Боз тирамоҳ фаро расид. Дар хиёбон танҳо садои ороми афтодани хазони дарахтон. Гӯё аз замини зарҳалин куҳи андуҳе боло мешуда бошад.
Ҳама ҷо хомӯшӣ. Бегоҳ шуда истодааст. Мӯйсафед бо ҳамин хомӯшӣ имрӯзро ҳам ба бегоҳӣ расонид. Риштаи хаёлаш ба дуриҳо мерафт. Дар сари болини ҳамсари меҳрубонаш нишаста, андеша дошт: ин чӣ дарди бедавоест, ки аз ҳамсарам ҷудо намешавад? Охир, ӯ то ҳафта пеш хуб буд. Аз саломатияш шикояте надошт. Акнун ба ӯ чӣ шудааст, ки аз болин сар намебардораду бо чашмони зебояш ба ман наменигарад? Магар дарду ғами зиндагӣ ӯро афгор кардааст? Шояд ғами дурии фарзандон дарунашро хӯрда бошад? Чунин ҳам бошад, мумкин.
Охир, Ромишу Сайёра панҷ фарзандро ба воя расониданд. Соҳиби маълумот карданд. Ҳоло ки ҳамаашон паррончак шуда, аз пайи зиндагии худ ба шаҳр рафтаанд, боре ҳам дари хонаи модарро намекушоянд. Гарчанде кампири Сайёра зиёд муштоқи фарзандон мешуд, вале боре шикоят намекард. Мӯйсафед шикоят кунад ҳам, «хайр ҳеҷ гап не, корашон зиёд будагист, дар куҷое ки бошанд, муҳим соқу саломат бошанд» мегуфт. «Аҷаб дунёи бебақо»,- ба худ мегуфт бобои Ромиш. Дишаб кампир ба худ омада буд. Баъд аз чанд шабонарӯз акнун танҳо як сухан гуфт: Соҷида. Номи фарзанди хурдияш, ки эркаи падару модар буд. Мӯйсафед хурсанд шуд. Вале кампир боз чашмонашро пӯшиду дигар чизе нагуфт ва ҳамоно олами мӯйсафеди рангпарида торик шуд.
Бобои Ромиш одами обрӯманди маҳалла аст. Дар ҷавониаш бо сабаби мӯйҳои жулидаи зебо доштанаш ҳамагон ӯро Ромиши Ҷимӣ ном мебурданд. Аммо ҳозир қомати болояш хам гаштаву мӯйҳои жулидааш сафед гаштаанд. Рӯйяшро хатҳои ожанг пур кардаанд. Як ба ожангҳои рӯйи худ даст мебурду як ба ожангҳои рӯйи кампири Сайёра. Меандешид, ки дасти зиндагӣ бо ӯ ва ҳамсараш чиҳо кардааст. Охир дар зиндагӣ танҳо ҳамдаму ҳамрозаш ҳамин занест, ки рӯйи бистар хобидааст. Меандешид: шояд Сайёра барои нороҳат нашудани ман ғамгинии худро пинҳон мекардааст. Пушти чеҳраи ҳамеша кушодаву зебояш пур аз дилтангиву ҳасрат будааст магар?
Оҳ аз дасти фарзандони ин замона. Дигар ба онҳо чӣ гӯям? Баъди сари модарашон пушаймон мешаванд, аммо бефоида. Кош зудтар кампирро гирифта ба шаҳр мерафтам. Агар ин дафъа Сайёраи ҷону дилам аз бистари беморӣ бархезад, ҳатман ӯро ба шаҳр мебарам. Хона ба хонаи бачаҳо гардонда, ғубори дилакашро мебарорам. Бо ин қавлу қарорҳо бобои Ромиш барои ҳамсараш дуо мекард. Ногоҳ кампири Сайёра сарашро ҷунбонд. Мӯйсафед аз болои сараш омада дар рӯ ба рӯяш нишаст. Кампир чун ҳамсарашро дид, ба рӯяш андаке табассуми зебое карду аз мӯйсафед об хост. Бобо ба ӯ об дод. Ва дар дилаш умеди зиндагӣ бедор гашт. Акнун ӯ ба қавлҳои ба худ дода вафо мекунад. Фикри хонаву дар ва боғу роғро накарда, ҳар вақте ки хоҳад, ҳамсарашро гирифта, ба шаҳр ба дидори фарзандонаш мебарад. Ба ин ҳасрат хотима мебахшад.
Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ