Китоби навбатии Холиқназар Чумъаев – «Ашкҳои зери борон» дар матбааи «Паёми ошно» аз чоп баромад. Китоби мазкур пурра ба мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида шуда, аз рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар қисса мекунад ва ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад. «Ашкҳои зери борон” аз 7 қисса иборат буда, ҳар яке аз онҳо аз рӯзгори мушаххаси муҳоҷирон қисса мекунад.
Нахустин қиссаи он «Ашкҳои зери борон» ном дошта, номи китоб низ маҳз аз ҳамин ном гирифта шудааст. Номи мазкур номи рамзӣ буда, ҳадаф аз он нишон додани азобу уқубатҳои муҳоҷирони мо аст, ки ҳатто ашки онҳо чун ҳолатҳои зери боронӣ аз назарҳо пинҳон мемонад. Қаҳрамони қиссаи мазкур бонуе бо номи Мавҷуда аст, ки ҳанӯз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ падару модар ва бародарони худро аз даст дода, рӯ ба фирор меорад. Ӯро ҷавони дигаре бо номи Шоҳсайид, ки ӯ ҳам волидайни худро дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст дода буд, ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо нахуст аз минтақаҳои ҷангӣ фирор карда, бо душвориҳо ва азобҳои зиёд худро то Душанбе мерасонанд ва аз инҷо ба муҳоҷират мераванд. Онҳо дар муҳоҷират низ сангиниҳои зиёдеро пушти сар карда, дар ниҳоят бо ҳам издивоҷ мекунанд ва соҳиби як писарча мешаванд. Вале дар охир Шоҳсайид дар Русия беному нишон гум мешавад ва тақдири минбаъдаи ӯ номаълум боқӣ мемонад.
Қиссаи «Орзуҳои хокистаршуда» ҷанбаи воқеӣ дошта, моҳи декабри соли 2014 дар асоси куштори бераҳмонаи як оилаи тоҷик дар вилояти Свердловски Русия аз тарафи скинхедҳо таълиф шудааст. Қаҳрамони он Аброр ҳамагӣ 43 сол дошт ва ҳамсари ӯ Саида 37-сола буд. Зану шавҳар дар фикри кор кардани маблағ барои хариди хона дар ватан ба муҳоҷират рӯ оварданду намедонистанд, ки тақдир бо онҳо чӣ бозие дорад ва қисмат чӣ коре бо онҳо хоҳад кард. Шабе зану шавҳар аз тарафи скинхедҳои рус бераҳмона кушта мешаванд ва ҳатто ба кӯдаки шашсолаи онҳо раҳм намекунанд. Тифли маъсуми онҳо ҳамтақдири Хуршедаи 11-солаи дар шаҳри Санкт-Петербург кушташуда мегардад.
«Бозгашт аз он дунё» аз ҳаёт ва зиндагии муҳоҷире бо номи Маҳмадёр қисса мекунад, ки 11 сол бе ному нишон гум шуда, баъди 11 сол маъюб ба ватан бармегардад, ки зани ӯ шавҳар кардаву духтарчаи замоне хурдакакаш 17-сола шудааст. Сабаби «Бозгашт аз он дунё» ном гирифтани қиссаи мазкур он аст, ки баъди ду соли гум шудани Маҳмадёр, дар шаҳри Маскав ҷасади ба ӯ монандеро пайдо мекунанд ва онро ҳамчун Маҳмадёр ба хок супорида, ӯро фавтида эълон мекунанд. Ӯ баъди 9 соли «марги худ» зинда ба Ватан бармегардад. Баъди бозгашти ӯ маълум мешавад, ки Маҳмадёр ба асириҳо афтода, аз он фирор мекунад ва ба дасти нашъаҷаллобони ҳамватани худ афтода, дар ниҳоят маҳбасӣ мешавад. Қаҳрамони мазкур қиссаи хеле талх дорад.
«Доми фиреб» аз рӯзгори муаллиме бо номи Комрон қисса мекунад, ки маоши пасти муаллимӣ на танҳо ба ӯ имкони таъмини хонаводаро намедиҳад, балки ӯ наметавонад ҳатто оиладор шавад. Ӯ барои оиладор шудан ва беҳтар шудани зиндагиаш, ба муҳоҷират рӯ оварда, аз ҳамсояаш, ки солҳо дар Русия кору фаъолият дошт, қарз мегирад. Ҳамсояш ба ӯ қарз дода, дар оиладоршавиаш кумак мекунад ва Комронро бо роҳи фиреб ба контейнери зиндае табдил медиҳад, ки бояд дар меъда ба Маскав ҳероин барад. Комрон танҳо баъди ин ҳодиса мефаҳмад, ки ҳамсояш аз сардорони гуруҳи нашъаҷаллоб будааст. Ӯ зиндагии басо вазнинро аз сар гузаронида, дар охир бо маслиҳати занаш ва прокурори хешаш асрори ин гуруҳи ҷиноиро фош карда, онҳоро пушти панҷара мекашад ва худ аз ғуломӣ озод мешавад.
«Рӯзи сиёҳи муҳоҷир» аз рӯзгори муҳоҷире нақл мекунад, ки ҳангоми сафар дар Русия, ҳанӯз дар фурудгоҳи Душанбе ба зане кумак карда, ҷомадони ӯро ба номи худ ба расмият медарорад ва танҳо дар Маскав баъди ба даст афтодан ва кофтукови ҷомадон мефаҳмад, ки дар сумкаи ин зан миқдори зиёди ҳероин ҷой карда шуда, ба дом афтодааст. Ӯ бегуноҳ 10 сол ҳукми суд мегирад ва аз маҳбас бо пойҳои бурида ба ватан бармегардад.
«Қафас» қиссаи тарҷумаҳолӣ буда, аз ҳаёт ва рӯзгори нафаре нақл мекунад, ки аз Русия ихроҷ шуда, 2 моҳро дар боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ пушти сар мекунад. Дар боздоштгоҳ мебинад, ки чӣ гуна сарварони боздоштгоҳ аз муҳоҷирони депортшуда барои тезтар ба ватан фиристодани онҳо пул меситонанд ва пора мехӯранд. Қаҳрамони «Қафас» низ баъди 2 моҳи дар боздоштгоҳ будан, дар ниҳоят бо додани пора ба ватан фиристода мешавад.
Қаҳрамони қиссаи «Даҳшат дар таҳхона» Диловар ном дорад. Диловар ҷавони 12-сола буда, модараш ӯро ҳамроҳи як нафар хоҳарча ва ду нафар додарчааш ба шаҳри Оренбург ба ҷустуҷӯи падарашон мебарад. Миёни зану шавҳар нофаҳмӣ рух медиҳад ва модар фарзандонашро гирифта, аз назди падари онҳо ба ҷои дигар фирор мекунад. Ӯ дар Оренбург дар маконе ба ҳайси кӯчарӯб ба кор медарояд ва барои зиндагии худу фарзандон таҳхонаеро интихоб мекунад. Вале аз сахтии рӯзгор ва хиёнати шавҳар ба дод омада, худ ва фарзандонашро дар ин таҳхона ба марг маҳкум мекунад. Ҳодисаи мазкур соли 2004 ба вуқуъ омада, танҳо Диловар зинда мемонад. Ӯро баъди 52 рӯз дар ҳолати нимзинда пайдо мекунанд.
Китоб инчунин бештар аз 100 латифаҳо ва хотираҳои кӯтоҳеро фаро гирифтааст, ки бевосита ба ҳаёт ва зиндагии муҳоҷирон бахшида шудаанд. Дар охири китоб 2 тарона ва рӯйхати тобутҳои муҳоҷирони омада аз 4 деҳаи шаҳри Панҷакент ҷой карда шуда, бо шеъре бо номи “Дуо” ҷамъбаст мешавад.
Муаллиф дар китоби «Ашкҳои зери борон» аз дарду ранҷ ва доғҳое ҳикоят мекунад, ки бе оби чашм хондани он хеле душвор аст. Саргузаштҳои талху зиндагии тоқатфарсо, иҷрои корҳои вазнину фиребхӯриҳо, афюнфурӯшиву маҳбасҳо, ба доми фиреб афтодану муҷозот шуданҳо, муносибати хушунатомези миллатчиёну скинхедҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва даҳҳо мушкилоти дигаре, ки ҳамсафари ҳамватанони мо дар диёри ғурбат мебошанд, дар ин китоб гирд оварда шудаанд.
Китоби мазкур китоби сеюми Холиқанзар Ҷумъаев аст. Ӯ инчунин муаллифи китобҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (2013) ва “Биё, ки фолат бинам” (2021) мебошад. Китоби “биё, ки фолат бинам” дар озмуни Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинатсияи наср “Китоби сол-2021” эълон шуда буд.
“Фараж”
Шакли электронияшро аз куҷо ёбем?