Ҳама пулро талабгор аст,
Ҳақиқат бар кӣ даркор аст?
Дар он ҷойе, ки бозор аст,
Ҳақиқатҷӯй ночор аст.
Падар дӯсташ намедорад,
Агар фарзанд нодор аст.
Падар бо ӯ намехандад,
Агар тифле, ки бемор аст.
Касе, ки молу зар дорад,
Ба ӯ пиру ҷавон ёр аст.
Надорад гар зару моле,
Ҳама бар ӯ чу ағёр аст.
Падар моли писар хоҳад,
Набошад гар зараш, хор аст.
Бувад пеши падар маъруф,
Агар фарзанд пулдор аст.
Аз ин рӯ баҳри ҳар инсон
Бидонед, пул даркор аст!
Муҳаммади Хатлонӣ
Блоки рекламавӣ