Раиси Маҷлиси намояндагони кишвар Шукурҷон Зуҳуров зимни ҷаласае, ки чанд рӯз қабл сурат гирифт, аз ҳаҷми ками нафақа дар Тоҷикистон нигаронӣ намуда, гуфт, ки нафақаи мардум баланд бардошта шавад. Ба таъкиди ӯ, инчунин шаҳрвандон ба ҷойи кори шоистае ниёз доранд, ки ҳаҷми маош ақаллан ба ду ҳазор сомонӣ баробар бошад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон суолеро пешниҳод намуда, барои посухаш ба онҳо як моҳ мӯҳлат додааст. Ӯ чунин муроҷиат намудааст: «Агар аз рӯи виҷдон гап занем, бояд нафақа ба сабади истеъмолии моҳона баробар бошад, то шахси нафақагир тавонад бо он рӯз барад. Ана он вақт дар бораи ҳифзи воқеии иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин мебуд… Дигар бо чунин ҳолат муросо кардан мумкин нест… Мардум ба гирифтани нафақаи шоиста умед баста метавонанд ё не?”.
Ин суол дар ҳолест, ки мардуми кишвар тӯли чандин сол боз ба ин мушкилӣ гирифтор аст ва нафақаи ночизе, ки махсусан пироснсолон мегиранд, онҳоро қонеъ карда наметавонад. Мақомоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ниҳоди назораткунанда дар бахши нафақа дар Тоҷикистон низ тасдиқ мекунад, ки баъди қабули қонуни нав ҳаҷми нафақа дар кишвар коҳиш ёфтааст. Аз қарори нав бештаре аз нафақахӯрон ноумед шуданд, гарчанде онҳо солиёни зиёд кор мекунанд ва умеди калон доштанд, ки бо нафақаи бештар даврони пирии худро осудатар паси сар менамоянд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳаҷми ками нафақа дар кишвар нигаронӣ намуда, гуфтааст: “Онҳое, ки синнашон аз 80 гузаштааст, бо 200 сомонӣ чӣ хел рӯз гузаронанд ва худро табобат кунанд? Агар ягон шахси наздик надошта бошад, аҳволаш чӣ хел мешавад?”.
Дар ин ҳол, Зулфиқори Исмоилиён, иқтисодшиноси тоҷик дар сӯҳбат бо мо ҳарфҳои Шукурҷон Зуҳуровро тасдиқ намуда, гуфт: “Гуфтаҳои Шукурҷон Зуҳуров дуруст аст. Ман дар ягон кишвари дунё надидам қонуне вуҷуд дошта бошад, ки нафақаи мардум ба ҳадди кораш дода нашавад. Масалан, он нафаре, ки дар гузашта кор карда, молиёт додааст, вай ҳақ дорад, ки дар пиронсолӣ нафақаи хуб гирад. Вале дар Тоҷикистони мо қонун инро манъ карда, танҳо 300, 400 ё 500 сомонӣ ва аз он зиёдро муқаррар накардааст”.
Ин иқтисодшиноси тоҷик чунин тарзи бароҳмонии нафақаро дар Тоҷикистон қабул надорад ва ба қавли ӯ, беҳтар он аст, ки ё нафақа аз байн бардошта шавад, ё Тоҷикистон тибқи қонунҳои байналмилалӣ ба монанди дигар кишварҳо амал кунад.
Ҳамзамон, ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки чунин қонунро ба роҳ мондааст ва бар зидди Қонуни асосӣ амал мекунад: “Инро Қонуни асосӣ низ тасдиқ мекунад, ки ҳар нафаре, ки то пиронсолӣ кор мекунад, бояд ҳаққашро гирад, вале дар Тоҷикистон, афсӯс, ки ҳатто қонуни қабулнамудаашон зидди Қонуни асосӣ аст”.
Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Агентии нафақа интиқоди раиси Маҷлиси намояндагонро тасдиқ намуда, гуфт, ки воқеан ҳам пардохти нафақа дар кишвар кам аст. Аммо сабабашро ба он рабт дод, ки дар Тоҷикистон нафақа танҳо аз як манбаъ, яъне андози иҷтимоӣ таъин карда мешавад.
Шукурҷон Зуҳуров ба иддаои Назокат Одиназода дарҳол чунин посух дод: “Танҳо бо такя ба маблағҳои Фонди нафақа баланд бардоштани нафақа имкон надорад ва масъулин бояд таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯзанд. Роҳҳояшро ҷустуҷӯ кардан зарур аст. Мо бояд коре кунем, ки ҳисоби миёнаи нафақа ақаллан ба музди маоши камтарин баробар карда шавад. Дар акси ҳол, нафақагир бо чунин нафақа зиндагӣ карда наметавонад. Барои мо ҳоло ҷойи кори шоиста лозим аст, ки мардум ақаллан ду ҳазор сомонӣ маош гиранд. Дар он сурат пардохтҳои иҷтимоӣ ҳам меафзоянд ва ҳаҷми нафақа низ зиёд мешавад. Барои онҳое, ки имрӯз ба нафақа мебароянд, муқарраротеро ба кор бояд бурд, ки барояшон то ба ин дараҷа нафақаҳои паст таъин нашавад. Адолати иҷтимоиро барқарор кардан шарт ва зарур аст”.
Абдурақиб Қодиров, иқтисодчии дигари тоҷик бар он ақида аст, ки ин мушкилотест, ки солҳост идома дорад ва аз вазъи воқеии иқтисодии Тоҷикистон вобаста аст. Ба ақидаи ӯ, айни замон, бо назардошти поин будани ҳаҷми даромадҳои фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бартараф кардани мушкилии пардохти нафақа ғайриимкон аст: “Зеро ин масъала бунёдӣ аст ва ҳалли он аз дараҷаи рушди иқтисодӣ вобастагии зиёд дорад. Имкониятҳои буҷети нафақа дар пардохти ҳаҷми мувофиқи нафақа кифоя нест. Бинобар ин, танҳо дар ҳолати анҷом додани ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ, хусусан дар соҳаи андозбандӣ метавон ҳаҷми даромадҳои буҷаи давлатӣ ва фонди нафақаро зиёд намуд”.
Ҳамзамон, ӯ чунин мешуморад, ки ба он маблағҳову имкониятҳои маҳдуде, ки имрӯз Фонди нафақа ё Агентии суғурта дорад, наметавон ба таври шоиста пардохти нафақаро ба ҳаҷми умедвории нафақахӯрон бароварда кард. Ба қавли ӯ, давлат имкониятҳои дар ихтиёр будаашро истифода мекунад ва имконияти бештарро надорад.
– Бояд нафақагирон ин паҳлуи масъаларо дарк кунанд, ки нафақа аз баъзе омилҳову сарчашмаҳо вобастагӣ дорад. Давлат имкониятҳои маҳдудро дар ихтиёр дорад, ба ҳамон андоза таъмин карда истодааст ва аз ин зиёд имконият надорад. Мушкили асосӣ дар ҷамъоварии маблағ аст, ки барои нафақа пардохт карда мешавад,- мегӯяд А. Қодиров.
Коршиносони тоҷик бар он ақидаанд, ки рушд накардани соҳаи иқтисодиёт дар кишвар боиси мушкилоти мавҷуда шудааст ва то он даме, ки буҷети давлат холӣ аст, ин мушкилӣ ҳалли худро намеёбад. Танҳо дар ҳолати афзудани истеҳсолот, зиёд шудани ҷойҳои корӣ, афзудани ҳаҷми пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷети давлатӣ, хусусн ба Фонди нафақа имкони ҳалли ин мушкилот вуҷуд дорад.
Тибқи оморҳо, ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳама пасттарин маҳсуб меёбад. Пас аз қабули қонуни нави нафақа дар соли равон ҳаҷми нафақа боз ҳам поён омад ва ин боиси нигаронии нафақагирон дар Тоҷикистон гардид.
То соли 2017 маоши ду соли охири корманд ҳисоб ва ба 120 моҳ тақсим мешуд ва аз рӯи он нафақаро таъин мекарданд. Аммо бар асоси қонуни нав, на ҳаҷми миёнаи маоши ду ё панҷ соли ахири ӯ, балки саҳмгузориаш дар давраи фаъолият дар низоми суғуртаи давлатӣ ба эътибор гирифта мешавад. Яъне, бар асоси Қонун “Дар бораи нафақа”, бознишастагон ҳар қадар бештар маош гирифта ва андоз супурда бошанд, ҳамон андоза нафақаи зиёдтар мегиранд.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 660 ҳазор бознишаста ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа 272 сомонӣ ё 30 доллари амрикоист. Ин шумора дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ пасттарин дониста мешавад.
Аз ҳама нафақаи зиёдро дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ сокинони Эстония мегиранд, ки ба 434 доллар баробар аст. Ӯзбекистони ҳамсоя бо 35 доллар музди миёнаи маоши нафақа дар зинаи қабл аз охирин қарор гирифтааст.
Фарзонаи УМАРАЛӢ, “ФАРАЖ”