Теъдоди техникаҳои “IRS” ба 228 адад расид.
Роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият азми қавӣ дорад, ки корҳои зиёди амалигардида шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар баробари дигар омилҳо таваҷҷуҳ ба пойгоҳи техникии филиали Ширкат хоса буда, мунтазам ғанӣ намудани пойгоҳи техникии филиали Ширкат дар мадди назар қарор дорад.
Чанде пеш ба парки техникии “IRS” 10 адад техникаи нав – 3 трейлери пуриқтидор ва 7 нақлиёти махсусгардонишуда барои интиқоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ зарур ворид шуданд.
Тавре иттилоъ дода будем, қаблан филиали Ширкат барои бетаъхир бартараф кардани тармаҳо якчанд булдозер ва барои фавран интиқол додани онҳо трейлер харида буд. Таҷриба собит намуд, ки мавҷудияти трейлерҳо барои самаранокии фаъолият (дар заминаи интиқоли фаврии на фақат булдозерҳо, балки дигар техникаву механизмҳои марбут ба “IRS”) низ муфиду саривақтист. Аз ин лиҳоз, ворид намудани 3 трейлери иловагӣ идомаи мантиқии раванди зикршуда маҳсуб мешавад.
Дастрас намудани автомобилҳои боркаш низ ба боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият, хоса дар самти интиқоли муназзами ашё ва масолеҳи сохтмонии дар нигоҳдории роҳ муҳим такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи техникии филиали Ширкат аз ҳисоби мунтазам ворид гардидани техникаву механизмҳои замонавӣ қавӣ буда, вуруди техникаҳои нав онро пурқувваттар намуд. Ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, то анҷоми сол вуруди техникаву механизмҳои дигар низ дар назар аст.
Маркази матбуотии IRS