем”. Пулчинаки нақлиёти пешинаи мо маҷбур 15 сомонӣ ба ронанда дод, аммо ӯ эътироз кард, ки “ин маблағ кам аст. Дар ин ҷо одамон зиёданд”.
Ронандаи маршруте, ки бо сабаби вайрон шудани нақлиёташ мусофирон дар ними роҳ монда буданд, хост корро бо маслиҳат ҳал кунад, аммо ӯ низ натавонист бо ин ранандаи асабӣ забон як кунад. Ронандаи нақлиёти нав суханҳои ронандаи қаблии моро ҳатто дуруст гӯш ҳам накард.
Ахиран, ронандаҳо забон наёфтанд. Танҳо ба хотири 4 зани кӯдакдор кондуктори мошине, ки мо аз он фаромада будем, 10 сомонӣ ба кондуктори нақлиёти нав доду дигаронро аз дохили нақлиёт берун кард. Ман ва ду духтари дигар ҳаққи роҳкирои худро пешниҳод кардему дар нақлиёт боқӣ мондем. Хайр, маршрут ҳаракат кард ва ронандаи маршрути дигар, ки мо аз он фаромадем, бо нақлиети вайрони худ дар роҳ монд.
Ин танҳо як мисол буд ва бо чунин ҳолатҳо ҳар рӯз метавон вохӯрд. Модоме ки дар чунин вазъият ронандаҳо кӯмакрасони ҳам нестанд, пас маълум мешавад, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор дар ин масъалаҳо машварате сурат намегирад ва агар сурат гирад ҳам, ҷиддӣ бо онҳо бархӯрд намешавад. Гарчанде Муассисаи давлатии комуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ иддао пеш меорад, ки “бо мақсади баланд бардоштани этикаи касбии ронандагон аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута дар корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии пойтахт, пайваста вохуриҳо доир карда мешавад”, аммо масъалае, ки мо зикр кардем, то ҳол мавҷуд аст ва ронандаҳо худ роҳи ҳалле барои он намедонанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки муассисаи мазкур ҳам ин масъаларо ҷиддӣ нагирифтааст. Ба масъулини МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфтанием, дар ҳамон вохӯриҳо, ки доир менамоед, намешавад, ба ронандагон фаҳмонед, вақти вайрон шудани нақлиёти як нафарашон ва ё ҳодисае дигар рух додан ронандаи дигар ба ӯ чӣ гуна кӯмак расонад. Суханро дароз намекунем, танҳо гуфтан мехоҳем, нисбати чунин ҳолатҳо пешакӣ чора андешед ва ронандаҳоро ҳам огоҳ кунед.
Масъалаи дигаре, ки мо баён карданием, суст ҳаракат кардани нақлиётҳои мусофиркашонӣ мебошад. Дар ин бора МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар саҳифаи “Фуйсбук”-и худ мегуяд, “барои фаъолияти ҳар як ронанда дар хатҳои сайр тибқи талаботҳои ҷойдошта, ҷадвали ҳаракат тартиб дода шудааст ва он зери назорати ҳамешагии кормандон қарор дорад”. Амммо суол ин ҷост, ки чаро ронандаҳои тибқи ҷадвалҳои муайян намудаи ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби муассисаи мазкур муайян шудааст, ҳаракат намекунанд?! Дар ҳолати суст ҳаракат кардани нақлиёти мусофирбар доим шоҳиди танишҳои лафзии мусофирону ронандагон мешаваем ва ҳатто дар баъзе ҳолат он то ба ҷанги тан ба тан ҳам омада мерасад.
Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки аксари мусофирон аз будани ҷадвали ҳаракат дар роҳ бехабаранд, чунки дар ин бора дар салони нақлиётҳо на ягон барчасп ва на ягон навиштае ҳаст, ки реҷаи ҳаракати ронандагонро тасдиқ кунад. Агар аз ҷониби масъулин, дар салони нақлиётҳои хатсайрҳои мусофиркашонӣ реҷаи ҳаракати нақлиётҳо дар коғазе навишта ва часпонида мешуд, то мардум ҳам аз он огоҳ мебуданд, вазъи хизматрасонии хатсайрҳои мусофирбариро то ҷое ҳам беҳтар мекард.
Ин буд он ҳама масъалаҳое, ки мо ба миён гузоштанӣ будем. Акнун умедвор мешаваем, ки масъулин ва сохторҳои марбута хунукназарӣ накарда, даст ба кор мешаванд ва роҳи ҳалли мушкилиҳои баённамударо меёбанд. Ба умеди рафъи мушкилиҳо ва пешрафти кишвар.
Дилноза ҲИКМАТУЛЛОЕВА