Чанд ҳафтаи охир бар асари хурӯҷи дубораи коронавирус дар кишвар шахсиятҳои шинохтаи касбу кори гуногун фавтиданд. Наздикон ва расонаҳо фавти ин нафаронро аз коронавирус мегӯянд, вале мақомот то ҳол инро тасдиқ накардаанд. Вуҷуди дигарбораи коронавирусро дар кишвар мақомот пас аз танаффуси шашмоҳа рӯзи 21-уми июн тасдиқ карданд. Давоми 3 рӯзи охир, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, 115 нафар сироят шуда, 67 нафар шифо ёфтанд ва 5 нафар фавтиданд. То 13-уми июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 911 нафар расидааст. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 581 нафар ё худ 97,6%-ро ташкил медиҳад. То имрӯз дар кишвар аз ин вирус 107 нафар фавтидаанд.

Убайдулло РАҶАБОВ

Ҳаҷвнигори маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, коргардони театр ва синамо Убайдулло Раҷабов рӯзи 1-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Убайдулло Раҷабов 80 сол дошт.

Убайдулло Раҷабов 20-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998).

Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982).

Фаъолияти кории худро дар Театри вилоятии драмаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст (1968-70). Солҳои 1970-89 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ, 1990-2000 роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина», 2000-2004 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2004 директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ва роҳбари бадеии театри намунавии миниатюрии «Оина».

Мунаввара УСМОНОВА

12-уми июл қалби ҳамсари Мумтоз Усмонов ҳам дар 71-солагӣ аз тапидан бозмонд. Мунаввара Усмонова тақрибан аз ду ҳафта бад-ин сӯ дар бемористони маҳаллаи «Якуми Советҳо»-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва бо бемории КОВИД-19 мубориза мебурд, аммо ҳазор таассуф, ки натавонист бар он пирӯз шавад.

Ӯ риштаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т. Шевченкоро хатм карда, дар даврони Шӯравӣ яке аз ду диктор ё муҷрии барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд.

Саидамир РОЗИҚЗОДА

Генерал-майор Розиқзода Саидамир Холиқ 1-уми октябри соли 1957 таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1978 то 1993 ба ҳайси корманди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, аз 1993 то 1995 раиси ноҳияи Бохтар, ҳоло Кӯшониён фаъолият доштааст.

Розиқзода аз солҳои 1996 то 1998 роҳбарии Дасгоҳи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Сипас аз соли 1999 то соли 2016 дар Вазорати мудофиа кор кардааст. Дар Вазорати мудофиа Розиқзода дар мақомҳои гуногун, аз муовини сардори Раёсат то муовини вазир фаъолият дошта, солҳои охир ба нафақа баромада, дар ҳалқаи наздиконаш рӯз мегузаронд.

Генерал Саидамир Розиқзода низ дунёро тарк кард. Наздикони Саидамир Розиқзода сабаби даргузашташро гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ кардаанд.

Ӯзбекбӣ АСАДУЛЛОЕВА

Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, шоми 5-уми июл даргузашт.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтология, маъруф ба “клиникаи Мансуров” бистарӣ буд. Ӯзбекбӣ Асадуллоеваи 88-сола, ки модари Азизамоҳ Асадуллоева, ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст, як ҳафта пеш аз вафот бо нишонаҳои бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.

Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажуҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.

Қурбоналӣ РАҲМОН

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми июл дар шифохонаи маъруф бо номи “Якум Советский” баъди чанд рӯзи беҳушӣ ба худ омад, натавонист ин бемории ҳамагирро мағлуб созад.

Қурбоналӣ Раҳмонро шоми 6-уми июл бо аломатҳои коронавирус дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ карда буданд ва сипас хабар доданд, ки ӯ ба худ омаадааст. Шаби 10-уми июл хабар расид, ки ҳунарманд дар бемористон дар синни 67-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қурбоналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд. Ӯ соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли “Дарё” ба кор даромад ва баъдан роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд.

Шералӣ АБДУЛҚАЙСОВ

Шералӣ Абдулқайсов моҳи гузашта 70-сола шуд ва ба ин муносибат як маҳфили хоса бо ҳампешагону дӯстони худ баргузор ҳам карда буд.

Sputnik Тоҷикистон аз қавли манобеи худ навишт, ки Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар Бемористони Қарияи Боло бо нишонаҳои бемории ҳамагири коронавирус бистарӣ буд ва ба эҳтимоли зиёд ҳунарманди номӣ маҳз аз ин беморӣ даргузашт. Ӯ чанд рӯз дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошт ва ахиран рӯзи 12-уми июл дар бемористон чашм пӯшид.

Шералӣ Абдулқайсов 15-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи №8-и қишлоқи Дерзуд ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко ба факултаи санъат ба шуъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо мувафаққият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то охир фаъолияташро ҳамин ҷо давом медиҳад.

Ҳабиба ҚУРБОНОВА

Ҳабиба Қурбонова, корманди собиқи Телевизиони Тоҷикистон, ки чанд соли ахир дар Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ва ниҳоят дар нашриёти “Адиб” кор мекард, рӯзи 7-уми июл ҷонро ба ҳақ таслим кард.

Хабаргузории Спутник менависад, ки ҳарчанд далели марги журналист гуфта намешавад, зоҳиран Ҳабиба Қурбонова низ қурбони коронавирус гаштааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар бемористони касалиҳои сироятӣ хоб буд ва чанд рӯзи ахир зери асбоби нафасгирии сунъӣ қарор дошт.

Ҳабиба Қурбонова ҳамагӣ 47 сол дошт. Хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе, корманди собиқи телевизион, китобхонаи ба номи Лоҳутӣ буд.

Моҳбону РАҲМОНОВА

Модари Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли «Сомон» Афзалшоҳ Шодиев бар асари беморӣ субҳи рӯзи 6-уми июл аз дунё гузашт. Дар ин бора наздикони ҳунарманд дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Моҳбону Раҳмонова, модари Афзалшоҳ Шодиев, дар деҳаи Ғусари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекард. Гуфта мешавад, ӯ 82 сол дошта, як ҳафтаи охир аз беморӣ ранҷ мекашидааст.

Қаюм ОДИНАЕВ

Тоҷири маъруфи тоҷик Қаюм Одинаев, яке аз моликони корхонаи истихроҷи тиллои “Одина” дар ҷануби Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл дар бемористони Душанбе аз олам даргузашт.

Пайвандонаш хабар доданд, ки Қаюм Одинаеви 50-сола ахиран дар беморхонаи ба номи Аҳмедов, маъруф ба “1-ум Советский” бо бемории коронавирус бистарӣ шуда буд.

Артели “Одина” яке аз корхонаҳои начандон зиёд оид ба истихроҷи фулузот (металл)-ҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки танҳо бо сармоягузории тоҷирони тоҷик фаъолият мекунад.

Ин ширкатро соли 1999 бародарон Одинаевҳо ҳамчун артел таъсис дода, аз соли 2002 корхона ба истифодаи таҷҳизоти куҳкориву коркард оғоз намуд. Соли 2005 ширкат барои коркарди кон дар Шугнов, ки майдони умумиаш 134 гектарро ташкил медиҳад, иҷозатнома дарёфт намуд. Соли 2007 ширкат ба коркарди амалии кон оғоз бахшид.

Фарида МАНСУРОВА

Доктори илмҳои тиб, профессор, духтур-гепатолог Фарида Мансурова, духтари табиби барҷаста Ҳамид Мансуров рӯзи 2-юми июл даргузашт.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, дӯсти хонаводаи Мансуровҳо ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Фарида Мансурова ба сирояти коронавирус гирифтор шудааст.

Фарида Мансурова соли 1975 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1977-2008 дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология фаъолияташро оғоз намуда, аз ходими хурди илмӣ то муовини директор оид ба илм ва корҳои тиббӣ кор кардааст.

Таҳияи Исматулло АБДУЛЛОЕВ

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти ин шахсиятҳои маъруф андуҳгин буда, ин талафотро ба кулли мардуми кишвар ва наздикону пайвандони онҳо таслият мегӯяд. Равонашон шод ва хонаи охираташон обод бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь