Дунё аҷоиб будааст. Онҳоеро, ки ба меҳру навозиши модар муҳтоҷ ҳастанд ва лаҳзае дар канори модар будан мехоҳанду орзуи боре ҳам дар хоб дидани ӯро доранд, аз модар ҷудо сохтааст. Аммо онҳоеро, ки доимо модарро ранҷонида, ашки ӯро болои чеҳраи пурнураш меоранд, аз меҳру муҳаббаташ маҳрум накардааст.

Бо вуҷуди он, ки бузургони мо дар васфи модар асарҳои муҳташам офарида, модарро ба мақоми фаришта расонидаанд ва ояндагонро ба ҳурмати марҳами ҷон талқин кардаанд, боз ҳам ноҳурматӣ нисбат ба олиҳаи зиндагӣ ба чашм мерасад. Афсӯс, ки иддае аз ҷавонон доираи одобу ахлоқро убур карда, дар ҳақи неъмати Худованд, ки барояшон арзонӣ доштааст, носипосӣ мекунанд, модарашонро зери дашному суханҳои қабеҳ мемонанд. Ҳол он ки, модар дарёи меҳру шафқатро мемонад. Ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки дар дидаи фарзандаш нам, дар дилаш ғам ва аз ёру дӯстонаш дар чизе кам бошад.

Ростӣ, дар ин бора андеша рондани ман сабаб дорад. Чанде пеш дар бозор иттифоқе пеш омад ва дар дили ман нисбати баъзе афрод нафрате барангезонд. Пиразане ба савдои сарироҳӣ машғул буд ва фарзандаш пеши ӯ омада, исрор мекард, ки барояш пул диҳад. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки вай як тан аз муфтхӯронест, ки ба бекорхӯҷагиву майзадагӣ одат кардааст. Модар аз чунин аҳвол дарун-дарун гӯё месӯхт ва ночор барои қонеъ кардани ҷигарбандаш аз кисаи пешдоманаш қабзаи пулро гирифта дод. Бубинед, ки модар барои заҳмати чандинсолаи худ ба чӣ машаққат рӯ ба рӯ шуд. Шоире мегӯяд:

Бишканад дасте, ки боло бар сари модар шавад,

Чашми бад бошад касеро, мушти хокистар шавад.

Қадри модарро надонад гар ба дунё ҳар писар,

Бод умраш хору зору кӯ ба кӯю дар ба дар.

Аммо дар рӯзгори мо манзараи дигареро низ вохӯрдан мумкин аст. Масалан, дили модар дар айёми моҳи дай хоҳиши чашидани қулфинай мекунад ва фарзанд барои дили модар шуда аз худи Маскав хостаи оламафрӯзашро дастрас мекунад. Модар аз он чашида, роҳат мекунаду фарзандашро аз самими қалб дуо медиҳад ва фарзанд ба саодати абадии дунё шарафёб мегардад. Чун модари меҳрубон аз ҷаҳони шафқати фарзандон баҳравар мешавад, мудом дуои сабзи худро бо умеди сарсабзии ҷигарбандҳояш арзонӣ медорад:

Ба наҷоти ту, илоҳо, малаке расида бошад,

Саҳаре, ки нав дамида, ба ту ҳам дамида бошад.

Акнун қазоват кунед, яке модарро норизо карда, хору зор мекунад, дигаре ба ҳар қиммате ризоии модарро соҳиб мешавад. Ба гумони шумо – дӯстон, пайравии кадоме аз инҳо беҳтар аст? Кадом идда дар пайроҳаи зиндагӣ комёбу зафарманд мешаванд ва баръакс, кадоме забуну беқадр мегарданд?!

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Саломат бошӣ бародари азиз! Бишканад дасте, ки модарро занад…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь