Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол (U-19) дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мақоми сеюмро касб намуд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар чаҳор рақобати баргузорнамудаи худ ду пирӯзӣ ба даст оварда, ду бозии дигарро бо бохт анҷом доданд.

Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 5-12 август дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар баробари Тоҷикистон, инчунин, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон иштирокчии ин мусобиқа буданд. Тоҷикистон дар нахустбозии худ бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 4-1 ва дар бозии дуюм муқобили Қирғизистон бо натиҷаи 3-1 пирӯзӣ ба даст овард.

То анҷоми даври дуюм тими Тоҷикистон шаш имтиёз ба даст оварда, зинаи аввали ҷадвалро дар ихтиёр дошт. Вале дар ду бозии охир, ки аз Ӯзбекистон (3-0) ва Эрон (4-0) шикаст хӯрд, мавқеи худро аз даст дода медали биринҷии мусобиқаро аз худ кард. Зинаи аввалро тими Эрон бо дарёфти ҳашт имтиёз ва ҷойи дуюмро Ӯзбекистон бо панҷ хол ба даст оварданд. Тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон дар мавқеи чорум ва панҷум маскан гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон (U-19) зери роҳбарии Аҳлиддин Турдиев ҳунарнамоӣ кард. Бозиҳои CAFA-2022 яке аз роҳҳои омодагӣ ба Чемпионати Осиё миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Нуралӣ Эмомалӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд

Нуралӣ Эмомалӣ, ҷудочии 20-солаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон зинаи аввал ва медали тилло ба даст овард. Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 10-13 август дар кишвари Эквадор (шаҳри Гуайкил) доир гардида, тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо 373 варзишгар (208 писар ва 165 духтар)-ро ба ҳам овард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони зерин намояндагӣ карданд: Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг), Мансур Раҳмон (+100кг). Ба ҷуз аз Нуралӣ дигар варзишгарони тоҷик аз касби мақомҳои фахрӣ бенасиб монданд.

Нуралӣ Эмомалӣ, дар вазни -66 кг ҳунарнамоӣ карда, то касби зинаи аавал бар шаш варзишгар дастболо шуд. Дар даври авввал намояндаи Италия Валерио Аккоглӣ, дар даврҳои баъдӣ Максиме Моунданга (Фаронса), Муҳаммад Демирел (Туркия), Раду Извориану (Молдова) ва дар финал варзишгари Ӯзбекистон Азизбек Ортиқовро мағлуб намуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Маврид ба зикр аст, ки Нуралӣ дуюмин қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонони тоҷик аз риштаи ҷудо ба ҳисоб меравад. Нишони аввалро Сомон Маҳмадбеков ба даст овардааст. Сомон соли 2019 дар кишвари Марокаш қаҳрамонии ҷаҳонро ба худ ихтисос дода буд.

Варзишгарони тоҷик дар БҲИ иштироки фаъолона доранд

Варзишгарони тоҷик дар 5-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия иштирок доранд. То ин дам ба онҳо муяссар гардид, ки аз ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ҳафт медал, се нуқра ва чор биринҷиро соҳиб шаванд.

Илдар Аҳмадиев, (варзиши сабук, ҷаҳиш ба дарозӣ), Екатерина Ишенко (пара-тенниси рӯи миз) ва Комроншоҳи Устопирён (ҷудо, -90кг) медали нуқра ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷии мунтахаби Тоҷикистонро Асламҷон Азизов (гӯштини юнонӣ-римӣ, -55кг), Фирӯз Мирзораҷабов (гӯштини юнонӣ-римӣ, -63кг), Шодмон Ризоев (ҷудо, -81 кг) ва Абубакри Акобир (ҷудо, -100 кг) соҳиб шуданд.

Баъди анҷоми ҳашт рӯзи аввали мусобиқа ва натиҷагирии 5-умин БҲИ мизбони мусобиқа-мунтахаби Туркия пешсаф мебошад. Варзишгарони ин кишвар 265 медал (106 тилло, 89 нуқра, 70 биринҷӣ)-ро соҳиб шудаанд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 121 медал (43 тилло, 30 нуқра, 48 биринҷӣ) дар зинаи дуюм қарор дорад. Эрон мавқеи сеюмро гирифтааст. Варзишгарони ин кишвар 116 медал (37 тилло, 35 нуқра, 44 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Тими миллии Тоҷикистон бо ҳафт медал (3 нуқра ва чор биринҷӣ) миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар мавқеи 27-ум аст. БҲИ рӯзи 18 август ба анҷом мерасад.

Абубакр Шеров дар Қазоқистон медали нуқра ба даст овард

Абубакр Шеров, ҷудочии тоҷик дар шаҳри Актауи Қазоқистон, дар доираи мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) соҳиби медали нуқра шуд.

Ба иттилои Кумитаи олимпии кишвар Абубакр “нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз намуда, бар варзишгари мизбон-Азамат Зулжалелов, дар даври чорякниҳоӣ бар ҷудокори дигари мизбон Болат Билол ва нимфинал бар сеюм ҷудочии Қазоқистон Алмос Галимов пирӯз шуд, вале дар финал аз ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон Сунгат Жубаткан бо гирифтани се “шидо” мағлуб шуда, барандаи медали нуқра гардид”.

Ин манбаъ менависад, ки дар мусобиқаи мазкур 154 варзишгар аз шаш кишвар иштирок доштанд. Аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон 8 ҷудоварз иштирок доштанд. Танҳо ба Абубакр муяссар гардид, то аз ин мусобиқа соҳиби медал гардад.

Алиҷони Айнӣ ба дастаи “Краснодар-2”-и Русия пайваст

Алиҷони Айнӣ, футболбози 18 солаи тими миллии Тоҷикистон бо дастаи “Краснодар-2”-и Русия қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар ин бора сомонаи расмии “Varzishtv.tj” хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, Алиҷон бо ин тим то соли 2027 шартнома ба имзо расондааст. Дастаи “Краснодар-2” дар лигаи якуми футболи Русия баромад мекунад.

Манбаъ афзудааст, ки футболбози ҷавони кишвар аз моҳи марти соли гузашта ба тими миллии Тоҷикистон ҷалб мешавад. Дар ин муддат дар ҳайати мунтахаби кишвар шаш бозӣ гузаронидааст. Қаблан, Алиҷон дар ҳайати тими ҷавонони “Локомотив-Помир” (Душанбе) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ намудааст.

Месси: Бензема бояд “Тӯби тиллоӣ”-ро гирад

Леонел Месси, ҳамлавари дастаи “ПСЖ”, Карим Бенземаро мудаии асосӣ барои ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ-2022” медонад.

“Фикр мекунам, ки имсол ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро бояд Бензема соҳиб шавад. Барои ин ҳеҷ шубҳае нест. Мавсими гузашта ва ҳунарнамоии баландаш бозгӯ мекунад, ки арзандаи ин ҷоиза аст”, суханони Мессиро иқтибос оварда, менависад, сомонаи варзишии “Football Espana”.

Карим Бензема, футболбози 34-солаи фаронсавӣ дар 46 бозии мавсими 2021-2022 44 гол ба ҳадаф расонда, ба иҷрои 15 паси голӣ даст ёфтааст. Дар мавсими қаблӣ бо дастаи “шоҳона”-и “Реал Мадрид” Суперҷоми Испания, Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва ҷоми “УЕФА”-ро ба даст овардааст. Инчунин, ин бозингар дар бозии ниҳоӣ муқобили “Айнтрахт”-и Олмон як гол ба ҳадаф расонда, аз рӯи нишонзанҳои беҳтарин дар ҳайати “Реал Мадрид” ба мавқеи дуюм баромад. Ӯ голи 324-умини худро дар дастаи “шоҳона” зада, аз футболбози собиқи тим Раул пеш гузашт. Аз рӯи ин нишондод Криштиану Роналду зинаи аввалро ба худ ихтисос додааст. Роналду дар 438 бозӣ дар ҳайати ин тими шаҳри Мадрид муаллифи 450 гол шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Месси ҳафт маротиба (солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019, 2021) ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шудааст. Нашрияи “Frans Football” рӯйхати 30 футболбози беҳтаринро дар мавсими гузашта тартиб додааст, ки Лео Месси ба он ворид нашуда, имкони гирифтани ин ҷоизаро дар соли 2022 надорад. Месси аз соли 2005 ба рӯйхати футболбозони беҳтарини мавсим ворид мешуд ва барои гирифтани ҷоиза мубориза мебурд. Баъди 17 сол аввалин маротиба бозингари аргентинӣ ба ин рӯйхат ворид нагардид.

Роналду антирекорд гузошт

Криштиану Роналду, ҳамлавари марказии дастаи “Манчестер Юнайтед” дар авохири корномаи футболбозии худ ба дастовардҳои ғайриқаноатбахш рӯ ба рӯ шуда истодааст. Ин бозингар нияти аз “МЮ” рафтанро дорад, вале ягон дастаи муқтадири Аврупо барои ҷалби ӯ довталаб маҳсуб намешавад.

Антирекорде, ки дар оғози мавсими нави “Примерлигаи Англия” дар корномаи ин бозингар сабт шуд, бори аввал рӯй медиҳад. Бори нахуст дастае, ки Роналду дар он ҳунарнамоӣ мекунад, се бозии пайиҳами чемпионатро бо шикаст мегузаронад.

Дастаи “МЮ” дар ду бозии нахусти мавсими нав, аз дастаҳои “Брайтон” бо ҳисоби 2-1 ва дар давари дуюм аз “Брентфорд” бо натиҷаи 4-0 ба шикаст дучор шуд. Инчунин, ин даста бозии даври охирини мавсими гузаштаро бо “Брайтон” (4-0) бо шикаст гузаронда буд.

Бояд зикр намуд, ки мавсими гузашта дастаи “МЮ” натавонист роҳхати бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳоро ба даст орад ва дар мусобиқаи Лигаи Аврупо ширкат меварзад. Яке аз сабабҳои аслии аз даста рафтани Роналду низ ҳамин аст.

Медведов бар намояндаи Ҳолланд пирӯз шуд

Даниел Медведов, теннисбози рус, дар даври дуюми мусобиқаи кушодаи “Мастер”, ки дар штати Синсиннати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дорад, бар намояндаи Ҳолландия Ботик ван де Зандсхулл пирӯз шуд.

Бозии теннисбозони мазкур дар корт 1 соату 34 дақиқа идома карда, Медведов дар ду қисми бозӣ бо натиҷаи 6-4 ва 7-5 ғолиб шуд. Медведов дар ин рақобат ҳафт эйс намуда, ба чор иштибоҳи “дуболо” рӯ ба рӯ шуд. Теннисбози ҳолландӣ чаҳор эйс ва чаҳор иштибоҳи “дуболо” нишон дод.

Медведов дар ин мусобиқа ҳамчун теннисбози рақами якуми сайёра ҳунарнамоӣ дорад. Теннисбози Ҳолланд ван де Зансхулл бошад, дар зинаи 24-уми радабандии тенниси ҷаҳон мавқеъ касб намудааст. Рақиби Медведов дар даври баъдӣ пас аз рақобати ҷуфти теннисбозон-Томми Пол (ИМА) ва Денис Шаповалов (Канада) муайян хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь