Фашизм даҳшатноктарин падидаи асри гузашта аст, ки ҷони 55 миллион нафарро рабудааст. Аз ин рӯ, қариб 80 сол аст, ки тамоми мардуми кишварҳои пасошӯравӣ корнамоиҳои бобоёнамонро, ки ин “вабои қаҳваранг”-ро мағлуб карданд, фаромӯш накардаанд. Фашизми дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ торуморшуда, мутаассифона, тухмиҳои худро боқӣ гузоштааст, ки имрӯз сабзида истодаанд. Оё кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои муборизаи нав муттаҳид мешаванд?
Бузургтарин фоҷиаи асри XX
“Вабои қаҳваранг” – дар асри XX ба фашизм чунин лақаб гузошта буданд, зеро намояндагони ҳаракати миллии сотсиалистӣ дар Олмон бо сарварии Гитлер либоси қаҳваранг мепӯшиданд. Вале аҷдодони аслии ин падидаи мудҳиш “сиёҳкуртапӯшон” буданд – истилоҳи “фашизм”-ро соли 1919 раҳбари Ҳизби миллии фашистии Италия Бенито Муссолини ворид карда буд. Соли 1939, вақте ки Муссолини аллакай сарвазири Италия буд, онҳо бо Олмони фашистӣ иттифоқ баста, баъдан дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок карданд.
Дар солҳои ҷанг аз дасти режими фашистӣ 55 миллион нафар ба ҳалокат расиданд. Фашистон фармон медоданд, ҳар касеро, ки коммунист, яҳудӣ, сиҷҷинӣ ва ё шахси шубҳанок эътироф шудааст, парронанд. “Дар худ раҳм ва дилсӯзиро нобуд кунед — тамоми одамони советиро кушед. Ҳатто агар пир ё зан, духтар ё писар бошад, бикушед!” — сардори Нерӯҳои мусаллаҳи Олмон (Верхмат) ба аскарони худ бо чунин суханон муроҷиат карда буд. Онҳо дар байни низомиён ва аҳолии осоишта ягон фарқияте намегузоштанд — танҳо аз рӯйи назарияи мансубият ба “нажодҳои олӣ” амал мекарданд. Даҳшатноктарин рамзи фашизм – конслагерҳои олмонӣ буданд, ки дар он ҷо маҳбусонро пас аз чун ғулом истифода бурдан, ба таври ваҳшиёна ба қатл мерасониданд. Далелҳои баъдтар интишоршуда, ки аз таҳқир ва муносибати бераҳмонаи онҳо шаҳодат медиҳанд, касро дар ҳайрат мегузоранд. 18 миллион нафар одамон дар конслагерҳои Олмон нигоҳ дошта шуда, аз он 11 миллион нафар, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон ба қатл расонида шуданд.
Нигоҳ доштани хотираҳо
Чӣ тавр имрӯз ҳамаи инро дониста, нақши Армияи советиро, ки ба ин даҳшат хотима бахшид, аз будаш зиёд қадр кардан мумкин аст? Бешубҳа, ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо талошҳои якҷояи кишварҳои аъзои коалитсияи зиддигитлерӣ ба даст оварда шуд, вале бори вазнини мубориза асосан ба дӯши халқи советӣ буд, ки ба муқобили якбора ¾ ҳиссаи қушунҳои фашистӣ меҷангид. Муттаҳидии мардуми советӣ, садоқат ва эътиқод ба одилона будани ҳадафҳо, – ин ҳама гарави Ғалабаи бузург гардид.
Ва вазифаи имрӯзаи мо ҳифзи хотираи таърихӣ дар бораи ин қаҳрамониҳо, аз гузашта сабақ омӯхтан ва роҳ надодан ба такроршавии чунин фоҷеаҳо аст. “Гузаштаро дар хотир дорем ва дар бораи оянда низ фикр мекунем” — таҳти чунин шиор дар Москва Форуми 10-уми байналмилалии зиддифашистӣ барпо гардид, ки ба Рӯзи байналхалқии хотираи қурбониёни фашизм мутобиқ шудааст. Ин чорабинӣ аз соли 1995 инҷониб гузаронида мешавад ва аз соли 2020 ҳар сол баргузор мегардад. Мақсади асосии он муайян кардани соярӯшанҳо аст, зеро хатари паҳншавии фашизм дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ба воқеият наздик шуда истодааст. Дар рафти чорабинӣ зуҳуроти муосири фашизм дар кишварҳои гуногун ва роҳҳои мубориза бо ин таҳдидҳо баррасӣ карда шуд. Дар форуми мазкур намояндагони Тоҷикистон ва зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон ба таври виртуалӣ иштирок карданд.
Русия соли гузашта мушкилоти эҳёи фашизмро дар доираи нишасти Созмони Милали Муттаҳид баён карда, қатънома оид ба мубориза бо ситоиши натсизмро пешниҳод кард. Ин санад дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо 118 раъйи мувофиқ қабул карда шуд. Тоҷикистон низ ба тарафдории тасвиби ин қатънома раъй дод. ИМА, Британияи Кабир, Олмон, Италия, Ҷопон, Украина, Фаронса, Канада, Австралия, Гурҷистон ва 39 кишвари дигар ба муқобили он овоз доданд. Қобили зикр аст, ки дар рӯйхати муқобилон маҳз он кишварҳое ном бурда шудаанд, ки қатъномаи мазкур бевосита ба онҳо тааллуқ мегирад. Олмон ва Ҷопон, ки Ҷанги дуюми ҷаҳониро оғоз кардаанд, инчунин, кишварҳое, ки имрӯз зуҳуроти идеологияи фашистиро тарғиб ва дастгирӣ мекунанд (ИМА, Украина, кишварҳои Балтика).
Фашизми муосир чӣ гуна зоҳир мешавад?
Дар нахустин Форуми байналмилалии зиддифашистӣ, ки соли 1995 баргузор гардида буд, кишварҳои Аврупо ва ИМА иштирок доштанд, вале имрӯз кишварҳои Ғарб дар ин мубориза мавқеи муқобилро ишғол карда, фашизмро демократияи муосир меноманд. Яъне Аврупо мехоҳад ба таври мақсаднок ва мунтазам таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонро аз нав нависад. Аз ҳама камтарин таҳрифе, ки мекунанд – нақши Иттифоқи Советиро дар Ғалаба коста мегардонанд. Масалан, собиқ президенти ИМА Барак Обама борҳо чунин изҳор дошта буд: “Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҷанг дер ворид шуд, вале саҳми он дар ғалаба ҳалкунанда гардид. Бе сарбозон ва истеҳсоли зиёди бомбаҳо, киштиҳо ва ҳавопаймоҳои Амрико, иттифоқчиёни мо бешубҳа мағлуб мешуданд”.
Муаррихони ғарбӣ муҳорибаҳои ҳалкунандаро тафсир дода, асосан ба майдони амалиётҳои назди уқёнуси Ором ва Африқои Шимолӣ тамаркуз мекунанд ва ба ҷабҳаи Иттифоқи Советию Олмон нақши дуюмдараҷа медиҳанд. Худи хулосаҳои муаррихи амрикоӣ Ҳэнсон Болдуин чӣ арзише доранд: ӯ дар китоби худ 11 амалиёти ҳалкунандаро, ки ба натиҷаи ҷанг таъсир расониданд, муайян мекунад, аз ҷумла амалиёти “Маркет Гарден” дар Голландия, фуруд овардани нерӯҳои англо-амрикоӣ дар Нормандия, муҳориба барои Мидуэй дар уқёнуси Ором ва танҳо як муҳорибаи Артиши Сурх -муҳорибаи Сталинградро. Дар баробари ин, таърихшиносон бо ин мазмун ёдовар намешаванд, ки аксари кишварҳои Аврупо ба ҷонибдории Олмони фашистӣ меҷангиданд ва якҷоя бо Қувваҳои мусаллаҳи Олмон ба Шарқ ҳуҷум карда буданд.
Профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев бар ин назар аст, ки барои мубориза бо тақаллуби таърих бояд бештар дар бораи ҳақиқати ҳол ҳарф зад: “Мо набояд ба таҳрифи таърих ва боло бурдани нақши дигар кишварҳо аз ҳисоби паст задани нақши Иттифоқи Советӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ роҳ диҳем. Ин Ғалабаи бузурги мо буд ва шахси солимфикр ба кӯшишҳои аз нав навиштани таърих ва паст кардани нақши ҳалкунандаи Иттифоқи Советӣ дар ин ғалаба ҳеҷ гоҳ бовар намекунад. Агар фашистон ғалаба мекарданд, имрӯз на Амрико, на Англия ва на Фаронса, ки бояд гуфт, зуд таслим шуда буданд, вуҷуд намедоштанд. Танҳо вақте ки ИҶШС ба амалиёти озодкунии Аврупо шуруъ кард, дар он ҷо ҳаракатҳои муқовиматӣ пайдо шуданд. Яъне агар Иттифоқи Советӣ намебуд, тамоми Аврупо дар зери асорати фашизм фосид мешуд”.
Як таҳрифи бояд ёдовар шуд, дар китобҳои дарсии бисёре аз кишварҳои ғарбӣ навишта шудааст, ки дар сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ баробар гунаҳкоранд. Маҳз ҳамин мулоҳиза дар қатъномаи “Дар бораи аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ барои ояндаи Аврупо”, ки соли 2019 аз ҷониби Парлумони Аврупо қабул шуда буд, баён гардидааст. Дар Латвия муаллифони китобҳои дарсии таърихи асри ХХ тобистони соли 1940 ба хоки Латвия ворид шудани қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС-ро ҳамчун истилои Латвия арзёбӣ мекунанд ва ҳамасола дар Рига бо иштироки намояндагони ҳизбҳои ҳукмрон ба хотираи легиони латвиягии СС марш баргузор мегардад. Пас аз ҷанг тамоми гунаҳкоронро Трибунали байналхалқии ҳарбӣ бо номи мурофиаи Нюрнберг, ки қариб як сол фаъолият дошт, муайян карда буд ва 21 ҷинояткори миллигаро барои ваҳшигариҳои зидди инсоният ҷавобгар дониста шуда, ба 11 нафари онҳо ҳукми қатл дода шуд.
Ситоиши ҷинояткорони миллатгароро дар дигар мамлакатҳои Аврупо низ мушоҳида кардан мумкин аст. Барои мисол, дар Булғористон мақомот ҳар сол ба ёди генерал Христо Луков, ки ҷонибдори иттиҳоди Булғористон бо Рейхи сеюм буд, баргузории раҳпаймоии машъалии “Марши Луков”-ро иҷозат додааст. Мисоли дигар: Сарвазири Италия Ҷорҷия Мелони ҳамзамон роҳбарии созмони ҷавонони ҳизби неофашистии “Ҳаракати иҷтимоии Италия”-ро ба уҳда дорад ва сарфи назар аз изҳороташ дар мавриди он, ки “Муссолини бисёр корҳои нек анҷом додааст”, ӯ чунин вазифаи баландро ишғол мекунад.
Имрӯз рӯшантарин мисоли зуҳуроти идеологияи миллатгароӣ нафрат нисбат ба халқи рус мебошад. Ин аст, ки дар Аврупо табъизи мардуми рус дар соҳаи варзиш ва фарҳанг ба назар мерасад ва бинобар ин, дар тамоми Аврупо муҷассамаҳои сарбозони озодихоҳи шӯравиро тахриб мекунанд, вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки сарбози шӯравӣ ин танҳо сарбози рус набуда, балки тоҷику узбек, арманӣ, украинӣ ва ғайра низ ҳастанд.
Профессор Иброҳим Усмонов, муассис ва раиси Фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” қайд мекунад, ки руҳияи зиддирусӣ дар Аврупо комилан табиист, зеро аврупоиҳо ҳам дар замони подшоҳӣ ва ҳам дар замони Шӯравӣ нисбат ба Русия ҳисси бадбиниро нишон медоданд: “Пештар ИМА ва Англия аз ҳисоби мустамликахо зиндагӣ мекарданд, ҳоло бошад, ин фоидаро аз даст доданд ва албатта, барои пешрафти ин кишвар манфиатдор нестанд. Онҳо фақат мехоҳанд аз сарватҳои табиии Русия истифода баранд. Ғарб кишварҳои итоаткорро, ки идеологияи ӯро дастгирӣ мекунанд, қабул дорад”. Профессор инчунин, қайд мекунад, ки русҳо хеле оқилтар ва инсондӯсттаранд ва “озодӣ ва демократия”-и ғарбӣ бо мафҳумҳои воқеӣ ягон умумияте надоранд.
Тарғиби идеологияи миллатгароӣ ногузир ба фоҷиаҳои мисли Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оварда мерасонад ва инро таҷрибаи Украина, ки ин ҷо пайравони Степан Бандера – пешвои ҳаракати миллатгароии Украина ба сари қудрат омаданд, равшан нишон медиҳад.
Дар чунин шароит беш аз ҳарвақта зарур аст, ки қувваҳои солимфикрро муттаҳид кунем, то ба ин хатари умумиҷаҳонии ба тамоми инсоният таҳдидкунанда муқовимат карда тавонем. Зеро Амрико ва иттифоқчиёни он дар талоши расидан ба тартиботи ҷаҳонии якқутбӣ аз истифодаи ҳама гуна василаҳо худдорӣ намекунанд, ки метавонад сабаби сар задани боз як фоҷиае барои тамоми халқҳо гардад.
Матлубаи Қ.