Ҳуввияти фардӣ ин раванди иҷтимоиест, ки фард  бо фарогирии донишҳо, арзишҳо ва маънавиёти ҷомеаи муайян аз кӣ будани худ огоҳ мешавад. Худро мешиносад ва аз неруҳои инсонияш огоҳ гардида, ононро дар ташаккул додани шахсияти худ истифода менамояд. Тафаккури таҳлиливу интиқодӣ дар он ташаккул меёбад.

 Ҷаҳонро дарк менамояд ва дар ӯ тасаввуроти илмии ҷаҳон ба вуҷуд омада равандҳо ва руйдодҳоро аз лиҳози сабабият ва қонунмандӣ дарк намуда бо онҳо баҳогузорӣ мекунад. Инсон то ба ҳуввияти фардӣ нарасад он ба ҳайси шахсияти комили тавъсиргузори иҷтимоӣ баромад карда наметавонад. Зеро яке аз вижагиҳои шахсият ин соҳибназарӣ ва озодии фард аст, ки вазъиятҳо ва воқеаҳоро озодона таҳлил мекунад ва дар нисбати онҳо назару хулосви фардии хешро иброз медорад. Ҳуввияти фардӣ бо ҳуввияти милливу иҷтимоӣ дар робитаи мутақобила қарор дошта, ҳар қадар дар ҷомеа сафи инсонҳои огоҳи дорои ҳуввияти фардӣ зиёд шаванд ҳамон қадар пайкараи иҷтимоӣ қавӣ гардида, миллат ва ҷомеа пешрафт мекунад. Ҳуввияти фардӣ таъминкунадаи озодӣ ва истиқлоли фард ва дарки миллияту давлатмеҳварӣ аст. Ба ибораи дигар, танҳо инсонҳои дорои ҳуввияти фардӣ эҳсос мекунанд, озодӣ чи аст ва ба он арзиш қоил мешаванд.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси гаравидан ба тафсири хурофот мешавад, ин набуди  ҳувийяти фардӣ ва тафаккури таҳлилӣ аст. Одатан  боварҳо ва  ҳақиқатҳои боваргуна, ки ба тарзи дастаҷамъона аз ҷониби гуруҳҳои манфиатбардор таблиғ мешаванд, боиси он мегардад, ки афрод андешаи худиро аз даст дода, он чи ба тарзи дастаҷамъона ҳамчун ҳақиқат нишон дода шудааст, қабул мегардад. Яъне дар тули таърих идеологияҳои динию мазҳабӣ сайъ намудаанд, то афродро аз ҳувийят ва муҳтавои “ман”и фардӣ холӣ намоянд. Онҳо кушиш ба харҷ додаанд, то “мо”и мазҳабиро (яъне ҳувияти диниро) бар ҳувияти фардӣ тарҷеҳ диҳанд. Вақте як фард аз ҳувийяти фардии худ берун меравад, он дигар озодӣ ва андешаву таҳлили худиро аз даст медиҳад. Фарде аз ҳувият ва озодии фард холӣ шуд ӯ бардавор мунтазири дастури дигарон қарор мегирад. Агар дастур аз арбоб содир шуд, фард худро масъули иҷрои он медонад. Фарди вобастаро арбоб аз ҳувияти фардӣ ё худии “ман” буданаш холӣ мекунад ва ба он андешаву боварҳо ва шинохтро таҳмил менамояд. Арбоб он даста инсонҳое, ки “мо будан”ро қабул ва бовар намекунанд, чунин меҳисобад, ки аз мо нестанд ва идеологияи мазҳабии худро чунон таблиғ мекунанд, ки дигарҳо бипазиранд, ки ин “мо” ҳувиятӣ аст  ва шакли муттаҳид дошта, ҳузури ҳақиқии илоҳӣ дорад. Гуруҳи иҷтимоие, ки андешаи фардӣ дорад ва назару таҳлили худро дар бораи падидаҳову ашёҳо ба миён мегузорад ё ба таври дигар  мехоҳад ҳувийяти (мани фардии) ҳифз намояд, мавриди бархурд қарор мегирад. Ӯ дар ин ҳолат маҷбур мешавад дар баробари ҷомеаи суннатӣ боварҳои онҳоро қабул намояд ва андешаю таҳлили худро саркуб кунад.

Гурӯҳҳои таблиғгари ин гуна ҳувияти бовармандиву дастаҷамъона аз бавуҷуд овардани ҳувияти умумӣ лаззат мебаранду аз ҷониби дигар метавонанд аз чунин ҷомеаи дур аз андешаи пур аз балоҳат суд ва сармояҳои калоне ба даст оваранд.

Қобили зикр аст, ки дар чунин ҷомеаҳо ҳам ҳувияти мардии мардон ва ҳам ҳувияти фардии занон саркӯб карда мешавад. Мутаваллиёну дӯкондорони идеологияи бовармандӣ вобаста аз манофеашон ончунин аҳкомеро мавриди таблиғ қарор медҳанд, ки зердастон таҳти таъсир монданд, дарки худӣ ё ба тарзи худ андешидан ва баррасӣ кардани масоилро аз даст медиҳанд. Ҳатто занон бо ин ки дар чунин навъи идеология баробар ба мардон дониста намешаванд ва онон ҳамчун инсони дараҷаи ду ва гоҳҳо ҳатто пасттар аз сатҳи инсонӣ арзёбӣ гардида, чун молу коло пазируфта мешаванд. Ҳуқуқи онон ниҳоятан маҳдуд буда, ба ҳайси бардаю вобастаи мард таллақӣ мешаванд, аммо чунин манзалати пасти инсонии хешро ба ҳайси бовару арзишу имонӣ қабул менамоянд ва ҳеҷ гуна вокунише дар баробари чунин вазъ надоранд. Ин ба он маънист ки вақте фард ҳувияти фардии худро аз даст медиҳад, дигар барои ӯ ҳама чиз ки аз ҷониби дигарон таҳмил карда мешавад, бечунучаро қабул мегардад.

Гуруҳҳои манфиатбардор ҳамеша ва дар ҳар вазъ посухҳои омодаеро барои ҳар гуна пурсиш бо назардошти қудсигардонии ин гуна посух ба мардум ироа мекунад. Онҳо дар муқобили ҳар гуна андешаеро, ки дар баробари тааҳудоту боварҳои онон мухолифат мекунад, хушунати вайронгар нишон медиҳад. Мутаваллиёни динӣ ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, то ҳар гуна аҳком ақида ва ё андеша, ки ифодагари манофеашон набошад, мардум онро қабул нанамояд, рад кунанд ва ё вокуниш нишон диҳанд. Аз ин хотир, онҳо ҳамеша назарҳои шиоргунаи пурзарқубарқи бемуҳтавои мазҳабиро ба такрор ба афроди ҷомеа таблиғ мекунанд. Кушиш ба харҷ медиҳанд авом қодир набошад, ки пурсишҳои мантиқӣ ва ба вазъи дунёи мутамаддин баробарро ба онҳо пешкаш кунад ва ё интизори ҷавоби мувофиқ ки бо дарназардошти асри равон аст, ироа шавад. Чунин навъи муносибат боиси он мегардад, ки инсонҳо нерӯи моҳиятии шуур, андеша ва ҳушро аз даст диҳанд. Қишре, ки аз чунин вазъ манфиат мебардорад, ҳамеша нодонию ҷаҳолатро ба бовари куркурона  ҳамчун воқеияти ҷаҳон бар сари тудаҳо бор мекунанд. Онҳо авомфиребона, ба ҳеҷ ваҷҳ қодир нестанд, ба аҳли хирад посухи дархуреро иброз кунанд. Вақте онон ба посух додан мушкилӣ пеш ояд, аз зургӯиву даъво ва зулм кор мегиранд, ки ин бархоста аз ҳамоқати бунёдии мактабашон аст.

Яке аз омили асосие, ки мардуми авомро муфт мавриди суистифодаи гуруҳҳои манфиатбардори бовармандӣ месозад, ин ҳазфи андеша ва ҷаҳонбинии илмию таҳқиқӣ аст. Ин ҳоли табоҳии шуури ҷамъиятиест, ки дар он яксунигарӣ ва танҳо такя кардан ба боварҳои ғалати суннатӣ мебошад. Чунин ҷомеа, ки андеша, муносибат ва дарку фаҳми мардумонаш дар ҳоли таҳаввулу пуёӣ нест ва ҳама танҳо аз як дидгоҳ ба масъала назар меафкананд, пуёву пешрафта шуда наметавонанд. Он ҳамеша дар ҳоли парокандагӣ, азҳампошидагӣ, ҳараҷу мараҷ қарор гирифта, касодии иқтисодӣ ҳам яке аз далелҳои парешонии иҷтимоъ аст, ки он ҳам берун омада аз дидгоҳҳои бовармандию мазҳабмеҳварӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар қадар фард саркубу беҳувийят мешавад, ба ҳамон андоза муртакиб ба ҷурм гардиданаш дар он ҷомеа бештар мешавад. Судбардории ин бесарусомонии фарҳангию ахлоқӣ дар ҷомеа ҷуз ба ҷайби ҷамоати динмадор ва мубаллиғонаш ба ҷойи дигаре нахоҳад буд.

Мутақоид кардани тудаҳои нодон барои қабули як идея ё равиши хосе аз андешаи худ яке аз дардҳои дармоннопазири ҷомеаи хурофотзада ба ҳисоб меравад. Хеле душвор аст ба мардум фаҳмонд, ки доштани як хиради солим ва фаҳму рад кардани хурофот ниҳоят муҳим аст. Махсусан, навъи хурофоте, ки реша дар боварҳои мо дорад. Дар ин ҷомеа хеле душвор аст, ки аз илм дониш ва андеша ва аз воқеияти замону макон мардумашро таълим дод ва огоҳ намуд. Зеро ҳамеша бо саркуб кардани андешаи фардӣ ба онҳо таълим дода мешавад, ки хираде надошта бошанд. Шуур ва андеша ҳамеша саркуб буда бошад ва ҳамаи ин ононро ба беҳувийятӣ оварда мерасонад. Ин мардум гумон мекунанд, ки ҳамин шева аз тафаккур, ки реша дар тақлиди куркуронаи онҳо аз дин дорад, асле он чизе ҳаст, ки бояд медонистанд ва дигар ҳеҷ ниёзе ба фаҳми ғайр аз ин надоранд. Ба онҳо бештар таъкид шудааст аз суннати гузаштаҳои худ ба тарзи дастаҷамона ҳар гуна зуҳуротро шиносанд, на аз хиради хеш. Бештар чунин  дастур аз ҷониби нафароне, ки мутаваллиён ё баҳрабардорони дӯкони бовармандианд сурат мегиранд. Онҳо тақлидгарони худро ҳамеша дар пайравӣ аз худ дӯст медоранд. Ҳамеша мунтазиранд, ки мардум он чи аз ҷониби онҳо гуфта мешавад, бечунучаро қабул намоянд ва амалӣ созанд. Ин гуруҳ ҳамеша вонамуд месозанд, ки асли ҳақиқиқатанд ва он чи аз ҷонибашон баён мегардад ҳақиқати мутлақ аст.

Мардуми авом ҳеҷ гоҳ  ин суолеро дар миён намегузоранд, ки бо такя кардан ба ин навъи бовар худро аз дарки ҳақиқат ва воқеияти айниву илмии ҷаҳон дур нигоҳ медоранд. Ҳеҷ гоҳ суол намекунанд, ки бо фиребидани боварҳои ботили дарунии худ фаҳмро аз масири зеҳнашон ба бероҳа кашонидаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ пурсиш намекунанд, ки чаро чунин ҷоҳил, мустаманд ва вомондаанд  ва ҳеҷ гоҳ аз гаронбаҳотарин неруи моҳиятӣ, яъне аз хиради худ истифода намуда наметавонанд ва ба воситаи он худро аз ҷаҳолат раҳо намекунанд.

Тавре  аз таҳлилҳои боло бармеояд, бояд тарбияти ҳувияти фардиро тақвият бидиҳем, кушиш ба харҷ бидиҳем то афроди ҷомеа ҳар воқеа, падида ё вазъро тавассути таҳлил, баррасӣ ва андеша мавриди пайгириву таҳлил қарор бидиҳанд. Онҳо бештар пайгири тафаккури ҷустуҷӯгар ва ҷаҳонбинии илмиву назарӣ бошанд. Бархурдашон ба худ, афроди ҷомеа ва ҳаводиси атроф воқеънигарона, мантиқӣ ва илмиасос бошад. Он гоҳ метавонем як ҷомеаи аз лиҳози илмӣ, ҳувийятӣ, қавӣ ва дар ҳоли пешрафтро ба вуҷуд оварем.

Ҳар қадар сафи нафарони дорои ҳуввияти фардӣ дар ҷомеа афзояд, ҳамон қадар ҷомеа пешрафтаву пӯё мегардад. Фарди дорои ҳуввияти фардӣ ҳатман дори ҳуввияти милливу иҷтимоӣ мешавад. Он соҳибназар аст ва андешаи дигаронро мавриди таҳлил қарор медиҳад ва аз он танҳо андешаеро қабул дорад ки дорои воқеиятанд ва ё илман асоснокшуда мебошанд. Инсони дорои ҳуввияти фардиро зери таъсир қарор додан, мағзшӯӣ намудан сахт душвор аст, зеро он ҳама ҳаводису воқеиятро дар мизони хиради хеш бармекашад ва қазоват менамояд.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь