Тадриҷан гармшавии иқлим дар сайёраи замин дар натиҷаи зиёдшавии омехтаҳои зарарноки антропогенӣ (дуоксиди карбон, метан, оксиди нитроген, озон, фреонҳо) дар атмосфера, ки шуои офтобро гузаронида, барои афканишоти нурҳои дарозмавҷ мамониат карда, боиси тағйирёбии глобалии иқлим мешаванд ва хавфи ҳалокатовари экологию иқтисодиро таҳдид мекунанд, ба самараи гармхона мансуб аст.

Дар охири солҳои 80-уми садсолаи гузашта ҳар сол дар дунё наздики 6 миллиард тонна дуоксиди карбон ба атмосфера хориҷ карда шуда буд, ки ба ҳар як истиқоматкунандаи сайёра зиёда аз 1 тонна рост меомад. Аз ибтидои асри XX cap карда, ҳар сол ихроҷшавии гази карбонат ба атмосфера афзоиш ёфта истодааст.

Дар даҳсолаи охири асри гузашта тадриҷан дар атмосфера зиёдшавии миқдори метан (ба ҳисоби миёна тақрибан 1% дар сол) ба қайд гирифта шуд. Зиёдшавии миқдори метан дар атмосфера чун бо омилҳои табиӣ (ботлоқ) ва ҳам сабабҳои антропогенӣ (сӯхтани биомасса, зиёдшавии киштзорҳои шолӣ, афзоиши ҳайвоноти калони шохдор ва ғайра) алоқаманд аст. Миқдори бисёри метанро истеҳсолоти куҳӣ таъмин мекунад. Муқаррар карда шудааст, ки ҳар сол конҳои ангиштсанги дунё аз 34 то 46×10 тонна метанро ихроҷ мекунанд. Бинобар ин, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии экологӣ ба муҳит дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон корҳои муайяне барои тоза кардани газҳои ноустувор амалӣ шуда истодаанд.

Зиёд шудани миқдори оксиди нитроген дар атмосфера (тақрибан 0,3% ҳар сол) асосан ба афзоиш ва истифодаи нуриҳои нитрогендор дар кишоварзӣ алоқаманд аст. Фреонҳо (ё ки хлорфторуглеводҳо) васеъ дар истеҳсоли саноатӣ истифода бурда мешаванд. Муайян карда шудааст, ки ихроҷшавии онҳо ба 1,4 миллион тонна (афзоиши ҳарсола ба 4%) расидааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки нисбат ба гази карбонат афзоиши зиёди метан ва фреонҳо ба мушоҳида мерасад, ки барои ташаккули самараи гармхона мусоидат мекунанд.

Дар алоқамандӣ ба афзоиш ёфтани консентратсияи метан ва фреонҳо дар атмосфера мумкин аст минбаъда гармшавии глобалии иқлим ба вуҷуд ояд.

Комплекси саноати ҳарбӣ аз ҳама бештар тавоноии вайронкунанда дошта, ба табиат таъсири манфӣ мерасонад. Комплекси зикршуда ба муҳити атроф натанҳо дар давраи ҷанг, балки дар давраи ҳаёти осоишта ҳам таъсири ғайримусоид мерасонад. Артиши замони муосир майдонҳои зиёдро фаро гирифта, ба системаҳои экологӣ дар рафти машқҳои ҳарбӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бахусус олудашавии ҳавои атмосфера ва хок дар раванди истеҳсол, озмоиш ва нигоҳдории яроқи оддӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва ядроӣ хеле хуб мушоҳида мешавад.

Саноати ҳарбӣ барои истеҳсол кардани яроқ миқдори зиёди ашёи хом, энергия ва даромади миллиро сарф мекунад. Масалан, ИМА барои сохтмон ва тайёр намудани як мушаки байниқитъавӣ 4,5 ҳазор тонна пӯлод, 2,2 ҳазор сурӯҷ, 50 тонна алюминий, 12,5 тонна хром, 750 кг титан, 120 кг бериллий ва ғайра сарф мекунад.

Аз ҳама бештар ба муҳити атроф озмоишҳои яроқи ядроӣ таъсир мерасонанд, чунки баъди озмоиши яроқи ядроӣ дар муҳит миқдори зиёди заррачаҳои радиофаъол пайдо шуда, ба одамон ва ҳайвонҳо таъсир карда, бемориҳои вазнин (ба монанди лейкоз, саратони ғадуди сипаршакл)-ро ба амал меоранд.

Дар фаъолияти Комплекси саноати ҳарбӣ аз ҳама хатарноктарин ҷанг ба ҳисоб меравад, ки оқибатҳои харобиовар дорад. Ҷангҳо ҳама вақт ҳамсафари одамианд. Аз соли 1496 то 1861 одамон ҳамагӣ 22,7 сол дар осоиштагӣ умр ба cap бурда, 3130 сол дар ҳарбу зарб будаанд. Аз соли 1900 то 1938-ум 24 ҷангҳо ва аз соли 1946 то 1979 бошад, 130 муноқишаҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо сарҳадҳои васеъро фаро гирифта, ба экология ва иқтисод зарари калон расонидаанд. Агар талафоти ҷониро ба ҳисоб гирем, фақат афсӯс мехӯрему халос.

Оқибати манфии самараи гармхона

Дар байни проблемаҳои муҳими глобалӣ баланд шудани сатҳи оби уқёнусҳои ҷаҳон дар шароити гармшавии иқлим мавқеи хос дорад. Сабабҳои асосӣ: обшавии пиряхҳои материкӣ ва куҳӣ, баландшавии ҳарорати сатҳи уқёнус ва ғайра. Бинобар ин, дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон корҳо барои ислоҳ намудани оқибати манфии экологии баландшавии сатҳи уқёнус амалӣ шуда истодаанд. Дар 100 соли охир сатҳи оби баҳр тақрибан 25 см баланд шудааст. Дар ҳолати баландшавии бисёри ҳарорати ҳаво майдони яхҳои куҳистон, майдон ва тафсии яхҳои баҳрҳои яхдор бошиддат кам мешаванд ва боиси баландшавии ҳалокатовари сатҳи уқёнус (дар охири асри XXI мумкин аст 0,5-2 метрро ташкил диҳад) мегардад. Ҳамаи ин барои ба вуҷуд омадани проблемаҳои мураккаби экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ – зери об мондани минтақаҳои соҳили баҳр, шиддатнокшавии равандҳои регомезшавии хок, бадтар шудани шароити бо об таъминкунии шаҳрҳо, деградатсияи растаниҳо мусоидат мекунад.

Дар назар дошта шудааст, ки гармшавии иқлим ба нобудшавии даҳҳо намуд ҳайвонҳои хоси минтақаҳои гуногун оварда мерасонад. Хусусан нест шудани чунин намуди ҳайвонот, ба монанди моржҳо, тюленҳо ва хирси сафед аз эҳтимол дур нест.

Дар натиҷаи гармшавии ҳаво обшавии фаслии яхҳои абадӣ тағйир ёфта, шиддатноктар мешавад, сатҳи замин, ки хокаш аз гаҷ ва оҳак иборат аст, дигаргун мегардад, ботлоқшавии киштзорҳо фаъолнок мешавад, инчунин ҳолати массивҳои ҷангалии дар яхҳои абадӣ вуҷуддошта нохуб мешавад.

Оқибати мусбати самараи гармхона

Новобаста ба оқибатҳои манфии дар боло зикршуда, самараи гармхона бо назардошти афзоиши аҳолии замин барои системаҳои экологии ҷангалӣ, умуман кишоварзӣ дорои ҷанбаҳои мусбат низ мебошад. Масалан, дар ҳолати гармшавии глобалии иқлим бухор шудани об аз сатҳи уқёнус вусъат меёбад, ки барои намнокшавии минтақаҳои иклимаш хушк муҳим аст.

То солҳои наздик тасдиқ мекарданд, ки олудакунандаи асосии муҳити атроф фаъолияти истеҳсолии одам, лулаҳои завод ва фабрикаҳо ба ҳисоб мераванд. Охирҳои асри XX бошад, бештар ба сарчашмаҳои олудакунандаи саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ диққат медиҳанд, ки ҳар кадом сарчашмаи олудакунандаи худро дорад.

Олудакунандаи асосии муҳити атроф ИБГ ба ҳисоб мераванд, ки онҳо дар ҳудуди ҶТ хеле каманд. Агар сӯзишвориҳо пурра истифода нашаванд, он гоҳ хокистари зиёд, дуоксиди сулфур, консерогенҳо ва ғайра ҷамъ шуда, муҳити атрофро олуда мекунанд. Мисол, дуоксиди сулфур атмосфераро олуда карда, боронҳои ҳомизиро ба амал меорад.

Боронҳои ҳомизӣ хокро шӯр карда, самараи истифодаи нуриҳоро паст мекунанд, тағйирёбии туршии об ба гуногунии намудҳои ҷамоаҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад. Боронҳои ҳомизӣ ҳамчунин ба олами растаниҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд, ки майдонҳои зиёди ҷангалзорҳо низ зарар мебинанд.

Металлургияи ранга ва сиёҳро ба яке аз соҳаҳои олудакунандаи асосии муҳити атроф дохил мекунанд. Металлургияи ранга ва сиёҳ ба муҳити атроф ба миқдори зиёд оксидҳои сулфур, туршии хлор, оксиди оҳан, фтор, оксиди қурғошим, руҳ, мис, симоб ва дигар моддаҳоро интиқол медиҳанд.

Имрӯз яке аз сарчашмаҳои олудакунандаи муҳити атроф нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ ба ҳисоб меравад. Нақлиёт ба муҳити атроф миллиардҳо тонна моддаҳои кимиёвиро таҳвил медиҳанд, ки як миқдори муайяни онҳо барои организми одамон хеле зарар мерасонанд (тетраэтил қурғошим, бензоперен ва ғ.) ва сабаби бемориҳои гуногун (саратон, диқи нафас, рагу дил ва ғ.) мешаванд.

Фаъолияти истеҳсолӣ дар хоҷагии кишлоқ ва ҷангал бо муҳити атроф хеле алоқаи зич дорад, чунки он бевосита дар табиат ҷараён мегирад. Механизатсиякунонӣ ва химизатсияи хоҷагии қишлоқ ба олудашавии ҳавои атмосфера бо ҳар гуна газҳо, олудашавии бензин ва равғанҳо дар роҳҳо оварда мерасонад. Илова кардани нуриҳои маъданӣ, бахусус нитрогенӣ ва фосфорӣ, истифодаи пестидсидҳо барои ҳифзи растаниҳо ба олудашавии муҳити хок ва об оварда мерасонад, ки дар натиҷа ба саломатии одам зараровар аст. Нодуруст истифодабарии заминҳо ба фарсоиши хок меорад. Таъсири фаъолияти одамон ба хоҷагии қишлоқ ва ҷангал ҳам таъсири манфӣ мерасонад.

Дигар фарзияҳои тағйирёбии антропогении иқлим

Дар Юнита 2 «Проблемаҳои глобалии муҳити атроф ва истифодаи табиат» нишон дода шудааст, ки бисёр олимон бар он ақидае ҳастанд, ки баҳодиҳии иқлим танҳо аз нуқтаи назари гармшавиаш комилан дуруст нест. Бисёр омилҳо, ба монанди зиёдшавии чангу ғубор дар атмосфера, барои дохилшавии радиатсияи офтоб ба болои замин ва гармии он таъсир мерасонанд. Ба ғайр аз ин, зиёдшавии намнокии ҳаво ва абрнокӣ зарар меоранд. Яке аз омилҳои асосии қобилияти акскунонии (албедо) рӯйи замин ошкор карда шудааст, ки ҳар гуна зиёдшавии он ба вайрон шудани қабати поёнии атмосфера ва пастшавии ҳарорат оварда мерасонад.

Имконияти рӯй додани омилҳои мухолиф ба гуногун будани пешгӯиҳо барои тағйирёбии иқлим асос мегузорад. Барои тасдиқи объективонаи (воқеии) далелҳои нуқтаи назари гуногун мушоҳидаҳои обу ҳавосанҷии (метерологии) давомнок асос шуда метавонанд. Хотирнишон бояд кард, ки тарафдорони гармшавии иқлим барои тасдиқи нуқтаи назарашон чунин далелҳоро истифода мебаранд, ки дар муддати 10 соли охири садсолаи гузашта, солҳои 80-ум панҷ сол (1981, 1983, 1986, 1987, 1989) солҳои аз ҳама гарм то давраи мушоҳида аз соли 1860 будаанд. Миқдори боришот ҳам тағйир ёфт ва он дар арзҳои миёна ва баланд бештар ва камтар дар субтропика ба қайд гирифта шуда буд. Аммо вобаста ба суръати афзоиши истеҳсол ва истеъмоли энергия дар давраи муосир (тақрибан 10% ҳар сол) дар садсолаи наздик гармии антропогенӣ ба мувозинаи радиатсионӣ мумкин аст хеле наздик шавад, ки барои ба таври истисно ба вуҷуд омадани имконияти буҳрони термодинамикӣ (хосиятҳои умдаи мувозинати ҳароратии системаҳо, раванди мувозинати байни ин системаҳо ва ба намудҳои дигар табдил ёфтани энергияи ҳарорат) эҳтимолият дорад.

Олудашавии муҳити атроф ва намудҳои олудакунандаҳо

Дар зери мафҳуми олудакунии муҳити атроф ба ҳар як системаи экологӣ дохил кардани ҷузъҳои зинда ва ғайризинда, тағйирёбиҳои табиат, ё ин ки сохторӣ, афзун ва вайрон кардани ҷараёнҳои гирдгардиш ва мубодилаи моддаҳо, равиши энергияро, ки ба пастшавии ҳосилнокӣ ё ки вайроншавии системаҳои экологӣ хосанд, меноманд.

Одатан, олудакунандаҳои табиӣ (заминларза, вулқонҳо ва ғ.) ва антропогениро фарқ мекунанд. Олудакунандаҳои антропогениро ба маводи чангу ғубор, газҳо, хокистар, дажғол ва табиатӣ ё ки барқӣ (энергияи гармӣ, майдони барқӣ ва электромагнитӣ, садо, ларзиш ва ғ.) ҷудо мекунанд. Олудакунандаҳои маводӣ ба механикӣ, кимиёвӣ ва биологӣ тақсим карда мешаванд. Ба олудакунандаҳои механикӣ чангу ғубор ва дараҷаҳои аэрозоли ҳавои атмосфера, заррачаҳои сахти дар об ва хок буда дохил мешаванд. Олудакунандаҳои кимиёвӣ газҳои гуногун, элементҳо ва пайвастагиҳои кимиёвии моеъ ва сахте мебошанд, ки ба атмосфера, гидросфера дохил шуда, бо муҳити атроф ба ҳам таъсир мерасонанд (ҳомизҳо, ишқорҳо, дуоксиди сулфур ва ғ.).

Олудакунандаҳои биологӣ бошанд, ҳамаи намуди организмҳоеро меноманд, ки бо иштироки одамон пайдо шуда, ба ӯ зарар меоранд (занбурӯғҳо, бактерияҳо, обсабзҳои сабзу кабуд ва ғ).

Олудашавии муҳити атроф ба чунин оқибатҳо меорад:

– паст шудани сифати муҳити атроф;

– ҳосилшавии талафоти номатлуби модда, энергия, меҳнат ва восита барои коркарди ашёи хом ва маводҳое, ки одам ба партовҳои бебозгашт мубаддал карда, дар биосфера паҳн мекунад;

– натанҳо системаҳои экологии алоҳида, балки биосфера дар маҷмуъ ба таъсири глобалии нишондиҳандаҳои табииётию кимиёвӣ дучор мегардад;

– талафоти заминҳои ҳосилхез, паст шудани ҳосилнокии системаҳои экологӣ ва биосфера дар маҷмуъ;

– бад шудани ҳолати ҷисмонӣ ва руҳии одамон бевосита ва бавосита, ки қувваи истеҳсолкунандаи асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Агар дар самти олудашавии муҳити атроф таҳлили ҳаматарафа гузаронем, пас маълум мешавад, ки тамоми таъсирҳои манфӣ аз фаъолияти одамон бармеояд. Аз ин рӯ, баъзе самтҳои фаъолияти одамонро, ки ба муҳити атроф зарари ҷиддӣ мерасонанд (истеҳсолот, нақлиёт, истеъмол, истифодаи техникаҳои муосир, урбанизатсия ва ғ.) дуруст ба роҳ мондан ба манфиати худи инсон хоҳад буд.

А. САМАРИДДИН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь