Моҳлиқо дар ибтидо фикр мекард, ки журналистика барои ӯ танҳо як саргармӣ (ҳоббӣ) аст, на касби асосӣ. Аммо воқеиятҳои баъдӣ чизи дигаре мегуфтанд…
Дуруст, ӯ дипломи журналистӣ надорад. Аммо онҳоеро, ки бе ин гуна диплом дар журналистикаи тоҷик нақши муҳим доранд, кам вохӯрдаем? Метавон рӯйхати зиёди чеҳраҳои муваффақи журналистикаи миллиро қатор кард, ки ихтисосҳои гуногун доштанд, аммо маҳз дар журналистика ҷойгоҳи хоси худро пайдо карданд.
Бар илова, соли 2001 Моҳлиқо ба Душанбе омаду нияти супурдани ҳуҷҷатҳояш ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллиро дошт. Касоне пайдо шуда, ӯро тарсонданд, ки ба ин факулта фақат одамони “тағодор” дохил мешаванд. Духтараки деҳотӣ бовар карду ба Фархор баргашт. Акнун ду интихоб дошт: ё ба яке аз хостгорҳои зиёд, ки ба хонаашон меомаданд, посухи мусбат медоду шавҳар мекард, ё ба ягон донишгоҳ дохил мешуд.
Варианти дуюмро интихоб намуд. Рӯзи ахири ҳуҷҷатсупорӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рафт. Мақсадаш гурез аз издивоҷ ва дохил шудан ба ҳар факултаи пешомада буд. Касе гуфт, ки имсол дар донишгоҳ факултаи наве ташкил кардаанд, ки ҳам информатика меомӯзонанд, ҳам забони хориҷӣ. Чун дар мактаб физикаву информатика ва англисиро хуб мехонд (воқеан хеле баъд барои омӯзиши бештари англисӣ ба Ҳиндустон ҳам рафт), таваккалан ҳуҷҷатҳояшро супурд. Дохил шуд!
Донишҷӯи фаъол бо чароғи бобоӣ
Дар асл кор дар телевизион орзуи кӯдакии ӯ буд. Ҳамеша дар назди оина истода, ба барандаҳои телевизиони Тоҷикистон тақлид мекард. Аз ҳама бештар ба Мунира Раҳимова. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки Моҳлиқо фаъолияташро дар телевизион аз барномаи хабарӣ сар кард. Зимнан, ҳанӯз замони мактабхониаш тамоми чорабиниҳои фарҳангиро барномарезӣ мекард, сенария менавист ва маҳфилоро буд.
Ӯ аслан зода ва парвардаи деҳа аст. Наврасӣ ва солҳои мактабхониаш ба давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдиҷангӣ дуруст омадаанд. Душвориҳои он замон ба ҳама маълум. Зиндагӣ сахт буд, мушкилоти зиндагӣ ба одамон имкон намедод, ки дар бораи мактабу китоб, дафтару қалами фарзандонашон фикр кунанд. Муаллимон ҳам ба хотири пеш бурдани рӯзгорашон ба муҳоҷират мерафтанду дар мактабҳо муаллимон намерасиданд.
– Дар ҳамин лаҳзаҳои душвор ман ҳамеша тариқи радио суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекардам, ки мегуфт: “Ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавед, хонед, илм омӯзед, оянда дар дасти шумост, барои ояндаи давлату миллати худ аз имрӯз талош кунед, касб омӯзед”. Ин суханон ба мо умед мебахшид. Ёдам ҳаст, ки шабҳо ҳарчанд барқ набуд, ман аз шавқи зиёд бо чароғи бобоӣ дарс тайёр мекардам. Аз фанни забони модарӣ ғолиби олимпиадаҳо дар сатҳи вилояту ҷумҳурӣ будам, – ба хотир меорад журналисти акнун номдор.
Рӯзҳои аввали донишҷӯии Моҳлиқо дар донишгоҳ озмун барои дарёфти ровии ҷашни истиқлол эълон карданд. Ӯ ҳам таваккалан ширкат намуд. Аммо аз байни номзадҳои зиёд ҳакамон маҳз ӯро интихоб карданд. Аз ин маърака баракат ёфт: пас аз он Телевизиони Кӯлоб (ТВК) ӯро “таги чашм” кард.
– Ҳоло нав донишҷӯи соли аввал будам, ки як рӯз корманди ТВК Худоёр Валиев омада, маро аз дарс иҷозат гирифта, гуфт, ки директори телевизион Сафаралӣ Эргашев бо ман сӯҳбат карданист, чунки ровигиям дар чорабинии донишгоҳ барош писанд омадааст. Вақте вориди утоқи кории ӯ шудем, устод Эргашев варақеро ба ман дароз карда гуфт, ки онро хонам. Чун матнро тамом кардам, он кас гуфтанд, ки “садоят ҷиддист, ахбор мехонӣ!”. Ба кормандашон супориш дод, ки ин духтарак як ҳафта баъд бояд эфир барояд! Аз ин гардиши ногаҳонӣ ҳам даступохӯрда шудам ва ҳам нерӯ гирифтам: ба ман бовар доранд! Шаш рӯз пас воқеан ба эфир баромадам. Бо ҳамин, ман ду сол дар ин шабакаи телевизионӣ, ки боис ба пайдоиши номҳои зиёд дар журналистика шудааст, фаъолият доштам. Дар баробари ровигӣ барномаҳои муаллифӣ низ доштам, аз ҷумла “Зан дар ҷомеа”, “Шакарганҷ”, “Сӯҳбат бо мутахассис” ва ғайра, – ҳоло он лаҳзаҳоро бо табассум ба хотир меорад Моҳлиқо.
Дертар дар як тренинги Internews иштирок намуд ва устодон дар симои ӯ бозёфти нав дар журналистикаро эҳсос карданд. Акнун барои ин созмони байналмилалӣ матлабу гузориш таҳия мекард ва аз ин ҳисоб яке аз донишҷӯёни серпул ба ҳисоб мерафт. Воқеан, хеле аз майлонҳои нави журналистикаро дар машғулиятҳои зиёд омӯхтаву мавриди истифода қарор медиҳад….
Ҳодисаи таърихӣ: Пахши мустақим!
Сентябри соли 2005 ТВ “Сафина” ба фаъолият сар кард ва Моҳлиқоро ба сифати хабарнигорашон дар шаҳри Кӯлоб интихоб карданд. Ҳоло ҳам донишҷӯ буд ва барои барномаи “Навид”-и ТВС гузориш таҳия мекард.
Ҳамон сол Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм кард ва ба Душанбе омад. Акнун ҳамчун корманди асосии ТВС фаъолият дошт. Боз ҳам дар Идораи иттилоотӣ. Барномаи “Навид- ҷамъбасти ҳафта” -ро пеш мебурд. Соле баъд ба Идораи барномаҳои фарҳангӣ гузашту муаллифи чанд барномаи махсус гашт: шоу-виктаринаи “7 ахтар”, “Чӣ бояд кард?”, “Этикет”, “Истеъдод”, ток-шоуи “Манзари роз”, “Ҳуқуқҳои ман”, “Ҷаҳони иқтисод”…
Аввалин маротиба ба пахши мустақим баромаданаш дар фазои васеътар ҳам дар ҳамин шабака иттифоқ афтод ва ба худ таърихчаи хос дорад, балки ба як ҳодисаи таърихӣ иртибот дошт:
– 20 январи соли 2008 буд, рӯзи таърихӣ! Зеро аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 1” ба гардиш медаромад. Он рӯз дар ТВ Сафина аз соати 9 то 16 пахши мустақим сурат мегирифт. Дар студияи №1 ҳунармандону сарояндаҳо ва дар студияи №2 мо ва меҳмононамон, ки барои ибрози андеша омада буданд, қарор доштем. Баъд аз ҳар як сӯҳбат суруд пахш мешуд. Баъд аз нисфирӯзӣ дар студия ману ҳамкорам Мадина Бобоева мондему устодамон Абдулмаҷид Усмонов, ки он замон муовини аввали директор буданд. Баъд аз сӯҳбат бо меҳмони навбатӣ суруд пахш шуд ва шояд коргардон мисли мо бидуни хӯроки нисфирӯзию танаффус хеле хаста буд, ки садои моро аз эфир нагирифт. Дар натиҷа дар ҳавои суруд садои сӯҳбати ману Мадина бо меҳмононамон дар эфири зинда пахш мешавад. Ин ҳодисаро борҳо бошавқ ба хотир овардаем. Ҳолати дигар ҳангоми пахши барномаи “Эҷод” буд. Устод Усмонов гуфтанд, ки фардо ман барномаро хоҳам бурд. Мавзӯъро ҳам бароям гуфтанд. Рӯзи пахш ман бо сабаби “пробка” дар кӯчаҳои шаҳр дер кардам. Устод ҳар замон занг зада, аз ман мепурсид. Гуфтам, ки либосу ороишам омода аст ва баробари расидан ба студия метавонам барномаро оғоз кунам. Вақте ба коргоҳ расидам, то студия давидаму паҳлӯи ҳамсӯҳбатам нишастам. Ҳамин тавр пахши мустақим оғоз шуд. Тасаввур кунед, ки ман ҳатто номи меҳмонҳоро дуруст намедонистам. Бовуҷуд, тавонистам аз вазъият хуб бароям ва пас аз сабту пахши он устод Абдумаҷид Усмонов табрикам карданд.
Вақте аз озмуни ҳакамони хориҷӣ ҳам гузашт
Як замон Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ишғоли як ҷои кори муҳим озмун эълон намуд. На танҳо ба хотири пули бештар, балки барои санҷидани донишу малакаи худ Моҳлиқо ширкат намуд. Барои ин озмун, ки аз ҳисоби ФИФА таъсис меёфт, ҳакамон аз хориҷа омаданд. Маҳз Моҳлиқо ғолиб гашт.
Ҳамагӣ як сол кор кард, чун аллакай издивоҷ намуда буду реҷаи корӣ дар ин ниҳод хеле сахт буд. Ба кори кампул, аммо реҷаи нисбатан сабуки корӣ – ба телевизиони “Варзиш” ба кор рафт. Баъдтар дар Кумитаи сайёҳӣ ва сармоягузорӣ низ аз тариқи озмун машғули кор шуд. Аммо боз ба журналистика баргашт, ҳарчанд акнун дипломи дигар ҳам аз Донишгоҳи давлатии тиҷорат дошту бахши молияро аз худ карда буд. Ба кори бонкӣ даъваташ карданд, аммо гуфт кор дар ин бахшро чандон хуш надорад. Шояд ба принсипҳояш мувофиқ намеояд…
Ҳоло барори чанд шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла “Сафина” ва “Душанбе” гузориш таҳия мекунад. Ҳамзамон ҳунари маркетологиву менеҷментиашро дар ВАО месанҷад.
Моҳлиқо ҳамеша пайи омӯзиш аст. Ҳоло ба фановариҳои иттилоотию зеҳни сунъӣ бештар таваҷҷуҳ дорад. Мехоҳад аз ин навгониҳои дунё низ огоҳ бошад. Яке аз ҳадафҳояш дохил шудан ба Академияи телевизионии Амрикост, ки дар журналистикаи ТВ ҷойгоҳи махсус дорад. Пас аз хатм мехоҳад ба журналистони оянда таҷрибаи худро омӯзонад.
-Яъне то нафаси охирин мехоҳам ба принсипҳои журналистӣ содиқ монам, – мегӯяд Моҳлиқо Раҳимзода (Шарифова) бо қатъият.
Пас кӣ гуфта метавонад барои ин бону журналистика як саргармӣ, ё “ҳоббӣ” аст?
Раҷаб Мирзо