Эҳсоси ифтихор аз як ҳамватан

Бандаи камтарин баъди ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои террористии сентябри соли 2001 дар Амрико ва шуруи муборизаи эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ алайҳи даҳшатафканон дар Афғонистон асосан ба хотири инъикоси ин мавзуъ соле ду-се маротиба ҳамчун журналист ба ин кишвари ҳамсоя сафар мекардам. Баъдан аз миёнаҳои соли 2004 то соли 2006 ба ҳайси хабарнигори бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар Кобул фаъолият намудам. Тӯли ин муддат бо бархе аз ашхосу афроди шинохтаву маъруфи Афғонистон суҳбату мулоқотҳои сершуморе доштам. Қариб аксарияти мусоҳибони банда, махсусан онҳое, ки калонсол буданд, вақте мефаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонам, аз ман суол мекарданд, ки «Оё Савлатшоҳ Мергануфро мешиносед? Зиндагониаш чӣ тур аст? Ҳоло чӣ кор мекунад?». Росташро бигӯям, ман он вақт бо устоди шодравон Савлатшоҳ Мерганов аз наздик шинос набудам. Дар борааш чандон маълумоти кофӣ ҳам надоштам. Вале ному насабашро ҳамчун мутахассиси хуби соҳаи шарқшиносӣ, ки мавзуи Афғонистонро пайгирӣ менамуд, дар расонаҳо мехондам ва аз мутахассисони ин соҳа тавсифашро бисёр мешунидам. Ҳамсуҳбатҳои ман дар Афғонистон чун мефаҳмиданд, ки камина устод Савлатшоҳ Мергановро ҳанӯз аз наздик нашинохтаам, ба таърифу тавсифи ӯ мепардохтанд. Мегуфтанд, ки «ӯ пеш аз ҳама як инсони хуб буд. Мардуми Афғонистон ва адабиёту фарҳанги онро хеле зиёд дӯст медошт. Донандаи хуби забонҳои дарӣ, пашту, русӣ ва тарҷумони бесобиқа буд. Замоне дар Афғонистон ӯро аз шоҳ то гадо ҳама мешинохтанд. Барои мустаҳкам шудани равобити дӯстии байни Афғонистону Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон хидматҳои арзандае кардааст». Хулоса, аз ин суханҳо дар ман эҳсоси ифтихор аз як ҳамватан, ки бо як муҳаббати самимӣ зикри корҳои хайри ӯро дур аз ватанаш дигарон мекарданд, бедор мешуд…

Шонздаҳ соли умр сарфи чӣ шуд?
Бо марҳум Савлатшоҳ Мерганов камина 10 сол муқаддам дар яке аз ҷаласаҳои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳарду он вақт аъзои ин созмон будем, шинос шудем. Дар суҳбати нахустинам бо ӯ дарк кардам, ки устод Савлатшоҳ на танҳо вазъи кунунии Афғонистонро хеле хуб медонанд, балки таъриху адабиёт ва фарҳанги онро хубтар аз муҳаққиқон, таҳлилгарони дигари тоҷик арзёбӣ мекунанд. Дар ин ҳеҷ ҷои муболиға нест. Баъди шиносоӣ бо зиндагиномаи ӯ эҳсоси тааҷҷубу ҳайрат аз ин донишу ҷаҳонбинии васеи устод дигар дар ман намонд. Охир, устод Савлатшоҳ Мерганов аз ҳама муҳаққиқони дигар, донишмандони дигар дар Афғонистон тӯлонитар, дарозмуддаттар кору фаъолият кардаанд. Шонздаҳ соли умри бобаракати ин инсони шариф дар ин кишвари пурошӯб сипарӣ шудааст. Бори аввал дар замони шоҳӣ – дар давраи сари қудрат будани Муҳаммад Зоҳиршоҳ, солҳои 1967-1972 ба ҳайси сартарҷумони гуруҳи мушовирони шӯравӣ дар назди Вазорати банақшагирии Афғонистон фаъолият кардааст. Баъдан аз соли 1974 то соли 1979 дар мусташорияти иқтисодии Сафорати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ дар Кобул ҳамчун узви шуъбаи иқтисодӣ ва сартарҷумон заҳмат кашидааст. Дафъаи саввум ба Афғонистон соли 1988 меравад ва то соли 1994 дар он ҷо ба сифати мушовири ҳукумати Афғонистон оид ба ҳамкориҳои мустақим байни Афғонистон ва Иттиҳоди шӯравӣ ва баъди фурӯпошии СССР байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва Афғонистон ва инчунин мушовири раҳбари Академияи улуми Афғонистон кор кардааст. Ин шаш сол як давраи хеле пурошӯби Афғонистон буд. Барои намояндагони шӯравӣ, ки он солҳо дар Афғонистон кор мекарданд, ин давра низ давраи хеле душвор буд. Артиши советӣ соли 1989 бояд тибқи шартнома аз Афғонистон беталафот ихроҷ мешуд. Ҳукумати Наҷибуллоҳ, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз он ҳимоят мекард, таҳти фишори нируҳои муҷоҳиддин қарор дошт. Хатари суқути эҳтимолии ин ҳукумат низ вуҷуд дошт. Хулоса, бо нируҳои муҷоҳиддин низ бояд дар тамос мешуданд ва корҳоеро анҷом медоданд, ки зиёну зарари фаъолияти онҳо ба давлати шӯравӣ ва баъди фурӯпошии он ба Русия ва дигар кишварҳои ИДМ, минҷумла Тоҷикистони азизи мо нарасад ва ё камтар бирасад. Дар ин кор Савлатшоҳ Мерганов ҳамеша дар сафи пешоҳангон буд. Зеро ӯ мутахассисе буд, ки ҳарду забони давлатии Афғонистонро хуб медонист. Чунин тарҷумонҳо дар Афғонистон ангуштшумор буданд. Ин гуна мутахассисон бештар аз дигарон шиносу дӯсту рафиқ ва мусаллам аст, ки бештар аз дигарон иттилооту маълумоти муфид медоштанд. Барои ҳамин забондониву инсони хуб буданашон ӯро на танҳо рафиқон дӯст медоштанд, балки душманони ҳукумати вақти Афғонистон ҳам Савлатшоҳ Мергановро мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд.

Қиссаи мулоқоти нахустин
Хулоса, ман бо чунин шахсияти нодир аз наздик шинос шудам ва минбаъд талош кардам, ки аз ин шиносоӣ ҳарчи бештар ба манфиати хонандаи хеш истифода намоям. Борҳо бо ӯ суҳбатҳои хеле тӯлониву ҷолиб доштам ва аксари онҳо дар матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронӣ ба нашр расиданд. Дар ёдам ҳаст, ки дар суҳбати нахустинамон банда ба он кас гуфтам, ки ҳар мавзуеро, ки дилашон мехоҳад, матраҳ кунанд. Мо дар ҳамон мавзуъ суҳбат хоҳем кард. Ва эшон гуфтанд, ки «ман дар хона рубоби садафкоришудаи шоҳи вақти Афғонистон Абдураҳмонхонро дорам. Мехоҳам қиссаи ба дасти ман чӣ гуна расидани ин рубоби таърихиро нақл кунам». Ва шуруъ карданд ба ҳикоя кардани қиссаи рубоби Абдураҳмонхон. Ин қиссаи танҳо рубоби Абдураҳмонхон набуд. Қиссаи пурфоҷиае буд аз рӯзгори набераи ӯ Сардор Муҳаммад Раҳимхон, шоири шинохтаи Афғонистон, ки бо тахаллуси «Шеван» ашъоре гуфтааст, инсоне, ки аз дасти шоҳони вақти Афғонистон зану фарзандашро дар ватан гузошта, ба шӯравӣ фирор мекунад. Дар Тошканд ба русдухтаре издивоҷ менамояд. Аз ӯ соҳиби духтаре мешавад. Вале гуреза буданаш ба мақомоти дахлдор маълум мегардад ва ӯро ҳабс карда, ба Сибир бадарға менамоянд. Дар табъид ба духтари гурҷие ошиқ мешавад ва саранҷом издивоҷ мекунанд. Духтари гурҷӣ баъди озод шудан аз табъид талош меварзад, ки Сардор Муҳаммад Раҳимхонро низ аз он ҷо озод кунад. Бо кӯмаки ин духтари гурҷӣ ӯ аз табъид озод мешавад ва барои кору зиндагӣ ба назди завҷааш ба Маскав меояд. Бо кӯмаки аллома Бобоҷон Ғафуров Сардор Муҳаммад Раҳимхон дар Маскав дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷои кор ва хонаву дар мегардад. Ҳатто ашёи хонаашро бо ҳамон рубоби бобоияш бо хоҳиши Бобоҷон Ғафуров кормандони сафорати шӯравӣ аз Кобул барояш меоранд. Дар ҳамин Маскав Савлатшоҳ Мерганов бо Сардор Муҳаммад Раҳимхон риштаи дӯстӣ мебанданд.
То дар қайди ҳаёт будани Сардор Муҳаммад Раҳимхон ҳар боре, ки Савлатшоҳ Мерганов ба Афғонистон сафар мекард, пайғоми ӯро ба духтараш Парвина, ки акнун овозхони маъруфи Афғонистон шуда буд, мебурд ва ҷавобан пайғоми ӯро ба падараш меовард. Он рубоби таърихиро маҳз дар ҳамин давраҳо Сардор Муҳаммад Раҳимхон ба Савлатшоҳ Мерганов ҳадя менамояд.
Воқеан, Парвин борҳо ба Маскав барои дидани падараш омада буд.
Сардор Муҳаммад Раҳимхон соли 1986 дар синни 91-солагӣ дар Маскав вафот мекунад. Ҷасади ӯро завҷаи гурҷиаш Александра ба зодгоҳи худ Тифлис мебарад ва дар он ҷо ба хок месупорад. Тибқи васияташ, писараш Аминҷон Александраро низ дар паҳлуи шавҳараш гӯр мекунанд. Ин қисса аввал дар ҳафтаномаи «Фараж» ва баъдан дар дигар расонаҳо ва ҳатто дар як китоби дастҷамъӣ дар бораи Афғонистон бознашр гардид.

Донишномаи зиндаи рӯзгори Афғонистон
Савлатшоҳ Мерганов аз матбуоти даврӣ хеле хуб бохабар буд. Зеро ӯ баъди анҷоми рисолати хеш дар Афғонистон аз соли 1995 то соли 2004 қариб даҳ сол ба ҳайси таҳиягари барномаҳои адабии радиои «Садои Россия» ба забонҳои дарӣ ва пашту фаъолият кардааст. Яъне аз кори рӯзноманигорӣ огоҳии комиле дошт. Аз ин рӯ, бо у суҳбат оростан чандон кори душворе набуд. Ба назари банда, мусоҳибаҳое, ки бо устод Савлатшоҳ Мерганов дар бораи чанд рухдоди муҳими таърихии Афғонистон, аз ҷумла табаддулоти давлатии Муҳаммад Довуд, инқилоби саври соли 1978, сабабҳои ба Афғонистон ворид шудани Артиши шӯравӣ, аз байн бурдани ҳукумати Ҳафизуллоҳ Амин баргузор намудам ва ба нашр расондам, барои хонандагон хеле муфид буданд. Дар ҳамаи ин мусоҳибаҳо нуктаҳои ҷолибе вуҷуд доштанд, ки қабл аз ин дар матбуоти мо ё бори аввал инъикос мешуданд ва ё дар бораи онҳо аз ин пеш дигарон камтар гуфта буданд.
Савлатшоҳ Мерганов на танҳо тарҷумони бесобиқа буданду масоили сиёсиву иқтисодии Афғонистонро хуб медонистанд, балки донандаи хуби адабиёту фарҳангу мусиқии ин кишвар ба ҳисоб мерафтанд. Бо як ибора агар васфашро бикунем, пас ӯро дар замони дар қайди ҳаёт буданашон метавонистем «Донишномаи зиндаи рӯзгори Афғонистон» ном бибарем. Зеро дар ҳар мавзуе, ки бо ӯ суҳбат барпо мешуд, ҳатман қиссаеро, хотираи ҷолиберо нақл мекарданд. Махсусан ёддоштҳои ӯ дар бораи шуарои машҳури Афғонистон шодравонҳо устод Халилуллоҳи Халилӣ, Зиё Қоризода, Сулаймон Лоиқ, дар бораи овозхонҳои маъруфи ин кишвар устод Сароҳанг, Ҳафизуллоҳ Хаёл, Абдуҷалил Залонд, Абдураҳим Сорбон, хонум Парвин, устод Маҳваш, Аҳмад Зоҳир ва мутриби хеле машҳур – «султони рубоб» Муҳаммад Умар хеле арзишманд буданд. Хотираҳои ӯро дар бораи Муҳаммад Умар, ки дар суҳбат бо бандаи камтарин иброз доштааст, мисол меорам. «Боре яке аз дӯстони ӯзбактабори афғонам маро барои истироҳат ба Пағмон даъват намуд. Гуфт, ки имрӯз дар маҳфили мо танҳо овози рубоб садо хоҳад дод. Ва он ҳам дар иҷрои мутриби машҳури кишварамон «султони рубоб» Муҳаммад Умар… Баъди хӯрдани хӯроки чошт устод рубобашро гирифт ва ба навохтан шуруъ кард. Дар муддати шаш соате, ки ӯ рубоб менавохт, боре ҳам оҳангеро такроран иҷро накард. Ӯ чунон моҳирона рубоб мезад, гумон мекардӣ, ки як оркестар ҳамроҳи ӯ буд. Гӯё дастаи даҳ – понздаҳнафарае оҳанг менавохт. Мо ҳама масту шайдои навозиши ӯ шуда будем. Вақте ӯ рубоб менавохт, сарашро меҷунбонд, чашмонашро гоҳе нипӯш мекарду баъдан боз менамуд, абрӯвонаш болову поин мешуданд ва ҳамаи ин амалҳо гӯё бозгӯи маънии мусиқӣ буданд. Вақте ки навохтани як оҳангро ӯ тамом мекард, дар инсон ҳиссиёте ба вуҷуд меомад, ки маъмулан дар ашхоси сернашуда аз хӯроки лазизе пайдо мешавад, хӯрокашон тамом шудааст. Муҳаммад Умар дар ҳамин муддати шаш соат ҳамагӣ як маротиба барои чанд лаҳза моро тарк гуфт».

Дар хулоса
Устод Савлатшоҳ Мерганов муаллиф як силсила китобҳое ҳастанд, ки ҳамагӣ бо Афғонистон рабт доранд. Боиси ифтихори ман аст, ки устод Савлатшоҳ Мерганов аз ин силсила се китоби таҳиянамудаи хеш, китобҳои «Таърихи ҳузнулмилали Бухоро»-и Сайид Амир Олимхон, вопасин амири Бухоро, (Душанбе, 2006), «Маҷмуаи адабиёти Дарвоз»-и Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ (Душанбе, 2008), «Ояндаи ҷаҳонем» (маҷмуаи шеърҳо)-и Дастгири Панҷшерӣ (2011)-ро бо соядаст ба ин бандаи камтарин тақдим намудаанд. Бояд гуфт, ки сарсуханҳои ба ин китобҳо навиштаи устод Савлатшоҳ Мерганов арзиши ин китобҳоро афзун кардаанд.
Дар бораи устод Савлатшоҳ Мерганов ҳарчи қадаре, ки нависем, ба назари ин банда, боз ҳам кам аст. Кору фаъолияти анҷомдодаи устод имрӯз ҳам сазовори таваҷҷуҳи бештаре мебошад. Зеро таҷрибаи кориеро, ки ӯ дар соҳаи дипломатия, тадқиқоти мавзуҳои илмиву фарҳангӣ, дар радиожурналистика ғун карда буданд, ҳатто баъзе аз мутахассисини варзидаи ин соҳаҳо камтар доштанд. Мутаассифона, мо аз ин таҷрибаи бой ба таври бояду шояд истифода накардем.
Савлатшоҳ Мерганов барин шахсиятҳои донишманду пуртаҷриба худ як мактабанд, як донишгоҳанд, ки дар сурати муҳайё кардани шароити дуруст барояшон садҳо нафар метавонанд дар зиндагӣ аз файзу баракати донишу таҷрибаи онҳо комёб шаванд.
Руҳи устоди бузургвор Савлатшоҳ Мерганов шоду хонаи охираташ обод бод!

Султони ҲАМАД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь