Ролтон имрӯз ба хӯроки тезтайёршаванда ва дӯстдоштании мардуми ҷаҳони муосир табдил ёфтааст, аз ин рӯ, мо онро омӯхтанӣ шудем, то донем, ки аз истеъмоли маҳсулоти мазкур ба инсоният чӣ фоида ва чӣ зарар мерасад.

Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ ролтон ин қадар дар байни харидорон машҳур аст? Сабаби асосӣ дар он аст, ки харидорон, ки асосан аз ҳисоби наврасон ва ҷавононанд, ба ин намуди маҳсулот таваҷҷӯҳи бештар доранд, зеро он арзон ва тезтайёршаванда буда, барои омода карданаш вақти кам сарф мешавад. Ба ғайр аз ин, таъми ба худ хосро дорад.

Воқеан, тайёр кардани ролтон осон ва оддӣ аст. Кифоя аст, ки оби ҷӯшро ба он резем ва он баъди се дақиқа тайёр мешавад. Агар оби ҷӯш дастрас набошад, метавон онро дар ҳолати хушк низ истеъмол кард. Имрӯз кам нестанд ҳолатҳое, ки мо дар дасти кӯдакон ин намуди маҳсулотро ҳангоми хушк истеъмол карданашон дучор оем. Ҳатто барои саёҳат ва сафар низ ролтон барои бархе аз одамон таоми беҳтарин аст.

Дар робита ба истеъмоли ролтон табибон назари манфӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ки агар кӯдакону наврасон ролтонро дар шакли тайёршуда истеъмол намоянд, зарарашон камтар аст, вале истеъмоли хушки он ба саломатии инсон зарар расонида, заминагузори гирифторшавӣ ба бемории саратон мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки хӯроки зудтайёршавандаи ролтонро аввалин бор шаҳрванди Ветнам – Хунг истеъмол кардааст. Хунг гарчанд шахси доро буд, аммо аксар вақт бо аҳли оилааш ролтон истеъмол мекард. Ӯ худ гуфта буд, ки истеъмоли хушки ролтон ба организми инсон, бахусус, ба узвҳои ҳозима зарари ҷиддӣ мерасонад.

Аслан, ролтон барои хизматчиёни ҳарбии Хитой истеҳсол мешуд. Баъдтар дар натиҷаи суръати тези тараққиёт ин намуди маҳсулотро аҳолии оддӣ низ истеъмол мекардагӣ шуданд. Рекламаи ин маҳсулот низ имрӯз хеле ҷолиб аст.

Дар давлатҳои абарқудрати Аврупо аҳолӣ барои сарфа намудани вақт аз хӯрокҳои зудтайёр истифода мебаранд. Аксари мардуми ин кишварҳо аз истеъмоли ҳамин гуна хӯрданиҳо ба бемориҳои фарбеҳшавӣ, осеббинии рагҳои хунгарду дил гирифторанд. Мо ҳамагон дар ин бора бо воситаи телевизион ва тариқи интернет мебинему мехонем.

Аммо новобаста аз баъзе афзалиятҳое, ки дар боло қайд гардиданд, ролтон инсонро ба ҳолатҳои даҳшатнок низ оварда расониданаш мумкин аст. Аввалин норасоии ин маҳсулот дар он аст, ки ба стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нест. Сертификати ихтиёрӣ низ надорад, ки инро дар худи қоғазпечи маҳсулот низ аз назар гузаронидан мумкин аст.

Дар умум, муаммо асосан дар худи лапша не, балки дар зиравориҳоест, ки ба он илова мекунанд. Онҳо ба маҳсулот таъми ғайриоддии бомазза медиҳанд. Яке аз ин иловагиҳо глутамати натрий буда, он дар организми инсон гардиши моддаҳоро ба танзим медарорад. Он баландкунандаи маззаву таъм аст. Дар тиб онро ҳамчун воситаи мубориза ба фишорбаландӣ ва бемориҳои асаб истифода мебаранд. Боз як муаммои дигар дар он аст, ки истеҳсолкунандагон бо мақсади сарфа намудани вақт глутамати натрийро ба ҷои аз лаблабу, моҳиҳо, обсабзҳо ҳосил кардан аз ҷойивазкунандаҳои онҳо – пайвастагиҳои химиявӣ истифода мебаранд. Агар мо пайваста ин пайвастагиҳои химиявиро истеъмол намоем, ин ба одат табдил меёбад ва дар натиҷа дар организми мо шикаст ва пастшавии қувват ба назар мерасад. Боз маълумоте ҳаст, ки дар таркиби ролтон ва дигар хӯрокҳое, ки тез омода мешаванд, ба ғайр аз он ки онҳо унсурҳои таркибдиҳандаи табиӣ доранд, ҳамчунин якчанд консервантҳо ё химикатҳо ҳастанд, ки тавассути рақам нишон дода шудаанд. Масалан, консервантҳои Е 621, Е 412 мавҷуданд, ки оянда таассуроти бади онҳо ба таркиби ҳуҷайравии организми инсон расида, эҳтимол онҳоро мубталои бемории саратон гардонад. Яке аз таъсирҳои бади ин маҳсулот дарунрав шудани кӯдакон мебошад.

Оқибатҳои ҳузнангезе, ки дар натиҷаи истеъмоли пайвастаи ролтон ба вуҷуд меоянд, аллергия, дарди сар, вайроншавии кори узвҳои ҳозима, вазни зиёдатӣ, диабети қанд, бемориҳои саратон ва атеросклероз, бемориҳои гастрит ва эрозияи меъда мебошанд.

Ҳоло ин ҳамааш не. Равғани палма, ки маҳсулот аз он таркиб ёфтааст, ба липидҳои хун таъсири манфӣ мерасонад, ки ин кори дилу рагҳоро вайрон месозад. Ғадудҳои зеъри меъда аз маззадиҳандаҳои ин маҳсулот зарар дида, баъди истеъмол дар шиками инсон вазнинӣ ва ноҳинҷорӣ ҳис карда мешавад. Бемориҳои гастрит ва эрозияи меъдаро низ боис мегардад.

Хулоса, ролтон ягон ҷиҳати ба саломатӣ фоиданок надорад. Агар аз ҳад зиёд дӯстдори ин таом бошед ва танатон пурра сиҳату саломат бошад, метавонед гоҳ–гоҳ худатонро бо ин таом «меҳмон» кунед, вале ҳаргиз ба истеъмоли ин таоми «одамкуш» майл накунед.

Агар шумо кори зарур доред, ё ба саёҳат баромаданӣ ҳастеду барои тайёр кардани хӯрок вақт надоред, беҳтараш бо худ меваҳои тару хушк, ширу ҷурғот ва нон гиред, зеро ҳам зиён надоранд ва ҳам фоидаашон хеле зиёд аст.

Шоираи ҚУДРАТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь