Мардумони порсу тоҷикро дар тамоми кӯраи олам дӯст медоранд, чунки қиёфаи ҳиндуаврупоӣ доранду одамони неканд. Порсро барои он форс мегӯянд, ки дар алифбои арабӣ ҳарфи «П» вуҷуд надорад. Дар музофоти Тошқӯрғони давлати Чин, бо амри сарнавишт тоҷикони бумии қадима маскунанд ва аз чиниҳо бо баландии қаду қомат ва чеҳраи ҳиндуаврупоӣ доштаашон ба куллӣ фарқ мекунанд. Вале дар тӯли садсолаҳо бо мардумони чинӣ махлут гардидаанд ва забони форсиро намедонанд. 

Дар солҳои 90-уми асри гузашта, барои ба куҳистони бе обу дарахт ҳаёт бахшидан, яке аз ин тоҷикони қадима тасмим мегирад, ки куҳсори бе долу дарахтро аз рӯи ақлу хиради тоҷикона ба сабзазору дарахтзор мубаддал гардонад. Ӯ ба давлату ҳукумат манзурашро пешниҳод менамояд ва дар асоси дархосташ аз тарафи давлат дастгирӣ ёфта, аз ҳукумат маблағи калони пулӣ мегирад.
Дар баробари ин тоҷикмард аз давлату ҳукумат талаб менамояд, ки зиёда аз 100 маҳбуси ҷазои сабук доштаро ба ихтиёри ӯ вогузоранд, то онҳо муҳлати ҷазои гуноҳашонро бо меҳнат адо намоянд.
Ҳукумат низ, ба ин дархости ӯ розӣ мешавад. Ба маҳбусон моҳона муқаррар менамояд ва пешниҳод мекунад, ки ҳар касе, ки зану бача дорад даъват кунанд, омада кор кунанду баробари шавҳарҳояшон маош бигиранд. Сипас, нақшаи зиёда аз 500 гектар замини куҳии бе обу дарахтро тарҳрезӣ намуда, дар қитъаи муайяни квадратӣ дар рӯи сангу рег ҷав мекорад. Бо маркази обу ҳавосанҷӣ машварат намуда, дархост менамояд, кӣ ду рӯз қабл аз боридани борон дар он мавзеъ ӯро огоҳ намоянд. Баъд аз оне, ки обуҳавосанҷҳо ду рӯз пеш ба ӯ муждаи боридани боронро мерасонанд, ӯ таъҷилан аз рӯи нақшаи тартибдодааш дар рӯи сангу реги куҳсор ҷав мекорад. Замоне, ки ҷав мерӯяд, ҳосили рӯидаи ҷавро намеғундоранд, дар натиҷа ниҳолҳои ҷав хушк шуда, пӯсида ба хок мубаддал мегарданд. Соли оянда аз ҳар дона ҷави киштшуда, даҳҳо майсаи ҷави дигар мерӯяду гашта хок мешавад. Дар натиҷа иқлими он мавзеъ субтропикӣ, яъне серборон мегардад ва он куҳҳои сангистон ба заминҳои корам мубаддал мегарданд. Ҳатто дар баъзе ҷойҳои он мавзеъ кӯлҳои об низ пайдо мегардад. Ҳар як гулу гиёҳу дарахт мунтазам гази карбонро ба худ фурӯ бурда, оксигени соф ҳосил мекунад, ки оксиген дар таркибаш ҳатман гидроген, яъне об ҳам дорад. Аз ин бар меояд, ки замин бо фазо ҳамеша дар диалоганд. Таҷрибаи ин марди наҷиб барои дигарон метавонад дарси ибрат гардад ва ин усулро мебояд дар Ватани азизамон ба роҳ монем. Ба ҳамин минвол, иқлими сарзаминамон, ки 93 дарсади масоҳати онро куҳсорон ташкил медиҳад, пуртаровату ҳосилхез мегардад.
Бо назардошти соли 2018-умро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани давлату ҳукуматамон, ба ашхоси худшиносу худогоҳи ватанӣ пешниҳод менамоям, ки ин таҷрибаи давлати ҳамҷаворамонро дар мулки биҳиштосоямон амалӣ намоянд, ки сангистонро ба майдони кишт мубаддал гардонидан низ яке аз ҳунарҳои беҳтарини мардуми мо ба шумор меравад.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь