Ҳар субҳ, Абдуғаффор Шодиев, ки бедор мешуд, аввал тирезаи ҳуҷраро кушода, аз ҳавои саҳарӣ як нафаси чуқур мекашиду зуд ба ҷудо кардани садои парандаҳои хушовоз мепардохт. Парандаҳое, ки аз ин шохчаи дарахт ба он шохчаи дарахт мепариданду нағмасароӣ мекарданд. Аз боғ дуртар чинорҳо мисли қатора менамуданд. Чаро ин субҳ дарахтон аз назар дур шуданду садои парандаҳо дертар ба гӯш расиданд ва танҳо хишир–хишири ҷорӯби фаррош ба гӯш мерасид, ки хазонҳоро мерӯфт? Худ ба худ гуфт, ки “дар тирамоҳ шабҳо дароз мешаванду рӯзҳо кӯтоҳ. Бале, баъд аз чанд дақиқа субҳе, ки ман мутазираш ҳастам, медамад”.
То субҳ дамидан ӯ зуд рафта чароғи хонаро гирён карду китоберо, ки дирӯз аз китобхонаи бачагона гирифта буд, барои хонданаш омодагӣ дид. Аз сабабе, ки бачаҳо хоб буданд, китобро паст-паст мехонд. Аммо чашму абрӯвонаш мисли лабонаш меҷунбиданд. То он вақте ки Шодмон, Файзуллохон, Маҳкам ва Амонҷон хоб буданд, ҳуҷра ором буд ва дар баробари бедор шудани онҳо ҳуҷраашон ба хонаи занбӯрон мубаддал гашт. Ба гӯши ӯ чунин овозҳо медаромаданд: “Зуд бош, ман ҳам бояд либосамро дарзмол кунам, биё аввал чой монем, баъд ту барои сар шустан об мемонӣ, зуд-зуд либосҳоятро пӯш, ки имрӯз дарси Наврӯзовро дорем. Эҳ, ман гарданбандамро намеёбам…”. Бачаҳои дигар ҳам китоб мехонанд, аммо на мисли Абдуғаффор. Ҳамаи онҳо ҳамкурсанд. Инак, онҳо се сол мешавад, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар сари як миз хӯрок мехӯранд.
Вақте ки баҳс дар бораи “кӣ зиёдтар китоб хондааст?” сар шавад, ягон нафар намегӯяд, ки ман аз Абдуғаффор Шодиев зиёд китоб хондаам, чунки бо чашмони худ мебинанд, ки Абдуғаффор бисёртар вақти худро сарфи китобхонӣ мекунад. Дар байни бачаҳо чунин гап ҳам ҳаст, ки ҳар касе Абдуғаффорро пурсад, бе ягон дудилагӣ ҷавоб медиҳанд, ки ӯ дар китобхонаи хобгоҳ аст. Ҳамчунин, ҳар шаб ӯ соатҳо вақти худро ба мутолиа мегузаронад. Ман ҳам ният кардам, ки ин бегоҳ рафта китоб варақгардон кунам . Омада дар паҳлуи Абдуғаффор нишастам. Ӯ китобро мехонд ва ба дафтараш аз ҳар боби он порчаҳои аҷоибу ғароибашро мекӯчонд. Ба дафтараш дида дӯхтам. 58-умин китоби хонда истодаашро қайд карда истодааст. Номи китоб “Як гулу сад харидор”-и нависандаи ҳинд Кришан Чандар буд. Ӯ ҳар вақте ки китоби нав биёрад, ҳатман дар дафтари худ ном ва номи муаллиф, аз чанд саҳифа иборат будани китоб, қаҳрамонҳои асар ва воқеаҳои муҳимашро ба дафтараш навишта мегирад. Дар китобхона дигар донишҷӯён омада мерафтанду ӯ ҳанӯз сарашро аз китоб боло намекард.
Баъзан вақт садои телефонҳо баланд мешаванд, аммо ӯ баробари ворид шудан телефонашро хомӯш мекунад. Баъд аз 30 дақиқа барои он ки хобаш набарад, як бор назди тиреза рафта, нафаси тоза мегирад ва ба боғе, ки аз хобгоҳ метобад ё ин ки фурӯзонакҳое, ки аз дур мисли ситора метобанд, назари амиқ мекунад. Баъд аз чанд дақиқа оҳиста-оҳиста бармегардад. Пойҳояшро хеле нозукона дар замин мемонад, то садояш дигаронро безобита накунад.
Абдуғаффор ният дорад, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” иштирок кунад. Дар ин кор ба ӯ барор мехоҳем.
Аминҷон РАҲМАТЗОДА