Матлаби ҳангомавӣ дар бораи тоҷикони Покистон, ки дар маҷаллаи инглисизабони ҳафтагии The Friday times (Покистон), №4, 3 августи соли 2017) чоп шуд
Мамлакати асримиёнагии Гибар (Gibari, Габр) дар шимолу шарқи Афғонистону манотиқи шимолии Покистон ба масобаи як салтанати мусалмони тоҷик дар соли 1190 – и тарсоӣ бунёдгузорӣ шуд, ки ду бародар зимомдори он будаанд. Султон Баҳром ва Султон Пакҳал (ё Фаҳкал) – и Гибарӣ шохаҳое аз як дудмони шаҳзодагони тоҷики зардуштии гаравида ба ислом будаанд, ки бар соҳаи дараи маъруфи Печ дар Кунари Афғонистон фармон меронданд. Ин хонавода ба гунае суннати худро аз бозмондагони Искандари Зулқарнайн ё Куруши Кабир – бунёдгузори императории Ҳахоманишии Порс дар 2600 сол пеш медонанд. Салтанати Гибарӣ ба хотири Султон Ҷаҳонгир, узви пасине аз ин дудмон, бо номи “Салтанати Ҷаҳонгирӣ” ва ба хотире, ки пойтахташон дар Мангловури Свот буд, номи дигари ин султонҳо “Свотӣ” буд.
Давлати Гибар хироҷгузори умдаи императории Ғурӣ ва ҷонишинаш Салтанати Деҳлӣ буд. Ин давлат дар асл аз Кобулу Ҳиндукуш дар як тараф ва Қарақуруму дарёи Ҷайламу Баромуло (дар Кашмир – м.) дар сӯи дигар густарда буд. Дар Покистон қаламрави он шомили Баҷаур, Муҳманд, Хайбар, Куррам, Дир, Читрол, Балор (Гилгит), Куҳистон, Свот, Бунир, Малаканд ва манотиқи водии Пешовар дар ғарби дарёи Синд (Пешовар, Чаҳорсада, Мардон, Савобӣ) ҳамроҳ бо минтақаи Ҳазора дар канори дарёи Синд буд. Қаламрави давлати Гибар дар Афғонистон – дар куҳҳои Сулаймон ва атрофи он иборат буд аз Кобул, Кописо, Лағмон, Кунар, Бадахшон, Нангарҳор ва Лугар, ки ҳама имрӯз вилоятҳои Афғонистонанд, ҳамроҳ бо Хайбару Куррам, ки пасонҳо аз ин салтанат буридаву то замони ишғоли минтақа тавассути Темури Ланг зери фармони шаҳзодаҳои дигари гибарӣ идора мешудаанд.
Дар оғози салтанат Баҳром пойтахти худро дар рустои Папин дар доманаи силсилаи куҳҳои Сапедкуҳ (Спинғар) дар Нангарҳори имрӯзӣ бунёд гузошт, дар ҳоле ки бародараш Пакҳал ба фатҳи манотиқи шарқӣ то дарёи Ҷайлам пардохт ва Мангловур дар дараи Свотро маркази худ сохт. Ин дар ҳоле буд, ки Султон Баҳром пеш аз вақт даргузашт ва писаронаш барои ба даст овардани тоҷу тахт даргир ва саргарми куштани якдигар шуданд. Амакашон Султон Пакҳал водор шуд, то ба Папин биравад ва дар он ҷо барои баргардондани назм дар баробари бародарзодаҳо биҷангад, ки чунон шуд ва бад-ин тартиб, ӯ чун фармонравои ягона сар кашид ва Мангловур пойтахти ҳамешагии салтанат шуд, ки баъдҳо ба номи онҳо шинохта гардид.
Дар соли 1342 Кашмир, ки зери фармони ҳиндуҳо буд, низ ба дасти шоҳи гибарии дигаре – Шоҳ Мир (баъдан Султон Шамсуддин) афтид, ки пешопеш ба он ҷо рафта ва ҷобаҷо шуда буд. Ӯ буд, ки пасонтар салтанати бузурги исломии дигареро ба миён овард. Салтанати аслии Гибар пасонтар ба Саркор Пакҳалӣ (Давлати Пакҳалӣ – м.) табдил ёфт, ки ба номи Подшоҳии Свот ёд мешуд ва бахше аз салтанати бузурги Кашмир гардид. Ин ном ба ифтихори Султон Пакҳал ба ӯ дода шуда буд. Сипас дар соли 1386 – и тарсоӣ султони Кашмир қаламрави худро бо афзудани соҳоти бузурге аз сутуҳи муртафеъи Путуҳор дар ҷанубу шарқ истеҳкоми бештар бахшид. Бо он ки савобиқи мушаххасе дар дастрас нест, чунин ангошта мешавад, ки шаҳри деворшудаи Прушовар (Пешовар) зери назари салотини ҷаҳонгирӣ (тоҷикон) ва валинеъматашон Салтанати Деҳлӣ сохта шуда бошад.
Маҳаллоти пешини давлати аслии Гибарӣ, ки дар ғарби куҳҳои Сулаймон дар Афғонистон қарор дошт, иборат буданд аз Кобул, Кописо, Лағмон, Кунар, Бадахшон, Нангарҳор ва Лугар пасонҳо аз ин салтанат буридаву зери фармони шаҳзодаҳои ҷудогонаи Гибарӣ идора мешудааст. Давлати аслии Гибарӣ дақиқан ҳамон марзҳоро дошт, ки Гандаҳори бостонӣ аз он ҷо шуруъ мешуд. Тасодуфи шигифт ин, ки марзи ғарбии Саркор Пакҳалӣ ҳаммонандии бисёре ба Хатти Дюранд дошт, ки ҳоло ҷояшро гирифтааст. Зикри гузари Чингизхон аз сарзамини Гибарӣ дар он замон ба гунаи муътабаре мустанад шудааст, ки 28 сол пас аз он ташкил шудааст.
Ба истиснои Кашмир ва Ҳазора аксарияти нуфуси тамомии соҳоти миёни дарёи Синд ва дарёи Кобул (Гандҳара) дар он бурҳаи замон муташаккил аз тоҷикҳои шалмониву тироҳӣ ва деҳгонҳо – табақаи ашрофии фармонравояшон буд. Ҳамаи инҳо аз бошандагони бумии ин сарзаминҳо аз замони императории бузурги порсии пеш аз ислом пиндошта мешавад. Ба ҳамин гуна дардҳо (куҳистониҳо) дар ин ҷо вуҷуд доштанд. Гӯяндагони забони пракрит (гӯяндагони нахустини ҳиндкуш) дар манотиқи шаҳрӣ дар ҳамсоягии инҳо зиндагӣ мекарданд. Ба хубӣ рӯшан аст, ки тоҷикҳо (ақвоми порсӣ ё форсивон дар Шарқ) дар он замон дар соҳоти бамаротиб дуртар аз марзҳои суннатии қавмии кунуниашон дар Вахону Ҳиндукуш зиндагӣ мекарданд. Ин ҳақиқат собит шудааст, ки Гандҳара барои ҳазор сол яке аз сатрапиҳо (вилоёт) – и императории порси пеш аз ислом будааст. Лаҳҷаи форсие, ки онҳо суҳбат мекарданд, имрӯз аз байн рафтааст.
Дар он замон як қабилаи паштун – ягона қабилаи паштун, ки дар минтақа вуҷуд дошт, дилазок номида мешуд, ки ба гунаи бисёр пароканда дар нуқоти мухталиф зиндагӣ мекарданд. Гуфта мешавад, ки онҳо бисёр пасон ва бо нахустин фотеҳи мусалмони шимоли Ҳинд Маҳмуди Ғазнавӣ дар қарни 11 – и исавӣ ба ин минтақа омаданд. Бисёре аз афғонҳои дилазок баъдҳо тавассути ишғолгарони юсуфзай ва муттаҳидинашон ба он сӯи дарёи Синд дар Ҳазора ва Чачҳ ронда шуданд, ки то кунун ҳамон ҷоанд. Бисёрии онҳое, ки боқӣ монданд, гумон бурда мешавад, ки ҳуввияти худро тағйир дода ва ҳуввияти ақвоми наздики худ – хатакҳоро гирифтаанд, ки бештар ба самти ҷануб дар ҳумаи водии Пешовар қарор доранд.
Ислом барои нахустин бор тавассути Маҳмуди Ғазнавӣ ба Гандҳара омад, аммо истеҳкомашро дар даврони ҳокимияти тоҷикони свотии гибарӣ ба даст овард. Бо ин ҳама, шумори ҳиндуҳо ва номусулмонҳои дигар низ дар минтақа боқӣ монда буданд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, руҳонии порсӣ, ки исломро дар Кашмир муаррифӣ кард, яке аз афроди боэътимоди Салтанати Ҷаҳонгирии Свот буд. Ӯ дар қалъаи фармондори гибарии Боҷавур Малик Хизралии Гибарӣ ҷон дод. Бо он, ки гибариҳо аз ҳар ҷиҳате мусалмонони сарсахте шуда буданд, аммо ҷавомеъи маҳаллии мусалмон ҳанӯз дар ҳоли ташкил буд.
Дар соли 1398 Амир Темур (Темури Ланг) бахши ҳазораи ҳукумати пакҳалӣ дар он сӯи рӯди Синдро ба футуҳоти худ мулҳақ кард. Пасонтар ӯ сарбозони туркро дар он ҷо мустақар кард, ки қаламрави кӯчаки туркии “Пакҳалӣ – Ҳазора” – и худро ташкил карданд, ки барои 323 сол идома дошт. Бад-ин тартиб, ҳукумати пешини Пакҳалӣ ё Салтанати Свот ба манотиқи Боҷавур, Дир, Читрол, Гилгит, Свот, Бунир, Малаканд, Куҳистон ва водии Пешовар хурд шуд, ки ба гунаи чаҳор вилоят – Боҷавур, Свот, Бунир ва Ҳаштнагар (Иштинғар) идора мешуд.
Аксарияти бошандагони рустоии ин минтақа то рӯди Синд ва болои дарёи Кобул машмул буд бар тоҷикҳои шалмонӣ ва тироҳӣ, ки гуфта мешавад, аз замони императориҳои бузурги Порс дар ин минтақа будаанд.
Салтанати тоҷики свотии Пакҳалӣ саранҷом ба ду иллат ба поён расид. Муҳоҷиратҳои гуруҳие, ки минтақаро дарнавардид, ки аз ҷануби Афғонистон сар кашида буданд ва шомили қабоили мухталифи паштун аз бахшҳои Сарабонии Шарқӣ ба раҳбарии юсуфзайҳо буд ва онро ҳаракатҳои сиёсии Темури Ланг барангехта буд. Дар айни замон, шаҳзодаи дигари темурӣ аз Фарғона – Заҳируддин Бобур низ Ҳиндро ишғол кард. Ӯ дар 1519 дар ростои истротежиаш барои сарнагун кардани Салтанати Деҳлӣ ва бунёнгузории императории муғулӣ, бар қаламрави Свот, ҳукумати Пакҳалӣ ҳамла кард ва онро ишғол кард. Сипас дар соли 1586 Кашмир низ ба дасти Акбар – наберааш афтид. Қабоили сарабонии паштун, ки бо фаро расидани гуруҳияшон манотиқи ғарби рӯди Синдро ҳамзамон бо расидани Бобур дарнавардида буданд, оҳиста – оҳиста дар заминҳои Салтанати Свот ҷо гирифтанд ва сипас дар минтақа мусаллат шуданд. Пасонтар Бобур дар бадали мадади онҳо барои гирифтани Ҳинд юсуфзойиҳоро мадад кард. Бо он ки Салтанати Свот дар соли 1519 сарнагун шуд, аммо ғасби заминҳои он тавассути юсуфзойиҳо ва муттаҳидинашон ҳафтод солро дарбар гирифт. Ин раванд бо қатли оми бузургони қавмии онҳо тавассути Улуғбек, яке аз шаҳзодагони темурӣ, дар Кобул оғоз шуд, ки сабаби муҳоҷирати ҷамъиашон ба сӯи шарқ гардид. Улуғбек тағои Бобур ва волии Кобул буд. Бахши бузурге аз ҷамъияти тоҷикҳои шалмониву тироҳӣ ва деҳқон (ашроф) – ашон, ки нагурехта ва ё ба қатл нарасида буданд, маҷбур ба пазириши ҳуввияти қабоили паштун шуданд. Бисёре аз тоҷикҳо маҷбур ба бардагӣ шуданд. Вожаи форсии “деҳқон”, ки замоне маънии аристократ (ашроф) – и заминдорро дошт, дар забони маҳаллӣ муродифи кишткорони иҷорадор ё сарф шуд. Бахши бузурге аз тоҷикон ба ҳазора рӯй оварданд ва дар он ҷо ватан гузиданд, ки ҳоло ба забони ҳиндку суҳбат мекунанд ва ба номи “свотӣ” ёд мешаванд. Номи “шалмон” ё “тироҳ” ҳанӯз дар Хайбар Аҷенсӣ вуҷуд дорад, ки дар он қабоили афридӣ, ки дар он вақт дар он манотиқ набуданд, зиндагӣ мекунанд.
Бобур дар нахуст қалъаи бузурги ҷангии гибариро дар Боҷавур мавриди ҳамла қарор дод ва Малик Ҳайдар Алии Гибарӣ, фармондори свотии вилояти Боҷавурро ба қатл расонд. Ӯ се ҳазор бошандаи шаҳрро, ки дар дохили қалъа буданд, қатли ом кард. Муғулҳо болодастии чашмгири тактикӣ доштанд. Онҳо дар ин ҷанг аз силоҳи оташӣ, ки барои нахустин бор ба кор рафт, баҳра бурданд. Пирӯзии Бобур ба хотире тазмин гардид, ки қувваҳои тоҷикони шалмонӣ аз садову дуди ин аслиҳаи ношинохта даррафтанд. Бобур ин рӯйдодро бо тамоми ҷузъиёти хунини он ба рӯшанӣ дар хотироти худ – “Бобурнома” – дарҷ кардааст. Ҷанги водии Свот низ тавассути юсуфзойиҳо дар поёни ҳамон сол сурат гирифт ва андаке мутафовит буд. Онҳо бо бакоргирии омезае аз хадъа (интрига), найранг ва ҳамла фармондори манотиқи ҳамвори Ҳаштнагар (Аштинғар (Чаҳорсада ва Мардон) – ро, ки Мири Ҳинд Деҳқон ном дошт, берун ронданд. Ақибнишинии шитоболуди ӯ ба Таҳна, рустояш дар Малаканд ва ҳаракатҳои мубҳами артиши Своту охирин набарди нокомашон дар он ҷо инро тасбит кард, ки юсуфзойиҳо ба наздиктарин неъмати замон – водии сарсабзи Свот даст ёбанд. Юсуфзойиҳо дар ин минтақа барои 35 то 40 сол ба гунаи муҳоҷиру коргар зиндагӣ карда буданд ва бо ганҷинаҳову зебоии Свот ошно буданд, зеро онҳо гоҳ ба гоҳ барои фурӯши буриё ба ин ҷо меомаданд. Свотиҳо ба куллӣ ғофилгир шуданд. Ва дере нагузашт, ки юсуфзойиҳо Султон Увайс, охирин фармондори Свотро, ки пойтахташро раҳо карда ба Ниҳокдара дар Дир дар миёни “кофарҳо” паноҳанда шуд, шикаст доданд.
Бад-ин тартиб, бо фурӯпошии салтанати муштараки Своту Кашмир ва валинеъматашон – Салтанати Деҳлӣ дар гардунаи фармонравоии Турк – Тоҷики Ғурӣ – Хилҷӣ/Ғилҷӣ – Афғон давраи фармонравоӣ ба Темуриҳо (Муғул) расид. Давраи Темуриҳо низ ба навбаи худ тавассути Афшориҳо – Абдолиҳо дар Ғарби Синд (дар Афғонистон) дар соли 1747 сарнагун гардид – дар ҳоле ки дар Ҳиндустон ба гунаи қаҳқароӣ барои 110 соли дигар то таслим дар баробари ҳокимияти Инглис идома ёфт.
Ин мақола барои бисёрӣ шигифтовар хоҳад буд, барои ин ки ҳеҷ гуна ёде аз кадом давлати Гибар ва ё ҳукумати Пакҳалу ё кадом ҷамъияти тоҷик дар гуфтумони омма вуҷуд надорад. Минҳайси як мавзӯи таърихӣ ин мавзуъ ба ҳеч сурате беаҳамият ё масъалае, ки ба таърих пайваста бошад, нест. Аммо ғайбати куллии ин мавзуъ аз таърихнигории расмӣ ва миллии мо ниҳоят шигифтзо менамояд – ба вижа замоне, ки пайваста аз омадани ислом ба нимқораву фароҳамоварии бунёдӣ барои ташкили Покистон ёдоварӣ мешавад. Ғуриҳо ҳар аз гоҳе дар ин иртибот ёдоварӣ мешаванд. Аммо ҳич кас чизе дар мавриди салтанати хироҷгузори тоҷики онҳо, ки дар саросари манотиқи шимолии Покистону ҳамчунон шимолу шарқи Афғонистон густарда буд, намедонад. Салтанати Гибару салотини он дар чандин матни меъёрӣ ва муътабари солҳои оғозини қуруни вустоии исломӣ ёфт мешавад, монанди “Табақоти Носирӣ”, “Тузуки темурӣ”, “Бобурнома”, “Айни Акбарӣ”, “Ҷаҳонгирнома”, “Шоҳҷаҳоннома”, “Оламгирнома” ва “Соиралмутахирин”. Салотини Ҷаҳонгирӣ ва асрашон ба гунаи муфассале тавассути нависандагони инглисии давраи истеъмор, монанди Меҷор Эйч Ҷи Раверти (Major H. G. Raverty ) омадааст. Аммо дар муқоиса бо корҳои дигар таҳқиқоти муосир вазъият дар ин маврид гунгу норӯшан аст.
Бад-ин тартиб, бо фурӯпошии салтанати муштараки Своту Кашмир ва валинеъматашон – Салтанати Деҳлӣ дар гардунаи фармонравоии Турк – Тоҷики Ғурӣ – Хилҷӣ/Ғилҷӣ – Афғон давраи фармонравоӣ ба Темуриҳо (Муғул) расид. Давраи Темуриҳо низ ба навбаи худ тавассути Афшориҳо – Абдолиҳо дар Ғарби Синд (дар Афғонистон) дар соли 1747 сарнагун гардид – дар ҳоле ки дар Ҳиндустон ба гунаи қаҳқароӣ барои 110 соли дигар то таслим дар баробари ҳокимияти Инглис идома ёфт.
Ин мақола барои бисёрӣ шигифтовар хоҳад буд, барои ин ки ҳеҷ гуна ёде аз кадом давлати Гибар ва ё ҳукумати Пакҳалу ё кадом ҷамъияти тоҷик дар гуфтумони омма вуҷуд надорад. Минҳайси як мавзӯи таърихӣ ин мавзуъ ба ҳеч сурате беаҳамият ё масъалае, ки ба таърих пайваста бошад, нест. Аммо ғайбати куллии ин мавзуъ аз таърихнигории расмӣ ва миллии мо ниҳоят шигифтзо менамояд – ба вижа замоне, ки пайваста аз омадани ислом ба нимқораву фароҳамоварии бунёдӣ барои ташкили Покистон ёдоварӣ мешавад. Ғуриҳо ҳар аз гоҳе дар ин иртибот ёдоварӣ мешаванд. Аммо ҳич кас чизе дар мавриди салтанати хироҷгузори тоҷики онҳо, ки дар саросари манотиқи шимолии Покистону ҳамчунон шимолу шарқи Афғонистон густарда буд, намедонад. Салтанати Гибару салотини он дар чандин матни меъёрӣ ва муътабари солҳои оғозини қуруни вустоии исломӣ ёфт мешавад, монанди “Табақоти Носирӣ”, “Тузуки темурӣ”, “Бобурнома”, “Айни Акбарӣ”, “Ҷаҳонгирнома”, “Шоҳҷаҳоннома”, “Оламгирнома” ва “Соиралмутахирин”. Салотини Ҷаҳонгирӣ ва асрашон ба гунаи муфассале тавассути нависандагони инглисии давраи истеъмор, монанди Меҷор Эйч Ҷи Раверти (Major H. G. Raverty ) омадааст. Аммо дар муқоиса бо корҳои дигар таҳқиқоти муосир вазъият дар ин маврид гунгу норӯшан аст.
Чунин менамояд, ки дар мавриди ин аср ва давра, сар кашидану сарнагуниаш, як тавтиаи пинҳонкорӣ барои қарнҳо идома доштааст. Бархӯрди Улоф Каро (Sir Olaf Caroe) дар қиболи ин мавзуъ метавонад намунаи хубе аз ин тавтиа бошад. Ӯ фарҷомин фармондори истеъмории Субасарҳад (ҳоло Хайбар Паштунхво) ва яке аз маъмурини аршади истеъморӣ ва барномарези роҳбурдӣ буд. Китобаш “Патанҳо” (Тhe Pathans) ҳанӯз ҳам аз сӯи бисёрӣ ба масобаи беҳтарин асари ҷаҳонӣ дар мавриди табору таърихи паштунҳо ба ҳисоб меояд. Ҳамзамон донишманди бузургу огоҳе чун Каро, ки ҳамеша аз дилбастагиву тааҳудаш ба умури илмӣ бо нигарониву васвос тазоҳур мекард, тавонистааст танҳо се бор аз салотини гибарии Свот дар маҷмӯаи осори пурному нишонаш ёдоварӣ кунад ва онро низ чунон нишон додааст, ки гӯё аз ҳақиқати мутаорифе суҳбат мекунад – ҳақиқате, ки шоистагии тавзеҳ ва тафсири бештари академик ё шиносонданро надошта бошад.
Аммо дар ҳақиқат ин кори ӯ аз рӯи як барномаи ҳилагарона будааст, на аз рӯи маъсумият, бад – ин тартиб, ки ин кор ба манзури ба бероҳа кашонидани ҳилагарона таваҷҷуҳ аз як ҳақиқати калидии таърихӣ ва кӯчаксозии он дар он вақт буд. Аммо ҷои шигифтзадагӣ нест, чаро ки бо зери заррабин қарор додани китоби ӯ “Патанҳо” чун рӯз равшан мегардад, ки ҳамгироии ин маъмури истеъмор ва низоме, ки ба онҳо кор мекардааст, дар чӣ нуктае бастагӣ дорад. Ӯ китобашро ба гунаи тавтиаомезе ба юсуфзойиҳо эҳдо мекунад ва мехоҳад ба гунаи ифтихорӣ “юсуфзай” хонда шавад. Юсуфзойиҳо ҳамон шохае аз паштунҳоанд, ки монанди сойири ақвоми сарабании паштун тири пушти истеъмори инглисро месохтанд. Аз сӯи дигар, шахсиятҳои саршиноси илмии Покистон чун марҳум Ҳасан Донӣ бо он, ки ӯ худ мутааллиқ ба манотиқи шимолӣ буд, аз ёдоварии Салтанати Свот сар боз задааст – ба истиснои чанд нақли қавл аз як нависандаи инглисӣ. Ӯ ба гунаи гузаро аз Салтанат (Гибарӣ) – и Кашмир ёдоварӣ мекунад, аммо на ба гунае, ки ба гузаштаву таърихи онҳо ва ё пайвандашон бо Свот бошад. Ба ҳамин тартиб, огоҳӣ аз ин ҳақиқати таърихӣ пайваста дар ҳофизаву гуфтумони ғайрирасмии мардумони маҳал дар атрофу акнофи кишвару фолклори нонавишташудаи онҳо ба ҷо мондааст. Ва ё ин ки ҳамчу розе дар миёни нухбагони маҳал сина ба сина интиқол меёфт ва дар хафо (хилват) дар мавриди он суҳбат мешуд. Ин рӯйдодҳо ҳамчунон ба гунаи густарда дар ривоёти таърихии суннатии худи юсуфзойиҳо сабт шудааст – дар китобҳое чун “Таворихи Ҳофиз Раҳматхонӣ” ва ҳам дар китобҳое аз руҳонии муосир Охунд Дарвиза – “Тазкират-ул аброр ва ашрор”. Аммо бо вуҷуди аҳамияти ин масоил муҳтавиёти ин китобҳо ба равандҳои мусаллат, ошкоро ва дастёфтанӣ барои мухотабин ва донишпажуҳони кишвари худамон (Покистон) табдил нашудааст, чӣ расад ба ин, ки ба гӯши ҷаҳониён бирасад.
Агар ҳамин пинҳонкории таърихӣ набошад, метавонад таърих, фарҳанги онҳову таърифи дақиқу академики он, ки то кунун сурат нагирифтаву ё ноқиз аст, бозкушуда шавад. Низомҳои ҳукуматӣ дигаргуншавандаанд ва назмҳои иҷтимоӣ меоянду мераванд. Ин яъне таърих. Аммо ҳолоти зиёде дар таърих вуҷуд надорад, ки чунин миражеро дар говсандуқҳои фаромӯшӣ биспоранд ва он ҳам барои чунон муддати дарозе аз таърих.
Прусаи таърихи фурӯпошии Салтанати Свот бо ҳаммонандиҳои нерӯманде, ки бо ишғоли Бритониё тавассути нурманҳо дар соли 1066 дорад, ин пруса тавассути дағалкорони маҳаллӣ ва ҳомиёни муғулу пасонтар инглисиашон мубҳам мондааст. Мо, метавон иддао кард, онҳое, ки шикаст хӯрданд низ, на танҳо аз тарс, ки ҳамчунон аз шарм, хомӯш мондем.
Афзун бар он, тамсили нурмониҳои бритониёӣ наметавонад дар ҳолоти кунунии мо ҳамхонӣ дошта бошад. Чунончи то соли 1566, яъне панҷсад сол пас аз ишғоли нурманҳо Бритониё дар роҳи тасаллут бар ҷаҳон қарор гирифт, аммо ҳамчу иддаоеро дар мавриди бошандагони сарзамине, ки аз он мегӯем, намешавад ба кор бурд. Ишғоли Британия тавассути норманҳо бо фурӯпошии Салтанати Свот тавассути иттиҳодияи темурӣ – сарабанӣ ва ё сарнагунии ҳукумати Пакҳал ҳаммонанд нест, балки ин ахириҳо тарсноктар ва табоҳкунандатар сурат гирифтааст, ки бархе аз паёмадҳояш то кунун, ҳатто қарнҳо баъд ба ҷо мондааст.
Омили дигари ёдоварикарданӣ, ки дар ошкоро сохтани ин роз мадад кардааст, дигаргуниҳои инқилобӣ дар арсаи генетик аст, ки дар понздаҳ соли ахир гомҳои бузурге, ки дар ин арса бардошта шудааст ва рӯшании зиёде бар масоили мавриди баҳси мо андохтааст, ки дигар ҳеч гуна тавтиаи пинҳонкорӣ тавони пӯшида нигаҳ доштани ҳақоиқро надорад. Чунончи мавзуъи ҷазби ҷабрӣ ва паштунсозии бошандагони асили тоҷики Пешовар ва дараи Свот дар вазъияте ошкор шуд, ки камтар касе таваққуъашро дошт.
Ба ҳамин тартиб, ҳақиқатҳои такондиҳандае дар мавриди асолати табории бахшҳои бузурге аз паштунҳои сарабанӣ, ки панҷсад сол пеш бошандагони аслии ин манотиқро саркӯб карда буданд ва дар натиҷа қавмияти афғонии худашон низ зери таъсир омад, ошкор гардид. Танҳо ҳамин набуд, балки таҳқиқоти генетикӣ, асолати тоҷикии ғурӣ бахши бузурге аз ақвоми патанӣ (ғилҷоӣ) – и паштунро собит сохтааст, ки ҳоло бузургтарин шохаи паштунҳоро месозанд ва аз нигоҳи таърихӣ бештар истиқрор ёфтаанд. Аммо ин баҳси дигарест…
Нависандаи ин мақола як муаллиф, пӯишгар ва пажуҳишгар дар масоили таърихӣ аст. Ӯ аз минтақаи Шабқадар дар ноҳияи Чаҳорсадаи Хайбар Пахтунхво мебошад.
Ориф Ҳасан Охундзода
Баргардонанда ба форсӣ: Сабур Раҳил
Бознашр аз нашрияи «Самак» №№ 34, 35 аз 23 ва 30-юми августи соли 2017