Аз 18 то 19-уми июни соли равон бахшида ба 30-солагии қабули Қонуни ИМА дар бораи шахсони дорои имконияти маҳдуди Амрико бо мусоидати Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алмаато ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон бо иштироки ғижжакнавоз ва муборизи ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд Ҷейлин Ли барномаи виртуалии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар барномаи мавриди назар рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон ва Туркманистон ширкат варзиданд.

Рӯзи 18-уми июни соли равон Ҷейлин Ли дар назди тамошибинон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо консерти мустақими зинда ҳунарнамоӣ карда, табъашонро болида гардонд. Рӯзи 19-уми июн бошад, Ҷейлин Ли дар бораи фаъолияти эҷодиву муборизаи худ барои ҳуқуқи шахсони дорои имконияти маҳдуд, пешбурди мафҳуми шахсони дорои имконияти маҳдуд ҳамчун як шакли фарқият, инчунин фарогирӣ, таълими кӯдакон ва чӣ тавр мусиқӣ дар пайдо кардани роҳи ҳалли мушкил ва тобоварӣ мадад мекунад, бо рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Осиёи Марказӣ суҳбати мустақими виртуалӣ анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷейлин Ли тӯли якчанд сол мешавад, ки ба кишварҳои мухталиф сафар карда, бо барномаҳои консертии мустақим ҳунарнамоӣ менамояд. Вай оҳанге менавозад, ки аз умқи дили ӯ садо медиҳад ва дар худ ва мусиқии анъанавии ғижжакнавозиро муттаҳид мекунад. Илова ба иҷроиши консертҳо ва сабти сурудҳо, Ҷейлин Ли барои ҳимояи ҳуқуқҳои баробари шахсони дорои имконияти маҳдуд, барои шомил шудани онҳо ба олами санъат мубориза мебарад ва дар мавзӯи ҷустуҷӯи озодии ботинӣ бисёр садо баланд мекунад. Ҷейлин Ли намунаи барҷастаи муборизи ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияти маҳдуд дар саросари ҷаҳон аст. Аз ин рӯ, вай таҷрибаи бебаҳои худро дар бораи ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд ва дар бораи имкониятҳои онҳо ба мухотабони зиёд қисса мекунад. Ӯ ҳамчунин чорабиниҳову уҳдадориҳои ИМА-ро дар бобати фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои шахсони дорои имконияти маҳдуд ва кӯшишҳоро оид ба беҳтар кардани дастрасӣ ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа таъкид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бону Ҷейлин Ли ғолиби озмуни Tiny Desk Contest-и радиои NPR Music шуда буд. Аз он вақт инҷониб, вай ба кишварҳои олам сафар ва бо ғижжаки худ ҳунарнамоӣ мекунад. То имрӯз ҳунарпеша, муаллифи оҳангҳои марғуб ва ғижжакнавоз бону Ҷейлин Ли ба 43 иёлоти ИМА ва 7 кишвар сафар карда, дар чунин саҳнаҳои бузургу машҳур ба монанди Music City Roots дар иёлоти Нэшвилл, Kennedy Center ва House of Bluse Chicago бо консертҳои ҳисоботии худ ҳунарнамоӣ намудааст.

Айни замон Ҷейлин Ли болои китоби ёддоштҳои худ, ки дар бораи саёҳатҳои ӯ дар ҷараёни сафар ба иёлоту кишварҳои гуногун қисса мекунад ва ба ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд бахшида шудааст, кор мекунад. Бону Ҷейлин Ли нақша дорад китоби худро соли 2022 нашр карда, ба мухотабонаш дастрас намояд.

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь