Дар маҳфили илмӣ навбати сӯҳбат аз банда буд, ки паёмак расид. Писарам Анушервон навишта буд: “Дар роҳи Кӯлобам. Шӯробод меравам. Муҳаммадамон, писари акаи Ҷумъахон гузашт.”
Ҳолам парешон шуд. Ҳамин дам риштаи сӯҳбат ба банда вогузор гардид. Ҳар чӣ гуфтам, парешонтар аз ҳолатам буд. Минбар ва баробари он микрофон ба назме меларзиданд, ки пешнишастагон аз хавфи заминларза бо изтироб ба якдигар менигаристанд.
Пеши чашмам сурату суроби Мадамон ҷилва мехӯрд. Аз хурдӣ то давраи камол. Хандаҳои зебо ва самимӣ, чеҳраи ориёӣ ва чашмонаш, ки ҳангоми шавқу завқаш маҳкам мешуданд. Муносибати хеле одӣ ва сухангӯии бе дурӯғ ва бе риё.
Аз маҳфил берун шудам. Масъули чорабинӣ аз пуштам омад. Банда тобу тавонро аз даст дода будам, ки шонашикан мегиристам.
***
Мадамон, мисли Анушервону Дориюш фарзанди хонадони мо низ буд. Қариб ҳар рӯз бо ҳам буданд. Як ҷо мактаб мерафтанд, ғизо мехӯрданд ва бесарӣ мекарданд.
Ӯ, ки аз сол бузургтар буд, ҳомии бародарон буд. Ва ҳар рӯз, ки медидамаш бо ду даст салом мекард, ва ” Акаҷон”- аш хеле самимӣ буд. Одобаш як ҷаҳони дигар.
Ёдам меояд, ки ҳанӯз Мадамон 5 сола набуд. Дидадаро ва чолок, ки дари хонаи моро мекӯфт. Анӯшервонро мепурсид.
– Ту мардак, чӣ ном дорӣ?- суолаш кардам.
Аз саволи булаҷаб аз ханда сурх шуду аз зинаҳо ҷаҳида, бадар рафт. Пасон писарам хабар дод, ки онҳо нав кӯчида омадаанд. Ҳамин муроҷиатам: “мардак чӣ ном дорад?” мудом дар ёдаш буд. Хеле меболид, ки “ман ҳанӯз дар панҷсолагиам мардак будам.”
***
Солҳои нооромӣ Ҷумъахон ба хонаи мо сар зад. Хеле осемасар ва ошуфта буд. Парешон ҳарф мезад. Ҳамроҳ берун омадем. Як гапро ба такрор мегуфт: “Мадамон нест! Гум шудааст. Дар ҳич ҷо нест”
Бо ҳамин ошно шудем ва фаҳмидам, ки сухан дар бораи писараш меравад.
Ҷустуҷӯ натиҷа надод. Ба василаи милиса пайдо гардид. То ӯро ёфтем, ки Ҷумъахон худро мазаммат мекард:
“Ба ман гуфта буданд, ки аз қишлоқ рафтӣ, арвоҳранҷиш мешавад. Ба ягон ушкулу иллат гирифтор мешавӣ. Гӯш накардам. Агар наёбемаш, бармегардам деҳа. Дигар асло ёди шаҳр намекунам.”
Маълум шуд, бачаи бепарвои деҳотӣ аз ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта роҳро фаромӯш кардааст. Ва гоҳе ҳазл мекардем: “Юсуфи гумгашта”.
***
Ҳич гоҳ андеша надоштам, ки дар бораи ҷавоне менависам, ки падару модар ва ҷомеа аз ӯ интизориҳо дошт. Ва ҳич гоҳ ҳам тасаввур намекардам, ки тифле бо дидани мо шод мешаваду чун чӯҷаи уқоб болафшон, ҷонибам давон меояд.
Ӯ дар миёнамон падарашро меҷӯяд. Мепурсад, ки “Бобо, дадаам кай меояд?
Хуб мекунад, ки посухамро мунтазир нашуда, тарафи ҳамсолонаш медавад. Мани гунг бори нахуст ба саволи тифли умедвор ҷавоб дода наметавонистам. Сарамро поин мекунам, кулоҳамро пеш мекашам то оби чашмамро касе набинад, метарсам дигарбора сӯям бағал накушояд ва аз падари хушхулқу хушмуомилааш напурсад. Роҳамро дигар мекунам.
***
Ҳолатҳои сахту сангинро борҳо рӯбарӯ шудаам. Солҳои навади асри бист, ҷавонмардони зиёд, балки орзуву омоли ҷавонӣ ва истеъдодҳои ҷавонмаргро зиёд дидаам. Чӣ сахту миёншикан аст тобути писар дар сари китфи падар.
Ин лаҳзаҳоро наметавон бо қалам тасвир кард. Он рӯз ба Ҷумъахон изҳори таслият накардам, чун сухан надоштам. Пасон бо ӯ ёд аз чеҳраи зебо, хандаҳои базеб, саргузаштҳо бо Мадамон кардем…
***
Ҷумъахон низ ҳарфи зиёде гуфта наметавонад:
– Ҷавони зебо шуда буд?! Эҳтиёташ накардам… Насиб…
– Ёд дорӣ барои ёрӣ ба раҳгумзадае ним рӯз ӯро кофтем?
Сар меҷунбонам.
… Он рӯз ду тан болои кат нард мебозидем. Мӯйсафеде болову поён мерафт. Аз мо, ки худашро бори нахуст дида будем, макони зисташро суроғ мекард. Ҳамин ҳолат Мадамон пайдо шуду мӯйсафеди фаромӯшхотирро ҳидоят кард. Як поси шаб баргашт. Ба василаи дигарон хонаи ӯро пайдо карда, баъд баргаштааст.
Аз падар гап ҳам шунид. Аммо ҳич сарфаҳм намерафтем, ки чӣ амали некеро анҷом дода буд.
Сад ҳайфи умри ҷавон!
Агар ба қадри суханони муаллими гетӣ Саъдӣ: Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол, тавонгарӣ ба фазл аст, на ба мол” мерасем , чӣ хубе!
***
Дар сафари хидматӣ дар Йолу Порвор ва наздикиҳои куҳи Навранга будем. Ҷавоне бо либосҳои саҳроӣ ба самти мо меомад. Мадамон буд, бо ҳамон хандаҳои зебову самимӣ. Изҳор дошт, ки маро аз дур шинохтааст. Ба хона даъват кард. Узр хостем, ки имкон надорем. Шаб буд, ки падараш Ҷумъахон занг зад. Мадамон ба падараш расонидааст, ки ман дар ин маҳал ҳастам. Ҷумъахон барои мо нақлиёт фиристод. Ноилоҷ ба Маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин омадем. Ва то як поси шаб бо Мадамон суҳбат доштем. Ӯ саргузаштҳояшро бо Анушервону Доро қисса мекарду фанд хӯрданҳои моро.
***
Воқеан, мо узви як хонадон будем. Субҳ Мадамон пурсид, ки дар ҷанозаи модарашон будам? Рад кардам.
– Вақт дошта бошед, ман сари гӯраш рафтанӣ. Баъд Шуморо гусел мекунам – муроҷиат кард Мадамон.
– Нону намаки хоҳарамро бисёр хӯрдам. Албатта меравем – розӣ шудам.
Мо ба мазор омадем. Фотиҳа хондем.
– Ҳамин ҷо макону мазори мо – ба мавзеъ ишора кард Мадамон ва афзуд:
– Дер ё зуд ба ин ҷо меоем, ё меорандамон.
– Ин гапҳоро як сӯ мон, Ватанро обод карданатон лозим. Пессимистҳо…- бо қаҳр гуфтам ман.
Ба ҷойи посух хандаи самимӣ ва зебое кард.
Ман аз куҷо медонам, ки ба қавли мардум: ” Ӯ хоби худро дидааст!
Ёдат ба хайр ва шабчароғи ёдат ҳамеша фурузон бод Мадамон!
Ҷонибек Асрориён,
нависанда ва рӯзноманигор