Як даҳсола қабл мардум бо доштани телефони одии тугмачадор қаноат мекарданд. Бо гузашти вақт ва рушди босуръати техникаву технология, имрӯз намудҳои нави телефони мобилӣ истеҳсол шуда, дастраси мардум гардида истодаанд. Дар нуқтаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ он гӯшиҳои тугмачадорро аҳён-аҳён дучор шудан мумкин.

Дар маркази савдои “Тоҷикистон”, ки дар он молу колои техникӣ ба фурӯш гузошта шудааст, ҳамарӯза миқдори зиёди телефонҳои гаронарзиши замонавӣ ба савдо мераванд. Фурӯшандаҳои ин марказ зикр менамоянд, ки қисми зиёди мизоҷони онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Харидории телефонҳои гаронбаҳо имрӯз миёни ҷавонон ба як навъ мӯд ва мусобиқае табдил ёфтааст, ки ҳеҷ ҷавоне намехоҳад аз ин “мусобиқаи беҷоиза” қафо монад. Як сокини пойтахт ҳангоми суҳбат ба мо иброз дошт, ки “баъзе ҷавонон ҳатто фикри вазъи иқтисодии хонаводаро ҳам накарда, бо вуҷуди қимати баланд доштан, кӯшиш менамоянд охирин модели телефонро харидорӣ кунанд. Ин амали онҳо ҷуз худнишондиҳӣ чизи дигаре буда наметавонад”. Вале назари худи ҷавонон дар ин масъала дигаргун аст.

Тавре Рустам Расулови ҳаждаҳсола, ки мо ҳангоми харидани телефони RedMe Not7 бо ӯ ҳамсуҳбат гаштем, иброз дошт, “қиммат буданаш муҳим нест, асос ин ки сифати хуб дорад. Интернеташ нағз кор мекунад. Ман инро барои худнишондиҳӣ не, барои версияи нағз доштанаш мехарам”. Ҳамзамон, ин ҷавон дар даст телефони SUMSUNG С9 дошт ва зикр кард, ки бо харидани телефони нав, гӯшии қаблиашро мефурӯшад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари калонсолон, инчунин кӯдакони хурдсол, сар карда аз 8-9-сола низ истифодабарандаи “фаъол”-и телефонҳои гаронарзишанд. Вақте бо ҷамъе аз кӯдакон дар нишасти хонаводагие иштирок менамоӣ, аксари онҳо чун мебинанд, ки телефон дорӣ, чунин суолат медиҳанд: “Ака, телефонат бозӣ дорад?”. Ин амал то чӣ андоза ба телефон муштоқ будани кӯдаконро нишон медиҳад. Дар гузашта, ҳангоме ки кӯдакон дар хона мағал мебардоштанд, бузургсолони хонавода барои онҳо афсона мехонданд, вале имрӯз ба кӯдакон телефон медиҳанд, то хомӯширо риоя кунанд. Ба бозиҳои телефонӣ зиёд машғул шудани кӯдакону наврасон албатта ба вазъи руҳиву ҷисмонии ҷавонон бетаъсир буда наметавонад.

Омӯзгори мактаби №77-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Ҳалима Абдураҳмонова дар бобати истифодаи аз меъёр зиёд ва харидории телефони мобилии қиматбаҳо аз ҷониби мактаббачагон чунин ибрози назар кард: “Истифодаи ғайримақсадноки телефон барои дар сатҳи хуб ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон монеа эҷод мекунад. Баъзе падару модарон барои сари вақт супоридани маблағи китобҳои фарзандонашон, ки ҳамагӣ 90 ё 100 сомонӣ мешавад, баҳонаи надоштани маблағро пеш меоранд. Лекин чун телефони дасти фарзандашонро мебинӣ, арзишаш 1000-1500 сомонӣ аст. Намефаҳмам, ки чаро ба харидани ин гуна телефони нархаш дар осмони ҳафтум буда баҳонае пеш намеоранду барои китоб надоштани маблағро дастак мекунанд”.

Аз гуфтаҳои омӯзгор Абдураҳмонова бармеояд, ки дар самти назорат ва маҳдуд сохтани меъёри истифодаи телефонҳои ҳамроҳ барои фарзандон, қабл аз ҳама масъулиятшинос будани волидайн нақши асосӣ дорад. Волидайн аз он ки пасандози худро барои харидани охирин версияҳои телефон сарф менамоянд, беҳтар мешуд онро барои ояндаи аз ин беҳтари ҷигарбандонашон нигоҳ доранд. Ҳар модели навбаромад вақташ мерасаду аз даҳан мемонад.

Пас, магар зарур аст, ки аз қафои онҳо яккатоз бошем?

Маҳкам МАҲКАМЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь