То ба кай зиндагии худро аз ҳисоби дигарон пеш мебарем? То  кай роҳи осони бароварда кардани ниёзҳоямонро аз даст дароз кардан сӯйи нафаре мебинем? Мушкилоте ки буд , ҳаст ва мемонад.

Ҳамарӯза мо дар роҳ дар назди идораю корхонаҳо, бемористону тарабхона, мактабу донишгоҳҳои шаҳр бо чандин талбандагону ниёзмандон вомехӯрем. Гоҳо маблағ медиҳем ва гоҳо худро ношунида гирифта аз наздашон мегузарем. Инро метавон  гуфт, ки оё мо худ маблағ дорем ё не?! Нафаре пеши ту меояду даст дароз мекунад ва ту наметавонӣ “не” гӯӣ.  Як бор пул медиҳӣ, ду бор медиҳӣ, аммо дар як рӯз ба чанд нафар хайр  мекунӣ? Дар зиндагӣ ҳама ниёзманд аст. Нафаре ба муҳаббат, дигаре ба тансиҳатӣ, сеюми ба дастгирии маънавӣ, чоруми ба ҳамдард, аммо чаро ин ниёзҳоро касе гадоӣ намекунад. Чун бо талаби ин ниёзҳо касе чизе намедиҳад. Ҳама метавонад ниёзҳояшро худ таъмин кунад. Чаро шумори ниёзмандони кӯчаҳои шаҳр роҳи осони қонеъи талаботҳои молии худро дар гадоӣ мебинанд?

Ҳар инсон, ки дилу виҷдон дорад, ба нафаре кӯмак мекунад. Даст додан ба ниёзманде савоб аст, аммо ба ниёзманде, ки воқеан мӯҳтоҷ бошад. Як одами солим эҳтиёҷ ба гадоӣ надорад. Ӯ метавонад худаш кор кунад, вале намекунад. Дар роҳ менишинад ва бо ҷумлаҳои “хайр кунед, аз барои Худо, аз барои азизонатон, баракат ёбед, пир гардед” талбандагӣ мекунад. Нест нафаре, ки шикоят аз талбандагони имрӯза накунад. Шумораи бештари гадоёнро кӯдакон ташкил медиҳанд, ки бо либосҳои даридаи худ, сару рӯи ношуста дар роҳ мардумонро медоранду хайр металабанд. Талаби хайри маҷбурии онҳо то ба ҳадде расидааст, ки нафарони пулнадодаро мезананд, мӯйҳояшонро мекананд, суханони қабеҳ мегӯянд.

Онҳо медонанд дар куҷо гадоӣ кунанд ва ҳар кадомаш барои худ ҷои муайян, соати муайян доранд. Имрӯзҳо, ки дар донишгоҳҳо замони супоридани рейтингу имтиҳонҳо фаро расидааст, макони “талбандагони хурдакаки мо” донишгоҳҳо ҳаст.

Шикояти донишҷӯёни донишгоҳи Тиббии кишвар дар вақти супоридани “итог” аз хостани хайри маҷбӯрӣ аст. Мегӯянд, ки гадоён пеш аз даромадан ба толори махсуси итог онҳоро ба пул додан маҷбӯр мекунанд, ки хайр кунанд. Бо суханҳои ”илоҳимакам сад бигирӣ, Худо кунад, ки гузарӣ, дили маро наёзор, ки меғалтӣ, аз имтиҳон, дуои ман туро мегузаронад, агар хайр накунӣ, дуои бад мекунам, Худованд ояндаатро равшан кунад, агар хайрхоҳ бошӣ”донишҷӯёнро маҷбӯр месозанд. Донишҷӯе мегӯяд: Агар хайр намекунем  гӯем, даст ба ҷайбамон мекунанд ё ҷувздонҳоямонро мекобанд. Ҳатто ягон чизи хӯрданӣ, ки дошта бошем, аз дастонамон кашида мегиранд. Бар замми ин дашном медиҳанд. Сӯяшон камтар овоз баланд кунӣ, мегӯянд, ки ба ман даст нарасон, дуои бад мекунам, аз донишгоҳ хориҷ мешавӣ. Мо, ки шаби дароз тест аз ёд кардаему бо дили пур аз ҳаяҷонем ва бояд фикрамон ба супоридани имтиҳонҳоямон бошад, бо суханҳои онҳо фикрамон парешон мешавад” . Донишҷӯе, ки худ аз ҳисоби волидонаш зиндагӣ мекунад,  магар ба онҳо хайре мекунад.

Суман Убайдуллозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь