(Ёде аз аввалин занони омӯзгор, ки ҷиҳати бедории аҳли ҷомеа ба дасти тассубзадагон ба ҳалокат расиданд)

Яке аз вижагиҳои асосии башарият аз роҳи хирад дарку фаҳми олам намудан ва дар баробари падидаву ҳаводисе, ки ба вуҷуд меоянд тасмими дуруст гирифтан аст. Ин пеш аз ҳама ба зеҳну шуур ё хираду тафаккури инсон ҳамбастагӣ дорад, ки ба ин восита падидаю ҳодисаҳо ва вазъиятҳоро дарк намуда, дар баробари онҳо тасмимгириҳои илмию амалӣ ва воқеӣ менамояд. Ҳамчунин, тадбирандешӣ намуда, онҳоро ба воситаи фаҳм ва ё дарку хиради худ мавриди арзёбию баррасӣ қарор медиҳад.

Мусаллам аст, ки тарбияи асосии фарзандон бар души зан модар буда, танҳо онҳо метавонанд вобаста аз донишу ҷаҳонбинии худ фарзандонро бо роҳи дуруст тарбият намоянд. Аз онҳо аъзои фаъоли ҷомеа ба вуҷуд оваранд. Яке аз сабабҳои ҷаҳолату нодонӣ ва оқибмондагии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна ин набуди донишу ҷаҳонбинии илмӣ ва махсусан аз хатту савод ва дониш гирифтан дур мондани занон ба ҳисоб мерафт.

Ҷомеаи теократӣ бо такя намудан ба арзишу ритуалҳои динӣ саводомӯзии занонро чандон амали ба маврид ва хубу арзишманд таллаққӣ намекард, зеро ҳар қадар аъзои ҷомеа донишманд гардад, хатар ба ҳукмронии он гуруҳҳои ҳоким, ки бунёди ин навъи ҳокимиятро донишҳову арзишҳои динӣ ташкил медод, бештар меафзуд.

Бо бунёди ҳаёти сохти нав аз аввалин тасмимҳое, ки аз ҷониби ҳукумат гирифта шуд, он маҳви бесаводӣ буда, ҳадафи асосиаш саросар босавод гардонидани аҳли ҷомеа, бахусус занон буд. Ҳамчунин таъмини баробарҳуқуқии зану мард ва онҳоро ба узви фаъоли ҷомеа табдил додан яке аз ҳадафҳои меҳварии ин барнома ба ҳисоб мерафт.

Бо назардошти ҳамин вазъият, пас аз инқилоби Бухоро ва барпо гардидани ҳокимияти шуравӣ аз саросари қаламрави онвақтаи аморати Бухоро ҷиҳати маҳви бесаводӣ ва озод намудани занон аз банди таассубу хурофот мактабҳои навъи муосир ташкил карда шуда, заноне, ки соҳиби саводу дониш буданд ҳамчун  омӯзгору таълимдиҳанда ба кор фаро гирифта мешуданд.

Дар ин муборизаҳои қаҳрамонона метавон аз саргузашти занҳои ҷасуре, ки ба ҳайси аввалин омӯзгорон дар минтақаи кӯҳистон, аз ҷумла дар водии Рашт фаъолият намуда, бар асари амалҳои буздилона ва касифи гуруҳҳои зиддишуравии таассубӣ ва зиддимиллии босмачӣ кушта шудаанд метавон мисол овард.

Тавре аз маълумоти таърихӣ бармеояд, солҳои бистуми асри бист минтақаи водии Рашт борҳо аз даст ба даст гузашта, ҳатто солҳои 30-юм ҳаракати зиддимиллии босмачигарӣ дар он мавзеъҳо вуҷуд дошт ва он замон амалҳои ваҳшиёнаи зиддиинсонӣ бар алайҳи нафарони аз лиҳози ҷаҳонбиниву ақида пешқадам роҳандозӣ мешуд.

Чунин ҳолати мудҳишро мо дар ҷинояту бархурди ғайриинсонӣ бо аввалин муаллимаҳое ки дар ноҳияи Ҳоит ба дасти гуруҳи босмачиён бо сардории Фузайл Махсум содир гардида буд, мебинем.

Муаллимаҳои мазкур Маълумбибӣ, Чилабибӣ, Оламбӣ ба ҳисоб мераванд, ки ҳанӯз аз аввалинҳо шуда, ҷуръат карда фаранҷиро аз сар андохтанд ва курсҳои муаалимтайёркуниро гузашта, ба ҳайси гомӯзгор дар ин минтақа ба фаъолият шуруъ намуда буданд. Онҳо аз аввалин нафароне буданд, ки курси яксолаи муаллимтайёркуниро бо муваффақият хатм намуда, барои соҳиби хатту савод гардонидани дигар бонувони минтақа заҳмат мекашиданд.

Ин муаллимаҳо аз гузаштаи рӯзгори худ ва рӯзи сахти дигар бонувон огоҳ гардида, ба чунин натиҷа расида буданд, ки танҳо аз роҳи илму дониш ва огоҳӣ метавон занони тоҷикро аз зери зулми бардагии асримиёнагӣ озод намуд. Онҳо ба касби худ ва ақидаву ҷаҳонбиниашон устувор буда, дар ин роҳ барои боло бурдани сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинии занон пайваста ва содиқона хизмат менамуданд.

Аммо баъд аз панҷ соли фаъолияташон ҳаводиси бисёр баду манфур сурат гирифт, ки боиси бадбахтии на танҳо ин муаллимаҳо, балки тамоми мардум гардид. 12 апрели соли 1929 дастаҳои Фузайл Махсум дарёи Панҷро убур намуда, дар муддати кутоҳ ноҳияҳои Дарвоз, Сангвору Тавилдара, Ҷиргатол ва Қалъаи лаби обро тасарруф намуданд, аз аввалин амалҳои қабеҳу зиддиинсоние, ки анҷом доданд он буд, ки дар ҳар куҷо аз ин навоҳӣ агар нафари  бедору озодандешеро ё касеро, ки аз моҳияти сохти нав огоҳ гардида, ба он гаравида буд, мавриди муҷозоти сахт ҳатто қатл ва ҷисман нобуд карданро барояш раво медиданд.

Махсусан ба бонувони бедору огоҳ, ки сохти навро пазируфта, ба таълиму тарбият шуғл варзида буданд, ба онҳо ҳеҷ гуна раҳму гузашт вуҷуд надошт. Масалан, ҳангоми ҳуҷуми Фузайл Махсум аз аввалин амалҳои анҷомдодааш он буд, ки мардуми огоҳ, чи зан ва чи мардро мавриди қатл қарор медиҳад.

Маҳз дар ҳамин вақт аввалин муаллимаҳоеро, ки мехостанд занҳоро босавод гардонида, оқибмондагии вуҷуд доштаро барҳам зананд ва занонро ҳамчун узви фаъоли ҷомеа аз илму дониш баҳравар созанд, боздошт намуда, ба ҳукми қатл маҳкум менамояд.

Ин занҳои ҷасуру диловар Маълумбӣ, Чилабибӣ  ва Оламбӣ буданд. Фузайл Махсум  тавассути руҳониёни иртиҷоии тарсу, махсусан муфтӣ Исмоил ҳукми ин се муалимаро чунин содир менамояд, ки онро нависанда Диловари Мирзо дар ҳикояи «Гулҳои камари кӯҳ» (рӯзномаи «Садои Мардум» №38(3988) аз 06.04.2019) чунин тасвир намудааст:

“Бародарони муъмин, инак банда баъди мусофирати панҷсола, ки бо ҳукми тақдир рух дод, ба Ватан баргаштам. Шумо гумон накунед, ки тангии рӯзгор маро иҷборан ба Ватан баргардонд. Он ҷо зиндагии шоҳона доштам. Ғами ватани поймоли қадами ҳароми бегонагон заҷрам медод. Ёди шумо қалби дардмандамро пора-пора менамуд. Овозаҳои шум мерафт аз ин тарафи соҳил. Мегуфтанд, ки мусалмонон ба дини бегона эътиқод пайдо карданд. Ва боз бузургон ба хобам медаромаданд ва мегуфтанд, ки «ай бандаи Худо, даврони ишрат нест!». Билохира чун Парвардигори ман соаташро фаро овард, ҷони ширинро дар хатар гузошта, ба ин тараф омадам.

Махсум лаб аз гуфтор фурӯ баст ва пиёлаи чои ба сӯяш дарознамударо ба даст гирифт. Муфтӣ Исмоил чун пай бурд, ки Фузайл дигар ҳарфи гуфтанӣ надорад, риштаи суханро ба даст гирифт:

– Бисмилоҳи раҳмонирраҳим… Мардум! Аҳли муслимин! Инак, фурсат даст дод, ки мо – ҳомиёни дини мубини ислом аз гурӯҳи худфурӯшу Худофурӯш, аз онҳое, ки по аз пардаи исмат бурун гузоштанд, тани поки хешро ба ҳаром олуда намуданд, пурсиш кунем. Дар ҳузури мардуми диёр ба онҳо ҷазои сазовор диҳем.

Бо ишораи ӯ Абдуллобек муаллимаҳои даст ба пуштбастаро ҳамроҳи се-чор сарбоз ба таги дор овард.

– Сазои ин занони бесатру беҳаё чист?

Аз байни издиҳом чанд нафар садо баланд карданд:

– Куштан! Овехтан! Сангсор!

– Ҷаноби муфтӣ, – ба Исмоил рӯй овард Махсум. – Шумо соҳиби шариат ва фатво ҳастед. Коре кунед, ки ҳукматон одилона бошад, мабодо фардо дар маҳшар мо низ қатори шумо ҷавоб нагӯем.

– Ҳамааш аз рӯи адолат аст, ҷаноби Махсум, – бо овози баланд посух гуфт муфтӣ Исмоил ва аз нав ба халқ рӯй овард. – Бале, куштан. Аммо ҷаноби ҳоким мегӯянд, ки ин гумраҳони Худозада дар ҳузури шумо аз карда пушаймон гашта, тавба намоянд, гуноҳашонро мебахшад.

Вале аз ҷониби муаллимаҳо ҳаракате ё садое нашунид, боз суханашро идома дод.

– Дар қалби онҳо шайтони лаъин маскан гирифтааст. Забонашонро қулф андохтааст. Мехоҳад бо тани пур аз гуноҳ моқаби дӯзах шаванд. Дар байни онҳо як нафар, – бо ангушташ тарафи Чиллабибӣ ишора мекунад, – ҳомиладор аст. Қатли ӯ мувофиқи ҳукми шариат дуруст нест. Бо амри ҳокими адолатпаноҳ озод мешавад. Бубинед, ай бародарони мусалмон. Кор то куҷо расидааст, ки як зани безоти номусалмон раиси ҳукумат таъин шудаву ҳукм меронад ва мо аз тарс наметавонистем садо баланд кунем. Ӯ то таваллуди фарзанд зинда мемонад. Агар баъди таваллуд аз карда пушаймон шавад, касе ба вай кордор намегардад.

Махсум ба тарафи муфтӣ Исмоил нигарист.

– Агар афв кунед, ба ҷомеа таъсири бад мерасонад, – аз нигоҳи ӯ рамуз гирифта гуфт муфтӣ. – Барои тарсонидани дигарҳо қурбон намудани се нафар кирои гап намекунад. Ҷавобаш ба зиммаи банда.

Махсум садо баланд накард.

Бо ишораи Ҷалол сарбозон муаллимаҳоро ба таги дор бурданд ва хостанд, ки бо рӯймол чашмонашонро банданд, аммо духтарон ба ин роҳ надоданд.

– Мо дузд нестем. Ба касе хиёнат накардаем. Барои кадом гуноҳ дар лаҳзаи охир чашм аз дидори ҳамдиёрон бандем, аз тамошои табиати зебо маҳрум монем? Мо маргро бо сари баланду чашмони боз пешвоз мегирем, – бо овози форамаш ба мардум шунавонда гуфт Маълумбӣ. – Шумо гумон накунед, ки мо танҳоем. Дар симои шумо мардум ҷаллодони хунхорро мебинанд. Бо куштани се зан сафи мо кам намешавад, балки меафзояд. Гумон доштед, пеши пои шумо сар мемонем, хоки поятонро тӯтиё мекунем, омурзиш мехоҳем. Барои кадом гуноҳ? Гуноҳамон ҳамин аст, ки ба мардум фарқи сиёҳро аз сафед фаҳмондем. Мо комсомолем ва аз ин маслак даст намекашем…

Издиҳом хомӯш буд. Овози сеҳрноки муаллима ҳамаро афсун кард. Ҷаллодон осемасар ҳалқаҳои даҳонворо, ки мунтазири луқмаи хеш буданд, ба гардани духтарон андохтанд. Аз нав садои фораму пурдарди Маълумбӣ баланд шуд.

– Алвидоъ, ҳамдиёрони азиз! Падруд, сарзамини афсонаҳои ман…

Ҷаллодон бо шитоб кундаҳоро аз зери пои онҳо гирифтанд. Ҷисми мавзуни духтарон дар ҳаво алвонҷ мехӯрданд. Пойҳои нозуки духтарон аз зӯри дард қату рост мешуданд. Куртаи алвони Оламбӣ зери таъсири боди форами баҳорӣ мавҷ мезад ва ба чашми бинанда парчами оғуштаи хунро мемонд…”.

Адиб амали нобахшиданию ноҷавонмардонаи босмачиёни хунхорро, ки нисбат ба се муаллимаи ҷасур раво дида буданд, ҳамин гуна тасвир кардааст, ки комилан воқеист. Албатта, хотираи неки муаллимаҳои мазкур, ки барои ин минтақа, хусусан занон илму дониш ва равшанӣ меоварданд, дар қалби мардум абадист. Ҳамчунин, ба он тудаи одамхори босмачӣ бо сардории Фузайл Махсум то ҳануз сокинони водии Рашт ва умуман кишварамон нафрати беандоза доранд.

Ба ҳамин вазъияти монанд дар ин минтақа солҳои аввали барпо шудани ҳокимияти шуравӣ дар ноҳияи Тавилдара ҳам рух дода буд. Дар он замон Тамар ном зани маорифпарвар, ки аслан рустабор ва зодаи кишвари Гурҷистон будааст, ба хотири рафъи бесаводӣ ва ҳамчун як рамзу намои озодии занон ба ин ноҳия кӯҳистон равона карда шуда буд.

Тамара дар яке аз оилаҳои миёнаҳол тавлид шуда, даҳаи аввали саддаи 20 ба донишомӯзию маорифпарварӣ фаро гирифта мешавад. Вай аз донишу ҷаҳонбинии навъи нави дар Аврупо ба вуҷудомада огоҳ гардида, яке аз бадбахтиҳои асосии башарро дар нодонию ҷаҳолат ва таассубу хурофот дармеёбад.

Ҳамин аст, ки ба гуруҳҳои пешқадаму озодихоҳи минтақаи Қафқоз, ки дар тобеъияти императории рус буд, мепайвандад ва ҳамчун зани мубориз вазифаи худро дар огоҳнамоии занон, бахусус минтақаҳои осебпазир медид.

Ӯ сеҳри донишу қалам ва неруи бартар доштани илмро дарку фаҳм намуда,  муътақид буд, ки вақте ҷомеа огоҳ мегардад,  бидуни ҳеҷ гуна таъсири иловагӣ метавонад алайҳи зулму истибдод истодагарӣ намояд ва худ мубориза барад.

Ҳамин гуна ақидаро ҳамчун меҳвари андешаи худ ҳисобида, пас аз солҳои 20-ум, яъне баъд аз инқилоби Бухоро ва барқароршавии ҳокимияти шуравӣ, ки дар садри барномаҳояш маҳви бесаводӣ буд, ҳамчун муборизи роҳи озодӣ ҷиҳати босавод гардонидан ва огоҳӣ додан ба аҳли ҷомеа раҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ пеш мегирад.

Азбаски дорои хислатҳои далерию ҷасорат ва ақидаи устувор буд, уро ба водии Рашт, ноҳияи Тавилдара ба ҳайси муаллима ба кор мефиристанд. Ин қаҳрамонзан дар минтақа 3 сол дар самти омӯзондани  занон, боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбинии онҳо ва тайёр намудани занони донишманд ва огоҳу ҷасур, инчунин ба аҳли минтақа фаҳмонидани моҳияти сохти нав ва роҳҳои мубориза бурдан ба унсурҳои куҳнаи феодалӣ фаъолият доштааст.

Тамар дар як муддати кӯтоҳ дар дили бошандагони ин минтақа маҳбубият пайдо карда, аввалин шогирдонро дар самти маҳви бесаводӣ омода намуд. Ба мардум илму дониш омӯзонд, занонро аз ҳаёти нав огоҳӣ дод.

Мусаллам аст, ки солҳои 20-уми қарни гузашта ҳаракати зиддиинсонӣ ва ғоратгаронаю ифротии босмачиён, ки мехостанд ҳокимияти амириро дубора дар минтақа барқарор кунанд, бедодгарӣ менамуд. Мардумони қисматҳои гуногуни Осиёи Марказӣ тайи солҳои 20-уми қарни гузашта борҳо шоҳиди бедодгариҳои босмачиён гардидаанд ва даҳшати ғоратгарӣ, куштори ваҳшиёна ва бардаву канизгардонидани мардумонро дар ин минтақа хуб дар хотир доранд.

Навоҳии Рашт ва махсусан Сангвор низ борҳо ҳадафи ҳамлаву ғорати босмачиён қарор гирифта, садҳо нафар дигарандешон бо ҷурми ҷадид ва дигарандеш мавриди қатл қарор гирифтаанд. Қобили қайд аст, ки босмачиён душмани сарсахти миллати тоҷик, илму маърифат ва мактабу маориф буда, ба ҷуз аз донишҳои маҳдудуди мазҳабии хеш ҳамаро «куфр»-у «бидъат» меҳисобиданд.

Дар яке аз чунин набардҳои нобаробар, ки босмачиён минтақаи Сангворро зери тасаруфи худ дароварданд, аз аввалин коре, ки анҷом доданд тарафдорони тарзи ҳаёти нав ва махсусан муаллимонро ба қатл маҳкум карданд. Дар миёни ин нафарони ба қатл маҳкум шуда, муаллиами машҳури рус Тамара низ буд.

Таассубзадагони нохалафи босмачӣ Тамараро ба хотири тараққипарвару муаллима будан ва ба мардум таълими донишҳои навинро ба роҳ монданаш такфир карда, уро бо бераҳмии хоси асримиёнагӣ азоб дода куштанд.

Босмачиҳои хабису палид бо мақсади бештар даҳшат ангехтан ва тарсонидани мардум муаллима Тамараи ҷасурро ро аз болои қуллаи кӯҳ ба поён партофта, буздилона қатл карданд. Ин манзараи даҳшатбор ва қотилии босмачиён то ҳануз дар хотираи мардум боқист ва нақли ин ваҳшонияти босмачиҳо аз насл ба насл мегузарад.

Босмачиҳои нокасу нохалаф агарчӣ Тамараро ҷисман аз байн бурданд, вале ӯ то охирин лаҳза ба ин авбошон сари таслим фуруд наовард ва аз роҳи пешгирифтаву ормонҳояш барнагашт. Ҳатто дар охирин лаҳза ҳам баён дошт, ки шумо агарчӣ маро ҷисман аз байн мебаред, вале ормону ҳадафи ман шикастнопазир аст. Зеро ман мехоҳам аз роҳи донишу хирад мардумонро огоҳ намоям ва аз зулму бардагӣ занонро наҷот диҳам, ононро ба саодат бирасонам. Марги ман метавонад ҳазорон зани ҷасуру далери дигарро ба майдон оварад то зидди шумо мубориза баранд.

Азбаски ин зани рус бо садоқату муносибати самимии хеш ва дар рӯҳияи донишҳои навин тарбия кардани шогирдон дар дили сокинони минтақаи Сангвор ҷойгоҳ пайдо намуда буд, он кӯҳе, ки дар он ҷо Тамара ба ҳалокат расид то имрӯз бо номи кӯҳи Тамара ёд мешавад ва машҳур аст. Ҳар гоҳ ки одамон ба суи ин қулла менигаранд, чеҳраи нуронию бомаърифати Тамара пеши назарашон меояд ва аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Агар меҳмоне ва ё сайёҳе ба ин минтақа ташриф орад, сокинони маҳаллӣ ҳатман ба ин нафар асрори қуллаи Тамара ва сабаби чунин ном гирифтанашро нақл мекунанд ва ваҳшонияти босмачиҳоро, ки нисбат ба он муаллимаи далер содир шуда буд таъкид мекунанд.

Албатта кору пайкори накӯи одамон, махсусан агар он ба хотири донишу маърифат ва инсоният буда бошад, дар ёду зеҳни инсонҳо боқӣ мемонад ва новобаста ба он ки кадом як мақоме ҷойгоҳеро ба номи ӯ гузорад, мардум худ вобаста аз амали накӯяш ӯро ном хоҳанд дод.

Ҳадаф аз ин навишта ду ҷанба дорад: авалан, имрӯз бонувони кишвари мо, ки дар ҷомеаи демокративу дунявӣ ба сар мебаранд, бояд дарк намоянд, ки ин озодиву баробарҳуқуқӣ ва аз бардагиву канизи раҳо шудани онҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар ин роҳ ҳазорон ҳазор аз ҷинси латиф дар дарозои таърих ҷони худро аз даст додаанд. Ҳоло низ дар иддае аз кишварҳои минтақа ҷаҳолату таассуби асримиёнагӣ бедод мекунад ва занонро аз тамоми амалкардҳои иҷтимоӣ ба ҳошия ронда, онҳоро аз таҳсили илму дониш гирифтан маҳрум намуд, ба бардаву каниз табдил додаанд.

Занони мубориз дар ин гуна кишварҳои шарқӣ ҳамарӯза ҷиҳати озодиву ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, ҷон нисор мекунанд. Бонувони азизи кишвари моро зарур аст ба қадри ин неъмати бебаҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва дунявияти давлату ҷомеа бирасанд, онро ҳифз намоянд ва нагузоранд, ки бо афкори муғризонаи худ гурӯҳҳои таассубиву хурофотӣ онҳоро дубора ба бардаву каниз табдил диҳанд.

Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки омӯзгор ва донишу маърифат дар ҳама марҳилаҳои зиндагии инсон ба сифати омили  пешбарандаи рӯзгор ва ривоҷу равнақи ҷомеаи инсонӣ шинохта шудааст. Ҳар давру замон инсоният вобаста аз шинохти дуруст ва маърифати накӯ тавонистааст ҳақоиқи олами мавҷударо равшан созад ва бо дарки ин воқеият зиндагии хеш, ҷомеа ва ҷаҳони худро созад.

Дар ин раванд нақши муҷаллои омӯзгор ниҳоят муҳим аст. Ба таври дигар ин омӯзгоронанд, ки меҳвари пешбарандаи тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб мераванд ва бо роҳи тарбияи накӯ донишро дар зеҳни инсон ҷойгоҳ бахшида, онро ба шахсият табдил медиҳанд. Яъне саҳми омӯзгор дар ташаккули тамаддуни башар муҳим ва муассир аст.

Шахсияти устод ва донишу ҷаҳонбинии ӯ ба мисли офтобест, ки медурахшад ва роҳро барои шогирдон рӯшаноӣ мебахшад. Дар ҳар ҷомеа вобаста ба ин ки муаллим чӣ ҷойгоҳу мақомеро дорад, пешрафти онро метавон муайян намуд. Зеро пешрафти ҳар ҷомеа аз сатҳи дониш ва фарогирии маърифати илмии бошандагони он вобаста аст. Яъне агар дар ҷомеа  ҳар қадар сатҳи дониш ва илму маърифат боло бошад, ҳамон қадар мушкили ин ҷомеа камтар буда, осебпазириаш низ коҳиш меёбад. Иртиботи иҷтимоӣ дар сатҳи донишу маърифат қарор гирифта, ҷомеа дар сатҳи тавозун пеш меравад.

Ҳамин аст, ки башарият ҳамеша ва дар ҳама маврид ба омӯзгор, омӯзишу парвариш ва мактабу маориф ниёз дорад. Вуҷуди омӯзгор ва ҷойгоҳи баланди иҷтимоии ӯ сабаб мешавад то дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ мутахассисон ба вуҷуд оянд ва барои пешрафти ҷомеа саҳми хешро гузоранд.

Дар баробари ин, марҳилаҳои муайянеро дар сарнавишти миллатҳо ва давлатҳо метавон мушоҳида кард, ки  илму маориф мартабаю эътибори хешро аз даст дода, таассубу хурофот ва нодониву ҷаҳолат ҷойгоҳи муҳим пайдо мекунад. Хирадгароӣ мақоми худро аз даст дода гумон ва бовару шоеот ҷойгоҳи махсус касб менамоянд. Чунин ҷомеа сахт таассубзада, хурофотӣ аз ҳам пошида, нотавон, дармонда ва хуллас пур аз мушкил ва гирифторист.

Дар ин навъи ҷомеа таваҳҳум бар  хираду дониш ҳоким аст. Донишманд, омӯзгор ва аҳли илму маърифат дар хорию забунӣ қарор мегирад ва дар сарсонию оворагӣ ба сар мебарад. Ҷаҳл, таассуб ва нодонию хурофот бедод мекунад. Ҷоҳилу нодон хешро дар либоси олиму донишманд ҷилва медиҳанд ва ҳамчун сарсахттарин душмани илму маърифат баромад намуда, ба донишмандони воқеӣ ҳазорон барчаспу шоеётро таҳвил мекунанд. Ин гуна рашк, бухл ва нотавонбинӣ дар тули таърихи башар сабаби аз байн рафтани ҳазорон ҳазор донишмандони воқеӣ ва дар кураи оташи нафрини ҷаҳолатпешагон сухтани осори онҳо гардидааст.

Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои асосии оқибмондагии аморати Бухоро ва зери мустамликаи императории рус рафтани он нодонӣ, хурофот, таассубу ҷаҳолат ва ҷомеаи суннатгарову тақдирзада буд. Ин кишвар дар баробари донишу маърифати ҷаҳонии вақт оқибмонда ва вопасгаро буд. Ҳанӯз дар баробари дониши навини башарӣ ва фановариҳои аз таровиши мағзи он эҷодшуда, бехабар буд. Зеро табақаи ҳоким ва қишри рӯҳонии ин ҷомеа барои пазируфтани донишҳои навин имкон намедоданд ва барояшон дар вазъи инҳитоту сарбастагӣ нодонию саросарӣ қарор додани ҷомеа муҳим буд. Чун бунёди ин давлатро таассуб, хурофот, нодонӣ, динмеҳварӣ ташкил мекард.

Аз ин рӯ онҳо бо ҳар нафаре, ки донишу илми муосири замонро аз худ карда дар баробари тафаккури мавҷудаи ҷомеа чизи наверо пешниҳод кунад, уро душман қарор дода, ба ӯ барчаспҳои муртаду кофир ва амсоли инро илова мекарданд. Ҳамин буд, ки аморати Бухоро то охирин лаҳзаи аз байн рафтан ва табақаи ҳокиму тарафдорони он бар муқобили дониш, ақлу хирад ва фановариҳои башарӣ мубориза бурданд ва натиҷатан ноком гашта давлаташон низ ба фано рафт.

Бо назардошти ин муқаддамот,  мо аҳли ҷомеа ва тамоми мардуми кишвар бояд ба омӯзишу парвариш таваҷҷуҳи хоса намоем ва мақому манзалати омӯзгорро боз ҳам боло бибарем. Зеро ҳеҷ як ҷомеа бидуни рушди илму маориф наметавонад зиндагии шоиста ва тараққии кишвари хешро таъмин созад.

Исомиддин Шарифов, мудири кафедраи фанхои гуманитарии ДТТ, номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь